Бахшҳо

Фестивали ош: Аз сатркашии хонумон то талош барои як кафгир ош

Нилуфари КАРИМ

Хонандаи ин сатрҳо огоҳӣ дорад, ки 22 август дар “Боғи дӯстии халқҳо”-и шаҳри Душанбе бо ширкати 32 шаҳру ноҳияи кишвар даври ниҳойии ҷашнвора-озмуни ҷумҳуриявии “Оши палов” баргузор шуд. Ба хотири пушиши хабарии ин маърака ба макони баргузории он ҳозир шудем. Чанд мушоҳидае ҳаст, ки натавонистам, зикрашон накунам.

Дар даромадгоҳи боғ кормандони милиса занҳои сатрпӯш ва мардони ришдорро иҷозаи вуруд намедоданд. Садои маъмури пулисе ба гӯшам расид, ки мегуфт, “ин чорабинии давлатӣ аст”. Яъне, дар чорабинии давлатӣ бо сатру риш ҳузур доштан мумкин набудааст. Мардони ришдор зиёд эътироз накарда, аз воридшавӣ ба боғ худдорӣ менамуданд. Аммо аксари занҳоро дидам, ки каме дуртар рафтаву сатрҳоро бо рӯймолҳои кутоҳ иваз ва иҷозати дохилшавиро дарёфт мекарданд. Намедонам, дидани маҳфили ош ё ҳаваси чашидани он ин хонумҳоро ба чунин амал водор мекард...

Макони баргузории фестивалро намешавад, идеалӣ гуфт. Чангу хок ва гармии шадид баъзе меҳмонони хориҷиро маҷбур месохт, “чапасар” бигарданд. “Тут не чего интиресного, так жарко” ҷумлае буд, ки на як бору ду бор шунидам. Магар имкон надошт, ин чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт гузаронда шавад?

Вақте иштирокчиён ба саҳна бо ошҳои худ ҳозир мешуданд, ровиёни маҳфил чанд маротиба ҳайати комиссияро даъват мекарданд. Ҳайати комиссия бошад, бо гузашти муҳлати тӯлонӣ ҳозир мешуд.

Ҳоло аз чангу хок бигзарему сари табақи ош биравем. Баъди сурудхониву рақсу пойкӯбӣ, ки хоси фестивалҳои мо аст, сари дегҳои ош “ҷанг” хест. Ҳар ки мехост ош бихурад ё ош бибарад. Занҳоеро дидам, ки бо карсонҳо ба хонаашон ош бурдан мехостанд. Ҷавонҳое бо дастони урёну бидуни дастпушу кафгир ошро аз дегҳо ба табақҳо мегирифтанд. Аммо бо ин ҳама аҷобати ин саҳна поён наёфт. Ҷавононе барои ҳифзи табақи ош, дохили он туф карданд. Табиист, ин ҳолат сабаби аз ош даст кашидани аксарият мешаваду он ҷавонон “боҳузур” онро нуши ҷон мекунанд.

Хулосаи ман ин буд, ки барои бештари мардуми ҷамъомада на таърихи ошу навъҳои он ва на тарзи омода кардани ин таъом муҳим набуд. Барои онҳо ҳарчи зудтар ва бо кадом роҳе набошад сер кардани ишкам буд. Фикр кардам, беҳтар набуд, ки баъди аз сӯи ҳакамон баҳогузорӣ шудан, дегҳои ош ба хонаи ятимону бепарасторон бурда мешуд? Ё ақалан ҳар ноҳия дар ҳамин ид як ҷуфт ҷавонро бо ҳам хонадор мекард.

Дар ду кишваре, ки солҳои охир зиндангӣ кардам, мушоҳида намудам, вақте оши бепул медоданд, мардум навбат меистод. Касе бо касе ҷанг намешуд ва касе барои оши бештар талош намекард.

Ва дар охир. Ҳадафи ҳукуматро дар бораи ба “Юнеско” дохил кардани ош ва рақобаташ дар ин замина бо Узбакистон мефаҳмем, аммо дар шароите, ки ҷаҳон дар гирдоби буҳрони молиявист, бояд ҳар амал ва иқдом хуб таҳлил ва санҷида шавад.
Мӯҳр
Аз чи сабаб одами ришдор ва зани сатрпушро рох надодан.зебоги зан сатру руймолай ва зебогии мард ришай

ali
Хе said ришдорхо дар якруз 5 маротиба вузуъ мегиранд ту боши 1 маротиба.шармгохи ришдорон аз руи ту тозатаранд .озодагон ба чоп биёрен агар адлу инсоф дорен.

Мухаммад
Ин фестивали ОШ не фестивали шармандасозии миллат буд. Хама чангу хок, ифлос , тартибу интизом нест , ин ба ном фестивал то дарачачаи пасти ташкилоти ва антисанитари гузаронида шуд. Кас аз тамошоаш як миллати солхо гуруснаро медид. Хайфи Точикистони азизам чунин муарифи мешавад.

Bob
Кандата зан Нилуфари Карим!!

Сози Сози

Имоми Аъзамро чашн гирифтан то(18)мумкин нест масчит рафтан Масчити нави замони месозан ришдоро даро Мадан маънаст хар наъв бар нома сохта аз Европа пул (МТ-ЛБ) ва барои дехотеки зри сел монда аст барои ош кафгири тилоои хадия мекунан хаму оша ХУРДЕН БЕРИШО ДАР ХАКИ МУХОЧИРО ЯК ДУО ХАИР КУНЕД ЯК БАРОДАРИ БЕНОМУСИ ДИГАР ГУФТАСТ РИШДОРО АРАК МЕКУНАНД БЕРИШО ДУОШОН ДАРАВ МУСТАЧОБ МЕШАВАД ЧУНКИ ЗАНАК ЧИНСИ ЛАТИФАСТ ХУДОВАНД КАБУЛ МЕКУНАД ЧИНСИ ЛАТИФ(БЕРИШО)

Точик
кулябец,
Бародар маданият чунин шудаааст.

Тамоми бузургмардони таърих чи дини чи дуняви риш доштанд. Энгельс, Маркс, ленин, дзержинский, тамоми Пайгамбарон бузургон. Тамоми занони точик то инкилоби рус босатр буданд. Магар модаркалонхои мо гумрох буданд?
Тарсам нараси ба Каъба эй аъроби
ин рох ки мерави ба Туркистон аст.
Афсус....

о бечораи мардум ошам нахурдан
хама ошора карсон карсон бардошта бурдан
бочашмони худ дидам
Баъзе ошпазо мегуфтан ин дегро нарасед
Ин ош сагерахона меравад оё рост буд дуруг буд намедонам

А
Рахмат бар падару модари Шумо Нилуфарбону! Бехтарин суханонро гуфтед. Аслан худи ингуна чорабинихои фачу бемаъни аз бесаводии Шахсони ташаббускори он дарак медихад. Аз ин исрофкорихову маъракахои бемаъни дида гами ояндаи давлату халки камбагалро хурдан бехтар. Сомонии (пули милли) мо 1000 фоиз бекурб шудаистодаас иктисодиети сиёх моро тахдид мекунад, инхо бошанд факат корашон фишоровари бар мардуми Мусалмон ва чорабинихову базму тарабхои бемаънигузарони.

илхоми
Дар Наврузгох кондитсионер насб карда шудааст, ки бояд дар он чо чорабиниро мегузарониданд.

ДУНЁ БА БЕСАВОДО МОНДАСТ (((

jonon,
Кадушох,
Кадушох,
Кадушох,
Кадушох,

пах нафахмидамэ набоша я тлешкара мегрифтуму ба сари оши чалфасии бепул мерафтум се руз шкамбам сер мегашт пах пах афсусэ,нестай ягун чода ошаки бепул брем бчарем ика?

Точики
як бор дар интернет "вредь бороды" кобед ва мебинед ки риш мондан зарар дорад чунки пур аз микробу бактерия мешавад ва ба касалихои сирояткунанда оварда мерасонад

Ин бозам як спектакл мебошад. Мардума ба хар навъ нишон додани мешаванд, ки онхо кор карда истодаанд. Ман як пешниход мекардам, ки давлат як чунин чорабини барои сохтани корхонахои иктисоди ташкил мекарду ва акалан барои пайдо шудани чои кор ин корхонахоро дар мудати 2-3 сол аз хаммаи намуди андоз озод мекард яъне ман корхонахо тозабунёдро дар назар дорам. Аз оне ки корхона созану мардумро бо чои кору маъош таъмин кунану андоз насупоранд давлат зарар намебинад дар баробари насозану андоз насупоранд пас чои кор низ намешавад.

ТОЧИКРО БО НОМИ ТОЧДОРОН МЕШИНОХТАНД АММО ИМРУЗ МАЪЛУМ ШУД КИ ТОЧАШ РАФТААСТУ ФАКАТ ЧИК АШ МОНДААСТ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)