Бахшҳо

Муаллифон: “Баҳсҳо дар атрофи вуҷуди Худо ғаразноканд”

Аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша”, ки ахиран китоби ба табъ расондаи онҳо (“Ҷаҳонбинии оянда”), бахусус боби он дар мавриди вуҷуди Худо, боиси баҳсҳои зиёде шудааст, бо пахши баёнияе аз бархӯрдҳои шадиди корбарони Интернет изҳори норизоӣ кардаанд. Комил Бекзода, Нозим Нурзода, Ҳафиз Бобоёров (Холиқзода), Ёрмаҳмад Ниёзӣ, Шодибой Атоӣ, Нуриддин Шаҳобиддин, Номвар Қурбон Файзи Олӣ узви маҳфили “Ҷаҳони андеша” будаанд.

НАЗАРИ КОМИЛ БЕКЗОДА

Онҳо гуфтаанд, агарчӣ дар китоб касе таҳқир нашудааст, аммо то кунун дар Интернет нисбат ба муаллифони “Ҷаҳонбинии оянда” 300 вожаи таҳқиромезро ба кор бурдаанд. “Ин сабаби нофаҳмиҳо ва тавтиаҳо (дасисаҳо) и сиёсию мазҳабӣ ва нооромии кишвар гардиданаш мумкин аст”,-навиштаанд муаллифон.

Ин изҳороти аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” тавассути доктор Ҳафиз Бобоёров, ки яке аз онҳост, дастраси “Озодагон” шуд, ки матни комилашро инҷо мегузорем:

“Маҳфили “Ҷаҳони андеша” аз соли 1993 то 2013 давом кард. Ба муносибати 20 солагии маҳфил мо китоби “Ҷаҳонбинии оянда (Ҷаҳонбинии алтернативӣ)” ро таълиф намудем. Дар муддати 20 сол принсипи асосии Маҳфил ин буд: фарҳанг бидуни сиёсат. Ин принсипро мо дар тӯли 20 сол риоя кардем. Ҳарчанд ки ин Маҳфил тобеи маъмурияти Институти фалсафа буд, вале андешаҳои дар ин китоб омада назарҳои фард фарди муаллифони ин китоб мебошанд. Яъне андешаҳои китоб ҳисобаш аз ҳисоби Институти фалсафа ва Академияи илмҳо ҷудо аст.

Рӯи сухани муаллифони ин китоб ба сад соли ояндаи ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳон нигаронида шудааст. Бо ҳамин сабаб, номи китобро “Ҷаҳонбинии оянда” гузоштем.

Аз нашри китоб як сол гузашт. Касе аз фарҳангиёни тоҷик ба он таваҷҷӯҳ накард. Вале моҳҳои феврал ва марти соли 2014 ба сабаби ҳодисаҳои Украина якуякбора ҳаёҳуе дар атрофи яке аз мавзӯъҳои ин китоб (мавзӯи вуҷуди Худо) барпо намуданд. Мо чунин муносибатро дар нисбат ба як китоби фарҳангӣ мунсифона ҳисоб намекунем ва ғаразнок медонем. Мо муаллифон ҳеч гоҳ дар тӯли 20 сол ба масъалаҳои сиёсӣ ва мазҳабии ҷомеаи Тоҷикистон дахолате накардаем. Чаро ки чунин дахолатро мухолифи принсипи асосии китоб, ки фарҳанг бидуни сиёсат ном дорад, мешуморем. Ва то ба имрӯз побанди ин принсип ҳастем.

Маҳфили мо дар муддати 20 сол танҳо дар доираи шунавандагони маҳдуд, ки ба илм сару кор доштанд, мегузашт. Баҳсҳои мо дар пояи методологияи илми муосир баргузор мешуданд. Мо барои намуна ва мисол дар охири китоб рӯйхати 17 сарчашмаи илмиро зикр намудаем, ки дарбаргирандаи навтарин тадқиқоти илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ ҳастанд.

Мо, шаҳрвандони давлати демократӣ, фаъолияти худро ҳамеша дар партави Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекардем ва принсипе, ки ба фаъолияти мо дахл дошт, ин аст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳуқуқу озодии интихоб ва виҷдон дорад. Мо дар фаъолияти худ аз ин талаботи Сарқонун истифода намудем. Ба ин маъно ки ҳар шаҳрванде ҳақ дорад, ки дар нисбати ҷаҳонбиниҳо андешаи шахсии худро дошта бошад. Ва мо муаллифон ҳамин талаботро дар китоби мазкур татбиқ намудем.

Касоне, ки ин китобро мутолиа кардаанд, медонанд, ки мо доир ба ягон шахс, ақида, ҷаҳонбинӣ, арзишҳо ва ё ҳизбу ҳаракатҳо ягон сухани ноҷо ва таҳқиромез истифода накардем. Дар ҳоле ки дар расонаҳои ҷумҳурӣ дар нисбати мо зиёда аз 300 калимаи таҳқиромез истифода карда шудааст. Ин сабаби нофаҳмиҳо ва тавтиаҳо (дасисаҳо) и сиёсию мазҳабӣ ва нооромии кишвар гардиданаш мумкин аст. Аз ин хотир, барои ба вуҷуд наомадани нооромиҳо ва халалдор нагардидани амнияти кишвар ба мақсад мувофиқ медонем, ки ниҳодҳои қудратӣ ва амниятӣ аз чунин амалҳои ғаразнок пайгирӣ ва ҷилавгирӣ намоянд.

7 марти соли 2014
шаҳри Душанбе”


Дар акс: Ҳафиз Бобоёров
Мӯҳр
Наим Душанбе
шумо тарафдорони АТЕИСТОН ва Атавло мебоши !!!!!! Андешаи моро дар ин ду гурух нашр накарди!

яяяя
бароаро и фикрои мову шумо бехуда хаммаш иёра Худованд мезанад

Дилшод
Салом ба онхое, ки ин матнро мехонад ва хам ба онхое, ки аз тавфик дур рафтаанду фикри худро ба унвони илм муаррифи намуда чунин ба истилох китоб менависанд ва маънавиёти чомеаро хароб месозанд.
Ин китобро мутолиа намуджаам, бовар кунед ин китоб хам нест, ин як мачмуъи фикру андешахои галат, зиёновар ва бебунёд аст. Онро агар хонед якинан ба он бовар мекунед, ки афроде, ки онро руи когаз овардаанд ба мисли шахсоне хастанд, ки нав аз "таги бутта" хеста бошанд. Ба ин акидахои онхо илми фалсафаи муосир (илм, на андешахои галати инфироди) чавоби сахехро пешниход кардааст. Барои хамин касе аз олимони чидди махсусан хоричи онро агар хонад ба салохиятнокии ин "файласуфон" дар хайрат мешавад бо назардошти он ки аксари онхо номзадхои илманд.
Сониян ин як мардумфиреби аст, дар зери номи пурсарусадо андешахоеро овардаанд, ки мутлак сахех нестанд, мардумро ба куи соддалавхи мебаранд ба ба масъалахои глобали ва мухимтарини хасти посуххои нокобилона, бемантик ва гайриилми додаанд.
Агар муаллифони китоб бо ин норози бошанд омодаам бо хамаи онхо сари мизи гирд галатхои нобахшидании онхоро исбот намоям.
Ба умеди тавфик ва рушди илмхои гуманитари.

ннннннн
ба шумо муаллифони китоб ХУДО-и бузург рох нишон дихад. ОМИН

Як мусалмон
Аввал ман ба саид Мукарам ва хамаи Шурои уламо гуфтаниам,ки хуб мешуд,ки дар намозхои чума бачои тарифу ,тавсифи хкумату хукуматдоро бояд дар бораи дуст доштани мукадасоти Ислом ва пуштибони аз он сухан кунанд.Ва хуб мпшуд,ки ба чои мубориза бо ХНИТ-барои бархам додани он,ки ягона Хизбе хаст,ки пуштибони аз Ислом ва Мукадасоти Ислом мекунад,мубориза бояд бо ин бехудоён мебурданд.Аммо сад афсуз,ки чи кадар тавхин ба мукадасот шуд,чи кадар Конунхо зидди Шариати Ислом баромад,аммо Шурои уламо ягон сару садо баланд накард.Дар холе,ки пуштибони аз Ислом ва Мукадасоти Ислом аввал вазифаи Шурои уламо ва баъд аз хар,як мусулмони Точик мебошад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)