Бахшҳо

Талаби истеъфои вазири тандурустӣ аз сӯи шарҳнависон

Фармони Нусратулло Салимзода - вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар мавриди додани имтиёз ба донишҷӯёни баъзе аз шаҳру навоҳии кишвар ҳангоми дохил шудан ба Донишгоҳи тиббӣ бо вокуниши сахти корбарони “Озодагон” рӯбарӯ шудааст. Аксари шарҳнависон аз ин фармони вазир шадидан нигаронӣ кардаанду мегӯянд, азбаски бештари имтиёз ба донишҷӯёни як минтақа дода шудааст, он хусусияти маҳалгароӣ дошта, хилофи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон мебошад.

Идрис, як корбари “Озодагон”, навиштааст, “фармони Салимзода хилофи Сарқонуни амалкунандаи Тоҷикистон мебошад”. Чун, ба гуфтаи ӯ, вазири тандурустӣ ҳаққи содир кардани чунин як қарорро надорад: “Ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон новобаста аз маҳал ҳуқуқи баробар ба таҳсилро доранд.”

“Тамошобин” – корбари дигар низ дар шарҳи гуфтаҳои боло навиштааст, ин фармони Нусратулло Салимзода боиси аз курсиҳои донишҷӯии Донишгоҳи тиббӣ дур мондани ҷавонони болаёқат мешавад. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд ҷаноби вазир ин имтиёзро ба донишҷӯёни навоҳии мазкур барои он додааст, ки баъд аз хатми таҳсил ба зодгоҳашон баргарданд, вале таҷриба нишон додааст, на ҳамаи онҳо бармегарданд: “Имтиёз бояд умуман бардошта шавад! Он лозим нест! Он танҳо воситаи дилхунуккунии довталабони арзанда аз миёни сокинони шаҳру ноҳияҳои бекоэффитсиент мегардаду халос!”

Акрам, шарҳнависи дигар, ки аз худ ҳамчун довталаби курсии донишҷӯии Донишгоҳи тиббӣ аз вилояти Суғд ном бурдааст, мегӯяд, агарчӣ 430 холро соҳиб шуда буд, ба ин донишгоҳҳо қабул нашуд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, яке аз ҳамроҳонаш аз ноҳияи Данғара – минтақаи имтиёздор тавонист, бо гирифтани 401 хол донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ шавад, чун ба ӯ бар асоси дастури вазир 125 холи дигар тӯҳфа кардаанд. Акрам дар шарҳи ин гуфтаҳои худ изофа кардааст, ӯ тасмим дорад, дар ин бора ба Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва кафили ҳуқуқи озодиҳои шаҳрвандон шикоят барад.

“Тамошобин” дар идома савол гузоштааст, агар ҷаноби вазир ба хотири дар оянда бо кадрҳо таъмин намудани навоҳии мазкур ба донишҷӯёни онҳо имтиёз додааст, пас, квота, ки ҳамасола бар асоси он садҳо донишҷӯ ба донишгоҳҳо дохил мешаванд, барои чӣ аст? Идрис барои ҳалли ин мушкили пешомада ва ҷилавгирӣ аз ба миён омадани ҳиссиёти маҳалгароӣ байни бархе аз ҷавонон дар пайи фармони мазкури вазири тандурустӣ пешниҳод кардааст: “Ҳар нафаре бо дониши худ 450 бал гирифтаааст, донишҷӯ эътироф карда шаваду нафарони бо имтиёз қабулшуда то соли оянда тайёрӣ бинанд.” Ӯ афзудааст, дар сурате агар дар робита ба ин дастур таҷдиди назар нашавад, ин амали вазири нобахшиданӣ мебошад.

Дар ҳамин ҳол, Саид, яке аз корбарон хостори ба истеъфо рафтани Салимзода шуда, гуфтааст, “вазири муҳтарам аввалан хатогиҳои сиёсиашро бартараф карда, баъдан ба истеъфо раваду бас.”

“Вазорати тандурустӣ” навиштааст, ки ҳар нафаре дар ин робита шикоят ё гуфтание дорад, метавонад, рӯзи шанбе ба қабулгоҳи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ояд: “Марҳамат, ҳар нафаре, ки норозӣ аст, рӯзи шанбе аз соати 8 то 12 рӯзи қабули вазир аст. Метавонед бо аризаи хаттӣ ба вазир муроҷиат кунед, андешаҳои Шумо ҳатман шунида мешавад ва асоснокии фармон ҳам ба шумо фаҳмонда мешавад.” “Вазорати тандурустӣ” дар шарҳи ин гуфтаҳояш фармони вазири ин ниҳодро бар асоси қонунҳои амалкунандаи кишвар дониста илова кардааст, “Дар асоси моддаи кадом қонун ин фармон навишта шудааст, чаро бартарият маҳз ба донишҷӯёни Хатлон дода шудааст, ҳамааш ба Шумо фаҳмонда мешавад.”

Дар пайи вокуниш ва нигарони шадиди корбарон аз ин фармони Салимзода ва баҳси квотаву имтиёзҳо ҳангоми дохилшавӣ ба донишгоҳҳои олии кишвар бо суханҳои маҳалгароӣ корбаре бо номи “Тоҷикдухтар” қисмате аз саргузашти худ бо хоҳарашро дар ин бора навиштааст: “Салом хабаргузории Озодагон! Умедворам, ин навиштаи ман рӯи чоп меояд. Дар хотир дорам, соли 2006 бо "квотаи президентӣ" ману хоҳарам ба пойтахт – шаҳри Душанбе ба Донишгоҳи тиббӣ ва Донишгоҳи омузгорӣ омада будем. Вақте маблағи зиёдро сарф карда омадему дар рӯзҳои имтиҳон хостем имтиҳон супорем, ба мо гуфтанд ба Шумо ин имконият нест, чун квотаатонро алакай дигар кас соҳибӣ кардааст. Модари сарсонам ҳамоно ба ду вазорат – тандурустӣ ва маориф равон шуданд, вале дар онҷоҳо ҳам гуфтанд, ин квотаҳоро кайҳо ба дигар довталабон додаанду ҳукумати ноҳия моро фиреб кардааст. Ин ҳама сарсониҳо гузашт, чун дар ин зиндагӣ хама чиз мегузарад. Ҳам ман ва ҳам хоҳари дар он рӯзҳои сарсонӣ ноумедгаштаам ҳоло соҳиби касби худ шудем, аммо ноадолатӣ то ҳанӯз идома дорад. Аз ин маълум мешавад, ки ба умеди ягон кас ё орзуи хом шудан лозим нест, чунки дар урфият мегӯянд, "аз худат мондӣ - мурдӣ!" Барои ҳамин, халқи тоҷик маҳалгароиро монеду якдигарро дастгирӣ кунед, чун агар рӯзи сахт ба саратон омад на ҳукумат ва на дигару дигар ба додатон мерасад.”
Мӯҳр
Дар хакикат Вазири тандурусти дуруст кардааст вакте ки ба нохияхо меравед норасогии кадр дар вилояти хатлон, Бадахшон, дида мешавад на балки дар Сугду шахри Душанбе он нохияхои ба онхо коифисент додаанд дуруст дода шудаанд. Дар ш.Душанбе аз бемориро духтур бисёр. Масали дигари квота дар бисёр маврид духтарон квотахоро гирифта баъдан ба зодгохаш бар намегарданд, ва дар бисёр маврид падару модари онхо даъво карда мегарданд. мисол чанд нафаро медонем аз Кабодиён , Файзобод, Тавилдара солхои охир ба манзилашон бар намегарданд. Аввалаш бояд нагз таёри дидан даркор буд на бояд хар касро танкит кард. Маркази милли тести ин шафофияти коро ба чо монд акунун касони маблаг ё ба дигар рохо мегирфту дохил мекардаанд рохи онхоро бастаанд. Як бор тахлил бояд кард ки оё онхое ки тибки рохат ба тамом кардани ДДТ ба чои лозимааш рафтаант ё не баъдан баъдан бояд гуфт ва рузноманигорон илтимос дорам бехуда хар чиз нанависанд ва игво байни мардум набардоран.

Манучехр
Бале бале боз бале,пантуркисто ин хел кардаги набуданд,шармандаги

Точик
Хамдиерони Дангараги! Шумо хафа нашавед. Агар имруз дар Дангара, Балчувон ва дигар нохияхои Кулоб докторхо нарасад сабабаш набудани кадр нест балки хаммаи докторхои ин минтака ба Душанбе омада мансабхои сардухтури, чойнишини сардухтур, мудири шуъба, сестра хозяйка, тамоми мансабхои "ругании" бемористонхои пойтахт, хатто санаторияхои Шохамбарию Ходжаоби гарм ва гайра. Хатто стоякаи мошинхои нази бемористонхоро сокинони хамин нохияхо гирифтаанд. Бинобар ин дар оянда низ онхо ба Балчувону Муминободу Фархор намераванд зеро "тагахояшон" дар мансабхои баланди хукумат астан чиянхошонро боз дасгтри карда дар Душанбе нигох медоранд.

Диловаршох
Тавре ки Агнетии коруписия гуфта буданд фасодтарин вазорати тандурустист хакикат дорад.Дар хакикат имруз табибон тамоми арзишхо ва касами худро туф кардаанд.Худованд душманатонро ба беморхонахои Точикистон бистари нагардонад.То кай сарвари давлат ишора кунад кор дигар шавад.Магар мухтарам вазир инро намедонад ки духтурхо чи муносибат бо маризон доранд.Сад дар сад медонад.Аммо коре намекунад.Чунин вазир вазъиятро боз хам сангинтар месозад.

Трагикомедия дар Маркази миллии тести

Бали нихои дар Донишгохи тибби барои шуъбаи бучави 500 эълон шуд, вале бали кабул 544. Ин трагикомедияро ки шарх медода бошад?
Агар довталаб ба хамаи саволхои гузошташуда чавоби дуруст дихад у сохиби 500 бал мешавад, вале бали гузариш 544 эълон шуд.
Балхои иловаги аз кучо пайдо шуданд? Бо ин балхо фарзандони ки гузашта бошанд?
Ин маънои онро дорад, ки фарзандони мову шумо агар ба донишгохи тибби хуччат супорида сад фоиз ба саволхо чавоб диханд, хам онхо ба шуъбаи бучави бали гузаришро сохиб шуда наметавонанд. Оё хуб нест, ки бехуда онхоро ноумед насозему кабули хуччатхояшонро ба Донишгохи тибби манъ кунанд.

юояд хамаи хукумат ба истифо равад. охир инхо хама кадрхои кухнаи шуравианд.

Бародарон охир шумо дарак доред,ки ин вазир худаш як бизнесмени калон аст? хама вазифахоро бар ивази пул мефурушад, доимо гапхои дургу ба мардум мегуянд. хуб мешуд ки оиди кори худи вазир аз духторн пурсед...

Шимоли
патриот
22 август 2014 12:35 расо сафсата гуфти!Падари ман дар замони шурави дар чануби чумхури чандин сол кор кардааст.Ва у накл мекунад,ки садхо маротиба рафта аз волидайни талабахо хохиш мекард то фарзандони худро ба мактаб гусел кунанд на ба пахтачини!Лекин онхо ба у чавоб медоданд,ки аз пахтачини фоида хасту аз мактабахони нест.Ман аз нохияи Исфара хастам на Хучанд.Ба Донишгохи тибби бояд босаводон дохил шаванд,то фардо тавонанд мардумро табобат кунанд.Магар наметарси фардо ба дасти яке аз чунин бесаводон руи мизи чаррохи афти?Рохбари синфи ман бошад,хамкурси вазири хозираи маорифи Точикистон аст ва аз наклхои у ВАЗИР бо як азобе Донишгохро хатм кардаасту миёнахои соли 90-ум бо суръати тез барои мувофик омадани географияяш ба сатхи вазири расидааст.Ин махалчигие,ки холо дар ЧТ аст дар ягон давру замон набуд.Ягон рохбаре,ки аз шимоли чумхури таи 45 сол рохбарии чумуриро ба зимма дошт ,чунин хешу табор,хамдехаву хамкурсу кудову домодхои бешуморашро ба вазифахои баланди давлати чалб намекард.Он замон касе савод дошт сохиби вазифа мегашт,касе савод надошт ба вазифахои баланди давлати рох намеёфт.

ТОЧИК
БАРОДАРОН ЧИ ЛОЗИМ АСТ БА ХАМА ЧИЗ ЛИБОСИ СИЁСИ ПУШОНИДАН? ШОЯД НА БА ХОТИРИ МАХАЛЧИГИ БОШАД, БАЛКИ БА ХОТИРИ ОН БОШАД КИ ДАР НОХИЯХОИ МАЗКУР ПРОБЛЕМАИ НАОРАСИДАНИ ДУХТУРОН ЧОЙ ДОРАД. ЗЕРО МАН НОХИЯХОИ ИМТИЁЗДОРРО ДИДАМ ДАР ХАКИКАТ ХАМИН ХЕЛ АСТ.

доктор
боз исломихода вазир нафрид ? ман дар дехаи дурдаст духтур кор мекунам. ин ягона вазире хаст,ки маоши духтуронро дуруст намуд хангоми дар ТГМИ даврони шурави хондан 80% ва 60% устодон аз хамин минтакахои имруз бе имтиез монда аст окибати инро шумо галстуротон чанг нагирифта намедонед . имруз аз статистика назар баред кормандони авацияи санитари аз нохияхои ховалиг, шурообод ,балчувон , муъминобод безор шудаанд.

ин чихалин вазир будааст вакте ки проблемаро хал карда наметавонад.

Ахсан ба вазир кори хуб кард!!!!

Паткурсони вайсола бо чунин хонданашон хеч гох намегузаранд онхо меомаданду бо хамкурсонашон сайру гашт мекарданд гунохи вазир нест гунохи худи шумост ВОЛИДАЙНИ МУХТАРАМ!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)