Бахшҳо

Абдулқодирзода: Ягон мулло ба “ДИИШ” нарафтааст, зеро...

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон созмони террористии “Давлати исломӣ”, маъруф ба ДИИШ-ро “хилофат”-и ташкилкардаи кишварҳои абарқудрат алайҳи кишварҳои мусулмоннишин хонд.

Раиси Шӯрои уламои кишвар рӯзи 29 май дар хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, ин “хилофат”-ро абарқудратҳо барои тахрибу валангор кардан ва соҳиб шудани тамоми сарватҳои сарзамини мусулмоннишин ташкил кардаанд.

Абдулқодирзода аз пайвастани бархе ҷавонони тоҷик ба саффи ин гуруҳи террористӣ нигаронӣ карда, бори дигар таъкид кард, ки маҳз ноогоҳии динӣ боис шудааст, имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ мераванд: “Боре шунидаед, ки ягон мулло ё имоми масҷид ба ин гуруҳ пайваста бошад? Не, чун огаҳанд. Абарқудратҳо бо ворид кардани калимаи Ислом ба номи ин созмон ҷавонони моро ҷалбу қурбони манфиатҳои худ мекунанд. Албатта, зери таъсири таблиғоти онҳо касоне қарор мегиранд, ки содалавҳу бедонишанд. Ин гуна гуруҳу ҳаракат ва созмонҳо аз аввали пайдоиши Ислом буду то охир мемонад. Яке вожаи Исломро дар номи ҳизбашу дигаре дар номи ҳаракаташ ворид карда, аз он муғризона сӯиистифода мекунад. Агар бидуни он барои дуздидани сарвату боигариҳои як кишвар нафаре ҷавононро даъват кунад, касе намеравад, вале вақте Исломро сипар қарор медиҳад, аз бефарҳангӣ ва камдонишии бархе ҷавонони мо хуб истифода мекунанд”.

Абдулқодирзода бори дигар аз ҷавонони кишвар даъват кард, ба ҳарфҳои пайравони ин созмон гӯш надиҳанду аз падару модарони тоҷик хоҳиш кард, дар тарбия фарзандонашон масъулияти бештар эҳсос кунанд.

Ин даъвату таъкидҳои Абдулқодирзода дар ҳолест, ки ахиран полковник Гулмурод Ҳалимов, сардори дастаи таъиноти махсус ё худ “ОМОН”-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки чанд ҳафта пеш ғайб зада буд, аз пайвастани худ ба саффи ДИИШ дарак дод. Ӯ дар навори видеоие бо либоси сиёҳ, ки хоси ҷангҷӯёни гуруҳи ДИИШ мебошад, пайдо шуда иддао мекунад, ки бо ҳамроҳонаш барои барқарор кардани хилофат ба Тоҷикистону Хуросон бармегардад.
Мӯҳр
Билол
ЭЭэээ биё бас кнен афсона хонира . то динара мегуфтен .ки ягон мансабдору макомдор ба ДИИШ нарафта аст . чун ба фикри шумо бо акланду бо фахм. ина мархамат Халимову бо хееелои дигар . аку бо муллохора тариф кунен . оли бо ин вазъ Фардо ягон мулло хам равад бад бо чи мегуфта бошанд )

Аз таърифу танкид карданда дар фикри чора андешед на дар фикри сиёх кардану таърифи якдигар.

Ба Чаноби Сайидмукаррам азХОЧА ХОФИЗ :
...Мулки озодагиву кунчи каноат ганчест ,
Ки ба шамшер муяссар нашавад султонро!
Хофизо, май хуру ринди куну хуш бош, вале
Доми тазвир макун чун дигарон КУРЪОНРО. !!!!!
Ё :
Дар бисоти нуктадонон худфуруши шарт нест,
Ё сухан дониста гу ,эй марди бихрад , ё хомуш!!!!!

МАКАРОН
ЪАКИДАЕ КИ ДОДАРИ МУХТАДИ АЗ ЯМАН БА ЧАВОНОНИ ТОЧИКА ТУХФА ОВАРД САБАБАСТКИ ЧАВОНОНИ МО СУРИЯ МЕРАВАНД

Hamin sharm nakarda chikhel bo gap mezanad?

наби
мукаррам барои чи якбор намегуики хизби демократ дар куръон омадаастки хизбушшайтон ин аъзои хизбушшайтонихо хамаи даъвату дарсхову хатто омухтани куръонро манъ карданду ту якбор зид набуромади магар аз худову аз пайгамбар шарм намедори мардума бесаводишба сабаби асоси шуда истодаи ин чихели инсонхо боз дар пушти хамин намоз мехонанд озодагон чоп кунед

вакте ки 3-4 сатрдори фохишаро боздошт карданд дар дуне чор задед ки сатрдоро чунинанд ва сатро ман, кардед чаро нагуфти ки онхо аз сатри исломи истифода мекунанд барои онки максадтон дигар буд я,не бархам додани сатри илохи

иншоаллох чазои туву фармондехоятро АЛЛОХИ мехрубон медихад. дамат намебарод дар масалаи ришу хичоб.ту бадбахт ханафи мазхаб нести

Сайф
Абдулқодирзода дар баромади худ кайд менамояд, ки маҳз ноогоҳии динӣ боис шудааст, имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ мераванд:
Мухтарам Абдулкодизода бари ин чи кор кардан даркор. Ман хамчун як шахрванди Точикистон Шуморо дар ин гунахкор мешуморам барои он, ки баро фахмондани чавонон ва мусулмонони Точикистон ягон кореро анчом намедихед. Аз Шумода хамон Райхона Давлатова хуб аст, ки дар теливизор оид ба чавонони болаёкат овози толлоиро ташкил кардаасту хамонро мебарад. Шумо хамчун муфти шуда як бор ку чурат карда дар теливизор мусобикаи Куронхониро ташкил намоед. Ё дар телевизион як барномаи Худошиноси ё Куроншиноси ё диншиноси ташкил намоед, мешавад ё не.

Kishloki
In mullo va eshonho navbati molu poda va hasharhoi kishlokda nameran, az kujo gayrat doran Siriya ravan

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)