Бахшҳо

ВИДЕО: “Тарафдори сатр нестам, аммо тарафдори онам, ки инсонҳо озод бошанд”

Худойбердӣ Холиқназаров, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон аснои суханронӣ дар мизи гирде бо номи “Масоили рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди пешгирии тундгароии исломӣ ва экстремизм” дар 5 май пешниҳод кард, вуруди сарулибоси барои фарҳанги тоҷикон бегона тавассути гумруки кишвар манъ шавад.

Аз ин пеш чанд мансабдори тоҷик ҳам аз таваҷҷуҳи зиёд ба либоси “барои фарҳанги мо бегона” нигаронӣ карданд. Дар зимн хабарнигори “Озодагон” дар кӯчаҳои Душанбе аз сокинон пурсид, ба назари онҳо кадом либос барои фарҳанги мо бегона аст?

Бархеҳо либоси аврупоӣ ва қисме “либосҳои хоси давлатҳои исломӣ”-ро ба фарҳанги тоҷик бегона гуфтанд. Нафраоне ҳам изҳор доштанд, “зани тоҷик бояд пеш аз ҳама тоҷикона бипӯшад ва тарзи пӯшишаш диққатҷалбкунанда ва вайронкунандаи одоби шарқиёна набошад”.

Як ҳамсуҳбати “Озодагон” бо ишора ба таъкидҳо атрофи бегона будани сатру ҳиҷоб гуфт, тарафдори ҳиҷоб нест, аммо мехоҳад занҳо дар пӯшиши худ озод бошанд: “Дар зиндагияшон дар рафторашон дар фаъолияташон маҳдуд набошанд”.

Ин нафар мегӯяд, бояд масъулин дар босавод ва бомаърифат кардани занҳо иқдом кунанд: “Вақте инсон худогоҳ аст, худаш мефаҳмад, ки ин сиёҳ аст ё сафед, ин хуб аст ё бад, ин барои ман мезебад ё намезебад”.

ВИДЕОи назарпурсиро тамошо кунед ва андешаи худро бинависед.


Мӯҳр
мувакатан бекор
Аз бекори ин гапхо.Чи кор доред чи мепушем?Исломи,милли,аврупои,кани демократия?Рости шармам меояд.Як зани дуняви дар бораи сатр гап мезанад,ки хилофи мантик аст,дар холе ки сатрпушон онхоро мухокима намекунанд.Чараёни нав;ифротгарии дуняви !

Ба номи Худо
Салом!
Он чи ба назар мерасад барои гирифтани ҳиҷоб аз сари занҳо набояд бархурди физикӣ карда ин дуруст нест. Ҳар касе аз ин роҳ мехоҳад ҳиҷобро аз сари занҳои Тоҷик гирад мувафақ намешавад. Бо тамошо кардани телвизиони Би Би Сӣ, Садои Омрико ва дигар шабакаҳои форисизабон ба ин хулоса расидам, ки ин шабакаҳо барои гирифтани ҳиҷоб аз сари занҳо бархурди физикӣ накарда ва мустақиман ба мухтабонашон намегӯянд, ки ҳиаҷоб накунед инҳо мустақиман ба асли ҳиҷоб мечасбанд ва ҳар чи метавонанд ин либоси диниро дар назари мухотабонашон бад ҷилва медиҳанд то занҳо ба тарафи ҳиҷаб кардан нараванд. Ин аст Равиши Ғарб барои бе ҳиҷоб кардани занҳои мусалмон.
бо ташакур
Озодагон лутфан ин матлабро пахш кунед

Агар богбон гирди богашро махкам накунад, аз ин бог хосили хуб ба даст намеорад!!!!!

бародар
Дар бораи гузаштагонатон то ислом агар фикр накунед ба ягон хулоса омада наметавонед на кофири чур на мусулмони тамом хунро дигар карда намешавад ё дар баданат факат хуни араб мондааст

Мухлис
Асбахфирулло афсус ки баъзехо мехохед ки тамоми чои зану духтахоятон барои дигархо ошкор бошад ки дигархо дида бо либосхои нимбарахна зану духтархоятонро халоват баранд
Афсус, ки чунин фикрхои носолим доренд!!!
Сатр ин АМРИ ОЛЛОХ хаст ва пушиданаш ФАРЗ хаст ва харкасе ки нисбати амри ОЛох сухан мегуяд битарсад ва тавба кунад ки Олох дергиру сахтгир хаст ва баъд пушаймони суд надорад

Ба Саттор:
Мебахшед ман ба иззати нафси касе расидани нестам хар шахсе, ки чи тавре хохад хамон хел мепушад. Он сатре, ки Шумо мегуед имрузхо занону духтарони мо ба таври худ онро модда кардаанд. Ман ёд дорам бибихои мо дар даврахои пеш дока мебастан сатр набуд, имрузхам занони калонсол баъзеашон дока мебанданд мархамат ба мисли занон дока банданд шарт нест сатр кунанд.

iio dar karz gutidagian xizmat kadestan gulomo

Сироjиддин
Аз Аллохи Бузург битарсед!!!

Муртазо
Ба Икбол,
Агар одамони беинсофу бе номус набошад дар гирди бог девол даркор нест, аммо афсус ки дузду беинсоф дар хар як кадам. Барои хамин богбон мачбур аст ки девол рост кунад. Хар як инсон факат ба моли худ сохиби кунаду ба моли дигарон нигох накунад, ана ободи мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)