Бахшҳо

Муаллифон: “Баҳсҳо дар атрофи вуҷуди Худо ғаразноканд”

Аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша”, ки ахиран китоби ба табъ расондаи онҳо (“Ҷаҳонбинии оянда”), бахусус боби он дар мавриди вуҷуди Худо, боиси баҳсҳои зиёде шудааст, бо пахши баёнияе аз бархӯрдҳои шадиди корбарони Интернет изҳори норизоӣ кардаанд. Комил Бекзода, Нозим Нурзода, Ҳафиз Бобоёров (Холиқзода), Ёрмаҳмад Ниёзӣ, Шодибой Атоӣ, Нуриддин Шаҳобиддин, Номвар Қурбон Файзи Олӣ узви маҳфили “Ҷаҳони андеша” будаанд.

НАЗАРИ КОМИЛ БЕКЗОДА

Онҳо гуфтаанд, агарчӣ дар китоб касе таҳқир нашудааст, аммо то кунун дар Интернет нисбат ба муаллифони “Ҷаҳонбинии оянда” 300 вожаи таҳқиромезро ба кор бурдаанд. “Ин сабаби нофаҳмиҳо ва тавтиаҳо (дасисаҳо) и сиёсию мазҳабӣ ва нооромии кишвар гардиданаш мумкин аст”,-навиштаанд муаллифон.

Ин изҳороти аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” тавассути доктор Ҳафиз Бобоёров, ки яке аз онҳост, дастраси “Озодагон” шуд, ки матни комилашро инҷо мегузорем:

“Маҳфили “Ҷаҳони андеша” аз соли 1993 то 2013 давом кард. Ба муносибати 20 солагии маҳфил мо китоби “Ҷаҳонбинии оянда (Ҷаҳонбинии алтернативӣ)” ро таълиф намудем. Дар муддати 20 сол принсипи асосии Маҳфил ин буд: фарҳанг бидуни сиёсат. Ин принсипро мо дар тӯли 20 сол риоя кардем. Ҳарчанд ки ин Маҳфил тобеи маъмурияти Институти фалсафа буд, вале андешаҳои дар ин китоб омада назарҳои фард фарди муаллифони ин китоб мебошанд. Яъне андешаҳои китоб ҳисобаш аз ҳисоби Институти фалсафа ва Академияи илмҳо ҷудо аст.

Рӯи сухани муаллифони ин китоб ба сад соли ояндаи ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳон нигаронида шудааст. Бо ҳамин сабаб, номи китобро “Ҷаҳонбинии оянда” гузоштем.

Аз нашри китоб як сол гузашт. Касе аз фарҳангиёни тоҷик ба он таваҷҷӯҳ накард. Вале моҳҳои феврал ва марти соли 2014 ба сабаби ҳодисаҳои Украина якуякбора ҳаёҳуе дар атрофи яке аз мавзӯъҳои ин китоб (мавзӯи вуҷуди Худо) барпо намуданд. Мо чунин муносибатро дар нисбат ба як китоби фарҳангӣ мунсифона ҳисоб намекунем ва ғаразнок медонем. Мо муаллифон ҳеч гоҳ дар тӯли 20 сол ба масъалаҳои сиёсӣ ва мазҳабии ҷомеаи Тоҷикистон дахолате накардаем. Чаро ки чунин дахолатро мухолифи принсипи асосии китоб, ки фарҳанг бидуни сиёсат ном дорад, мешуморем. Ва то ба имрӯз побанди ин принсип ҳастем.

Маҳфили мо дар муддати 20 сол танҳо дар доираи шунавандагони маҳдуд, ки ба илм сару кор доштанд, мегузашт. Баҳсҳои мо дар пояи методологияи илми муосир баргузор мешуданд. Мо барои намуна ва мисол дар охири китоб рӯйхати 17 сарчашмаи илмиро зикр намудаем, ки дарбаргирандаи навтарин тадқиқоти илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ ҳастанд.

Мо, шаҳрвандони давлати демократӣ, фаъолияти худро ҳамеша дар партави Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекардем ва принсипе, ки ба фаъолияти мо дахл дошт, ин аст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳуқуқу озодии интихоб ва виҷдон дорад. Мо дар фаъолияти худ аз ин талаботи Сарқонун истифода намудем. Ба ин маъно ки ҳар шаҳрванде ҳақ дорад, ки дар нисбати ҷаҳонбиниҳо андешаи шахсии худро дошта бошад. Ва мо муаллифон ҳамин талаботро дар китоби мазкур татбиқ намудем.

Касоне, ки ин китобро мутолиа кардаанд, медонанд, ки мо доир ба ягон шахс, ақида, ҷаҳонбинӣ, арзишҳо ва ё ҳизбу ҳаракатҳо ягон сухани ноҷо ва таҳқиромез истифода накардем. Дар ҳоле ки дар расонаҳои ҷумҳурӣ дар нисбати мо зиёда аз 300 калимаи таҳқиромез истифода карда шудааст. Ин сабаби нофаҳмиҳо ва тавтиаҳо (дасисаҳо) и сиёсию мазҳабӣ ва нооромии кишвар гардиданаш мумкин аст. Аз ин хотир, барои ба вуҷуд наомадани нооромиҳо ва халалдор нагардидани амнияти кишвар ба мақсад мувофиқ медонем, ки ниҳодҳои қудратӣ ва амниятӣ аз чунин амалҳои ғаразнок пайгирӣ ва ҷилавгирӣ намоянд.

7 марти соли 2014
шаҳри Душанбе”


Дар акс: Ҳафиз Бобоёров
Мӯҳр
эмом
Дар Точикистон 99.9% мусулмон дар гуфтор дар рафтор бошад ИН ХЕЛ НЕСТ.Бисьерашон дар зохир мусалмон худро нишон медиханд.Мусулмон вакти кабули дини ислом се гурух ташкил додан: АВВАЛ аз руи этикоди комил ба дин хам зохиру хам ботин; 2аз барои андоз кабул карданд.ки бисьер вазнин буд агар ислом кабул накунанд.З бо зарби шамшеру табар.ки то имруз таьсири он нарафтаст.Вакто .ки кулли мусалмонони Осиеи Миена бо шамшеру табар мусалмон шуданд.хохони гуш кардани фикру акидахои дигар надоранд.Исломро бо аклу хирад донистан лозим на бо вохимаю тарсонидан. Буалии бузург вакте масьалаи аклониро гуфт Газзоли уро кофир хонд.Агар дар арсаи чахон номи Сино машхур бошад Газоли дар кунче монд.Донистани худо дар дили хар як инсон аст ва онро барои нодонхо тарзе фахмондан даркор .ки акидаи исломро дарк кунанд.Агар дар ислом мазхабхо гум шаванд тинчи мешавад

Сарата хурад китобхот файласуф!

ин хатои(конуншикании) шумост 'файласуфон'
1.Бо ин асари худ хукуки маънавии аксарияти мардуми ЧТ ки ба Худо эътикод доранд(мусалмонон,насронихо ва дигар дину равияхо) поймол кардед.
2. Бо ин асаратон дар чомеъаи тинчу осоиштаи ЧТ ихтилоф андохтед.
3. Амалу саъю кушишхои ЧО-ро, ки мусалмон хастанд, оид ба гиромидошти дину мазхаб(зиёрати хонаи Худо, сохтмони бузургтарин ибодатгох,чорабинихои бузургдошти Имоми Аъзам(р), дастгирии моддиву маънавии диндорон ва гайра) нописандида гирифтед.

ба инхо чазои сахтро додан даркор

Albatta in khodimoni SSSR ki umri khudro baroi in kitob sarf kardaand az tavanjuhi jomeai Tojikiston tarafi Afghonistonu Eron dar harosand....Peshtar ham Rahim Masov gufta bud ki mo hinduavrupoi astem va boyad no Rossiya monem va joizaero niz ba iqdori 60 000 & az rusjo soli guzashta girift...In bechoragon niz az hon guruhand....Oyo inho kasero badi murdanash zinda kardand ? Kase az odon bo sababi tabobati onho million sol zist ? Oyo oftob sokhta metavonand ?Chand farziyaero navisjtandu vassalom...kani dalel gui meguyad mana kitob...Sadho kitobi digar ast ki ba kitobi tu javob medihad...Kani Saiydmukarram ?..kani Kabiri ?Kani raisi komiteti Din? Agar in janobon javob nadihand ham tojik farzandoni sodiqe dorad ki jabobi in mujrimonro hatman bo kitobi kalonu purmuhtavoe medihad...Lekin inho naboyad digar davoi hifzi din kunand

вали
АГАР НИХОДХОИ КУДРАТИ АЗ ШУМО ХИМОЯ КУНАД.
ОНГОХ МАЬЛУМ ХОХАД ШУД КИ АМНИЯТРО НЕ БАЛКИ ДАСИСА ВА ХИЙОНАТРО ХИМОЯ КАРДААНД.

az mualifi kitob pursidani hastam ki vujudi khudatro chiguna isbot mekuni va in ki KHudoro munkir hasti oyo yro ba chashmat nadidi ki in gap ro megui? oyo sharq va gharbi olam va zaminu osmon ro gashtai ki KHudoro nayoftai va on vaqt uro inkor mekuni? inki tu ba etiqdi 99 dar sadi mardum beihtiromi kardai on vaqt in gapho khudro oodi vijdon medoni? ei bechora.....

худодод
"Шумо медонистед, ки 99%-и мардуми точик ба Худо эътикоди сахт доранд, аммо боз хам чуръат карда, аз вучуд надоштани Худояшон харф задед. Кабл аз интишори ин китоби пучатон андешаи амнияту суботро чаро накардед, дар холе, ки медонистед мардуми точик сахт пойбанди Ислом аст ва барои Худо омодааст аз бахри худ бигзарад!?"

нашри ин китоб хам ХОСТИ ХУДОСТ. Бо ХУДО бахс накунед...Амнияти мулк хам дар дасти ХУДОСТ бояд 99 фойизи мардуми муслим ба хости ХУДО тан дихад ва ноором нашавад.. акидаъхои ин файласуфон хам ХОСТИ ХУДОСТ...

Банда китоби навиштаи шyморо мутолиа накардам вале мусоҳибаи радиои озоди ва озодагонро мутолиа кардам ва аз фикрони Комил Бекзода нисбати вyҷyди Хyдо таҳқир ва тавҳин ба мyқадасоти миллати Мyсалмон пайдо карам. Ин марди ба ном фаиласyф нисбати бyҷyди худо гуфтаст ки илми муосир инқадар пеш рафтаст ки метавонад инсони мyрдаро зинда кyнад. Чи дуруғи маҳзест қавли ба ном файласуф. Агар воқеан дар китоби шyмо фикри Комил Бекзода дарҷ гардида бошад сабаби асоси барои ноором кардани зиндаги хyд ва мушкил дар муҷтамаи мо худи шyмо хоҳед бyд ва кyмитаи амният бояд ҳyшёр бошанд ки сабаби ихтилофи бyзyрг дар муҷтама китоби навиштаи шyмо хоҳад бyд. Шyмо магар намедонистед ки ҷyзби миллати мyсалмони Тоҷик ҳастед ки 97 фисадашон мyсалмон аст ва ҳеҷ гоҳ инхел савсатахониҳои шyморо қабyл нахоҳад кард. Бигзоред миллат ором бошад ва кyмитаи амнияти милли ба корҳои самарабахши дигар машғyл бошанд. Ба ҷои он ки тамоми миллат Тоҷикро шyмо файласyфон якҷоя кyнед бо ин сyханони хyд оромиши ҷомиа ва миллатро ба ихтилофy бебандyбори тела медиҳед. Хоҷагони шyмо ҳаргиз намехоҳанд миллат Тоҷик сарҷам бошад чyн агар ин миллат сарҷам бошад метавонад корҳои бyзyргy манфиатбахшро барои башар пешкаш намояд. Хyдо шyморо ҳидоят диҳад то бахотири чанд пули ночиз аз сyханҳои бемани ва пyчy бедалил боз монед то миллат ҳам оромy осyда зиндагиро ба пеш баранд

. Кулоби бача
. Ман умедворам, ки ягон нафар аз кормандони органхои кудрати аз инхо пуштибони намекунанд, чунки онхохам мусулмонанд ва аз худо метарсанд.

Эмондор
Теша ба решаи миллати хеш задаанд. инхоро бояд хукумат чазо дихад.

Ман
Мукаррамзода кучост?

Ман,
дарахт шинондестай. гадобулут.

99
Ҳукми шариатии шумо САНГСОР аст!!!
Аз тарс, акнун метарсед, ки ҳатто ба Худо муроҷиат кунед!!!
Тавба кунед, Худованд бузургу бахшоянда аст!

Шоди
Дар хакикат зиеиени точик г.. будаанд...Ба ин ихзорот ин нафарон хифз кардани хастанд..мехоханд аз давалти хоричие паногохи сеиси гирнад. ..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)