Бахшҳо

Номаи саркушодаи Иззат Амон ба раиси Маҷлиси Намояндагон

Иззат Амон, раиси Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия, бо нашри номае аз ҳарфҳои Шукурҷон Зуҳуров -- раиси Маҷлиси Намояндагон дар бораи теъдоди муҳоҷирон ва ҳаққи онҳо барои иштирок дар интихоботи парлумонӣ ба ҳайси номзад изҳори норизоӣ кардааст.

Матни нома:

“Шукурҷон Зуҳуров. Баҳси Шумо бо вакили Маҷлиси Намояндагон Мухиддин Кабириро дар бораи ширкати муҳоҷирон ба ҳайси номзад дар интихоботи кишвар маҷбур сохт, то ин сатрҳоро бинависам. Ба ҳеч кас пӯшида нест, ки парлумони Тоҷикистонро хомӯштарин парлумон дар ҷаҳон меноманд. Тӯли таърихи 20-солааш он то ҳол нисбат ба ҳеч лоиҳаи пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумати кишвар ва ё қарордодҳое, ки аслан ба манфиати давлату миллат набуда танҳо манфиатҳои гуруҳеро ҳимоя менамоянд, садо баланд накардааст. Мисолаш ҳамон озод кардани IRS аз супоридани андози давлатӣ бо вуҷуди номаълум будани раҳбарияти ин ширкат ва низ додани қисмате аз хоки кишвар ба Чин мебошад. Агар аввалиро ба сахтӣ ҳам бошад, фурӯ барем, охирӣ ба гумони ман нобахшиданист, ки муҷримҳояш ҳатман дар назди миллат ҷавоб хоҳанд гуфт.

Гузашта аз ин, аксарияти кулли парлумонро намояндаҳои як ҳизб ташкил медиҳанду лоиҳа ва ё қарордодҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумати кишвар бидуни баҳс қабул ва тасдиқ мегарданд. Яъне, дар ниҳоди зери раҳбарии Шумо танҳо манфиатҳои ҳизби ҳоким ҳимоя меёбанд. Мешавад гуфт, вакилони халқро ба ниҳоди зери раҳбарии Шумо интиҳоб нею таъин менамоянд. Баъзеҳоро аз рӯи ҷои зисту маҳал, баъзеи дигарро аз доштани мавқеи сиёсӣ ва идеологӣ ба ин ё он гуруҳ. Албатта, шунидани ин ҳарфҳо сахтанд, аммо ҳақиқат ҳамеша талх аст, ҷаноби раис! Боре дар як суҳбат аз ҷаноби Кабирӣ, ки чандин сол аст, вакили парлумон мебошад, пурсидам: Оё чунин шудааст, ки парлумон кадом пешниҳоди ҳукуматро рад карда бошад? Гуфт, “бале”. Дар як вохӯрӣ президент пешниҳод кард, дигар маро “Ҷаноби Олӣ” нагӯед, мо рад кардему гуфтем: На, мо мегӯем.

Ҳоло бигзарем ба асли масъала. Дар он суҳбататон Шумо зикр кардед, ки шаҳрванд агар 5 сол аз кишвар берун бошад ба таври автоматӣ аз шаҳрвандӣ хориҷ мегардад. Шумо инро қонуни конситутсионӣ номидед. Ба гумони банда, ин банди қонунро оиди шаҳрвандӣ комилан бояд аз Қонуни асосӣ ҳазф кард. Конситутсия бояд мутобиқ ба шароит ва вазъи мардум навишта шавад, на ин ки тақлиди кӯр-кӯрона бошад. Тамоми кишварҳо кӯшиш менамоянд, то сафи шаҳрвандонашон зиёд гардаду барои ин барномаҳои гуногунро ба хориҷиён пешниҳод менамоянд, то шаҳрвандии он кишварҳоро бипазиранд. Мо бошем, бо гузоштани муҳлат ва шарту шароитҳои нофаҳмою номақбул сафи шаҳрвандони худро кам менамоем.

Дигар ин ки зиёда аз 2 миллион шаҳрванди мо феълан дар муҳоҷиратанд. Бо набудани ҷойҳои корӣ ва маоши кофӣ дар кишвар теъдоди онҳо сол аз сол меафзояд. Ин ҳақиқатест, ки бо омори дурӯғин намешавад онро рупӯш кард. Дар ин миён, теъдоде ҳастанд, ки ҳамеша дар рафтуомад байни ду кишвар қарор доранду баъзеи дигар ин имконотро надоранд. Вакили парлумон Галина Рабиева дар исботи даъвои худ, ки чаро муҳоҷирон ҳаққи ширкат дар интиҳоботи кишвар ба ҳайси номзадро надоранд, гуфтааст, муҳоҷирон аз асл ва равандҳое, ки дар кишвар мегузаранд, бехабаранд. Ба гумони ман, ин ҳарфҳо нисбат ба муҳоҷирон туҳмати хушку холӣ ва дараҷаи баланди беинсофист.

Бояд зикр кард, солҳои охир аз Тоҷикистон на танҳо муҳоҷирони корӣ, балки донишмандону олимон ва ходимони хизматнишондодаи ҷумҳурӣ низ ҳиҷрат мекунанд. Ҳиҷраташон ҳам танҳо ба хотири ёфтани як даҳон нон мебошад. Аксарияти онҳо дар марказҳои илмии Русия кор менамоянд. Дониста бошед, ки танҳо дар ҳудуди Маскав ва навоҳии он зиёда аз 200 нафар омӯзгор дар донишгоҳҳои муҳтарами ин кишвар машғули тадрисанд. Ба гумони Шумо, ин устодон дар асри 21, асри илму техникаву интернет метавонанд аз равандҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии кишварашон бехабар бошанд?

Албатта не. Бинобар ин, ман суханҳои Шуморо дар ҳаққи ин устодони муҳтарам таҳқир мешуморам. Ба ҳамагон маълум аст, ки маблағи фиристодаи муҳоҷирон 80 дарсади буҷаи кишварро ташкил медиҳад. Мувофиқ бо омори расмии Тоҷикистону Русия муҳоҷирони корӣ солона 4,5 – 5 миллиард доллар ба хонаводаҳояшон пул мефиристанд. Мешавад гуфт, бонкҳои Тоҷикистон танҳо ва танҳо аз ҳисоби маблағи ирсолнамудаи муҳоҷирон фоидаҳои ҳангуфт ба даст оварда, андоз месупоранд. Яъне, дар умум ҳаминҳоянд, ки иқтисоди хнаводаҳоро мечархонанд.

Чизи дигаре, ки ба ҳама маълум аст, ин шумори ҷасадҳои ба Ватан овардаи муҳоҷирони корӣ мебошад. Солона мо зиёда аз 3 ҳазор тобут аз ин кишвар ба Ватан мефиристем. Қисмате аз инҳо ба таври маҷбурӣ аз дасти нажодпарастон кушта шудаанд. Яъне, муҳоҷирон ҷон дар каф гирифта, хонаводаҳои худ ва ҳукуматро мехӯронанду мепӯшонанд. Бар ивази ин ҳама ҷонбозиҳо ҳукумати кишвар чӣ хидмате барои муҳоҷирони ҷон дар каф анҷом додааст? Кай ва кадоме аз Шумо – намояндагони парлумони кишвар ва вакилони халқ боре ба суроғи муҳоҷирон омадед? Оё боре шудааст, ки Шумо ҳамчун раҳбари ниҳоди қонунгузор ва вакили халқ боре ба аёдати муҳочири бемору дилшикаста ва ё таъзияи хонаводаи муҳоҷир рафта бошед? Гумон накунам.
Намояндагиҳои Тоҷикистон дар ин кишвар, яъне сафорату консулгарӣ ва Хадамоти муҳочират низ нисбат ба муҳоҷирон дақиқан ҳамон мавқеъеро доранд, ки Шумо доред. Боре надидаем, ки сафорату консулгарӣ ба суроғи муҳоҷири тоҷик рафта бошанд. Корашон танҳо фурӯши варақаҳои бозгашт ва бизнес мебошад. Бовар накунед, аз худи муҳоҷирон пурсед.

Ман ҳам муҳоҷирам. Инак, 15 сол аст, ки дар ҳиҷратам. Моҳе як бор ба ватанам танҳо ба хотири муҳаббати доштаам ба ин Ватан сафар мекунам. Дар донишгоҳҳо ва марказҳои илмии Русия таҳсилу тадрис кардаам. Ҳамеша дар маҳфилҳои сиёсию фархангии ин кишвар даъват мешаваму аз мавқеи Ватану миллатам дифоъ мекунам.

Дар охир аз Шумо ва Галия Рабиева талаб менамоям, барои таҳқири зиёда аз 2 миллион шаҳрванди муҳоҷири тоҷик узрхоҳӣ кунед. Дониста бошед, Шумо ҳамеша наметавонед вакили халқ ва раиси парлумон бошед. Рӯзе мерасад, ки ҳар яке аз мову Шумо барои ҳар ҳарфу амаламон назди ин миллат ҷавоб хоҳем гуфт. Хуб аст, агар ин ҷавоб пешопеш гуфта ва карда шавад.

Иззат АМОН,
Раиси Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия”
Мӯҳр
ToT
Як таклиф. Точикистон бояд ба нух вилоят таксим ва ба хар вилоят аз шахси наздики наздик волй таъин гардад, то сарбадорон сар набардоранд. хамаш ай худмонай ку

Ватандӯст
Мӯҳтарам Иззат Амонов, аз матни номаатон аён аст, ки Шумо дар навиштани он ба шитобкорӣ роҳ додед. Хуб мешуд як чизро то тохир ва ба пуррагӣ фаҳмида , баъд нома навиштан даркор, ё ин номаи Шумо чи хеле ки мегӯянд "заказной" буд. Ҳамин Кабириҳову Ҳисайновҳову монанди инҳо буданд, ки мардуми тоҷик овора шуд. Аввал андеша , баъд гуфтор гуфтаанд.

Рустам
Изат самозванец шуда бурафтед ку. Барои чи аз номи тамоми мухочирон гап мезанед. Шуморо касе раиси чавонони точики Русия кабул надорад ва интихоб хам накардаанд. Хар як минтакаи Русия рохбари худро дорад ва мо масалан вилояти Ленинград шуморо эътироф намекунем. Бас аст аз номи кулли точикон гап задан. Мо аз сиёсати парлумони Точикистон ва Президент Эмомали Рахмон чонибдори мекунем.

хонанда
Азиз Кахорзода худованд туро хору залил кунад касоне ки аз мардуми сарсону саргардони точик пуштибони кунад он кас барои шумо душман аст. иншоаллох дер е зуд рузи чавобгуи мерасад мерасад.поени шаби сиех сафед аст.

Бехтарин Иззат Амон, номаи бадарде буд

АБДУЛЛО
Боракаллох бардар.

калила
шумо хама фурухташудагонед хуни хаки мухочирро макидаед шумо дар шахрхои ободи ачнабиен ба точикфуруши машгул гашта проблемахои точикистони имрузро чи медонед еинки боз чои пулкоркуни шуд ва умуман туро ки ин хел вазифа додааааааааст бие 2 гектар бог бунед намо 10 нафарро сохиби нон кун дар оянда аз точикфуруши бодомфуруши кун

tojikhoro tuvu tubarinho muhojir kardand.boz mexohed takror kuned kori kardagitona???mo bezorem az guruhoi shumo.jangdozon.

имигрант
Офарин чаноби Иззат Амон, бехтарин посух!
Аз ноумедихо басе умед аст,
Поёни шаби сиёх сафед аст!
То кай мо имигрант мемонем, ин депутатхои мо кай фикри имигрантхоро мекарда бошанд!

Бародари гироми Иззат! Харчанд кушиш кардам ба хотири эхтиромам нисбати спикери парлумон Шукурчон Зухуров лоакал чанд чумлаатонро инкор кунам, аммо вучудаму вичдонам ба ин рох надод. баъди хондани матлаби Шумо ба хулоса омадам, ки инсонро ё мухит, ё мухит инсонро тагйир медихад. Парлумони точик на дар давраи фаъолияти Зухуров, балки аз ин кабл ба як инситути догма мубаддал гардида, 15 сол мешавад, ки дар ин парлумон вакилони интихоби не, балки таъини руи кор омадаанд ва мустакилият дар кабулу тахия намудани конунхо дар хоби шабашон хам шояд надарояд. Он 8-10 нафар вакилоне, ки кабл аз вакилии худ дар сохаи худ каму беш мустакилу мутахассиси хуб буданд, онхо низ шарики ин мачлиси хомушон гардида, дигар ба олами хомуши рафтанд. Ин парлумон то хол ягон конуне, ки вокеан манфиати давлату миллат ва чомеро хифз ба таъмин намояд, кабул накардааст ва ягон тархи конуне ки аз тарафи хукумат пешниход мешавад, рад накардааст. Имруз парлумон ба хукумати кишвар, макомоти ичроия ва ХХДТ пайвастааст ва он бо хеч вачх мардуми несту набуд. Бубинед, ки вакили парлумон мавриди хамла ва лату куб карор мегирад, спикер ба чузъ аз як дархости саросари ба прокурори генерали, дигар хомуш аст. Дар парлумон мухокимаи зинда (парламентские дебаты) вучуд надорад. Миллаташ бо зиёи ва оимонаш мардикору гадои дари русу казок мебошанд, парлумон хомуш аст. Ин миллатро мекушанд, хомуши. Хок бар сари чунин парлумони сунъию дуругин. Чизе гуфтеду навиштед, мутассифона хакикат ва аз хакикат чои гурез хам нест. Вокеан чавони ватандусту буданатонро исбот кардед. Он чизе ки руи когаз овардед, мутмаинам ки вакилони парлумон хатто кобилияти онро овардану навиштанро надоранд. Ахсант. Муваффак бошед.

99
Офарин!!!
Ман боварӣ дорам, ки умри ин беадолатиҳо ба охир расида истодааст ва аз Худои мутаъол хоҳони онам, ки оқибат ба хайр бошад!

Hazor rahmat akai izzat amon . Man ba shumo iftikhor mekunam. Vokean sukhanhoi shumoro khondam gerya kardam man yak muhojiri kori hastam. Jonam ba lab omadaast az garibi.

saidjon
ofarin izat amon behtarin haqiqata gufted

behtarin suxano ofarin akai izzat

muzafar
Izzat amon behtarin suxanhoi haq

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)