Бахшҳо

Нахустин зангҳои шикоятӣ алайҳи Ёров баъди даъвати ВКД аз мардум

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз шикоятҳои нахустин баъди нашри хабар дар бораи боз шудани парванда алайҳи вакили дифоъ -- Бузургмеҳр Ёров иттилоъ додааст.

Рӯзи гузашта ВКД бо иттиҳоми қаллобӣ ва сохтакории аснод нисбат ба Ёров парванда боз кард ва аз шаҳрвандон хост агар шикояте дар робита ба фаъолияти ӯ доранд муроҷиат намоянд. Сомонаи расмии ин ниҳод мегӯяд, дар пайи ин муроҷиат аллакай ду нафар тариқи телефони боварии вазири умури дохилӣ занг зада, алайҳи Ёров шикоят намудаанд. Манбаъ яке аз онҳоро сокини ноҳияи Файзобод муаррифӣ карда, гуфтааст, “муайан гардид, ки Ёров Б.Р. бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, дар давраи моҳҳои апрел-ноябри соли 2013, ба боварии шаҳрванд Мелиқулова Дилбар Донаевна, сокини ноҳияи Файзобод, кӯчаи Сино, хонаи №13, даромада, изҳор кардааст, ки метавонад баҳси шаҳрвандии дар Суди ноҳияи Файзобод баррасишавандаро ба фоидааш ҳал намояд”.

Ин ниҳод мегӯяд, Бузургмеҳр Ёров аз Дилбар Мелиқулова 2800 доллари амрикоӣ гирифта, дар мурофиаи суди гражданӣ иштирок накарда, маблағҳои ба даст овардаро ба манфиати худ сарф намудааст. Вазорати умури дохилӣ дар сомаонаи худ аз муроҷиати боз як нафари дигар нисбати Ёров хабар дода мегӯяд, “Бузургмеҳр Ёров аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо Тоиров Бадриддин, бо мақсади ба даст овардани маблағи пулии муфт, соли 2009 ба боварии шаҳрванд Ҳоҷиев Беҳруз Султонбекович даромада, аз ҳолати оҷизӣ ва вазъияти шадиди ноилоҷии охирин суистифода бурда, аз ӯ маблағи пулӣ ба миқдори 7000 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки дар Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аризаи даъвогии Миралиева Мадина Абдуллоевнаро оиди ҷудо кардани молу мулк ба фоидаи Ҳоҷиев Б. ҳал мекунанд”.

Бузургмеҳр Ёров дар пайи боздошти 13 масъули ҲНИТ бо иттиҳоми узвият дар гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим, дар суҳбат бо “Озодагон” аз таъсиси Кумитаи ҷамъиятии дифоъ аз ҳуқуқи боздоштшудагон хабар дод.
Мӯҳр
шикояткунанда Баҳром
Моро милиса лату куб кард барои ришомо, гуфтем ки ака ройгон ҳуқуқҳои моро дифоъ кун, не гуфт ва пул надоштем ки ба манфиати шахсиаш истифода кунад. барои хамин ба боварии мо даромад ва ба мо маслихати дуруг дод ки ришотона тарошед, дига проблема намешад. Ина мо акнун ришомоя тарошидем, аммо ба маслихати вай даромада зарар кардем. Зеро агар маслихати вая намегирифтем, кормандои ВКД бепул ришомоя тарошида медоданд, аммо бо маслихати ин адвокат мо аз бонк пул карз гирифта ду то ришгираки одноразовий бо нархи 4 сомониву 50 дирам харидори кардем, ки дар натича бо фоизи бонкиш 40 сомониву 55 дирам дар як солро ташкил медихад ва акнун мо мачбур шудем барои баргардонидани карзи бонк аз сабаби дар русия кор набудан ва вазъи бухронии бекори дар кишвар, аз кабири пул карз гирем. Аммо ба мо маълумот расид ки ин пулҳои хоҷагони хориҷии наҳзат барои тайёр кардани террористон будааст. Акнун ба маслихати ин Бузургмехай кияй, адвокат карочи, моро барои як ришгирак хонамона бонк гирифтани аст, пулиси байналмилал ба гумони даст доштан дар амалҳои террористи ҷустуҷу дорад. Илтимос як бзабонхат гиред аз ин адвокат ки ба гунохаш эътироф кунад ва барои гумрох кардани мо ба ҷавобгари кашида шавад. Бо эхтиром, ба адолати судӣ ва ҳақиқатҷуии кормандони кудрати эмони комил дорем!!!!!!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)