Бахшҳо

Фатвои Эшони Нуриддин дар пайи баҳси ҷонибдорон ва мухолифони Ақиқа

Эшони Нуриддин, руҳонии маъруфи тоҷик ва яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо мегӯяд, тарк кардани “ақиқа” инсонро гунаҳкор намекунад.

Ин нуктаро руҳонии тоҷик дар посух ба корбари торнамои хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо, ки “агар имконияти “ақиқа” кардан набошад, чӣ бояд кард?” баён доштааст. Эшони Нуриддин гуфтааст, ҳар нафаре имконияти кардани ақиқаро надошта бошад, барои ӯ иҷрои он лозим нест: “Вале агар рафту шароит хуб шуд, ақиқа кунед, асли суннат ба ҷо меояд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд ақиқа яке аз суннатҳои паёмбари Ислом (с) аст, вале бо тарк кардани он шахс гунаҳкор намешавад: “Аслан ақиқа суннат аст, ҳар кӣ анҷом диҳад савоб мегирад ва агар тарк кунад гунаҳгор намешавад.

Ақиқа яке аз суннатҳои Муҳаммад (с) - паёмбари Ислом ба шумор рафта, бар асоси гуфтаҳои саҳобагон, ҳар тифле дар хонадони ӯ таваллуд мешуд, барои писар ду гусфанд ва барои духтар як гусфанд мекуштанд.

Иҷрои ин суннати паёмбари Ислом вақтҳои охир баҳсеро дар ҷомеаи мазҳабии Тоҷикистон ба бор овардааст ва бархеҳо аз он ҳамчун омили дигаре барои зиёфатхурӣ ном мебаранд. Аммо масъулини Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯянд, он яке аз расму ойини исломӣ мебошад. Беҳрӯзи Сатторӣ, мутахассиси раёсати фатвои Шӯрои уламои Маркази исломи кишвар гуфтааст, ақиқ ба монанди гирифтани мӯйи кӯдаку хатнасур кардани писар яке аз ҳуқуқҳои фарзанд болои волидайни хеш аст. Ӯ таъкид кардааст, “ақиқа мустаҳаб аст ва мустаҳаб, яъне кори писандидаро гӯянд. Агар касе инро анҷом надод, ҳеҷ гуноҳе намегирад. Ақиқаро аз қадимулайём дар сатҳи оилавӣ баргузор мекарданд. Дар рӯзи 7-уми пас аз таваллуд ё рӯзи 14 ва ё рӯзи 21-ум баргузор мекунанд. Агар касе ҳам баргузор накард, ҳеҷ гуноҳеро муртакиб намешавад.

Дар пайи ин баҳсҳо Абдуалии Муҳаммадӣ, руҳонии тоҷик ва писари домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ низ ба ин масъала дахл карда, гуфт, Муҳаммад (с) дар яке аз ҳадисҳои худ, ки аз сӯи Имом Тирмиз (р) ривоят шудааст, мегӯяд: "Тифле, ки таваллуд мешавад дар гарави ақиқаи хеш аст". Ба гуфтаи ӯ, манзури Паёмбар (с) аз ин гуфтаҳо ин аст, ки саломатӣ ва рушди кӯдак дар гарави ақиқаи ӯст.

Руҳонии тоҷик аз фаромуш шудани ин суннати Муҳаммад (с) дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷикон ибрози нигаронӣ карда, ибрози таассуф намуд, ки мардуми тоҷик ҳоло суннати Памёбарро канор гузошта, ҷои онро ба гаҳворабандону ҷашни зодрӯз додаанд.
Мӯҳр
ин комментхоро мехонаму ба нафароне ки дар хакки як шахсе ки намедонанд ва уро нашунидаанд чунин фикрхои бад мекунанд, пайдост ки ин шахсон дили хуб надоштаанд ва сад афсус. шумоен шиками кадомиро чен кардаед ки чунин бадгуи мекунед? Гуфтахои Эшони Нуриддинро шунидам ва хеле бахра гирифтаам.Рахмат ба Эшон. Доимо хамин хел суханхои рохнамои диханд.

Мусаллама
Дар хамин чо хам хукуки занонро поймол мекунанд. Барои писар ду гусфанду барои духтар як гусфанд. Ин нобаробари то ба кай???

Бо салом!
Бародарон мо тоочикем ва дорои таърих андеша,суннату русуми дерин, муимаш аз он ки ин дини оварони бадавиро мо ба дини омиасоз овардем,

Шахсан худи ман,ки пеш аз Эшони Нуриддинчон (Худо илмашро аз ин хам зиеда гардонад)шунида будам,агар Худованд шароитамро хуб нигар дорад,чаро намекардаам. Ин масьала бо хадис омадааст.Пас аз ин сунати Паембари Худо доносу босавод ва солех е солеха мешавад.Фарзанде,ки тамоми умр Манро мехуронад чаро намекардаам!!!

кулябец
Суннати пайгамбарро на хама мардуми мо кодир аст! Чунки холати иктисодии мо хароб аст!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)