Бахшҳо
26 сен 2014 11:29Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Луқмон Бойматов: Он чиро, ки Ҳасан мебинад, Ҳусейн ҳам метавонад бинад

“Озодагон” 23 сентябр зери унвони “Нома аз Самарқанд: Дуздиҳои рӯи рост дар китобҳои илмӣ шармандагӣ аст” номаеро ба нашр расонд, ки бо имзои Муродҷон Расулов, муаллими таърих аз шаҳри Самарқанд унвонии хабаргузорӣ расид. Муаллифи мактуб навишта буд, барои мушкил эҷод нашудан дар ҷойи кораш ном ва насабашро тағйир додааст. Ба иддаои нависандаи нома, профессор А. Саидов дар китоби академики “Таърихи халқи тоҷик” бе ин ки “ҳатто як бор ба навиштаҳои профессор М. А. Абдураҳимов, донишманди дар асл тоҷики Ӯзбекистони замони шӯравӣ, иқтибос кунад, сар то по ҳамаи матлабро аз номи худ навиштааст”. Баъди чоп шудани ин матлаб, Абдуқаҳҳор Саидов, доктори улуми таърих, сарходими илмии институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар мақолае бо номи “Иғвои навбатии "муаррих"-и ба мурод норасида” гуфт, пушти номи Муродҷон Расулов, муаллими таърих аз шаҳри Самарқанд, муаррихи муқими Шветсия Луқмон Бойматов меистад. Ахиран, Луқмон Бойматов ҳам ба ин баҳс ҳамроҳ шуд ва ҳоло навиштаи ӯ пешниҳоди хонанда мегардад.

“Ба олимоне, ки моҳияти илмро дарк намекунанд, сухан гуфтан аз назокати дониш ҳайф аст.
Ҳаргиз қасди посух доданро бар музахрафоти навбатии А. Саидов надоштам, вале ба хотири эҳтироме, ки ба ҳаводорони ҳақиқату адолат дорам, ночор пурсишҳоеро матраҳ мекунам, ки бар нафъи шаъни илм хоҳад буд.

Он чиро, ки Ҳасан мебинад, Ҳусейн ҳам метавонад бинад, вале агар тавони дид дошта бошад! Аммо вазифаам ин нест, ки собит кунам, Муродҷон ҳаргиз Луқмон нест. Чун ҷурме, ки А. Саидов дар «либоси олим» зери ҳимояти академик Р. Масов кардааст, аз назарҳо пинҳон нест. Он мисли шутури сиёҳест дар саҳро ва ҳар биёбонгард, бидуни ин ки заҳмат бикашад, метавонад ташхис бидиҳад. Аз ин рӯ, аз «ҳадсу кашфиёт»-и доктори улуми мо набояд таъаҷҷуб кард.

Бар «эродҳо»-и тараф пиромуни ин ки рисолаи мо фоқиди аҳамият аст, дар силсилаи мақолоти банда: «Хиёнат бар шаъни илм ё тавҳин бар таърихи миллат? // www. кemyaesaadat.tj. - TUESDAY, 29 APRIL 2014; Сарбадоронро дар ҳақиқат ба дор додем! // www. кemyaesaadat.tj. - SATURDAY, O3 MAY 2014; Об аз боло гилолуд аст. // www. кemyaesaadat.tj. - FRIDAY, 09 MAY 2014, матолиби муфиде ироа шудаанд. Ба далели ин ки нақди муфассали илмӣ бар китоби «Таърихи халқи тоҷик» («История таджикского народа») ба забони русӣ ва низ китоби ҷадиде ба номи «Худкомагони илм» ба чоп хоҳад расид, баҳсро мухтасар мекунам.

Пурсиши нахуст ин аст. Мӯҳтарам профессор! Агар илми шумо ин қадр пуру бо поя аст, пас ба чӣ иллат таърихи миллати тоҷик дар китоби илмӣ - академикӣ шӯру бемоя омадааст? Шумо фикр мекунед, ки бо таъйини маънии истилоҳоти арабӣ, туркӣ-муғулӣ, бо такрори андешаҳои кӯҳнаву ғалати дигарон, бо нақли таърихи сиёсӣ ва низомии хонҳои муғул ва бо матраҳ кардани матолиби дараҷоти дувуму севум аз равобити иҷтимоъии ақвоми муғул қазияҳои таърихи миллӣ ҳал шуданд?

Ку чеҳраҳои ҳақиқии қаҳрамонони таърихи асри муғул дар китоби таърихи миллат? Дар бораи ҷонфидоиҳо ва хезишҳои бухориён, хоразмиён, марвиён, нишопуриён, тоҷикони Афғонистон ва ғайраҳо чаро тафсири ҷадиде ба миён наёвардед? Магар шаҳидони роҳи озодӣ шоистагии зикри ёдро дар китоби таърихи сарнавишташон надоштанд? Ба чӣ далел шахсиятҳои таърихӣ, ба монанди: Темурмалик, Маҳмуди Оташхор, Маҳмуди Торобӣ, Алии Торобӣ, Муҳаммади Торобӣ, Сарбадорони Самарқанд ва бисёр дигарон дар сафаҳоти «китоби миллӣ» хору зор матраҳ шуданд?

Шумо, ки дар баробари мо исми хонаводагии бенақс доред, пас чаро бо ин ҳама сайидзодагиву асолати наҷибзодагӣ, масоили дину мазҳаб ва имони мардуми тоҷикро дар китоби тақдираш беарзиш пиндоштаед? Фақат ба хотири ин ки Р. Масов динро қабул надорад, даст аз навиштани ҳақиқат шустаед? Ку садоқататон нисбати насабатон? Тафовут миёни одамон ин аст, ки бархе бо асолату насабашон меболанд, бархе бо ҷасорату фазилаташон.

Зимнан, дар баробари он чӣ, ки дар илм ошкор буд, шумо, ки «мутахассиси баландпояед», чӣ чизи тозае бар он афзудаед? Хуни ҷавонмардӣ дошта бошед, саҳматонро дар илм барои миллат бигӯед, ки нони онро мехӯред! Вале ман метавонам гӯям. Агар наметавонистам, кайҳо буд, ки қалам бар қаламдон мегузоштам.

Пурсиши дувум ин аст. Шумо мутмаъинед, ки қазияи асардуздӣ фақат дар матни «Таърихи мардуми тоҷик» (бо номи проф. А. Абдураҳимов) тамом мешавад? Дар бораи сирқат аз навиштаҳои А. А. Семенов, И. П. Петрушевский, О. Чехович ва дигарон, ки дар як бахши кӯчак маҷмӯъан беш аз 80 маворид аст, (яъне 70 % андешаҳои илмӣ дар ин китоби «муфтахар»-и Академияи Тоҷикистон), чӣ посухе хоҳед дод?

Ҳамчунин, шумо мутмаинед, ки «китоби илмиатон» ба номи «Политическое и социальное экономическое положение Бухарского ханства в XVII - первой половине XVIII вв. Ответственный редактор: д. и. н., профессор П. Х. Пирумшоев. - Душанбе, «Дониш», 2010, - 292 с. )» орӣ аз ин ҳама ҷурмҳо аст?

Доктори мӯҳтарам, ҷиддан мегӯям, боре ҳам андешидед, ки сирқати матолиби дар матни рисолаи докториатон ба маротиб бештар аз китобҳоятон аст? Ё фикр мекунед, ки дастраси матни рисолаатон ба онҳое, ки мехоҳанд бо муҳтавояш ошно бишаванд, ғайри мумкин аст? Аммо бар як чиз мутмаъин бошед, ки фурсати ҳисобу китоби ин қазия низ фаро хоҳад расид!

Пурсиши севум. Он гоҳ, ки аз «фитнаҳо»-и тараф ҳарф ба миён меоваред, таъаммуле бар гуфтаҳоятон мекунед ё хайр? Магар ҳамон дониши таърихиатон нагуфтааст, ки зӯргӯён ҳақиқатро ҳамеша «фитна» ном ниҳодаанд?! Шумо бо овардани асомии докторони улум, зеҳни мардумро гиҷ накунед! Ҳар касе, ки фазилат дорад, билохира, хоҳад фаҳмид, ки унвонҳои имрӯз фақат як порча қоғазанд. Он чӣ аз олим мемонад, андешааш аст. Чаро наметавонед аз андешаатон дифоъ кунед? Чун маълум аст, андеша надоред, ки дифоъ кунед!

Аз «навиштаҳои носавоби» мо нисбати «бузургони улуми таърих» гуфтед. Пас, чаро бо ин ҳама доноӣ нақде бар нақдҳо нанавиштед, то мардум бибинад, ки чӣ кори «савобе» ҷиҳати адолат дар ҳавзаи илм кардаед? Афкори ҳар кас сирати ӯст ва кирдори ҳар кас сурати ӯст. Мутаассифам, ин бор низ ба ҷои ин ки бар саҳли хеш маъзарат пурсед, боз ҳам аз аспи ҷаҳл пиёда нашудаед! Хостаед, бо радиф кардани шумороти сафаҳоти берабт бар сари мардуми оддӣ мост бимолед. Ва бар ин гумонед, ки унвони докториатон ҷавшани шаънатон ва зикри асомии докторони таърих паногоҳатон аст, вале бе хабар аз ин ки фозилон нақси фазлро хоҳанд дид ва доварон ҳукми ниҳоиро хоҳанд гуфт!

АЗ “ОЗОДАГОН”: Торнамои хабаргузорӣ танҳо барои риояи мувозинат дар сурати пешниҳод гардидан, андешаи ҷониби дигарро ҳам нашр мекунад. Ва он охирин матлаби чопшуда вобаста ба ин мавзӯъ хоҳад буд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ман фикр мекунам, ки асосан худи Л.Бойматов ва хонаводааш дар зери макола гапхои хуб дар борааш менависанд. Маколахое, ки дар матбуоти Точикистон дар бораи дуздихои Л.Бойматов чоп шудаанд, бо далелхо исбот гардидаанд. Як вакт хонда будам, ки Л.Бойматов олими шинохта С.Г.Агаджановро, ки соли 1997 вафот карда буд, дар китобаш "Социально-экономическое положение Центральной Азии в 13-14 вв", ки соли 2009 дар Душанбе чоп шуда буд, мухаррир таъин кардааст. Ба ин бовар накардам ва он китоби Л.Бойматовро чустучу карда ёфтам. Дар хакикат хамин хел будааст. Дар хамин китобаш донишманди рус В.В. Трепавловро мукарриз навиштааст. Баъдан дар матбуот В.В.Трепавлов навишт, ки Бойматов уро фиреб дода, такриз гирифтааст.

Маколаи Л.Бойматовро хондам,хайрон мондам ки шарм надошта дар бораи дигарон менависад
Ман дар махаллае дар Хучанд зиндаги мекунам, ки Л.Бойматов дар он чо таваллуд шудааст.Хангоми нооромихо дар Точикистон Л.Бойматов бо хамрохии оилааш ба Эрон гурехт. Намедонам дар Душанбе чи гунох карда буд. Дар ин чо модари пиру дар рохмонда ва хохари касалашро ба хайрхохони ташкилотхои башардуст гузошта, солхои дароз аз онхо хабар нагирифт. Дар бораи ин бегайрат дар Хучанд гапхо зиёд аст.
Илтимо чоп кунед

Меҳмон
Воқеан, Луқмон Бойматов Олими мӯшикоф ва ҳақиқӣ аст.

Л. Бойматов бехтарин инсон ва бехтарин шахсият хастанд, аз соли 1992 ман ин марди бузургро мешиносам. Солхои 1996-97 буд, зиндагияш бисёр сахт буд, бо нону об зиндаги мекард, худам шохиди зиндаам, ва дар хамон вакт аз Швейцарияву университети Оксфорд ва Япония барояш даъватнома барои кор омада буд, ман ба Устод мегуфтам ки :-"Устод , барои чи шуморо даъват доранд, лекин шумо намеравад ?" Л Бойматов дар чавоб ба ман гуфт, ту рост мегуи агар ман яке аз ин даъватномахоро кабул кунам ва равам зиндагии ман оли мешавад, хаматарафа таъмин мешавам, лекин корхои эчодии ман чи мешавад? Вакт барои корхои илмиям намемонад, барои хамин ман намеравам... Хамин нону оби Ватанро мехураму корхои илмиамро давом медихам". Холо ман фахмидам ки Устод аз Точикистон рафта аст, дар акли ман дуруст намеояд ки чи кадар ин шахсро дар академия норохат кардаанд ки у тарки Ватан кардааст, афсус. Устод хар чое хасти саломат боши. Мо шуморо дуст медорем.

Мухтарам Т.Рахматулло ва Фуркаи Чалолов!
Агар мардед бо исми аслие, ки падару модаратон баротон гузоштаанд, назаратонро бинависед. Ин харфхое, ки навиштаед харфхои Н.Турсунови Хучанди, ки бо гараз дар чавоб ба накди илмии Л Бойматов дар бораи Темурмалик навишта шуда буд. Шарм намедоред? Мисли занхои кучабори харф мезанед? Модаршавхари ман ва хохаршавхарам ниёз ба чизе надоштанд баръакс ифтихор мекарданд, ки аз байни писаронашон якеаш донишманд аст ва нони халол мехурад. Ва дуояшон хам хамин буд, ки руху арвохи гузаштагони миллат, ки ту номашонро зинда мекуни мададгорат бошад.Профессори мухтарам, хамин Бойматов буданд, ки баъд аз баргаштани Шумо аз Эрон китоби Шуморо галатгири намуданд музахрафоташро дур андохтанд ва ба чоп омода карданд.Шохиди айни доктор Ёхаки хастанд, ки бо хохиши эшон ин кор сурат гирифт. Имруз Шумо дар хакки эшон ин харфхоро мезанед. Ман хамсари эшон хастам ва назарам кушоду равшан мегуям чаро ки асос дорам ва метавонам собит кунам. Агар тавони илми дошта бошед, илми сухбат кунед, на кучабозори?

Мухтарам Т.Рахматулло ва Фуркат Чалолов.
Дониста гиред, Узви вобастаи академияи Руссия Агаджанов ва академик Навосельцев аз даврони донишчуи дар МГУ устодони Бойматов буданд ва В.Трепавлов хамкор дар институти таърихи Академияи Руссия буданд,такризи Трепавлов дар манзили мо дар дасти ман хаст бо имзо ва мухраш метавонам баротон бифиристам. Бойматов китобашонро кабл аз ба Эрон рафтан ба Агаджанов супорида рафта буданд, мушкилоти зиндаги ичоза надод, ки рафта бигиранд ва Агаджанов назарашонро навишта монда буданд, ки Бойматов баъдан ин китобро ба чоп расонданд,
Агар мехохед ба ман мурочиа кунед ман тамоми мадорикро баротон дастрас мекунам, бехуда кучабозори харф назанед ба шаъни мухаккик намезебад.

Посух ба Т. Рахматулло.
Маълум аст, ки исми нависанда мустаъор аст. Агар шахсоне, ки тарафро бо гараз мутаххам мекунанд аз таърихичаи баррасиии мавзуъ ва нахваи њамкории ман ва устодонам академикон А. П. Новоселтсев, С. Г. Агаджанов, проф. А. И. Фалина ва бисёр дигарон огох мебуданд, харгиз даст ба хамчунин иттихомот намезаданд. Банда аз овони донишчуиам дар МГУ (дахаи 80 асри гузашта) бо ин афрод дар иртиботи мустаким будам ва ифтихор мекунам, ки номи шогирдии ононро дорам. Дар Академияи Русия мо се нафар: С. Хатиби (эронии мукими Туркманистон), банда ва В. Трепавлов аз шогирдони С. А. Агаджанов будем ва тибки дастуроти устод дар корхои тањкикоти ба хамдигар кумак мекардем. Он гоњ, ки афроде аз дуздихои мо харф ба миён меоранд, амдан намехоханд бибинанд ва бигуянд, ки ин банда хам дар баррасии масоъили иќтисоди ва ичтимоъии асри мугули Осиёи Маркази сахим будам ва хастам. Хануз дар солои 80-ум буд, ки теъдоди маколоте рочеъ ба истилохоти молиётии асри мугул ба чоп расонида будам. Дар зимн, дар хамон китобе, ки мавриди хучуми ракибонам карор гирифтааст, андешахои чадиде баён шуда, кабл аз ман на проф. И. П. Петрушевский гуфтааст, на А. А. Ализода ва на С. Хатиби. Чаро ин нукотро «мунаккидонам» намехоханд бибинанд? Посух яке аст ва он гараз аст, ки чашмони аклашонро кур кардааст.
Зимнан, бо проф. В. Трепавлов хануз, ки хануз бо хам мукотиба дорем. В. Трепавлов ва В. Егоров ва бисёр дигарон шахсонеанд, ки матни рисолаи моро чандин бор мутолиа карда (с. 1987- 1993) ва дар баррасии матни китоби мо дар чаласаи расмии шуъбаи С. Г. Агаджанов ширкат варзида (с.1995). Ва бо камоли майл такриз хам навишта буданд. Ин ду на танхо дар китоби мазбур, балки дар китобхои дигари мо низ такриз навишта ва мухарририро бар ухда гирифтаанд. Ба гуши ракибонам бояд расонам, ки карор аст чопи дувуми ин китоб дар Академияи Русия анчом шавад. Хар киро ки пок аст, назди душманон бок нест!

Посух ба Фуркат Чалолов.
Ба ман торик аст, ки пушти ин ном чи шахсе карор дорад? Шакк хам дорам, агар шахсияти вокеъи аст, хамчунин харфоро, бидуни ин ки масъул бошад, бизанд. Аммо хайронии ман бештар аз худи Фуркат аст. Хеч гох фикр намекардам, ки хаммаххалагии «богайрат»-и мо ба хамчунин амали ночавонмарди кодир аст. Око Фуркат, боре хам фикр кардед, ки ин амалатон аз рохи шаръ гунох аст ва аз рохи конун чурм?! Хакки дахолат ва козиги карданро дар умури хонаводаги дигарон (хатто агар хаммахала бошед (!) ба шумо чи касе додааст? Дар кучо гуфта шудааст, ки надидаву насанчида дар бораи дигарон казоват кунед?

Посух ба Фуркат Чалолов! ()
Око Фуркат! Агар ин кадр адолатхох бошед, боре хам тарафро дидед ва ё аз забонаш харфе шунидед? Агар ба мани «бегайрат гапхои зиёд» дошта бошед, дар худ нигах доред, фурсати казоват ва барраси мавзуъ дар назди ахли шавохид дар хамон махаллае, ки шумо низ таваллуд шудед, фаро хохад расид. Он гох аст, ки гайрати хар кас ошкор хохад шуд!
Ва низ бар кадом асос мегуед, ки ман аз ноороми ба Эрон гурехтаам? Хичолат хам маърифат аст! Агар аз банда натарсед, аз Худованд шарм доред! Хамаи дустон ва Раёсати Академияи вакт медонанд, ки ман бо даъватномаи расмии Доншгохи Фирдавсии Машхад хамрохи хонавода рафтам. Агар хуни чавонмардиатон дар чуш аст, мархамат хамаи дархо боз аст, барраси кунед, ки кабл аз ин ки ба Эрон биравам, дар Душанбе чи чурме кардаам?
Муаллими бузурги башар М. Гонди мефармояд: «Нотавонтарин афрод онхоеанд, ки агар мантики натавонанд харф бизананд, думболи чурмхое мешаванд!». Ва дурустии ин хикматро борхову борхо дидам ва акнун таъаччуб хам намекунам. Мутаассифам, ки барои нахустин бор бо хаммаххалагии худ ба ин нахв сухан гуфтам.

Садр
Бародар Рахматулло. Касам ба Холики Самад,Ояхои Каломи Шариф,Аходиси Набави, банде хеч иртиботе бо Бойматов надорам яъне на хеши дорем ва на аз як махалем. Аммо чун олим уро мешиносам ва худро яке аз шогирдони ин марди назиф,начиб,окил, вокеан муъмин медонам.Ва касрати тамаллуки шумо Эшонкулов,Абдуллоев,Яъкубов,Довуди ва устод Бойматовро ронда кард.Магар кадоме Шумо лоакал донише чун ин родмардон доред??

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)