Бахшҳо

Зуҳури бонуи №1-и Тоҷикистон дар сиёсат: Чиро интизор бошем?

Ҳумайрои БАХТИЁР

Таърихи 22-юми июн раисҷумҳури кишвар бо сафари расмие вориди Малайзия шуд. Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро, ҳамсараш ё худ бонуи аввали кишвар Азизамоҳ ҳамроҳӣ мекард.

Бонуи аввал ва баҳсҳо атрофи рӯсарӣ


Раисҷумҳури кишварро дар Куала –Лумпур, пойтахти Малайзия Абдулҳалим Муаззам, подшоҳи Малайзия бо Шаҳбону ва Наҷиб Абдурразоқ – нахуствазири ин кишвар пешвоз гирифтанд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон низ чанд аксеро аз маросими истиқболи Эмомалӣ Раҳмон дар Куала-Лумпур гузошт, ки дар он бонуи аввали кишвар ҳам дида мешавад. Дар он аксҳо ҳамсари раисиҷумҳури Тоҷикистон куртаи миллӣ ва рӯсарӣ дорад.

Вале, мавзӯи матраҳ барои мо дигар аст. Бояд гуфт, ки то кунун аксҳои дигари бонуи аввали Тоҷикистон дар канори ҳамсар ва фарзандонаш дастраси расонаҳо шуда, суханронии ӯ дар тӯйи писараш Рустами Эмомалӣ тавассути телевизиони К+ низ намоиш дода шуда буд. Вале дар солҳои охир бори аввал аст, ки ӯ дар як сафари расмӣ ҳамсарашро ҳамроҳӣ дорад ва дафтари матбуот ҳам аксҳои ӯро расонаӣ мекунад.

Фурсате ҳаст, ки бонуи аввал даст ба корҳои иҷтимоӣ бизанад


Ойниҳол Бобоназарова, роҳбари бунёди “Перспектива +” дар сӯҳбат ба “Озодагон” аз ҳамроҳии бонуи аввал дар сафари расмӣ истиқбол намуд. Хонум Бобоназарова мегӯяд, ки ҳамроҳии бонуи аввал дар сафарҳои расмӣ ҷузъе аз фарҳанги сиёсӣ дар кишварҳои низомаш президентӣ буда, ки дар мо каме дертар роҳандозӣ шуд: “Вале ҳамоно дер нашудааст. Мо мебинем, ки бонуҳои аввал дар кишварҳои дигар чӣ нақш доранд. Онҳо бунёдҳои хайриявӣ мекушоянд ва бо корҳои иҷтимоӣ машғул мешаванд. Зуҳури ҳамроҳии бонуи аввали кишварро мо интизор будем.”

Роҳбари бунёди “Перспектива +” мегӯяд, ки дар ҷомеаи мо занҳо мушкили зиёде доранд. Ва бомаврид мебуд, агар аз ин ба баъд бонуи аввали мо ҳам як бунёди иҷтимоӣ таъсис бидиҳад. Ба занҳои бемор, муҳоҷир ва онҳое, ки худкушӣ мекунанд ёрӣ расонад. Мушкили иҷтимоии бонувони мо хеле зиёд аст.

Бонуи аввал ва эҳтимоли тағйири сиёсати гендерӣ

Зайтуна Наимова, мушовир оид ба масоили гендерии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) бар ин назар аст, ки бо як сафари бонуи аввал баъид аст, ки вазъи сиёсии занони кишвар якбора иваз бишавад: “Вале ба ҳар сурат ин рӯшноие дар охири нақб аст.” Зайтуна Наимова мегӯяд, ки умед дорад аз ин ба баъд дар сиёсати гендерӣ таваҷҷуҳи бештаре зоҳир хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол Ойниҳол Бобоназарова, роҳбари бунёди “Перспектива +” гуфт, ки машғулияти бонуи аввал ба Эмомалӣ Раҳмон низ имиҷи бештар хоҳад овард. Хонум Бобоназарова бо ишора ба нооромии кишвар гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд ин охири кор нахоҳад буд. Сабаби дертар “расонаӣ” шудани ҳамсари Эмомалӣ Раҳмонро хонум Бобоназарова дар он арзёбӣ намуд, ки шояд то ин замон бонуи аввал ба тарбияи фарзандону наберагон машғул буд: “Ҳамаи мо медонем, ки оилаи калон аст, тарбия, вақт мехоҳад. Сабаби дигар шояд шаҳрнишин набудани онҳо бошад. Ин ҳам албатта фурсат мехоҳад.”

Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, ки дар умум механизми машғул шудани бонуи аввалро шояд то андозае ба эътибор намегирифтанд. Ба бовари номбурда ҳар қадар расонаӣ ва ошкор шудани ҳаёту машғулияти бонуи аввал бар имиҷи раисҷумҳур холҳои зиёде хоҳад овард.

Зарафо Раҳмонова, ҳамсӯҳбати дигари мо низ аз ҳамроҳии бонуи аввал дар сафари расмӣ истиқбол намуда, изҳори умедворӣ аз он кард, ки ин зуҳури ягона бонуи аввал нахоҳад буд. Хонум Зарафо гуфт, ки эҳтимол аст ин сафар барои риояи он қарору қавонин, ки барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа қабул шудааст, такони мусбате бидиҳад: “Мо фарҳанги доштани корҳои иҷтимоии бонуи аввалро надоштем. Аслан рӯшан нашудааст, ки чаро то имрӯз бонуи аввали мо ба корҳои иҷтимоӣ машғул набуд. Хабарҳое ҳастанд, ки духтари президент фаъолияти хайриявӣ дорад. Вале мо намедонем, ки ин хабар то чӣ андоза дақиқ аст.”

Ҳамроҳии бонуи аввали кишвар бо раисиҷумҳур ва он ҳам бо либоси милливу русарӣ баҳсҳоеро дар пай овард. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз либоси миллӣ доштани ҳамсари раисҷумҳури кишвар истиқбол мекарданд. Вале гурӯҳи дигар бо ишора ба рӯсарии бонуи аввал аз он дар тааҷуб буданд, ки чӣ гуна барои дигарон дар саросари кишвар пӯшидани рӯсарӣ дар муассисаҳои таълимиву давлатӣ мамнӯъ аст.

Ба ҳар ҳол мунтазир мебояд шуд, ки бонуи аввали Тоҷикистон минбаъд рӯ ба корҳои иҷтимоӣ меорад ё хонашиниро авло мешуморад.
Мӯҳр
Қаторӣ
Ибораи "Ба... онҳое, ки худкушӣ мекунанд ёрӣ расонад" каме духура омада мазмунро коста гардонидааст. Узр барои хурдагирӣ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)