Бахшҳо

Оғози тафтиши “порагирӣ”-и ноиби директор: Дар конверт пул не, сурат буд!(ВИДЕО)

Додситонии шаҳри Душанбе ба оғози тафтиши “порагирӣ”-и ноиби директори мактаби рақами 78-и пойтахт оғоз кардааст, ки НАВОРАШ ҳафтаи равон дар интернет нашр гардид.

Саодат Шукурова, мудири мактаби рақами 78-и Душанбе мегӯяд, муаллимаи муттаҳам дар порагирӣ иҷрокунандаи вазифаи муовини директор буда, феълан мавриди бозпурсии муфаттишони додситонии Душанбе қарор дорад. Шукурова дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, муовинаш даст доштан дар фасодро рад мекунад: “Ӯ мегӯяд, дар асл дар дохили конверт пул не, сурат ва маълумотнома буд. Айни ҳол тафтишот идома дорад ва асли воқеаро тафтишот муайян мекунад.”

Шукурова нашри навори гӯиё порагирии муовинашро як иқдоми махсуси ғаразнок арзёбӣ кард, ки аз ҷониби афроди наздик ба яке аз роҳбарони қаблии мактаб роҳандозӣ шудааст, ки ба ҳамин минвол ду директори баъд аз худаш таъиншударо низ барканор намудааст.

Навори “порагирӣ”-и муовини директори феълии мактаби миёнаи 78 аз ҷониби як корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр гардида, дар шарҳаш навиштааст, “муовини директори мактаби №78 барои қабули ҳуҷҷатҳои ду кӯдак 450 сомонӣ пора мегирад”.

Лола Абдуллоева як корбари фаъоли Фейсбук ба “Озодагон” гуфт, ӯ ва чанд волидони дигар, ки фарзандонашон бояд ба синфи якум бираванд, бар ивази қабули санадҳо 150 сомонӣ пардохт кардаву “квитансия” гирифтаанд. Вай мегӯяд, видеоеро, ки дар Фейсбук нашр шуд, модари як кӯдаки дигар гирифтааст. Хонуми Абдуллоева афзуд: “Бори аввал нест, ки дар ин мактаб аз волидон пул мегиранд. Дар охири соли хониш ҳам барои таъмири мактаб пул гирифта, аммо “квитансия” надоданд”,-гуфт вай ва илова кард, “як гуруҳ аз падару модарон тасмим гирифтаем, дар робита ба ҳолатҳои пулситонӣ ба раиси шаҳри Душанбе шикоят бубарем”.

Аммо Саодат Шукурова, мудири мактаби рақами 78-и Душанбе ин иқдомро ғаразнок хонда, афзуд, баъди сабти навор афроди дастандаркор онро дар телефонҳо паҳн намуда, аз ӯ талаб кардаанд, маблағро баргардонад.

Хонуми Шукурова, ки тариқи озмун ба роҳбарии мактаби №78 расидааст, изҳор медорад, дар пайи чунин иқдоми ба гуфти ӯ, ғаразнок, давоми 1,5 соли роҳбарияш се бор аризаи истеъфояшро ба раёсати маориф пешниҳод кард, аммо қабул нагардидааст.

Директори мактаб мегӯяд, Лола Абдуллоева ҳам ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамеша аз ӯ интиқод мекунад, дар гуруҳест, ки зидди вай кор мебарад. Ба қали Шукурова, пас аз эрод гирифтанаш дар мавриди подомани кӯтоҳи духтари Лола, ки дар синфи 10 таҳсил мекунад, Абдуллоева эътироз кардааст: “Як фарзанд ва се ҷияни Лола Абдулоева дар мактаби мо таҳсил мекунанд. Ӯ пеш аз оғози дарсҳо ба наздам даромада гуфт, “духтари ман сарафан намепушад”. Пушидани сарафанро бо қарори раиси кумитаи падару модарон тасдиқ намуда будем. Лола инчунин изҳор намуд, ки “сарафане, ки шумо ба духтарони пойтахт пешниҳод намуда, қабул кардаед, либоси кӯҳна ва “қишлоқӣ” мебошад. Духтарони пойтахт бояд, подомани кӯтоҳ пушанд”. Гуфтам, бигзор духтари ту пушад, вале дигар духтаронро аз роҳ назанад. Дар рӯзи дуюми дарс тамоми духтарони синфи 10, ки духтари Лола онҷо таҳсил мекунад бо подомани кӯтоҳ, нохунҳои лакзада ва муйҳои сардода ба дарс омаданд. Ин ҳолатро дида, аз роҳбари синфашон хоҳиш кардам, Лола Абдуллоеваро барои суҳбат даъват намояд”.

Сарвари мактаб илова намуд, ки Лола Абдуллоева ба мактаб омада, гуфт, “ман бо ту ҷанг эълон кардаам, киноро тамошо кун”. “Субҳи 3 сентябр дар қатори пагоҳирӯзии мактаббачаҳо, вориди мактаб шуда, бо телефони дастиаш байни 2,5 ҳазор хонанда даромада, суханҳои муаллимаеро, ки барои тартиботи мактаб ва либоси ягона сухан мекард, ба навор гирифт, бо ҳаракатҳои беҷо даст афшонда ба тамоми хонандаҳо мегуфт, “ягон хел либоси мактабӣ нест, ҳамаи духтарон бо подомани кӯтоҳ ба мактаб биёянд”. Баъди ин ором нашуда, ба синфхонаҳо даромада дарсҳоро вайрон кард, тамоми ҷойҳое, ки дар тобистони соли ҷорӣ таъмир карда будем, навор гирфт”,-қайд намуд ӯ.
Мӯҳр
Ноза
Шохбону из-за таких как ты нацистов во всем мире война! Тебя родители не учили, что нет плохой нации а есть плохие люди! Тебе еще учиться и учиться...

Фируз
Наворро тамошо кардам, ва хайрон шудам ки аз кай боз сурату ва хучатро ба конверт андохта ба бюстгалтер мемонанд?! Директор айбдор набошад исбот кунад, зеро бо гунохи у як муалимаи бечора шарманда шудааст

Нодира
Уважаемая администрация "Озодагон" почему Вы допускаете цензуру где высше сказанные посты неизвестных авторов разжигает межнациональный конфликт?!

Рустам ягон узбак вазифата кашида гирифтай ваеда ту ика агресивный хасти? Ай рангаш маълумай ки одами Шукурова хасти! Ика гапа нависти аз чавобгарии дар назди конун наметарси?! Чун миллатпарсти хам статья дорад.

АЗ КОР КАРДАНИ САОДАТ ШУКУРОВА 1,5 СОЛ ШУДААСТ ДАР ТУЛИ СОЛИ КОРИАШ ТАРТИБУ НИЗОМ, ЛИБОСИ ЯГОНА ВА ДАР ООЛИМИАДАХОИ ЧУМХУРИЯВИ ЧОИ СЕЮМ ГИРИФТАНИ ХОНАНДАГОНАШ ИН БОИСИ ИФТИХОР АСТ БАЧОИ КАДРИ ЧАВОНА ДАСТГИРИ КАРДАНИ МО ПАДАРУ МОДАРОН МО БА ЧИ КОРХО РОХ ДОДА ИСТОДАЕМ НАХОД БАРОИ ЯК САРАФАН ИНКАДАР ЧАНГУ ЧАНЧОЛ ШАВАД ДАР ИНЧО ХУСУМАТИ ШАХСИИ ЛОЛА АБДУЛОЕВА МЕБОШАД, КИ БО ИН РОХ ДИРЕТОРА АЗ ВАЗИФА ГИРИФТАНИЯН ШУКУРОВА САОДАТ МО ЯК ГУРУХ ПАДАРУ МАДАРОН МАКТАБ МО БО ШУМОЕМ!!!!!!!!!!!!

Лола ты просто интриганка! И не более ! Пусть проведут опрос, явно что вы все с узбекскими корнями хотите содействовать на увольнение действующего директора. Все знают кто ТЫ, и чем зарабатываешь на жизнь ! Оставь в покое Шукурову, стыдно уже за тебя и за твою дочь !

Шахноза Н.
Саодат Шукурову знаю очень давно. Она не такой человек это клевета в её сторону. Она добродушный, ответственный, верный и всегда поддерживающий человек. Просто в наше время не любять таких лудей. Шукурова она всегда старается помочь каждому кто к ней обращяется. Не надо писать про нее разные и грязные слова. Просто надо разобратся в данной ситуации и решить её без не каких либо громких слов. Перед тем как обвинять Шукурову лучше сначало осмотрите суть проблемы. Саодат мы твоя поддержка и опора все решится благо и терпения тебе.

Родители
Мохира! Многого Вы наверное не знаете Ваша Саодат которую Вы защищаяте за короткое время успела уволить более 20-ти квалифицырованных учителей высшей котегории. Отмечу узбеков и памирцев, приведу в пример нескольких: Муллоева- завуч, Бахтиеров-завуч, Бегмурадов- завуч, Хасанова-завуч, Хушвахтов-завуч, Шамсидинова Матлуба математик, Шамсидинова Махфират- физик, Гулбекова-гос.яз, Султонов-НВП, Султонова-анг.яз, Оксана-психолог и т.д. Вот здесь вот действительно нужно разобратся. Может и поэтому нажила себе врагов! Тех кого Я перечислила высше все они памирцы и узбеки. Вот так вот!!!

САОДАТ ШУКУРОВА ЯГОН КАСРО ПЕШ НАКАРДААСТ РУЗИ 29 СЕНТЯБРИ СОЛИ РАВОН ДАР РУЗИ ДОНИШ ШАМСУДДИНОВА МАТЛАБА ВА ШАМСУДДИНОВА МАХФИРАТ АРИЗАИ АЗ КОР РАВИ ПЕШНИХОД КАРДА САОДАТ БА МУДИРИ МАОРИФИ НОХИЯ ТАБАРОВ РАХМАТУЛЛО МУРОЧИАТ КАРДА ГУФТ УСТОД КОРИ ИНХО АЗ РУИ КОНУН ХАМ РОСТ НАМЕОЯД МАЪУЛУ ШУД, КИ ОНХО БО МАСЛИХАТИ ЗАВЧИ ПЕШИНА БАХТИЕРОВ ХУЧА ВА ХАСАНОВА САЛИМА МАСЛИХАТИ АЗ КОР РАФТАН АЗ ИН МАКТАБРО КАРДА БУДАНД БО МАКСАДИ ОНЕ,КИ ХАСАНОВА САЛИМА , БАХТИЕРОВ ХУЧА, ЛАРИСА ЗУБАЙДОВНА, ГУЛБЕКОВА ХУБСУЛТОН СОБИК ЗАВЧИ МАКТАБ МУЛЛОЕВА ФАРОГАТ ВАЯКЧАНД НАФАРОНИ ДИГАР БО ТАФТИШИ ПАЛАТАИ ХИСОБИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН, КИ АЗ САНАИ 07,07,2014 СОЛ ТАФТИШ ОГОЗ КАРДА БУДАНД ТО САНАИ 18,08,2014 ИДОМА ЕФТА БУД ЯК КАТОР КАМБУДИ ВА АЗ РУИ КОНУН МАОШИ ЗИЕДАТИ БА ХУДАШОН НАВИСТА БУДАН СОАТХОИ ЗИЕТИ , ДУ СИНФИ РОХБАРИ СИНФИ ВА ДИГАР КАМБУДИХОИ ДУСОЛАРО РУИ ОБ БАРОВАРДАН ВА ОНХО ОН МАБЛАГХОЕ, КИ ГАЙРИ КОНУНИ ГИРИФТА БУДАН АЗ 712 СОМОНИ САР КАРДА ТО 4808,19 СОМОНИ БА БУЧЕТИ ДАВЛАТ БАРГАРДОНИДАН САОДАТ ШУКУРОВА ДАР ИНЧО ЯГОН АЙБДОР НЕСТ ДАР ХУСУСИ МУКИМОВА АКСАНА БА ХАМА МАЪЛУМ АСТ,КИ ДАР МОХИ ДЕКАБР БО ХОХИШИ ХУДАШ БА ШУЪБАИ АДВАКАТУРА БА КОР РАФТА БУД ДАР МАКТАБ АЗ ТАРАФИ СОБИК ДИРЕКТОРИ ПЕШИНА ТУРАЕВА МУШАРАФ , СОБИК МУДИРИ ХОЧАГИ ЯК КАТОР КАМБУДИХОИ НАЗАРРАС НИЗ ДАР ЕФТ КАРДА ШУДААСТ. АЗ ИН ЛИХОЗ МАЪЛУМОТХОИ ДОДАИ ШУМО БА САОДАТ ШУКУРОВА ЯГОН АЛОКАМАНДИ НАДОРАД. САОДАТ ШУКУРОВА ПОЙДОР КУНАНДАИ ХАКИКАТ, АДОЛАТ ВА РОСТКОРИ АСТ. ДАР ХУСУСИ НОИБИ ДИРЕКТОР, КИ ДАР НАВОР ОМАДААСТ ТО АНДОЗАЕ ХАКИКАТ БОШАД БИГУЗОР ДАР НАЗДИ КОНУН БА ЧАВОБГАРИ КАШИДА ШАВАД МОХАМ ТАРАФДОРИ КОНУН!!!!!!!!!

ДАР ХУСУСИ БЕКМУРОДОВ РУСТАМ ГУФТАНИЯМ , КИ СОБИК ДИРЕКТОРИ МАКТАБ АСТ БАЪД АЗ ТУРАЕВА МУШАРАФ БА ВАЗИФАИ ДИРЕКТОРИ МАКТАБ БЕКМУРОДОВ РУСТАМ ТАЪИН ГАШТ 3 МОХ КОР КАРД АЗ РУИ АНАХАМИН ХЕЛ ХАРХАША АЗ КОР РАФТ ИНКАДАР ТАРАФДОРИ РАФТАГИЕРО МЕГИРЕН ЯК БОР НАПУРСИДЕН,КИ БАРОИ ЧИ КОР КАРДА НАТОНИСТЕН АЗ РУИ ХАМИ ХЕЛ ГАМТИИ БАЪЗЕ ХУСУМАТИ ШАХСИДОРОН ХАЙРУЛЛОЕВА ЛАРИСА ЗУБАЙДОВНА БАЪД АЗ БЕКМУРОДОВ РУСТАМ ДИРЕКТОРИ МАКТАБ ИНТИХОБ ШУД 2 МОХ ДИРЕКТОР КОР КАРД АРИЗАИ АЗ КОРАВИ НАВИШТА АЗ ТОЧИКИСТОН ГУРЕХТА РАФТ ЧАНД МУДАТ ДАР РОССИЯ БУД БАЪД БАРГАШТА ОМАДА МУАЛИИМИ ОДИ КОР МЕКУНАМ ГУФТ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)