Бахшҳо
07 авг 2014 15:55---

Идомаи номаи 21-саҳифагии Шӯҳрат Қудратов

ОҒОЗИ НОМАИ ШӮҲРАТ ҚУДРАТОВ

3.4. Айбдоркунӣ аз рӯи банди «б», қисми 4 моддаи 247 КҶ (Қаллбоӣ яъне, тасарруфи амволиғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба амволиғайр бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ бо миқдори калон):

Ҷазо: Маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 сол аз рӯи ҷамъи се ҳолати қаллобӣ.

Мундариҷаи мухтасари иттиҳомот: Бо мақсади дуздии амволи бегон аз роҳи фиреб, ба боварии соҳибкор Камолов Ш.М. даромада, ба ӯ ваъда дод, ки дар ҳоле агар вай биноеро дар қаламрави «Тоҷикатлас», дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қаробоев 8 ҷойгир аст ва тибқи як муоҳада ба иҷора гирифтааст, холӣ кунад, баъди фурӯхтани корхона масрафоти ӯро дар ҳаҷми 25 000 доллари амрикоӣ пардохт мекунад. Баъдан, чун ҶСК «Тоҷикатлас» фурӯхта шуд, аз боварии Камолов Ш. сӯистифода кард ва ваъдаи худро иҷро нанамуд ва бо ин васила ба вай зарари моддӣ ба маблағи калон расонд.

Исботи бегуноҳӣ:
1)Даъвое, ки тафтишот ва суд ба таври сунъӣ ба он ранги ҷиноӣ-ҳуқуқӣ заданд, амалан бояд танҳо бо дар назардошти шартҳои муоҳадаи иҷоравие баррасӣ шавад, ки 22-10-2009 миёни ОО «Мисбоҳиён» ва ҶСК «Тоҷикатлас» дар шахси роҳаброни ин корхонаҳо баста шудааст. Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки то 23.05.2013 с. вақте Камолов Ш. барои ба ҷавобгарӣ кашидани Саидов З.Ш. ба Агентӣ муроҷиат накард, шартҳои ин муоҳада аз ҷониби касе бекор карда нашуда буд.

2) Камолов Ш. талаботи худро ба 25 000 доллари ИМА бо он асоснок мекунад, ки ба ин пул вай гӯё ашёи иҷоравиро беҳтар кард. Аммо тибқи муоҳадаи имзошуда (банди 1.3) бе иҷозаи иҷорадиҳанда ва ҳақе надошт ин корро анҷом диҳад.

3) Худи Камолов Ш. ин нуктаро рад намекунад, ки ба муоҳада ва қатъи он Саидов З.Ш. иртибот надошт. Давраи амали муоҳада маҳдудият 1) надорад. Буду шуди «гуноҳ»-и ин одам дар он аст, ки Камолов Ш. бо машварати тағояш (шояд амакаш) Низомов М. ба ӯ муроҷиат кард, то вай бо истифода аз обрӯ ба роҳбарияти ҶСК «Тоҷикатлас» таъсир расонад. Низомов М. тасдиқ кард, ки Саидов З.Ш. дар мулоқот бо ӯ барояш арзи эҳтиром қоил шуд, ваъда дод, ки миёни ҷиянаш ва ӯ миёнарав мешавад, вале ҳамзамон таъкид кард, ки ба роҳбарияти ҶСК «Тоҷикатлас» ягон ваколати маъмурӣ надорад ва наметавонад таъсир расонад.

2) Таркиб ва рӯйдоди ҷиноят, ки моддаи 247 ( Қаллобӣ) пешбинӣ мекунад, ба таври куллӣ вуҷуд надорад. Ин ҷо сухан метавонад танҳо аз баҳси гражанӣ-ҳуқуқӣ равад, ки ба Саидов З.Ш. ҳич иртибот надорад. Ҳатто дар ариза ва нишондоди онҳое, ки айбдоркунӣ ба онҳо такя менамояд, ишора ба ин мазмун нест, ки Саидов З.Ш. аз тамаъкорӣ касеро фиреб кард ва ё касеро пушту паноҳ шуд. Ҳамаи ин шаҳодати дигари тақаллуби парванда аз ҷониби тафтишот ва ҳукми ошкоро ноодилона аст, ки чизе ҷуз ҷазо додан нест.

3.5. Айбдоркунӣ бо моддаи 170 КҶ (Дузанагӣ ё серзанагӣ):
Ҷазо: Ҷарима ба андозаи 2000 маоши ҳаддиақал.
Мундариҷаи мухтасари иттиҳомот: Соли 1977 бо Тоҳирова Л.Л. никоҳи мусулмонӣ баст ва муносибати худро 7.02.1983 с. қонунӣ кард. Аз ин никоҳ 5 фарзанд дорад. Соли 1986 бо шаҳрванд Юсупова Ф. никоҳи мусулмонӣ кард ва аз ӯ соҳиби 3 фарзанд шуд. Равобити занушӯӣ бо доштани хоҷагии якҷоя пеш мерафт.

Исботи бегуноҳӣ:
1) Нишони аслии ҷинояте, ки моддаи 170 КҶ пешбинӣ мекунад, доштани хоҷагии ягона ҳангоми зистан бо ду ва ё бештар занон аст. Дар маводи парванда исбот шудааст, ки дар ҳақиқат ин гуна буд, вале танҳо миёни солҳои 1986 - 2000. Яъне, аз замоне, ки ин амали аз нигоҳи қонун ба ҷазо кашанда содир шуд, 27 сол сипарӣ гашт. Мутобиқ ба моддаи 18 КҶ инҳо ба категорияҳои ҷиноятҳое шомиланд, ки муҳлаташ гузаштаву тибқи моддаи 75 КҶ аллакай баъди ду соли содир шуданашон ҷавобгарии ҷиноӣ надоранд. Пас Саидов З.Ш. дар ин маврид дар назди қонун ҷавобгарии ҷиноятӣ надорад.

2) Ҳамхонагӣ бо шаҳрванд Аминова ҳамчунин ба доштани хоҷагии ягона бо Тоҳирова Л., ки он замон бо Юнусова Ф. низ барҳам хӯрда буд, алоқаманд нест. Ин хулосаро метавон бо ҳуҷҷатҳои таваллуди кӯдакон аз никоҳҳои гуногун тасдиқ кард.

3) Суд дар хонаҳои гуногун мавҷудияти либосҳоеро чун исботи гуноҳ қабул кард, чун ташхис мансубияти онҳо ба Саидов З.Ш. аз рӯи боқимондаи арақи баданаш тасдиқ намуд. Аммо Саидов З.Ш. низ тасдиқ кард, ки дар ҳақиқат он либосҳо мутааллиқ ба ӯянд, вале вай онҳоро барои фарзандонаш гузоштааст ва арақи бадан мансуб ба онҳост, на ба Саидов З.Ш. Натиҷаи ташхис ҳам наметавонад ин хулосаро рад кунад.

4) Суд ба нишондоди Қузиева Л., Раҷабова Р. ва Мирзоева Ҷ., истинод кард, ки нишондоди Саидов З.Ш-ро тасдиқ мекарданд ва мегуфтанд, ки ҳарчанд Саидов З.Ш. бо занони имрӯзу гузаштаи худ хоҷагии ягона надошт, вале вай ҳаргиз аз расонидани кӯмаки моддӣ барои фарзандонаш сар намепечид ва ба ин хотир бисёр вақт бо онҳо дидор мекард.

3.6. Айбдоркунӣ бо моддаи 124 («Ба исқоти ҳамл маҷбур кардани зан»), банди «д», қисми 4 моддаи 131 КҶ («Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ бо мақсади шаҳвонӣ истисмор намудани ноболиғ»), банди «д» қисми 2, моддаи 138 («Таҷовуз ба номуси духтаре, ки ба 14-солагӣ нарасидаст») ва қисми 1, моддаи 141 КҶ («Алоқаи ҷинсӣ ва дигар амалҳои шаҳвонӣ бо шахсе, ки ба шонздаҳсолагӣ нарасидааст»).

Ҷазо: Тибқи банди «а» қисми 3, моддаи 138 КҶ маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати 19 сол, тибқи банди «а» қисми 3 моддаи 131 КҶ – маҳрум шудан аз озодӣ ба муҳлати 7 сол.

Мундариҷаи мухтасари иттиҳомот: Миёнаҳои моҳи июни соли 2012 Бобораҷабова Г.И. ба ҷои кори ӯ келинаш Гасилина В.В.-ро овард ва хоҳиш кард, ки ба иваз намудани хонаи дар Маскав доштааш ба Душанбе бинобар сабаби бозгашти ӯ ба пойтахт мусоидат намояд. Субҳи рӯзи дигар дар вақти таъиншуда барои баррасии масъала Гасилина В. мошинеро, ки тафтишот онро муайян накардааст, киро мекунад ва бо духтаронаш Елизаветтаи 13-сола ва Далонаи шашсола ба ҷойи таъиншуда меояд. Саидов З. чун Елизаветтаро мебинад ва мефаҳмад, ки бар асари як садамаи пештар рухдода саломатии модараш Гасилина В.В. чандон хуб нест, ба қароре меояд, ки бо истифода аз фурсат, бо вуҷуди огоҳӣ аз синну соли Елизаветта, тарҳи наздикии шаҳвониро кашад. Бо ин нияти ҷинояткорона вай ба қароре меояд, ки ба боварии Гасилина В.В. дарояд ва ба он ҷо хӯрок ва нӯшокӣ, ҳамчунин се ҳабби дар коғаз печонидашудаи барои тафтишот номаълум бо баҳонаи кӯмак меорад. Вай 2 ҳаббро хӯрда, ба ҳолати наздики транс меафтад. Саидов З., ки баъдан бозгашта инро мебинад, ба ӯ барои эътимоди бештар 200 сомонӣ медиҳад ва пешниҳод менамояд, ки духтараш Елизаветаро дар лагери тобистона монад, зеро масъалаи табодули хона аз ҷумлаи масоилест, ки ба зудӣ ҳал намешавад ва ин ба вақт ниёз дорад. Розигии модарро ба даст оварда, Саидов З.Ш. ҳамон замон бо мошине, ки тафтишот муайян накардааст, духтарро ба бӯстонсарои худ ба соҳили Варзоб мебарад ва дар он ҷо ба вай нӯшокиҳои рӯҳафзои омехта бо моддаҳои номуайян менӯшонад ва ба ҳоли беҳушӣ расонида, таҷовуз мекунад. Баъдан муддати 5 рӯзи дигар маҷбуран ӯро дар бӯстонсаро нигоҳ медорад.

Исботи бегуноҳӣ:
1) Бархилофи талаботи моддаи 339 Кодекси мурофиавӣ ҷиноятӣ ва тафсири Пленуми Суди Олии Тоҷикистон (Қарор аз 24-уми декабри соли 2010 рақами 33 «Дар бораи ҳукми судӣ») ҳукми коллегияи судӣ ба мисли айбдоркунӣ танҳо ва танҳо дар пояи фарзияҳо асос ёфтааст. Аммо натиҷаи тафтишоти пешакӣ ва судӣ баёнгари он нукта аст, ки ҳамаи ин мақомот ногузиранд фарзияҳои тақаллуби парвандаро сӯе гузоранд ва ҳамин минвол зоҳиран як тафтишоти босалоҳиятро намудор созанд. Ба дигар маънӣ ин ҷо сухан аз дидаву дониста ҷалби одами бегуноҳ ба ҷавобгарии ҷиноӣ меравад. Ҳолати рупӯшкардашудаи тафтишот ва суд бо ибораи «муайян нашуд» ҳосили ҳамон таҳлилу бебанду бор аст, ки дар қолаби ҳич мантиқ намеғунҷад. Агар албатта, хислати фармоишӣ ва сиёсии парвандаи ҷиноиро сарфи назар кунем. Бо назардошти далелҳои дар парванда омада метавон хулоса кард, ки макон ва замони ҷиноятҳое, ки ба Саидов З.Ш. бор карда мешавад, амалан муайян карда нашудааст, мошин ва ронандае, ки гӯё Гасилина ва ду духтарашро ба ҷойи таъиншуда овардааст, маълум нест, онҳо чӣ гуна аз утоқи кории Саидов З.Ш. баромаданд, номаълум аст, ҳатто касе тахминан гуфта натавонист, ки он чӣ ҷойе буд. Худи Саидов З.Ш. ҳамаи ин айбҳои эълоншударо, аз ҷумла иддиоҳои шаҳвониро қотеъона рад мекунад. Вай аъзои оилаи Бобораҷабоваҳо-Гасилинаҳоро, ки чун ҷабрдидаву шоҳид омадаанд, аслан намедонист ва ҳич вақте надида буд.

2) Ҳамаи иттиҳомот дар содир намудани ҷиноятҳои хислатан шаҳвониро суд ва тафтишот ба пуррагӣ дар асоси далелҳои оилаи Бобораҷабовҳо, ки модари хонадон Бобораҷабова Г.И. ва модари хонадон шоҳиди аслӣ дар ҳамаи ин лаҳзаҳо, Бобораҷабова М.Н.- духтари ӯ, ба истилоҳ ҷабрдида дар аввалин парвандаи ҷиноии таҷовуз, Гасилина В.В.-модари ҷабрдидаи ноболиғ Гасилина Е.-келини Бобораҷабова Г.И. ва Гасилина Е.А.-набераи ӯ. Нуқси мантиқии ин далелҳо ошкор аст: онҳо зиддунақизанд, мутобиқ ба маводҳои парванда нестанд ва аз ҳама асосӣ дар парванда тасдиқи ҳуҷҷатие мавҷуд аст, ки онҳо туҳматанд. Чунончӣ, иттиҳоме, ки Бобораҷабова М. ҷабрдида ба шумор меравад, на танҳо боварибахш нест, балки ба ҳадде туҳматомез, ки суд чорае ба ҷуз баргардонидани парвандаро ба тафтиши иловагӣ наёфтааст. Тафтиши лабораторӣ ҳам метавонист исбот кунад, ки ин зан ва модари ӯ Бобораҷабова Г.И. бо падари фарзанди ӯ эълон кардани Саидов З.Ш. ошкоро дурӯғ гуфтаанд. «Парадокс»-и дигар: баъди он ки бо тасдиқи Бобораҷабова Г.И. духтари ӯ қурбонии таҷовузи ҷинсӣ аз ҷониби Саидов З.Ш. гашт, вай ҳамоно ӯро шахси наздики худ медонад ва ба ҳадде ба вай бовар мекунад, ки набера ва келинашро ба ихтиёри ӯ оварда месупорад. Бобораҷабова М.Н. тасдиқ мекунад, ки тахминан моҳи май –июни соли 2007 дар хонаи иҷоравиаш дар шаҳри Маскав ӯро бо Саидов З.Ш. шахсе бо исми Нуралӣ шинос мекунад, ки шахсияти ӯ ва шахси сеюме, ки бо вай омада буд, тафтишот муайян намекунад. Ягон далеле барои исботи он ки аслан Саидов З.Ш. дар он рӯзҳо дар Русия буд ё на,ба даст оварда нашудааст. Гузашта аз ин тибқи ахборе, ки вакилони мудофеа пурсидаву ба даст оварданд, оилаи Бобораҷабоваҳо дар Маскав зиндагонӣ накардааст, пас маълум мешавад, ки нишондод дар мавриди шиносоии онҳо бо Саидов З.Ш. туҳмат аст. Бино ба гуфтаи Бобораҷабова М.Н. дар муддати 4 соли шиносоӣ бо Саидов З.Ш. онҳо бо воситаи телефон суҳбат мекарданд, вале ҳамзамон на шумораи телефони ӯро ёд дорад ва на телефони худашро. Суд кӯшиш накард дар ин бора маълумот дастрас намояд. Ҳамчунин дархости ҳимоя, ки аз замони тафтишоти пешакӣ исрор меварзид, то аз ҳамаи ширкатҳои алоқаи мобилӣ дар мавриди мутобиқати ахбори марбут ба дурустиву саҳеҳии нишондодҳои Бобораҷабова М. ва Гасилина В.В. оид ба гуфтугӯҳои телефонӣ бо Саидов З.Ш. талаб намояд, нодида гирифта шудаву бетаваҷҷуҳ монд.

3) Суд дар мавриде нишондоди Қурбонова М., Алимардонова Х., Юлдошева М., Мирзоева Ф., Гадозода М., Хулақулова З., Муминова Б. ва Оймаҳмадова Ф-ро ба инобат намегирад, ки манбаъ ҳамон як одам, яъне Бобораҷабова М. аст ва парвандаро барои тафтиши иловагӣ бармегардонад, вале дар ҳолати Гасилина Е.А. бар хилофи мантиқи худ Саидов З.Ш.-ро гунаҳгор эълон мекунад ва танҳо бо нишондоди ҳамон як одам – Гасилина Е.А.ба муҳлати 19 сол аз озодӣ маҳрум мекунад.

Саидов З.Ш. тасдиқ кард, ки 16.06.2012 с., яъне, дар он рӯзе, ки ба гуфтаи тафтишот ва суд гӯё таҷовуз ба номуси Гасилина Е.А. сурат гирифтааст, вай ҳамроҳ бо ҳамсар, ёвараш Шеров А. ва рондандааш Мукомилов Н. дар ҳақиқат ба бӯстонсаро рафта буданд. Он вақт ғайр аз онҳо боз узви тими Тоҷикистон оид ба теннис Ищенко К., ки рӯзи таваллуди худро қайд мекард ва хешовандонаш, аз ҷумла модараш ва ду хоҳараш бо ҳамсаронашон низ буданд. Бо даъвати соҳибҷашн вай муддате бо онҳо буд. Шабро бо ҳамсараш ва ҳамаи бошандагони бӯстонсаро он ҷо гузарониданд. Дурустии ин ҳолатро дар суд пурра Ищенко Е.М., Мукамилов Н., Холмуродов С., Раҷабов У., Холмуродов М., Яразбоева Л.М., Диноршоев А.М., Шеров А.С., Муҳиддинов Ф.М., Бозоров Ш., Ятимова Ш. ва дигар шоҳидон тасдиқ карданд. Аммо суд тамоман далелҳои 11 шоҳидро ба инобат нагирифт. Баҳона он буд, ки гӯё онҳо ҳамкорони Саидов З.Ш. мебошанд ва манфиатдори аз ҷавобгарӣ озод шудани вай ҳастанд. Саволи дигар: чӣ мешавад, агар тибқи мантиқи суд бо авоқиби ҳуқуқии мақоми мурофиавии шоҳид бо назардошти масъулияти ҷиноӣ барои радди ин ё он нишондоди дурӯғин, пешгирӣ ва уҳдадории дахлдори хаттӣ, ки барои пурсиш шарти қобили қабул нест, амал карда шавад? Ба ин савол қонунгузорӣ посух медиҳад: ё шоҳид рост мегӯяд, ки ҳатман дар ҳалли масъалаи гунаҳгорӣ ё бегунаҳӣ ба назар гирифта мешавад ва ё дурӯғ, ки баҳона ва асос барои таъқиби ҷиноӣ тибқи қонунгузории мурофиавӣ ба шумор меравад ва талаб мекунад, ки суд ба он низ таваҷҷуҳ кунад. Нишондодҳои дурӯғини шоҳидоне, ки онҳоро алоқаҳои наздики хешутаборӣ ба ҳам меорад, ба мисли оилаи Бобораҷабова ва Гасилинаҳо бо мақсади пинҳон кардани ҷиноёти якдигар ин гуна оқибат нахоҳад дошт. Суд дар шиддати иштиёқ пай набурд ва ё нахост пай барад, ки бо сарфи назар кардани нишондоди беш аз 11 нафар, ки бегуноҳии Саидов З.Ш-ро исбот мекунанд ва дар миёни онҳо шахсиятҳои шинохтае дар дохил ва хориҷи кишвар мебошанд, ноуҳдабароии касбии худро ба намоиш мегузорад, ки моҳиятан баровардани ҳукми аслии он ва бо нақзи қисми 5 моддаи 15 Кодекси мурофиавӣ чиноятӣ нишон дод, ки дар он гуфта мешавад: «Ҳукми айбдоркуниро бо тахмин асоснок кардан мумкин нест”.

4) Нодурустии нишондоди Бобораҷабоваҳо ва Гасилинаҳо якбора бо муқоисакунии аввалия ҳувайдо мешавад. Чунончӣ, дар бахши айбдоркунии Саидов З.Ш. бо қисми 2, моддаи 138 КҶ дар тафтишот ва дар суд Бобораҷабова Г.И. нишон додаст, ки ахирӣ танҳо як мулоқот дошт, ки он соли 2010 дар утоқи кории ӯ вокеъ дар наздикии Донишгоҳи педагогӣ сурат гирифтааст. Ӯ инро ба саволи ҷониби ҳимоя низ тасдиқ кард. Аммо вақте сухан аз ҳолати гунаҳгоркунӣ меравад, ки ҷабрдида набераи ӯ Гасилина Е.А. мебошад, Саидов З.Ш. тибқи нишондоди Бобораҷабова Г.И. пештар аз ин мулоқот чун шиноси дерин эътироф мешавад. Ғайримустақим инро Гасилина В.В. низ тайид мекунад. Вай мегӯяд то омаданаш ба Душанбе Бобораҷабова Г.И. телефонӣ бо Саидов З.Ш. дар бораи мулоқоташ маслиҳат карда буд. Бобораҷабова Г.И. дар навбати худ инро рад мекунад ва нишон медиҳад, ки вай ба Саидов З.Ш. занг назадааст. Гасилина В.В. дар тафтишоти пешакӣ ва гуфтугӯи рӯ ба рӯ бо Саидов З.Ш. нишон дод, ки дар хонае, ки муайян нашудааст вай бо фарзандонаш иқомат мекард, Саидов З.Ш. дар даст ду пакет бо нӯшокӣ омада буд. Амалан Саидов З.Ш. наметавонист ин корро анҷом диҳад, чун вай модарзод аз як даст маҳрум ба дунё омадааст, бо дасти сунъӣ (протез) наметавонад оддитарин ҳаракатро анҷом диҳад, чӣ монад, ки бори вазнин бардорад. Бино ба гуфтаи Гасилина Е. дар хонае, ки ӯро панҷ рӯз нигоҳ медоштанд, телефон мавҷуд буд, ки аз он вай гӯё чандин маротиба бо Саидов З.Ш. иртибот гирифта буд. Аммо тафтишоти пешакӣ ва суд ҷоиз надонистанд, ки бо додани дархост ба идораи алоқаи зидахл инро тафтиш кунанд. Гасилина Е.А. дар тафтишоти пешакӣ гуфт, ки Саидов З.Ш. ӯро бо мошини нуқрафом ба Варзоб бурд, аммо дар суд гуфт, ки ранги мошинро ёд надорад. Бобораҷабова Г.И. дар суд гуфт, ки бидуни монеъа ба ҳавлии биное, ки утоқи кории Саидов З.Ш. дар он ҷойгир аст, ворид шудааст ва аз ошёнаи якум иҷозат пурсидаву ба ошёнаи сеюм баромада, ба тарафи рост гаштаву ба қабулгоҳаш даромадааст. Аммо ӯ ҷойгиршавии утоқи корӣ ва қабулгоҳро натавонист мушаххасан нишон диҳад. Дар асл ягон посбоне дар ошёнаи якум набуд ва нест. Ин хадамот дар даромадгоҳи ҳавлист ва бе монеъа ва бидуни иҷозаи посбон, чуноне Бобораҷабова мегӯяд, ворид шудан на танҳо ба бино, балки ба ҳавлии он аслан имкон надорад. Шоҳидон Ятимова Ш. ва Раҷабова Г. нишон доданд, ки тартиби қабул ва махсусиятҳои ҷойгиршавии утоқи кории Саидов З.Ш. ҳатто ба он чӣ Бобораҷабова тасвир кард, наздик ҳам нест ва агар Бобораҷабова Г.И., Қурбонов М. ва Гасилина В.В. меомаданд, ӯ ва касонеро, ки ном бурда шуд, медиданд ва ба ёд мегирифтанд. Ҳатто ҳимоя исбот кард, ки иддиои Бобораҷабова дар мавриди доштани қайди муваққатӣ дар Маскав бепоя аст. Гасилина В.В. ва Гасилина Е.А. дар мавриди он ҳолат, ки гӯё дар хонаи Хосият ном шиносашон дар Душанбе шабро рӯз кардаву субҳи рӯзи 16-уми июни соли 2012 гӯё ба қабули Саидов З.Ш. рафта бошанд ва аз он ҷо ӯ танҳо Гасилина Е.А.-ро бо худ бурдаву таҷовуз кардааст ва 5 шабонарӯз дар бӯстосаро нигоҳ доштааст, баёноти зиддунақиз медиҳанд. Бобораҷабова Г.И. дар тафтишоти пешакӣ мегӯяд, ки баъди рафтан ба назди Саидов З.Ш. вай аз утоқи кории ӯ якҷо бо Гасилина В.В. хориҷ гардид. Дар суд мегӯяд, ки аз утоқи кории Саидов З.Ш. танҳо баромад ва Гасилина В.В. он ҷо монд. Вай мегӯяд, ки вақте назди Саидов З.Ш. рафтанд, Гасилина В.В. ҳуҷҷатҳои хонааш дар Маскавро нишон дод. Гасилина В.В. бошад ин ҳама рад мекунад ва мегӯяд бо худ ҳич гунна ҳуҷҷати хона надошт, аз ин рӯ наметаовнист онҳоро ба Саидов З.Ш. нишон диҳад. Бино ба гуфтаи Гасилина В.В. онҳо ба назди Саидов З.Ш. тақрибан соати 13-00 рафтанд ва қариб ним сот он ҷо монданд. Гасилина Е.А. бошад нишон медиҳад, ки модараш ва момояш вақте аз назди Саидов З.Ш. берун шуданд, ки торикӣ фаро мерасид. Шоҳидон Нодирова Х., Қурбонова А. ва Бобораҷабова Г. нишон доданд, ки истиқоматгоҳи Қурбонова А., ки он замон ба иҷора гирифта буд ва баъди мулоқот бо Саидов З.Ш. Гасилина В.В. бо кӯдаконаш дар он шабро гузаронд, мусофирхонае буд. Гасилина В.В. бошад мегуфт, ки ин ҷо сухан аз хонаи баландёшёна меравад. Нодирова Х. нишон дод, ки Гасилинаҳоро дар истгоҳ пешвоз гирифт, духтараш Қурбонова А. бошад, гуфт, ки мулоқоташон дар назди дарвоза сурат гирифт. Курбонова А. ва модараш дар суд гуфтанд, ки он шаб шавҳараш дар хона набуд, Гасилина Е. ва модараш мегуфтанд, ки баръакс, вай дар хона буд. Ва ин силсила гузоришоту баёноти зиддунақизро метавон боз идома дод.

5) Тафтишот ва суд дар тасдиқи хулосаҳои худ дар бораи гунаҳгории Саидов З.Ш. ба он истинод мекунанд, ки Гасилина Е.А. ва Гасилина В.В. ӯро шинохтаанд. Вале ба ин инъикоси дурударози ВАО дар бораи вазъи боздошту сару садоҳои дигар атрофи ӯ мусоидат кардааст, ки расми Саидов З.Ш. ва наворҳояш аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва матбуоти кишвар пайваста интишор мешуд. Илова бар ин бо нақзи дағали қисми 1, моддаи 206 Кодекси мурофиавӣ ҷиноятии Тоҷикистон барои ташхис нафароне пешниҳод шуда буданд, ки тарҳи рӯй, синну сол ва суробашон ба таври ҳайратангез ва тааҷҷубовар аз Саидов З.Ш. фарқ мекарданд. Бо ҳамин нақзи дағалонаи талаботи қонунгузории мурофиавӣ тафтиши нишондодҳои Гасилина Е.А. дар ҷойи ҳодиса гузаронида шуд. Мутобиқ ба қисми 1, моддаи 207 Кодекси мурофиавӣ ҷиноятии Тоҷикистон «Нишондоди гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида ва шоҳид мумкин аст дар ҷое, ки ба ҳодисаи тафтишшаванда вобаста аст, барои муқаррар намудани маълумоти нави воқеъӣ, нишон додани хатти сайр ва ҷойҳое, ки амали тафтишшаванда содир карда шудааст, ҳамчунин барои муайян намудани эътимоднокии онҳо бо роҳи муқоиса бо вазъи ҳодиса тафтиш ё аниқ карда шаванд”. Аммо чизе барои муқоиса набуд ва ё нишонаҳои ҷойи вуқуъи ҳодиса, аз ҷумла махсусиятҳои хати ҳаракат пеш аз тафтиш бо воситаи нишондоди Гасилина Е.А. дақиқ карда нашуда буданд. Ҳамчуноне аз навори бардошташуда бармеояд, намои куллии вуруд ба ҳавлии бӯстонсаро имкон намедиҳад соябон ё айвони аз тарафи рост ҷойгиршуда дида шавад, ки ин мухолифи нишондоди Гасилина Е.А. мебошад, ки баръакси онро тасдиқ мекунад ва нишон медиҳад, ки дар кати чӯбини он, ки гӯё дастурхони пур аз нуқлу наво густарда буданд, нишаставу аввалин ташнагии худро бо кӯмаки Саидов З.Ш. шикастааст. Шонси назарявии дидани кат вуҷуд надорад, зеро айвон пушти девори баландиаш беш аз 1 метр мондааст. Гузашта аз ин дар он мавзеъ кат аслан вуҷуд надорад. Шоҳидон Холмуродов С. ва Холмуродов М. тасдиқ карданд, ки ҳар бор дар қабули меҳмонон он ҷо мизу курсиҳо гузошта мешуд, на кат. Дар навори видеоии раванди тафтиши нишондод бояд бо шаҳодати ҳамин одамон тайид шавад. Ва дар ҳақиқат катҳо дар бӯстонсаро буданд, вале онҳо дар соҳили дарё гузошта шуда буданд, на зери девор. Садои сабти овози навор, вақте Гасилина Е.А. зери девор меравад, гум мешавад ва сабаби маҷбур кардани ӯ, ки он ҷо гузарад, номаълум мемонад. Ҳамзамон маълум мешавад, ки вай ба чизе эътино намекунад, амалан чизеро аз гуфтаҳои худ нишон дода наметавонад. Сабти навор замоне, ки ширкаткунандагони амали мурофиавӣ ба ошёнаи дуввум боло мешаванд, канда мешавад ва камера замоне дубора ба кор медарояд, ки онҳо аллакай дар яке аз ин утоқҳо ворид шудаанд. Сабаби ин таъхир дар сабти видеоро басо оддӣ шарҳ медиҳанд: маълум мешавад, ки дар ин фосилаи вақт, ки камера ё хомӯш шуда буд ва ё аз имкони наворбардорӣ бо иллати дигар маҳрум гардид, Гасилина Е.А. ва одамоне, ки ӯро бадрақа мекарданд, ҳар шаш хонаеро, ки дар ин ошёна мавҷуд буд, тамошо карданд. Камера танҳо баъди аз ҷониби на фақат Гасилина Е.А., балки ҳамаи ҳамроҳонаш мушикофона омӯхтани утоқи аз ҳама охир «ба кор медарояд». Хулоса метавонад аз нишондоди қаровули бӯстонсаро Холмуродов М. бардошта шавад. Вақте роҳбари гуруҳи тафтишотӣ Раҳимов З. дар назди дари айвони ошёнаи дуюм қарор мегирад, Гасилина Е.А.-ро хоҳиш мекунад, ки маҳз ҳамин ҷоро нишон диҳад. Талаботи қисми 3, моддаи 207 Кодекси мурофиавӣ ҷиноятӣ, ки дар он гуфта мешавад ҳар гуна дахолати беруна ва саволҳои ёридиҳанда мумкин нест, нақз карда мешавад. Гасилина Е.А. дар нишондодҳои аввалияи худ гуфт, ки аз утоқе, ки вай 5 шабонарӯзро он ҷо гузаронидааст, ба таври доимӣ дар назди дарвозаи бустонсаро мошинеро медид, ки ӯро оварда буд. Вале ҷойгиршавии утоқе, ки вай чун ҷойе, ки гӯё ин бадбахтиро ба сараш овард, ин гуна имкон аслан надорад-ҳавлии бӯстосаро аз он ҷо аслан намудор нест. Дар суд вай гуфт, ки ин утоқ аз шимол тиреза надошт, зеро пеши он айвон мавҷуд буд. Аммо дар асл ин утоқ тирезае дорад, ки ба рӯи ҳавзи шиноварӣ боз мешавад.

Ҳалли одилонаи масъалаҳои баррасишаванда дар судро қонунгузорӣ номбар кардааст. Қисми 3 моддаи 9 Кодекси мурофиавӣ ҷиноятӣ мегӯяд, ки «Ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ риоя накардани талаботи қонун, сарфи назар аз он ки дар кадом асос роҳ дода шудааст, иҷозат дода намешавад ва боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонун гардида, санадҳои ғайриқонунӣ қабулшуда беэътибор дониста, бекор карда мешаванд”. Мутобиқ ба қисми 1, моддаи 88 Кодекси мурофиавӣ ҷиноятӣ «Ҷамъ овардани далел дар ҷараёни таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва муҳокимаи судӣ бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур анҷом дода мешавад”. Қисми 3 ҳамин моддаи қонун талаб мекунад, ки “Далелҳое, ки дар ҷараёни таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ бо роҳи зӯрӣ, таҳдид, азобу шиканҷа, рафтори бераҳмона ва ё усулҳои дигари ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд, беэътибор дониста, барои айбдоркунӣ асос шуда наметавонанд, инчунин барои исботи ҳолатҳои дар моддаи 85 Кодекси мазкур зикрёфта татбиқ карда намешаванд”.

6) Хулосаи он ки парванда сохтаву бофта аст, метавон аз ин ҳолатҳо низ натиҷа гирифт:
Ба фикри тафтишот баъди панҷ рӯзи будубош дар бӯстонсаро Гасилина Е. бо мошине, ки дар назди посбон истода буд, ба назди модараш бармегардад. Тафтишот ба ин чандон таваҷҷуҳ намекунад ва кӯшиш ба харҷ намедиҳад мошинро муайян кунад ва ҳатто посбононро дар ин бора намепурсад.
Ба гуфтаи Гасилина Е.А. дар бораи таҷовуз ба номусаш ба модараш баъди бозгашт ба Хуҷанд хабар додаст. Модараш дар навбати худ дар ин бора Бобораҷабоваро баъди як ҳафта дар ҷараён гузоштааст. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ин одамон то моҳи сентябри соли 2013 ба ҳич куҷо муроҷиат намекунанд. Пучиву бемаънигӣ дар факти дигар аст: дар аризаи худ унвонии Агентӣ дар мавриди таҷовузи Саидов З.Ш. ба номуси духтараш Бобораҷабова М. дар мавриди ҳодисаи гӯшношуниди таҷовуз шудани наберааш дар синни 13-солагӣ чизе намегӯяд. Гузашта аз ин чунин тасаввур ҳосил мешавад, ки ин ҳодиса ҳар қадаре ваҳшиёна ва разилона ба назар расад ҳам, барои модар ва модаркалони кӯдак як рӯйдоди хеле оддист. Агар не нишондоди онҳоро чӣ гуна метавон шарҳу баён кард, ки баъди фаҳмидани ҳодисаи таҷовуз ба номус яке сафари Маскав пеш гирифт ва дуюмӣ ба Панҷакент рафт ва қурбонии таҷовузро ба ҳоли худ, яъне дар васояти зане бо номи Хосият гузоштанд. Зиёдаравии ин мантиқи нафратангез мантиқи дигарро пеши рӯ меорад, ки суд ва тафтишот ба худ онро иҷоза додаанд. Масалан, онҳо тасдиқ мекунанд, ки Гасилина Е.А.-ро ба бӯстосарои худ оварда, худи ҳамон рӯз гӯё Саидов З.Ш. ӯро таҷовуз мекунад ва рӯзҳои дигар худро аз ин амал нигоҳ медорад, зеро дар он рӯзҳо бемории занонаи вай шуруъ мешавад. Агар чунин аст, пурсида мешавад, ки чӣ зарурате дошт, ки чор рӯзи дигар ин духтарро дар бӯстонсаро нигоҳ дорад ва худ аз кору бор ва хонавода монда назди ӯ бимонад? Посух дар нишондодҳои зиёд ва асноде, ки дар парванда дӯхта шудаанд ва аз ҷумла пурсиши Холмуродовҳо низ дар он мавҷуд аст. Онҳо чун қаровулон ва хизматрасонандагони бӯстонсаро нишон додаанд, ки ҳич вақт, аз ҷумла моҳи июни соли 2012 аз ҷойи корашон ҷое нарафтаанд ва бо боварӣ метавонанд гӯянд, ки бӯстонсаро дар ягон вақт беодам набуд, одамони гуногун, аз ҷумла фарзандони Саидов З.Ш. он ҷо пайваста оббозӣ меомаданд ва худи Саидов З.Ш. ҳаргиз беш аз як рӯз он ҷо намемонд. Ва ба бӯстонсаро танҳо бо аҳли хонаводааш меомад, аз ҷумла бо ҳамсараш ва аҷибтар аз ҳама он аст, ки моҳи июни соли 2012 ошёнаи дуюми бино, ки ба гуфтаи муфаттишон таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ сурат гирифтааст, дар таъмир буд ва дар он ягон намуди мебел ё васоили дигар вуҷуд надошт ва буда ҳам наметавонист, яъне он амале, ки ба номи Саидов З.Ш. навишта мешавад, амалан набуд. Ягон Гасилина Е.А.-ро онҳо боре ҳам он ҷо надидаанд ва касеро дар он рӯзҳо панҷ рӯзи пурра хизмат нарасондаанд. Ҳаққонияти ин нишондодҳо ҳуҷҷатӣ исбот шудаанд: ҷониби ҳимоя ба суд аснодеро, ки моҳи июни соли 2012 дар таъмир қарор доштани ошёнаи дуюми бӯстонсароро исбот мекунад, пешниҳод кардааст, ки ин муоҳадаи «Гулистон-Тур» бо Саидов З.Ш. аз моҳи сентябри он сол дар бораи ба иҷора гирифтани бӯстонсаро барои қабули меҳмонон, ҳуҷҷатҳо дар бораи бурдани таҷҳизот дар моҳи сентябри ҳамон сол мебошад. Ғайр аз ин бо дархости ҷониби ҳимоя узви тими кишвар оид ба тениси рӯи миз, ёвари Саидов З.Ш. – Раҳимов А., ронанда Мукамалов Н., ҷонишини Раиси Ассотсиатсияи мененджерҳо ва маркетологҳо, профессори кафедраи менеджменти Донишкардаи молия Бозоров Ш. нишон доданд, ки ҳолате набуд, ки Саидов З.Ш. дар ватан бошаду беш аз панҷ рӯз ба кор набарояд. Ин боз дар ҳолест, ки он шабу рӯзи барои Саидов З.Ш. наҳс вай на дар бӯстонсаро истироҳат мекард, балки бо Бозоров З.Ш. басо шадид барои фаъол кардани фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии ассотсиатсияи бизнес кор мекарданд, вохӯриҳои байналмилалӣ роҳандозӣ мекарданд, бо ВАО ҳамкорӣ доштанд. Шаҳодати ҳаққонияти ин ва нишондодҳои ба ин монанд табуляграммаи хадамоти алоқа аст, ки аз он ба осонӣ метавон дар чунин рӯзҳо дар куҷо будани Саидов З.Ш. ва бо киҳо тамос доштанашро дарк намуд.

Чун дигар маводҳои гузошташуда метавон тахмин кард, ки лаҳзаҳои айбдоркунӣ ба таҷовуз ба номуси Гасилина Е.А.–ро фикр карда бароварданд ва дар сурати номуваффақиятии ин ё он бахши нишондоди таҷовузи Бобораҷабова М. чун гузинаи эҳтиётӣ истифода мешуд. Айбдоркунӣ дар ҳолати ахирӣ ба ҳадде нобоварона аст, ки тафтишот ва суд наметавонистанд чӣ гуна ҳимоят кунанд. Ана барои чӣ амалҳои ҷудогонаро тафтишот то 13-уми сентябри соли 2013, пештар аз он ки бо ариза дар бораи таҷовуз Гасилина Е.А. муроҷиат кунад, гузаронид. Чунончӣ, Нодирова Х. ва Бобораҷабова Г. 13-уми июн пурсида шуданд. Исботи инкорнопазири сохтакории парванда, ҳамчунин оид ба натиҷаҳои муроҷиати ҳимоя ба озмоишгоҳи московии «Био-Папа» ошкор шуд, ки дар хулосаи он гӯё падарии Саидов З.Ш. ба фарзанди Бобораҷабова М. тайид мешуд. Ҳуҷҷатҳо ва навори видео шаҳодат аз он медиҳанд, ки дар хулосаи озмоишгоҳ, ки пурра падарии Саидов З.Ш.-ро рад мекард, тақаллуби ошкор сурат гирифтааст, вале чун ташхисро худи тафтишот таъин карда буд ва танҳо худи вай ба он дастрасӣ дошт, пас метавон танҳо як хулоса баровард: ин кори дасти худи тафтишот аст. Ин далел ниҳоятан ниқобро аз рӯи сенариянависони аслӣ ва пуштупаноҳони густох, бераҳму золим ва маккори бадномкунандаи шахси бегуноҳ барканд.

Дар ин ҳолат ҳукми додгоҳ мутобиқ ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ-ҷиноятӣ нест. Зеро қисми 3, моддаи 21 КМҶ талаб мекунад, ки «Ҳамаи ҳолатҳои исботшаванда бояд ҳамаҷониба, пурра ва холисона санҷида шаванд”.

Тибқи моддаи 87 КМҶ “Тафтиш аз таҳлили далелҳои ба даст овардашуда, муқоисаи онҳо бо дигар далелҳо, далелҳои нави ҷамъовардашуда, манбаъҳои ба даст овардашудаи далелҳо иборат аст”.

Ҳукм ба ҳолатҳои воқеии кор номувофиқ эътироф карда мешавад, ба шарте ки:
- хулосаи суд бо далелҳое, ки дар маҷлиси суд таҳқиқ шудаанд, тасдиқ нашаванд;
- суд ҳолатҳоеро, ки ба хулосаи он таъсири ҷиддӣ расонида метавонистанд, ба ҳисоб нагирифта бошад;
- далелҳои ба ҳам муқобил, ки барои хулосаи суд аҳамияти ҷиддӣ доранд, мавҷуд бошанду дар ҳукм нишон дода нашуда бошад, ки суд бо кадом асосҳо баъзеи ин далелҳоро қабул кардаасту далелҳои дигарро рад намудааст;
- хулосаи суд, ки дар ҳукм ифода ёфтаанд, ихтилофҳо дошта бошанду барои ҳал намудани масъалаи гунаҳгор будан ё бегуноҳии шахси маҳкумшуда, ё худ сафед кардашуда, барои дурустии татбиқ намудани қонуни ҷиноятӣ ё барои муайян кардани чораи ҷазо таъсир расонанд ё худ таъсир расонда метавониста бошанд.

1. ПАРВАНДАҲОИ ИҚТИСОДӢ

Таъқиби ҷиноӣ бо як маъракаи фарогири маҳрум сохтани Саидов З.Ш ва хешовандони ӯ аз моликият пеш меравад. Илова бар ин на танҳо бо воситаҳои ҷиноятӣ-ҳуқуқӣ дар шакли баровардан аз истифодаи шахсӣ ва муомилоти хоҷагӣ бо роҳҳои ҳабс кардани объектҳо ва ба кор бурдани чораи ҷазои мусодираи амвол. Бо даъвои Агентӣ шаш объект, ки бо ин ё он васила ба Саидов З.Ш. ва ё ба хешовандонаш мутаалиқ буд, ба моликияти давлатӣ баргардонида шуд. Дар байни ин объектҳо онҳое низ ҳастанд, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ хусусӣ гардонида шудаанд, аз ҷумла объектҳое, ки асосан ба хориҷиён тааллуқ мегирад. Ин ҷо боз сухан дар бораи хусусигардонии корхонаҳое меравад, ки хеле пештар аз соли 1999, вақте Саидов З.Ш. аз муҳоҷирати иҷборӣ ба ватан баргашт, хусусӣ гардонида шуда буданд. Бо вуҷуди мавҷудияти далелҳои қонеъкунандаи беасосии даъвоҳо судҳо бе ягон машаққат онҳоро қонеъ мекунанд. Далелҳои қонуниро судҳо нодида мегиранд, бар хилофи талабот дар бораи таъсири қонун ба вақту фазо қонунро парчам месозанд, мисолҳо ҳастанд, ки парвандаҳо бе иштирок ҷонибҳо баррасӣ мешаванд. Муносибати Агентӣ бо вакили мудофеа Ф.Зокиров, ки ҳимояи манфиатҳои Саидов З.Ш. ва хешовандони ӯро дар масоили иқтисодӣ ба уҳда дошт, мисоли рушанест. Айни рӯзҳое, ки парвандаҳои иқтисодӣ мебоист баррасӣ мешуданд, аниқтараш 6-уми марти соли 2014 ба гумони барнагардонидани қарзи бонкӣ ба он нигоҳ накарда, ки дар як тафтиши пешакӣ ҳолати ин амалиёти тиҷоратӣ ҳич камбуде ва ҳич нишони ҷиноятиро ошкор накард, ба ҳабс гирифта шуд. Суди иқтисодӣ дониста парвандаро бидуни ширкати ӯ баррасӣ мекунад ва умуман бе ширкати ҷавобгарон даъворо қонеъ мекунад. Объектҳое, ки Агентӣ даъво пешниҳод кардааст, аз нуқтаи назари тиҷоратӣ комилан муваффақанд, баъзеи онҳо аз нигоҳи сармоягузорӣ ва самаранокӣ дар кишвар ҳамто надоранд. Чунончӣ, ҶСШП «Гулистон», ки панҷ дар сади саҳмияҳои он муталлиқ ба Саидов Х.-писари Саидов З.Ш. мебошанд, бо пешрафтатарин технологияи ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз мебошад ва 99 дар сад маҳсулоти истеҳсолмекардаи он ба хориҷ содир мешавад.

5.ХУЛОСАҲО ВА ТАВСИЯҲО
1) Таъқиби ҷиноии Саидов З.Ш. бори сангини чораву тадобири иқтисодии маҳрум сохтани ӯ, хешовандон ва наздиконаш аз моликиятро ба уҳда дорад, куллан ангезаҳои сиёсӣ дорад. Далели ин майлу рағбати тафтишот ва суд, ҳодисаҳои тақаллуби асноди мурофиавӣ, дигар вайронкуниҳои ҳуқуқи конститутсионӣ ва қонунӣ дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ, роҳандозии маъракаи густардаи бадномсозии ӯ миёни мардум, аз ҷумла дағалона шикастани принсипҳои эҳтимолияти бегуноҳӣ.

2) Беқонунии ошкор ва худсариҳо дар муносибат бо Саидов З.Ш. ба он нигоҳ накарда, ки маъруфияти ӯ дар кишвар ва берун аз он, хизматҳояш дар сулҳу салоҳ дар Тоҷикистон, дар арсаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар сатҳи болост, ба назар нагирифтани он ки маҷруҳи гуруҳи дуюм аст ва саломатиаш заъф дорад, натиҷаи замонат ва дастдарозии мақомоти маъмурист, ки ба расмияти таъмини низоми дохилидавлатии қонуният дар кори ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва гаражданин ишора мекунад.

3) Идомаи амалҳо барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои Саидов З.Ш. танҳо дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии худ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо ҷалби ҷомеаи байналмилалӣ, созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ, парламонҳо ва ҳукумамтҳои кишварҳои хориҷӣ, мақомот ва сохторҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ бомаъно ва умедворкунанда аст.

Шӯҳрат ҚУДРАТОВ,
вакили мудофеъ”
Мӯҳр
Фемидаи якчашма
Ба рости адвокатхо, муфаттишон, прокрорхо ва судияхои мо аз нависандагону шоирони классику- советии точик, дар офаридани образи бадеи-хукуки хеч ками надоранд. Вакте, ки банду басткунии дилхох халномаро мутолиа мекуни, фикр мекуни, ки дар назми аруз, колабаш кашида шудааст. Бинобар ин, аз адвокатхо сар карда то судияхо , ба мисли шоирону нависандагон дар махфили шеъргуи, бахсхои хукуки дуру дароз давом дода, хеч кадоме намехоханд, ки ба хакикат ва вокеияти хол дар назди КОНУН сарихам намоянд. Ачибаш дар он аст, ки гумонбаршуда ва чинояткор ба такдир тан метихаду , аммо инхо хануз байни худ даъворо давом додан мегиранд. МАН адвокати зур, Ман муфаттиши зур ва факат МАН зур, дигар боки хама хеч. Аз пуштии хаминхел зурхо, гумонбаршуда ё чинояткор аз баъзе бобхои инсондусти- башардустие, ки КОНУНИ бечора пешбини кардааст, мархум мегардад. Аз ин ру, Шухрат хам аз кабили хаминхел адвокатхост.Тавакалаш ба Худо.

Хакгу
ана сабаби махкам шавии Шухрат дар чи будааст.

Ба фикри ман дар кишвари мо Точикистон, ки кишвари кашшоки тотолитари аст, бояд макомоти суд ва адвокатура бархам дода шавад ва салохияти прокуратура бештар карда шавад. Хубтар мешуд агар харочоти ин ду макомот ба бунёди Рогун фиристода шавад.
Суд барои он бархам дода шавад, ки мо суди мустакил надорем ва суд танхо пешниходи прокуратураро амали менамояду халос. Дар суд баррасси касбии суди вучуд надорад, зеро мо судяъхои касби надорем ва агар дошта бошгем хам мансаб имконият намедихад, ки онхо одилона кор кунанд.
Адвокатура барои он бархам дода шавад, ки агар сад фоиз бегунохии зерхимояашро исбот кунад хам уро касе гуш намекунад ва дар вакти баровардани хукм нуктаи анзари у хатто ба инобат гирифта намешавад.
Мо бояд ба прокурор салохияте дихем, ки рост аз прокуратура гумонбарро мучрим эълон карда, ба махбас интикол дихад.
Судхои мо танхо ба таври расми мегузаранд ва талаби прокурорро расман тасдик мекунад. Ба фикри ман хукмро низ худи муфаттишон аллакай навишта бу судя пешниход мекунанд ва судяхо онро мехонанд. Ин аст, ки ман фикр мекунам, ки чунин суд бар суди миллат нест.

бесохиб
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)