Бахшҳо

Мансабдорон ба Эмомалӣ Раҳмон боз хиёнат мекунанд?

Иршод СУЛАЙМОНӢ, рӯзноманигор

Аз он чӣ Эмомалӣ Раҳмон 17-уми феврал дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар гуфт ва аз фаъолияти роҳбарони аввал ва кормандону мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шадидан интиқод намуд, як хулоса ба зеҳн меояд. Ин интиқодот аз ҷониби ҳар рӯшанфикр, коршинос ва ё рӯзноманигоре дар расонаҳо садо медод, мақомот агар нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз намекарданд, ҳатман хоини миллату Ватан ё дастнишондаи хоҷагони хориҷияш мехонданд. Хушо ба ҳоли ҷаноби президент, ки пешаш дасти мақомот кӯтоҳ аст ва барои интиқодоташ хоини Ватан эълон намешавад.

Аллома Аҳмади Дониш дар бораи як вазири ҳукумати Манғитиҳо гуфта буд: “Агар вазир бетадбир бошад ба ҳоли миллату давлат бояд гирист”. Интиқоде, ки ҷаноби Раҳмон аз вазирони ҳукуматаш кард, моро ба ёди ин гуфтаи ҷононаи Аҳмади Дониш мебарад ва мегуйем, ки дуруст гуфтааст. Э. Раҳмон дар Шӯрои амният бо овардани омори таҳлилӣ эътироф кард, ки вазирон, шахсони мансабдор, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, хидматчиёни давлатӣ, идораю кумитаи замин ва дигар мансабдорон камтар аз дигар шаҳрвандон дуздӣ накардаву ба буҷаи давлат зарари молӣ расондаанд. Баъди чунин фошкориҳои ҷаноби президент касе, ки мафкураи солим дорад, ҳатман ба ин андеша мувофиқ мебошад: “Курсӣ ба инҳо василае барои дуздӣ, тасарруфи маблағҳои давлат ва сӯиистифода аз он аст”.

То имрӯз интиқодгарони ҳукумат ҳамеша мавриди таъқиб, фишорҳои равонии ошкору ниҳонии мақомот қарор мегиранд. Фақат барои як кор. Ифшои камбудии онҳо пеши мардум. Ошкор кардани чеҳра ва ҳайсияти нолоиқи онҳо ба мансабҳое, ки инҳисор кардаанд. Барои ошкор кардани ин, ки кори худро дурусттар иҷро кунед ва ё мансабро ба каси аз худ сазовортар вогузоред. Дар ҷомеаи солим аз ин суханҳо бояд истиқбол шавад, на ин ки хиёнаткор биҷӯем.

Эмомалӣ Раҳмон ба ин мансабдорон гуфт, ки шумо “ҳазорҳо нафарро аз сиёсати давлату ҳукумат норозӣ мекунед”, “дар ҷойи холӣ, дар ҷомеа ва авзои ором кормандони низомӣ, коррупсия, милитсия ва прократура ва дигар хизматчиён барои як касофате, ки манфиати шахсияшро аз манфиати давлат боло гузоштааст проблема мекунед, бо рафтори ғайриинсонии худ мардумро ба по мехезонед” (ишора ба сардори собиқи ШВКД-и шаҳри Истаравшан). Айнан айберо, ки мақомот иҷборан мехоҳанд ба мунтақидон, мухолифин ва баъзе аҳзоби сиёсӣ бичаспонанд. Аз ин як хулоса метавон кард: Президент ба ин назар аст, ки ба мардум беҳуда зулм накунед, ки косаи сабри миллат як рӯз лабрез мешавад!

Далелу арқоме, ки Президент аз камбудии роҳбарон дар мудирияти ниҳодҳояшон ва дуздиҳову сирқату истифодабарии нодурусти маблағҳои буҷавӣ ошкор кард, бояд ин мансабдоронро во медошт, ки даст дар сина гирифта, мегуфтанд: Мо дуруст кор кардан наметавонем. Бонки миллӣ дар замони “салтанат”-и Муродалӣ Алимардонов низ ва ҳоло ҳам пули давлатро ғорат мекунад, аммо роҳбарон ҷазо намебинанд. Як духтур ва як муаллим, ки тамоми сол шабу рӯз ришвахорӣ кунанд, ба андозаи 15 миллион сомонӣ зарари Бонки миллӣ намешавад. Ин ду боздошт мешаванду аз Бонки миллӣ, ки ба гуфтаи президент “ягон ҳисобу китоби хоҷагидорӣ надорад” касе не. Вақте президент медонад, ки як шуъба 1 ё 1,5 миллиард сомонӣ масраф дошта, аммо ниҳодҳои масъул дар ин бора намедонанд ё дақиқтараш “хап” мекунанд.

Президент ба Абдуфаттоҳи Ғоиб, директори Оҷонсии зидди фасод гуфт, ки “камбудиҳо бениҳоят зиёд аст, дар 5 сол бештар аз 300 нафар, қариб 80%-и коргарон иваз шудаанд. Барои чӣ иваз шудаанд? Ҳамин 300 нафар ба камбудӣ роҳ додаанд (агар президент мегуфтанд, ки кадом камбудӣ, хубтар мешуд), механизми интихоби кадрҳо ба талабот ҷавобгӯй нест. Ин ҷинояте ҳаст, ки (фасод ва ба фасод даст задани кормандон дар назар аст) дар арсаи байналмиллалӣ бениҳоят обрӯйи давлата коста мекунад. Аз номи президент истифода мебаранд, аз номи ҷияни президент истифода мебаранд. Баред маҳбас кунед, назди қонун ҳама як аст. Рости гап, ман на он қадар аз фаъолияти Шумо қаноатманд ҳастам”. Ин як нуқтаназари коршиносонаи ҷаноби Президент буд.

Бо ин ки президент намехоҳад муовинони прокурори генералӣ дигар сари мансаб бошанд ва вазири дохила бояд ҳузури мардум биравад ва ба ҳар мансабдори сатҳи аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯяд, ки “агар хиёнат кардед, бозор кардед, огоҳ мекунам, даҳ унвони қаҳрамонӣ дошта бошед, назди қонун ҷавоб медиҳед, ягон бахшиш намешавад”, инро бояд ҷиддӣ гирифт. Агар президент онҳоро хоин нагуфт, вале дар забони тоҷикӣ ибораи “агар хиёнат кардед” хитоб ба хиёнати дубора аст.

Вақте президент бо хитоб ба роҳбарони сатҳи аввал гуфтанд, ки “маошотон бад нест, боз аз аввали сентябр баланд мешавад, ҳамин хел не?” ва онҳо бо аломати “ҳа” сар ҷумбонданд, маро ҳайрон кард. Ин ба он маъно буд, ки онҳо аз сатҳи маоши худ қонеъанд ва даст ба фасод намезананд. Вале агар мансабдоре, ки дар Тоҷикистон танҳо аз ҳисоби маошаш зиндагӣ мекунад, пайдо шавад, баъди Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум сазовортарини шахс ба унвони Қаҳрамони Тоҷикистон мебошад.

Мардуми кишвар мунтазир ҳастанд, ки мансабдорони нолоиқ, ки муъҷиби бадбахтии шаҳрвандон ва ақибрафти давлату миллатанд барои ҳар як амал пеши миллат посух бигӯянд. Агар президент чунин вазирону кабиронро намехоҳад мардум ҳам намехоҳанд. Пас мақомот ба ин интиқодоти президент чӣ посух доранд? Оё боз хиёнат мекунанд?
Мӯҳр
ман ба ин гапхо дигар бовар надорам, .

Ин суханхо ба устоди ДМТ: Аввалаш ин ки Иршод Сулаймони дар ДМТ кор намекунад. У аз он чо рафт. ва мегуям ки хуб кард, ки рафт. Зеро дар он факултет журналист тайёр намекунан. Хама кадрхои суст мондаги хастанд. Он чо чои Иршод Сулаймони нест. Ку якта муаллими чавоне ки ранги Иршод дониши хуб дошта бошад ёбед.... Хол он ки устодолни чавонатон усу истад дар он факлтет устоди пири басавод хам намондааст. Иршод бехтарин устод буд ва мо донишчуён хеле рухафтода хастем ки он кас аз донишгох рафтан. Дар мавриди кори илмии гуфтагиат о аз он ки кори илмии сохта доштан надоштан бехтар аст. Иршод унвони илми надошта бошад хам саводаш аз баъзе профессорон бехтар аст. Зинда бошед усто мо фахр мекунем ки чунин устод как хам бошад дар донишгох ба мо дарс дода буд.

Ба устоди ДМТ. Иршод аспиранти гоибона буд, ки суми донишгоҳа намегирифту намехурд. Аспирантони гоибона ступендия намегирифтанд. Вай ки ҳозирашда дар Донишгоҳ нест, Шумо ай студенто ришваро гирифта ва пули донишгоҳа бхред!
Рисолаша насиб боша ҳамин савдогарони бозор гум шаванд, имоя мекуна

Мухамад
[b]устоди ДМТ[
Иршод сулаймони бехтарин устоди донишгох буд ман худам ин донишгох ротахсил кардаги хал хел гапхои бофтаю дуруг дар хаки иршод нагу Алон ки рисола кунад на кунад ба шумо чи пул и донишгохро онхое хурданд ки бинохои3 ошйона ва мошинхои50хазор доллара доранд иршод аз оилаи бомарифат АСТ

"агар вазир бетадбир бошад ба холи давлату миллат бояд гирист" оли гуфта шудааст. Бародар бароятон муваффакиятхо мехохам.

Вақте президент бо хитоб ба роҳбарони сатҳи аввал гуфтанд, ки “маошотон бад нест, боз аз аввали сентябр баланд мешавад, ҳамин хел не?” ва онҳо бо аломати “ҳа” сар ҷумбонданд, маро ҳайрон кард. Ин ба он маъно буд, ки онҳо аз сатҳи маоши худ қонеъанд ва даст ба фасод намезананд. Вале агар мансабдоре, ки дар Тоҷикистон танҳо аз ҳисоби маошаш зиндагӣ мекунад, пайдо шавад, баъди Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум сазовортарини шахс ба унвони Қаҳрамони Тоҷикистон мебошад.-Ахсан сад андар сад розиам, вале чунин шахсони поквичдон дар руссия ба мардикори ё ба тичорат машгуланд!!!(

Салому алейкум бисёр фикри хуб гуфтет бародари азиз 15 милион кучову 1.5 милиард. 15ин дар тамоми чумхури .1.5 милиард ин танхо дар як дасгохи маркази бонк ана бинед.Асалан ЧО бисёр хуб кайд кардан, ки баъзе касофатон барои манфиати худ чомеаро ба чуш меоранд ва мардумро беозор менамоянд бале ин рост аст. Аслан гирем бояд як катор вазирони бояд аз вазифа барканор мекард афсус.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)