Бахшҳо

ВИДЕО: Президент дар бораи заказ, савдо, раисгурезонӣ ва барҳамдиҳии Оҷонсӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳушдор дод, ки Оҷонсии мубориза бо фасодро, ки 8 сол пеш худаш таъсис дод, боз барҳам медиҳад. Ӯ аз коргарони ин ниҳод дар ҷаласаи Шӯрои амният шадидан интиқод намуда, изҳор дошт, ки худашон даст ба фасод мезананду бо корхонаҳое, ки мавриди санҷиш қарор медиҳанд, вориди савдо мешаванд: “Ман медонам, инҳо ба чӣ кор машғуланд. Он қадар шумораатон зиёд нест. Агар ҳамин стили кориятон бошад, ин сохторро барҳам медиҳам. Қисматон барои худатон кор карда истодаед, проблема эҷод карда истодаед. Вақте корманди Агентии зидди коррупсия худ даст ба коррупсия мезанад, ин чӣ гуна сохтор асту чӣ гуна методи қабули кормандон аст?”

Раисиҷумҳур аз санҷишҳои тӯлонии ғаразноки кормандони Оҷонсӣ дар бархе аз корхонаҳо зикр карда, гуфт: “Санҷишҳоро тӯл медиҳед. Натиҷаи санҷишро саривақт пешниҳод намекунед. Чӣ шудааст, ин ҷо? Савдо!Савдо! Натиҷаи санҷишро дар даруни дипломат нигоҳ дошта, савдо мекунед. Ҳамин қадар медиҳед, ман шумода навишта медиҳам. Ё пеш аз санҷиш рафтан, ман омада истодаам, тайёриятонро бинед. Ман барои чӣ имрӯз бо эҳсосот дар ин бора гап мезанам, чунки ман худам ин сохторро ташкил додам. Бо дасти худам ин сохторро дар ВУД барҳам додам. Ман хулоса баровардам, чӣ қадар сохторҳои назоратӣ зиёд шаванд, ҳамон қадар сатҳи коррупсия зиёд мешудааст”.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин санҷишҳои худсаронаи кормандони Оҷонсии зидди фасодро “закази рӯирост” арзёбӣ намуд: “Баъзан корхонаю ширкатҳоро берун аз нақша ё фармон санҷиш мекунанд. Ин закази рӯирост аст. Ҳадафи нопок дорад. Мефаҳмам, агар парвандаи ҷиноӣ бошаду фавран санҷиш кардан даркор. Аммо аксарияташ ғаразнок аст. Мераванд, раисро маҷбур мекунанд, ки се касда ба ман замин медиҳӣ. Не, ки гуфт, тамом. Чор раиси ҷамоат аз дасти корманди коррупсия ва прокуратура ба хориҷ гурехтаанд. Дар ҳамин ноҳияи наздик. Таги бинии мою шумо”.

Дар мавриди заминфурӯшӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки аксарияти кормандони Оҷонсию додситонӣ дар ин кор даст доранд: “15 соли охир фақат супориш медиҳам. Нест ҷаласаи ҳукумат, ки ман дар ин бора супориш надода бошам. На додситонҳо, на кормандони Платаи ҳисоб ва на Агентӣ вазифаашонро поквиҷдонона иҷро намекунанд. Вақте худи кормандони Агентию прокуратура ба заминфурӯшӣ даст мезананд, намебинеду намешунавед. Чашмҳоятонро куру гушҳоятонро кар мекунед. Аксариятатон дар ин корҳо аралаш ҳастед, барои ҳамин аз байн нарафта истодааст. Гап сари як гектар не, ҳазорҳо гектар меравад. Як корманди Агентии зидди коррупсия дар давоми ҳамагӣ се моҳи фаъолияташ дар ин ниҳод дар ноҳияи Рудакӣ раиси ҷамоатро тарсонда ба номи шаш хешаш замин гирифтааст. Сардорони Раёсат надидед ҳаминро. Мо баъд чӣ гуна волоияти қонунро таъмин мекунем?”

Дар робита ба заминфурӯшӣ Эмомалӣ Раҳмон илова кард, ки вазифаи додситонию Оҷонсии зидди фасод барои худу хешу ақрабҳо кор кардан нест: “Канӣ савганди ёдкардаатон? Ман ин сохторро ташкил додам, ки камбудиҳо бартараф шаванд. Нест ноҳияю шаҳре, ки дар он заминфурӯшӣ ҷой надошта бошад. Аз пойтахт сар кард. 10 маротиба ба собиқ прокурори генералию, раиси Агентии коррупсия ва Кумитаи замин супориш додам. Гирду атрофи Душанбе теппа намондаст, оқибат чӣ мешавад? Мардуми бечораю камбағал замин мегирад? Не! Агар ҳамин методи коратон бошад, хубаш, ки ин сохтор набошад. Ба кӣ даркор?”

Президент инчунин ба Абдуфаттоҳи Ғоиб дар мавриди қабули кормандон ба ин ниҳод суол кард, ки “ин чӣ гуна қабули кормандон аст, ки дар давоми ҳамагӣ 5 сол 330 корманд иваз шудаанд? Дар ҳоле, ки Оҷонсӣ ҳамагӣ 495 коргар дорад”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар хитоб ба кормандони Оҷонсӣ ва додситонӣ гуфт, вазифаи шумо ҳаст, ки бояд донед, кадом хизматчии давлатӣ аз кадом ҳисоб зиндагӣ мекунад: "Бозори Шоҳмансур равед, мегӯянд, ба шумо, ки кадом хизматчии давлатӣ ба чӣ кор машғул аст. Дар донишгоҳҳо ба шумо мегӯянд, ки кадом омӯзгор чӣ кор мекунад. Афкори ҷомеаро омӯхта бо ҷомеа кор кардан даркор. Вазифаи мою шумо танҳо зери панҷара шинондани шаҳрвандон нест. Корҳои профилактикӣ кардан, даркор, ки даст ба ҷиноят назананд. Ҳисоб кунед, агар 10 ҳазор нафарро маҳбас кунед, чӣ қадар кӯдак ятим мемонад? Чӣ қадар зарари маънавӣ мешавад?”

Раисиҷумҳур ҳамчунин аз бахилиҳо дар мақомот суҳбат кард, ки ҳам аризаро ташкил мекунанду ҳам худашон санҷиш мегузаронанд, то ин ё он кадрро миёншикан кунанд: “Ин хел фактҳо ҳам дорем. Аммо ин аз рӯи инсонгарӣ нест. Хубаш пеши роҳашро бе телевизиону дигар гиред”.

Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба мансабдорони тоҷик таъкид намуд, ки “ягон нафари шуморо мардум интихоб накардааст. Мардум роҳбари худро интихоб кардаасту роҳбар ба шумо бовар карда, ба вазифа таъин кардааст. Ман далелҳо дорам. Ҳатто наворҳо дорам. Ҳозир ягон чиро пинҳон кардан намешавад. Мардум бояд донад, ҳаракату даромаду зиндагии ҳамаи мо-хизматчиёни давлатиро”.


ВИДЕОИ ПУРРАИ БАРОМАДИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ШӮРОИ АМНИЯТ:


Мӯҳр
Хамаи мо аз як реша об мехурем. Решаро бояд мо чунон пахн намоем, ки тамоми Точикистонро фаро гирад, ана баъд бхру бгард, хамин хел не? Э бекалахо!

Рости гап ман як таксисти Кулобу Душанбе хастам хар руз аз назди заминхои нохияи Дангара зодгохи Чаноби Оли мегузарам дар заминхоеки пахта кишт мешуд хона сохта истодаанд ва заминхоеки аз Чартеппа баромаданда ки ОБЁРи шуда истодааст Санг рехта хона кадестиан инро ягонкас намедида бошад сад хайфи мехнатои президентки ба хамин заминхои ташналаб Об оварда истодааст то об мия бафикрам замини киш намемонад

Tojik
Ehtiromi Buzurg ba Janobi Oli !

Mutassifona badi suxanhoi janobi Oli kormandoni "Palatai Hisob " paido shudaand, va hisoboti 3 sola talab dorand, guyo ba sarmuhosibi mo gufta boshad ,ki "masalara binen, odamgari knen ", hozir inba yagonchi natiyem bad yakchiz ne yakchiz kofta meyobad.

Умаров Бобочон
Офарин Худованд шуморо нигахбон бошад Чаноби Оли агар гуфтахои шумо ичро шавад ман то мурдан тарафдори шщумо аз Худованди якаву ягона хохиш дорам ки дар пои шумо хор назанад ва сад соли дигар дар болои сари мо бошед.

Рост гуфт Президент! Прокурори н.Ёвон Руслан Тагоев дар маркази нохия 1 касри бохашаммат сохтааст, ки ба ягон маоши ханхуфт сохта намешавад. Нархи хамин хонааш шояд 300-350 хазор доллар бошад. Аз кадом хисоб??? Охир у ягон бизнесмен нест ку??? Ойликаш максимум 2000 сомонист!! Чунин касру кушк дар тамоми манотике ки кор кардааст, бунёд кардааст!! Воооой бар холи мардуму вооой бар холи Ватан!! Ин хама бедодгарихо хашми мардумро баръакс нисбати сиёсати Президенти кишвар меафзояд!!

хамин кор мешуда боша? ба фикрам хеч! интихобот наздик аст.

Сарвари Давлат бехтарини бехтаринхост,баъзеи шумора садкаи хамин хел Рохбар кунад, ношукрбандахо.мусулмони охиста охиста меган шукри Аллох хамааш нагз шудаистодааст ё баъзеяш кур аст намебинад,Аллохро шукр гуед давлатамон тинчу ором аст ин худаш як неъмати беарзиш аст.Шумо бахилхо бисёр нестен камен ИншоАллох аз дастатон хеч чиз наомадабуд ва намеояд бехуда гапхои хархела назанед. Парвардигор Рохбарони Давлати моро имону инсофашонро аз ин дида зиёд гардонад барори кор дихад,то ки ба халку ватани худ хизмат кунанд,хонаободу сарбаланд бошанд.Рахмат барои хизматхоятон Рохбарони Давлат ва касоне ки хизмат мекунанд барои ватани азизамон Точикистон.Лаънат ба касе ки дилу нияти бад дорад ба ватанамон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)