Бахшҳо

Номаи хонанда: “Тоҷикон набояд хатои ироқиҳоро такрор кунанд”

Ин шабу рӯз аз хонандагони “Озодагон” номаву шарҳҳои зиёдеро дастрас мекунем, ки аз ҳамаашон барои ин кор сипосгузорем. Имрӯз корбаре бо номи мустаори “Деҳқон” нома фиристода, аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки аз соли 1992 ба ин сӯ зимоми қудратро дар даст дорад, ҳимоят намудааст. Ӯ аз мардум хостааст, аз борон гурехта худро ба жола назананд ва мисли мардуми Ироқ, ки замоне аз ӯ безор буданду ҳоло ба гуфтаи ӯ зораш ҳастанд, пушаймон нашаванд. Ин номаро нашр карда, мехоҳем, дигарон низ назари худро, албатта бидуни дашноу туҳмат ба якдигар, дар пайи ин нома бинависанд.


“Эй бародарон, худ як коргари одӣ ҳастам ва як фарзандам дар муҳоҷират қарор дорад. Ба ҳамааш бояд шукр кард.

Таърих гувоҳ аст, баъд аз 1 ҳазору 100 соли давлатдории Исмоили Сомонӣ Эмомалӣ Раҳмон дуюмин сарвар аст, ки давлати Тоҷиконро пойдор намуд. Мо хоҳему нахоҳем, ин дар таърих монда ва бо хатҳои зарин навишта мешавад.

Мо тоҷикон набояд хатоии мардуми Ироқро такрор намоем. Онҳо ба дасисаҳо дода шуда, Саддом Ҳусейнро сарнагун сохтанд ва имрӯз чи хеле телевизони НТВ нишон дод, дар орзуи онанд, ки ҷасадашро ёбанду бӯса намоянд. Лекин, сад афсӯс, ки ин ба онҳо муяссар намегардад.

Он муваффақиятҳое, ки дар давоми 20 сол ба даст овардаем, дар 70 соли Шӯравӣ ба даст наоварда будем. Он тинҷиву амоние, ки дорем, бехтарин неъмат аст ва мо бояд инро ба ягон сарват иваз нанамоем. Ё Шумо ҳам мехоҳед, ки Тоҷикистони мо мисли давлати ҳамсоя -- Афғонистон як умр ҳамчун давлати ҷангзада боқӣ бимонад. Худо аз ҳамаи ин нигоҳ бидорад.

Деҳқон
Мӯҳр
Аз чумлаи якумаш "бояд шукр кард" маълум, ки асарохои оламшумулро бисёр хондагй ва бисёр баромадхо навиштааст. Ин Дехкон не Окодемик. Ба акидаи дигар Фобрик-ул-чавобун.

Эх дехкон ту бехабари ки дунё чи кадар пеш рафта истодааст. Агар Саддома гуи у инсони хуб буд лек ту шайтон будаи кати хамун фармоишгарота....... Ё бузак хасти....

зиддидехкон
Гуфтахои дехкон пурра нодуруст мебошанд. Бояд мардуми точик дар хакикат зиндагии хуб дошта бошанд,лекин сад афсус холо мардуми точик хорузор ва зиндагии кашшокона доранд.

беном
Номад ба худат мувофик дехкон -ту чию гапзанед

Акаи "Фабрика-дехкон" Об хар чи зиёд монд мегандад сабаби бадбахтии мардуми Ироку Либия дар хамин аст ки як шахс курсиро моли падари худ хонда конунро ба табъи худашон навиштанд ва болайёкатони милатро хоин ё мачбур берун карданд..

Чек
Ту дехкон нести ту яке аз итилоотиёни!

.......чаноби дехкон номи шуморо хам бо хати заррин дар руи девори касри миллат барои ин маслихати хубатон навиштан лозим.....
.......бесаводи дехкон, ту барои мукоиса як бор давлатхои гарбро назар кун..

Агар шумо бо акл бошед мард шуда гуед дар ККК чи кадар гилемхои зебо мебаромад у ба осие ва аврупо маьлум буд ва дар он фабрика беш аз чил хазор одам бо кор тамин буд . дар он вактхо ба маоши калхозчи бисер чиз гирифтан мумкин буд лекин агар шумо дар мактаб кормекардед ме фахмидед ки ба 400 сомон ба орду равган намерасад бо аз он хам 100 сомонашро ба гезета ба коррупсиячихо пешаки медиханд. Хамин пншрави АСТ магар. Хуб мае шукри тинчи мекунам лекин рохбар раисони вилояь шкур кунанд ки халк сабр Карла истодааст.хама пешравихо Барри худашон Барои халк ягон навигари нест он корхонахое ки бо кор медароянд бо иштероки чоноби оли баьди 1 соат
драфта бинед оео кор мекунанд е не . Дар бораи свет газ об гап газа над хам мешавад шумо дар Россия кор кунед баьд гап занед ба аксари точикон хозир ватанаш " гостиница" шудагиай дар борараи армия гап лучше гап намезанем чунки дил месузад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)