Бахшҳо
06 мар 2014 13:33Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Комил Бекзода: “Дар боби инкори Худо дигар баҳс карданӣ нестам”

Комил Бекзода, ходими Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон, мегӯяд, ҳадаф аз таълифи "Ҷаҳонбинии оянда", ки ҳоло бо вокунишҳои тунд рӯбарӯ шудааст, зинда кардани кадом як баҳс дар ҷомеа набуда, он як мақолаи ҳисоботӣ дар шакли протокол мебошад.

Бекзода рӯзи 6 март дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “бархе аз дӯстон ба хотири муҷодала бо ман, мавзӯъҳои "Ҷаҳонбинии оянда"-ро ба баҳс кашидаанд, ки дигар дар ин мавзӯъ бо касе суҳбат карданӣ нестам”.

Комил Бекзода мегӯяд, ин мақолаи онҳо ҳеч гуна китоби илмӣ, баҳсӣ ва идеологию фалсафӣ нест: “Ба хотири хотима ёфтани ин баҳси хасакӣ аз ин ба баъд дар ин мавзӯъ бо касе муҷодала намекунам ва ҳар кас бо мо баҳс мекунад, китобҳои зиёд дорем, марҳамат!”

Ходими Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи илмҳо мегӯяд, мақолаи "Ҷаҳонбинии оянда" маҳсули 20-солаи маҳфили “Ҷаҳони андеша” мебошад, ки аз тарафи ӯ ташкил шуда, мавриди мазаммати бархеҳо қарор гирифта буд: “Вақте мо маҳфили Ҷаҳони андешаро ташкил кардем, баъдан баъзеҳо гуфтанд, ин маҳфил нест, чойхонаи Бекзода мебошад. Мо тасмим гирифтем, барои барҳам задани ин нофаҳмиҳо дар шакли хулоса мақолаеро ба нашр расонда, ҷомеаро огоҳ кунем, ки дар муддати ин 20 сол мо чӣ кор кардем.”

Оқои Бекзода дар мавриди ҷой доштани бобе дар бораи инкори вуҷуди Худованд дар “Ҷаҳони андеша” гуфт, албатта онҳо мавзӯъеро дар ин бора дар мақола ҷой додаанд, ки аз ҳама муфассалтарин қисмати он маҳсуб мешавад. Вале ба гуфтаи ӯ, дар ҷомеа ин қисми мақолаи онҳо каме дигар матраҳ шудааст: “Масъалаи ҷавҳарӣ ин аст, ки мушкили асосии инсоният ба назари Ҷаҳони андеша вуҷуди марг ва мурдани инсонҳост. Ҳамаи динҳо ҳам кафолат медиҳанд, ки гӯиё пайғамбарону Худоҳояшон инсонро пас аз мурдан зинда карда, ба онҳо ҳаёти абадӣ мебахшанд. Мо дар асоси китобҳои илмии ҳозираи ҷаҳони Шарқ гуфтем, илми имрӯза алакай роҳу усули аз нав зинда кардани инсонро дорад. Он вазифае, ки динҳо назди худ гузоштаанд, илми имрӯза алакай инро иҷро карда метавонад. Барои ин андешаро гуфтан, агар дар бораи Худо гап назанӣ, намешавад. Дигар мо чизе дар бораи Худо нагуфтаему мақомашро муҳтарамона аз нигоҳи таърихӣ ба қалам кашидаем.”

“Ҷаҳонбинии оянда” дар шакли китобчаи иборат аз 40-саҳифаӣ моҳи июли соли 2013 бо теъдоди 100 нусха дар нашриёти «Кайҳон»-и шаҳри Душанбе ба табъ расидааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
nom
salom duston in mardeki 20 sol umrashro da inkori khudo sarf kardaast in mard na dunyo doradu na okhirat hayotash sukhtaast man dar taajubam vakte kitobro navistaast meguyad qonun dar borai sukhan ozod ast yane demokratiya baroi chi in durust budaastu amri maruf nodurust !?

малик
дар чавоби "Чахонбини оянда"олими чавон Абдулхонов Ф.як китобчаи бономи "Мардона мурдан ин зидагист"навиштааст.ба ин ба ном "олимон"чавоби сазовор додагиаст.барои хамин ин бехудохо фахмиданд ки мусалмони бо ору номусу нотарс хам будаст.шурои уламо савод надоранд ки бо инхо бахс кунанд.кори вайхо факат мачид махкам куни.

fikr ast, andesha ast - ba inson hujum nakunedu donish jued, Duston! Rushdi oyandai jomeya az nekfikrivu nakukori ogoz meyobad, na az tundi! mehrubon boshed, ki fe'li Parvardigori zamon ast!

Саид
Ман гуфтаниям агар хамин Бегзода мирад чанозаш накунед вассалом

юсуф
чаноби ОМУН!!!!! муборак шавад номи нав ,акнун бо ин номи ба худатон муносиб корро давом медихед? Хайфи умри одами ки 20 солашро сарф карда дар як лахза унвони ОМУНРО гири. Ном муборак хахахааааааайййййй.....

“Ба хотири хотима ёфтани ин баҳси хасакӣ аз ин ба баъд дар ин мавзӯъ бо касе муҷодала намекунам ва ҳар кас бо мо баҳс мекунад, китобҳои зиёд дорем, марҳамат!” Эй инсони хуб наход хамин масалаи хасаки бошад! “Масъалаи ҷавҳарӣ ин аст, ки мушкили асосии инсоният ба назари Ҷаҳони андеша вуҷуди марг ва мурдани инсонҳост. Ҳамаи динҳо ҳам кафолат медиҳанд, ки гӯиё пайғамбарону Худоҳояшон инсонро пас аз мурдан зинда карда, ба онҳо ҳаёти абадӣ мебахшанд. Мо дар асоси китобҳои илмии ҳозираи ҷаҳони Шарқ гуфтем, илми имрӯза алакай роҳу усули аз нав зинда кардани инсонро дорад. Он вазифае, ки динҳо назди худ гузоштаанд, илми имрӯза алакай инро иҷро карда метавонад. Барои ин андешаро гуфтан, агар дар бораи Худо гап назанӣ, намешавад. Дигар мо чизе дар бораи Худо нагуфтаему мақомашро муҳтарамона аз нигоҳи таърихӣ ба қалам кашидаем.” Эй инсони хуб агар илми хозира аз нав зинда кардани инсонро доро бошад чи кадар сарватмандони дуне боз гашта худашонро бо ин пулу молашон зинда мекардонд! лекин ин фикри хом аст гайр аз худо дигар кас каси дигарро зинда карда наметавонад (Исо пайгамбар бо кудрати худо мурдаро зинда мекардан ин зам бошад як лахзахои муайян барои исботи пайгамбарии он кас худо ин хел мучизаро ба Исо дод) худованд ватани моро халки моро аз ин хел фикрхои бад нигох дорад донишмандони мо дар бораи ин хел масалахо зиёд бахс накарда баракс дар масалаи тараккиёти илму техника фикр кунанд ба тамоми халки мусулмони точик хушбахти хонаи обод хохонам

Асадулло
Азиз
Ин чохил ба бемории шизофрения гирифтор аст. У бояд тахти назорати табибони беморихои рухи карор дошта бошад.

Саидчон
Ассалому аллайкум бародарони гиромикадр! Ман хеле афсус мехурам аз ин "ДОНИШМАНд"они бедониш. Афсуси дигар аз он мекунам,ки забони буррои Эшони Нуриддинчонро бастаанд,вагарна у метавонист ин беодобро чавоби сазовор додан. На ин, Абдукодирзода ё гурухе,ки аз паи у хастанд...

Ин КОФИР Аст!

Ин аблах КОФИР Аст!

Ассалому алайкум бародарони азиз. Албатта ингуна хабарро инсоне ки камтар сохиби акл бошад хечгох кабул карда наметавонвад ба вижа аз тарафи шахсе ки дар бораи илми асри 21 сухан мегуяд. Албатта шахсе ки офаридгори хешро нашиносад ва дарк накунад уро Худованд 1400 сол пеш "беакл" номидааст. Имруз тамоми инсоният вучуди Худоро тасдик мекунад магар шахсоне ки чохил ва мутаассиб хастанд ва дар калби хеш мараз ва бемории бедаво доранд.

Сами Бухоро
Комили Бекзода яке аз наберагони КОхинони МАЪбати ОМУН мебошад .Хаминро исбот кардани АСТ,ки дар чандин хазор аср авлоди ОМУН гумнамешавад.

Файласуф нашуда мури бехтар.ту ки буданата ба чомеъа шиносонди.дар дилам чунон суханхои баде омад,ки ба навиштанаш аз бандахо шарм медорам.холо асри 21 шудаасту ба назарам ту дар общинаи ибтидои гаштаи!!!файласуф хм!!!

Алишер
Бовар кунед бародаро ин Бекзода набераи Шайтон дар сурати одами хаст,агар хохи шайтончаро бини мархамат ба сурати у нигох кун,гуё ки афту андомаш мегуяд,ки ман шантончаякам.

Бовар кунед бародаро ин Бекзода набераи Шайтон дар сурати одами хаст,агар хохи шайтончаро бини мархамат ба сурати у нигох кун,гуё ки афту андомаш мегуяд,ки ман шантончаякам.

Шогирд
Ин олиму файласуф нест, балки як харзагуй аст ва шояд ба у чин ёр шудааст. Назди ягон олими ислом рафта, худатро бо рохи хондани оятхо табобат кун ва баъдан Исломро кабул хохи кард.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)