Бахшҳо
11 янв 2013 09:44Дидгоҳи хос

Митинг

Дирӯз дар як сӯҳбат ошное гуфт, ки чанд сол аст ҳеч гурӯх е ҳизбе мисли дигар кишварҳои ҷаҳон ба таври ошкор ва бо ҷамъ омадан дар майдоне ё роҳпаймоӣ дар хиёбон аз ҳукумат талаби ислоҳи ин ё он камбудиро намекунанд. Албатта роҳпаймоии тоҷирони бозори Корвон ба дунболи сӯхтор дар ин бозор истисно аст. Ошнои дигар, ки ҳамакнун соҳиби мансабест, аз ин ҳарфҳо изҳори нороҳатӣ карду гуфт, ки шукрона кунед, то вазъ аз ин бадтар нашавад. Ҳамчунин таъкид намуд, ки оё чанд соли пеш, ҳамон рӯзҳои сиёҳи ҷанги шаҳрвандиро фаромӯш кардем? Оё ёдамон рафта, ки ба дунболи гирдиҳамоӣ дар майдону роҳпаймоиҳо балои ҷанг ба сари мардуму кишвар омад? Магар нигарон нестем, ки он рӯзҳо такрор шавад?
Албатта фаромӯш накардаем ва ба ҳеч ваҷҳ намехоҳем он рӯзҳо такрор шавад. Баёни воқеияте ҳатман набояд ба сифати хостани он талаққӣ шавад. Беш аз ин бовар дорем, ки раҳбарони ҳукумат ба он ҳад нестанд, ки сӯи мардумашон тир кушоянд ва заминаи такрори он рӯзҳоро фароҳам созанд. Охир таъмини зиндагии осуда ва дар ҳоли рифоҳи мардум ин вазифаи аслии ҳукумат аст. Агар ҳукуматдорон мансабро василаи хизмат ба мардум надонанду аз мансаб ба сифати воситаи ҷамъ овардани сарват ва сохтани қасру кушкҳо истифода баранд, пас ҳаққи қонунии мардуми огоҳ аст, ки ин амалҳоро танқид ва алайҳаш эътироз кунад. Ҳоло агар гуфтем ҳама мансабдорон ба истилоҳ фариштаанд ва ҳеч кадом барои фарзандону маъшуқаашон хонаву мошинҳои гаронбаҳо нахаридаанд ва мансабро василаи хизмат ба мардум медонанд, аммо дар иҷрои барномае муваффақ нашаванд, магар набояд касе ё гурӯҳе инро танқид кунад? Агар танқид кард чаро бояд чун душманӣ ва хиёнат пазируфта шавад? Магар ҳар коре ҳукумат анҷом медиҳад дуруст ва ҳар ҳарфе, ки ҳукуматдорон гуфтаанд росту ҳақиқат аст?

Ҳарчанд бовар надорем, аммо таври мисол, бигирем, ки Шодӣ Шабдолов ё Раҳматулло Зоиров ва ё Муҳиддин Кабирӣ ҳамроҳи тарафдорони ҳизбашон ба майдон бароянду нисбати сиёсатҳои ҳукумат дар кадом як масъала эътироз кунанд ва ин эътироз ё гирдиҳамоии эътирозӣ ҳеч хатаре ба амнияти миллат надошта бошад, оё ҳукумат ҳозир мешавад, ки он митингро бераҳмона саркӯб кунад? Оё ин таҳқири ҳукумат нест, ки бераҳмӣ ба ӯ нисбат дода шавад? Ин бовар аз куҷо нашъат мегирад, яъне афрод ё гурӯҳе огоҳонаву махсус чунин боварро дар байни мардум падид овардаанд ё дар асл ҳукуматдорон ҳозиранд барои боқӣ монданашон дар сари қудрат ҳама гуна падидаи эътирозиро воқеан бераҳмона саркӯб кунанд? Ё гузашта аз аҳзоби сиёсӣ, агар як гурӯҳи ҷавонон гирдиҳамоии эътирозӣ ташкил кунанду сиёсати ҳукуматро зери танқид бигиранд, оё масъулини ҳукуматӣ чунин иҷозае ба худ медиҳанд, ки фармон содир кунанд, то нерӯҳои қудратӣ ба сари ин ҷавонон бирезанду онҳоро саркӯб кунанд? Ман, ки ба ин бовар надорам. Вале агар воқеан чунин фармон бидиҳанд, пас онҳо аз ин мардум нестанд. Ҳоло шояд иддао шавад, ки он аҳзоб ва ё он гурӯхи ҷавонон ҳамаи мардуми кишвар нест. Ин воқеан иддаои мантиқист. Аммо набояд инкор кард, ки онҳо низ намояндаи ин мардуманд. Гузашта аз ин ҳеч ҳукумате набояд ба худ иҷоза бидиҳад, ки ба худ ғарра бошад. Ба вижа ҳукумати Тоҷикистон, ки мардум мушкилоти фаровоне доранд, бояд ҳозир бошад, ки мавҷи эътирозҳо ва тӯфони танқидро таҳаммул бикунад. Агар онҳо бар ин бовар бошанд, ки барои эътироз кардан ҳеч баҳонае вуҷуд надорад, пас саркӯб карданашон ҳар гуна эътирозу интиқодро метавон тавҷеҳ кард. Ҳол он ки воқеият чизи дигар аст. Мушкилот чунон фаровон, ки барои ҳар кадоми он метавонад гурӯҳе эътироз кунад. Ҳоло чанд мисол аз мушкилоти умда, ё саросариро зикр мекунам: бист сол аст, ки миллат аз камбуди барқ азият мекашад. Бист сол аст, ки маошу нафақаи аксарият ночиз асту барои гузарони рӯзгор намерасад. Бист сол аст, ки бекорӣ бедод мекунад. Бист сол аст, ки аз набуди оби гарму системаи гармдеҳӣ дар шаҳрҳо азият мекашанд.

Бист сол аст, ки кор накардан ва ё ба камтарин иқтидор фаъолият кардани корхонаҳо заминасози мушкилоти фаровоне шуда. Бист сол аст, ки ришвахорӣ рӯз аз рӯз дар тамоми шохаҳои рӯзгори ҷомеа жарфтар реша медавонад. Бист сол аст, ки адолати иҷтимоӣ, адолати додгоҳӣ ва ҷобаҷогузории кадрҳо бо мушкилоту норасоиҳо рӯ ба рӯст. Дар сурати зарурат метавон рӯйхати мушкилоту норасоиҳоро идома дод.

Ҳоло баъзеҳо решаи ҳама ин мушкилотро ба ҷанги шаҳрвандӣ мепайванданд. Дар асл ҷанги шаҳрвандӣ баҳонае беш нест. Ин ҳама мушкилот фақат зодаи ҷанги шаҳрвандӣ нест. Агар мебуд дар Қирғизистон низ чунин мешуд. Мушкил ҷои дигар аст. Аввалан мушкили аслӣ дар низоми мудириятист. Дуввум барои мо Тоҷикистон ҳанӯз Ватан ва Душанбе пойтахти он нест. Албатта ба таври расмӣ ва дар сӯхбатҳову сари забонӣ таъкид мекунему таъкид мекунанд, ки чунин аст, вале амалан чизи дигарро мебинем.

Ҳар нафаре соҳиби мансабе шуд аввалин талошаш ин мешавад, ки дар қишлоқу ноҳияи зодгоҳаш барои худу пайвандонаш хонаву кушку қаср месозад. Чаро? Зеро ҳанӯз пайвандаш бо он гӯша аст, дар ботин бовар надорад, ки воқеан ҳама гӯшаи Тоҷикистон Ватан аст. Мафҳуми зодгоҳу Ватан бо ҳам омехта шуда, саҳеҳтар аст бигӯем, ки зодгоҳ ба сифати Ватан пазируфта шудааст. Ё мисоли дигар ҳамин нафари мансабдор албатта дар атрофаш ҳамдеҳаҳову ҳамноҳияҳо ва ҳамвилоятҳоро ҷамъ мекунад.

Ҳоло агар онҳо соҳиби маълумот ва беш аз ин мутахассис бошанд, хеле хуб, вале мебинем, ки дар аксари ҳолат акси ин аст. Зеро мутахассис дар паи ҷамъ кардани сарват аз роҳи ришвахориву ба тороҷ додани амволи мардум намешавад.

Албатта роҳи ягонаи водор кардани мансабдорон ҳамин митингу роҳнамоӣ нест, вале ин гузина низ дар тамоми ҷаҳони мутамаддин ҳамчун яке аз роҳҳо пазируфта шудааст ва набояд дар мо ҳам аз ин роҳ истифода бурдан ба сифати фоҷиаву ҷиноят пазируфта шавад. Ё ман хато мекунам?
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)