Бахшҳо

Академияи илмҳо: Боварии комил дорем, ки Гулмурод аз кардааш пушаймон мешавад

Раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон бо пахши як изҳорот аз пайвастани полковник Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи ОМОН, ба гуруҳи террористии бо ном “Давлати Исломӣ” изҳори нигаронӣ намудааст.

Дар изҳороте, ки имрӯз, 4 июн аз ҷониби Раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон пахш шудааст, Гулмурод Ҳалимов дар ватанфурӯшӣ муттаҳам шуда, аз ӯ "ношукр"-у "кӯрнамак" ном бурда мешавад. "Мо боварии комил дорем, ки Гулмурод ва "муҷоҳидони" ҳамфикри ӯ дер ё зуд аз кори кардаашон пушаймон мешаванд. Мутаассифона, гирифторони гурӯҳҳои террористӣ роҳи наҷот надоранд ва қурбони дасисаҳои хоҷагонашон хоҳанд шуд",-омадааст дар ин изҳорот.

МАТНИ КОМИЛИ ИЗҲОРОТИ РАЁСАТИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН:

“Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳодисаи нангини ватанфурӯшии Гулмурод Ҳалимов як нафар собиқ корманди Вазорати корҳои дохилии кишвар бохабар гашта, изҳори таассуф мекунад, ки дар Ватани азизамон чунин нафари ношукр ва кӯрнамак пайдо гардидааст, ки қасами ба Ватан ва давлат додаашро шикаста, ба гурӯҳҳои силоҳбадасти террористӣ ҳамроҳ мешавад.
Ба ҳар як шаҳрванди оқил ва ватандӯсти Ватанамон маълум мебошад, ки миллати сарбаланди тоҷик таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азобу машаққатҳои зиёде аз парокандагию нобудшавӣ наҷот ёфта, ба сулҳу салоҳ ноил гардид ва роҳи тараққиёту созандагиро пеш гирифт. Коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ сабабҳои ҷанги шаҳрвандиро дар мамлакати мо таҳлил карда, ба хулосае расиданд, ки сабабҳои асосии сар задани ҳодисаҳои фоҷиабори гузашта нишонгари дур будан аз худогоҳии миллӣ ва ба доми фиреби душманони давлату миллат гирифтор шудани гурӯҳе аз шаҳрвандони ҳангомаҷӯю мансабхоҳ будааст. Чунин одамони содаю зудбоварро баъзе қувваҳои вайронкори хориҷӣ бо ҳилаву найранг ба осонӣ ба доми худ мегиранд ва дар зери ниқоби «наҷоти ислом», мазҳабҳои мухталифи исломиро душмани якдигар месозанд. Ин нируҳои низоъандоз дар кишвари мо боиси марги беш аз сад ҳазор аҳолии осоишта шуданд, ки аксари онҳо ҷавонон ва занону кӯдаконанд. Гулмурод ва ӯ барин ҷавонони тоҷикистонии ба доми фиреб афтода мехоҳанд бори дигар он рӯзҳои талхро ба сари мардум биёранд. Вале имрӯз халқи мо қадри сулҳу осоиштагиро хуб медонад ва бори дигар фиреб нахоҳад хӯрд.

Душманони миллати тоҷик ҳанӯз ҳам аз нақшаҳои харобкоронаи худ даст накашидаанд ва зиндагии миллати моро дар фазои сулҳу созандагӣ дидан намехоҳанд ва дубора хостори ба гирдоби низоъ ва хунрезӣ гирифтор сохтани мо мебошанд. Дар замони ҷаҳонишавӣ ё дақиқтараш ҷаҳонисозӣ, нируҳои манфиатҷӯ мехоҳанд давлатҳои оромро ноором, мардуми хушбахтро бадбахт гардонида, аз боигарии миллиашон маҳрум созанд ва бо баҳонаҳои ҷорӣ кардани «исломи ноб» бо зӯри силоҳҳои маргбор халқҳои мусалмонро нобуд созанд.

Оё зиндагии мардуми Ливия, Сурия, Ироқ дар солҳои пешин бад буд? Оё онҳо пештар мусалмон набуданд? Оё акнун хушбахт шудаанд? Фарзандонашон орому осуда хоб мекунанд? Оё имрӯз гуреза шуда ба муҳоҷират рафта, ба умеди як пора нон ва гӯшаи ором дар баҳри Миёназамин ғарқ шуда намемиранд? Оё даҳсолаҳо инҷониб мардуми бародари мо дар Афғонистон дар зери шиорҳои ҷиҳодии ҳизбҳои исломӣ қурбон намешаванд?

Оё он қувваҳое, ки зери ниқоби ислом ва ҷиҳод ба қатлу ғорат ва таҷовуз ба номуси мусалмонон даст задаанд ва одамони бегуноҳро сар аз тан ҷудо мекунанд, мусалмон ҳастанд? Ҳеҷ гоҳ! Онҳо шахсони содадил, норозӣ аз зиндагӣ ва ба пули осон умедбастаро бо ваъдаҳои дурӯғин ба сафҳои террористон ҷалб менамоянд, аз онҳо қотилони байналмилалӣ тайёр мекунанд, то ба ин васила мардуми мусалмонро аз байн бибаранд ва сафҳояшонро ҳар чи камтар намоянд. Ҳадафи асосии онҳо мусулмононро ба дасти худи мусулмонон несту нобуд кардан аст!

Ба чунин гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» пайвастани Гулмурод Ҳалимов чӣ маънӣ дорад? Ӯ ҳам як шахси фиребхӯрдаест, ки ба сабаби ноогоҳии сиёсӣ ва ҳуввияти миллӣ надоштанаш, эҳсоси миллатдӯстию ватанпарастии амиқ намекунад ва мисли як гурӯҳ ҷавонони ҳамсони худ ба Ватан, миллат, оила ва модари худ хиёнат кардааст.

Мо боварии комил дорем, ки Гулмурод ва «муҷоҳидони» ҳамфикри ӯ дер ё зуд аз кори кардаашон пушаймон мешаванд. Мутаассифона, гирифторони гурӯҳҳои террористӣ роҳи наҷот надоранд ва қурбони дасисаҳои хоҷагонашон хоҳанд шуд. Вале бадтарину бадбахттарин амал хиёнат ба Ватан аст ва номи ин гуна шахсон ҳамчун хоини Ватан дар таърих хоҳад монд. Оё осон аст ба фарзандону наздикони одаме, ки «хоини Ватан» ном бурда мешавад? Оё Ватан ба Гулмурод Ҳалимов бо тиру силоҳ таҳдид кардааст, ки аз мулки дигар бо силоҳ ба сӯи Ватан таҳдид мекунад ва мехоҳад ба воситаи куштору хунрезӣ ба Тоҷикистон баргардад? Оё ин кори инсони солим ва боақл аст?

Ба ҳамагон маълум аст, ки пас аз ҷорӣ шудани сулҳу субот дар кишвари азизамон бисёр масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳал шудаанд. Роҳҳову туннелҳо, неругоҳҳои обии барқии хурду миёна, биноҳои истиқоматӣ сохта шудаанд, мактабҳои нави замонавӣ бино гардидаанд,ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд омада истодаанд, маошу нафақа ҳар сол бештар мешавад. Ба кӯдакони бепарастор ва эҳтиёҷманд аз тарафи давлат ҳамасола ёрӣ расонида мешавад. Дар кишварҳои хориҷ намояндагиҳо ва сафоратхонаҳои кишварамон фаъолият доранд, ташаббусҳои Сарвари давлати тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ мекунад, обрӯи байналмилалии давлати соҳибистиқлоламон торафт боло меравад. Оё ин муваффақиятҳоро нодида гирифтан мумкин аст? Албатта, камбудиҳо ҳастанд, вале онҳоро танҳо дар шароити оромию субот бартараф кардан мумкин асту бас. Ба ҳар як шахси хирадманд маълум аст, ки маҳз дар шароити соҳибистиқлолии кишварамон масҷидҳои зиёд сохта шуданд, мардуми мусалмони мо ба зиёрати хонаи Худо меравад, теъдоди ҳоҷиён сол то сол меафзояд, маросимҳои динӣ озодона анҷом дода мешаванд. Оё ин мусалмонӣ нест? Барои баҳои холисона додан инсон бояд воқеъбин ва боинсоф бошад. Дар бораи одамони аз инсофу ислом дур Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ мегӯяд:
Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусалмонӣ,
Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ.

Наворҳои бераҳмонаеро, ки аз «Давлати исломии Ироқу Шом» аз тариқи интернет ва телевизион намоиш медиҳанд, бо ислом иртиботе надоранд ва он даҳшатест, ки ба инсон хос нест. Хоҷагони хориҷии «Давлати исломӣ» ба дасти кӯдакони мусалмон силоҳ дода, аз онҳо мехоҳанд қотилҳои исломӣ омода намоянд ва бо силоҳҳои маргбор мехоҳанд исломи наверо ҷорӣ кунанд, ки дар асл мақсадаш хонаи Каъбаро вайрон кардан, эҳтироми падару модар ва ҳурмати қабри наздиконро аз байн бардоштан, давлатҳои миллиро барҳам додан мебошад ва инро талаботи исломи ҳақиқӣ медонанд. Дар сурате, ки ҳадафи ниҳоӣ ва аслии муғризонаи хоҷагони хориҷии ДИИШ ҳуввияти мусулмононро барҳам задан, аз дастёбӣ ба илму фанни муосир дур нигоҳ доштан, мусулмононро душмани ҳамдигар сохтан ва аслан пурра нобуд сохтани дороиҳо ва Ватани мусулмононро соҳиб шудан мебошад. Онҳо тавассути Гулмурод Ҳалимов барин ашхоси нохудогоҳу бидуни ҳуввияти миллӣ, кишвари моро мисли Ироқ, Сурия, Яман, Миср ва Афғонистон ба гирдоби ҷангу низоъҳои даҳшатбор афкандан мехоҳанд. Бовари комил дорем, ки ҳеҷ фарди солимақл ва халқи заҳматкаши тоҷик, ки пайрави мазҳаби ҳанафии сулҳхоҳу сулҳпарвар аст, аз паи чунин иғвоҳои даҳшатафканон нахоҳад рафт!

Мо, олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шароити ҷаҳонишавии муосир, ки дар баробари неъматҳои хуби илму технология, инчунин мушкилиҳои зиёди сиёсӣ ва мафкуравии бузург, аз қабили терроризм, экстремизми динӣ, маводи мухаддир, одамрабоӣ ва одамфурӯширо ба бор овардааст, изҳори ташвиш намуда, ба ҳамаи мардуми ранҷкашидаи кишвари маҳбубамон, хосатан ҷавонон, ҷавондухтарон, донишҷӯён, муаллимон, соҳибкорон, рӯҳониёни бедордил, аҳли илму адаб муроҷиат менамоем, ки аз равандҳои хатарноки замони муосир ва ҳодисаҳои нохуши он хуб огоҳ бошанд, барои аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба камол расидани фарзандони миллат кӯшиш намоянд. Дар ҳамаи ҷамъомадҳо, маъракаҳо, маҳфилҳо ба ҳамагон фаҳмонем, ки мақсадҳои ҷиҳодталабони ба ном «исломӣ» ба ҷуз бадбахтӣ, куштор ва хонумонсӯзӣ дигар натиҷа нахоҳад дод.

Ҷавононро аз хатарҳои ин қувваҳои хунхор бояд ҳифз намоем, то онҳо бехонаву беватан, гурезаю дар ба дари ватани дигарон нашаванд! Падару модарон ва мактабҳо бояд кӯдаконро аз хурдӣ дар рӯҳияи донишандӯзӣ, инсондӯстӣ, ватанпарварӣ, сулҳҷӯӣ, меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром ба ҳамаи миллатҳо ва пайравони дину мазҳабҳои гуногун тарбия намоянд, зеро мо дар як сайёра зиндагӣ мекунем ва фазои сулҳу эҳтиром ба инсон дар маркази ҷаҳонбинии ҳамаи сокинони он бояд қарор дошта бошад.

Гарави асосии оромии зиндагии имрӯзи ҳамаи мо, хушбахтии ояндаи фарзандон ва пойдор мондану нобуд нашудани Ватани ягонаамон Тоҷикистон садоқат ба ваҳдати миллӣ ва дар атрофи Президенти кишварамон барои таҳкими субот ва пойдории давлат муттаҳид шудан аст. Имрӯз замоне фаро расидааст, ки қатъи назар аз гуногунии ақидаҳои сиёсӣ ва динию мазҳабӣ дар амри пешгирӣ аз хатарҳои радикализм ва терроризм баҳри саодати мардумамон, ободии хонаву дар ва ҳифзи Ватани азизамон ҳаммаром ва ҳамнаво бошем. Ин аст вазифаи олии имонӣ ва инсонии ҳар як сокини Ватан ва ҳар як фарди хирадпешаву мусалмони ватанпараст.

Раёсати Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Мӯҳр
Хм, бисер суханхои "босаводона". Бехтар мебуд аз ин "шаф-шаф"-да роххои дакики пешгирии чавононро аз ин рох пешниход мекардед.

Савол ба Академияи Илмхо. Оë он полковнику подполковникхои собик Интернатсионалистони Точик ки худро шахрванди Русия кардаанд, онхо низ хоину ватанфурушанд??? Баро чи аз шахвандии Ватани худ даст кашида шахрванди миллати дигаре мешаванд?

як сару сад хаëл
и Гулмурод барои овардани мардуми точик рафтагияй и х,амааш корои х,ал мешидагияй

Наход
Ин изхороти АИ аз маъвизахом Хочи Мирзо ва Эшони Турачонзода хеч фарке надорад. Наход сатхи дониши академявии инхо хамин бошад? Бояд як тахлили хаматарафа бо далелхо пешниход мекардед. Аз натичаи сиёсати хукумат то накши рухониёни имруза дар пайдоиш ва пахншавии равандхои ифроти дар ЧТ, тахлил ва бахогузори мешуд. Пешниходхо барои гирифтани пеши рохи пароканда/таксим шудани чамеаъро меовардед, чи барои таъгири сиёсати хукумат, чи дар сохаи маориф ва чи дар тарбияи рухони. Барои ин икдом каме дигар фурсат хаст, баъди 3-4 сол мумкин дер шавад. Ба хама аён аст, бе таъгири сиёсати хукумат, дар хама самтхо, окибат фочеаъе Точикистонро интизор аст. Ё АИ аз ваъзи аслии чамеаъ бехабар мебошад???!!! Аммо чунин ба назар мерасад, ки Шумо "олимон" аз руи матали "Хама гуфтан, мо хам мегуем" рафтор кардаед, на аз руи вазифаи АИ дар назди халк. Барои хисобот дааааа ....

ИН ХАМА АЙБИ ОЛИМОИ АКАДЕМИЯ, ки таълимоти як муллои ифротгаро нисбати онхо таъсирноктар буден Хушёр шавед докторони илмхои РАВОНШИНОСИ (ПСИХОЛОГ) !!!!!

Мардак аз дасти. шумо лагандбардорон рафт аз ноадолати фикрашро озод гуфта натавонист

аспирант
Бо ин "макола" АКадемияи илмхоро шарманда кардед. Фарход Рахимов агар дар сафари хорич намебуд, ичозати чопаш намедод. Аспирантураро партофтам акнун, хайфи 2 соли гузаронидагиам

Кулябец
Академияи илмхо! Олимон ё муллохои муосир? Фаркияте нест . Дар макола хама фикрхо умуми. Сабаби асосии пайвастшавии чавононро ба гуруххои берунмарзи нанавиштаед . Факат таърифу тавсиф! Ду накб ба ин мавзуъ чи дахл дорад. Магар ин накбхо ( тоннель ) хисси ватандустии моро зиёд мекунад? Ё Ватанро барои накбхояш нагз мебинему химоят мекунем?
Магар Темурмалики номдор ё Восеъи баходур накб химоя мекарданд?
Бовар кунед писари ягонтои Шумо дар артиши милли нест ва набуданд! Аммо Шумо аз Ватандусти ва хоини сухан мегуед .

Хакикат,
бародар максад ин дин оламро девона кардаст яъне чи ?

Марвачон
Хамаи кори дунье пушаймони дорад факат ба гайр аз намоз ва руза.Иншоалох пушаймон мешавад вале дер шуд!аз чи кам буд ин ношу кур банда.

намозхон
Ин баенияба хутбаҳои ҷумьа бисер монанд аст. Вокеан копия. Е ҳамин мулоҳо академияро забт карданд е ҳамаи мавьизаи масҷидҳо аз академия пахш мешавад. Э ин кумита динуш ҳичи гап набудай ку. То ин вақӣа мегуфтанд ки ҳамаша кумиӣа навишта мекуна. Акнун то акадакадемия расидем. Худо нигаҳ дора ки аз у болотар то оон нарава ин кор. У вақт вой бар мулоҳо. Вокеан пан ги мун барои таҳорат ба тоҷикисӣон меоя. Аҷиб шуд не

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)