Бахшҳо

Номаи саркушодаи Иззат Амон ба раиси Маҷлиси Намояндагон

Иззат Амон, раиси Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия, бо нашри номае аз ҳарфҳои Шукурҷон Зуҳуров -- раиси Маҷлиси Намояндагон дар бораи теъдоди муҳоҷирон ва ҳаққи онҳо барои иштирок дар интихоботи парлумонӣ ба ҳайси номзад изҳори норизоӣ кардааст.

Матни нома:

“Шукурҷон Зуҳуров. Баҳси Шумо бо вакили Маҷлиси Намояндагон Мухиддин Кабириро дар бораи ширкати муҳоҷирон ба ҳайси номзад дар интихоботи кишвар маҷбур сохт, то ин сатрҳоро бинависам. Ба ҳеч кас пӯшида нест, ки парлумони Тоҷикистонро хомӯштарин парлумон дар ҷаҳон меноманд. Тӯли таърихи 20-солааш он то ҳол нисбат ба ҳеч лоиҳаи пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумати кишвар ва ё қарордодҳое, ки аслан ба манфиати давлату миллат набуда танҳо манфиатҳои гуруҳеро ҳимоя менамоянд, садо баланд накардааст. Мисолаш ҳамон озод кардани IRS аз супоридани андози давлатӣ бо вуҷуди номаълум будани раҳбарияти ин ширкат ва низ додани қисмате аз хоки кишвар ба Чин мебошад. Агар аввалиро ба сахтӣ ҳам бошад, фурӯ барем, охирӣ ба гумони ман нобахшиданист, ки муҷримҳояш ҳатман дар назди миллат ҷавоб хоҳанд гуфт.

Гузашта аз ин, аксарияти кулли парлумонро намояндаҳои як ҳизб ташкил медиҳанду лоиҳа ва ё қарордодҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумати кишвар бидуни баҳс қабул ва тасдиқ мегарданд. Яъне, дар ниҳоди зери раҳбарии Шумо танҳо манфиатҳои ҳизби ҳоким ҳимоя меёбанд. Мешавад гуфт, вакилони халқро ба ниҳоди зери раҳбарии Шумо интиҳоб нею таъин менамоянд. Баъзеҳоро аз рӯи ҷои зисту маҳал, баъзеи дигарро аз доштани мавқеи сиёсӣ ва идеологӣ ба ин ё он гуруҳ. Албатта, шунидани ин ҳарфҳо сахтанд, аммо ҳақиқат ҳамеша талх аст, ҷаноби раис! Боре дар як суҳбат аз ҷаноби Кабирӣ, ки чандин сол аст, вакили парлумон мебошад, пурсидам: Оё чунин шудааст, ки парлумон кадом пешниҳоди ҳукуматро рад карда бошад? Гуфт, “бале”. Дар як вохӯрӣ президент пешниҳод кард, дигар маро “Ҷаноби Олӣ” нагӯед, мо рад кардему гуфтем: На, мо мегӯем.

Ҳоло бигзарем ба асли масъала. Дар он суҳбататон Шумо зикр кардед, ки шаҳрванд агар 5 сол аз кишвар берун бошад ба таври автоматӣ аз шаҳрвандӣ хориҷ мегардад. Шумо инро қонуни конситутсионӣ номидед. Ба гумони банда, ин банди қонунро оиди шаҳрвандӣ комилан бояд аз Қонуни асосӣ ҳазф кард. Конситутсия бояд мутобиқ ба шароит ва вазъи мардум навишта шавад, на ин ки тақлиди кӯр-кӯрона бошад. Тамоми кишварҳо кӯшиш менамоянд, то сафи шаҳрвандонашон зиёд гардаду барои ин барномаҳои гуногунро ба хориҷиён пешниҳод менамоянд, то шаҳрвандии он кишварҳоро бипазиранд. Мо бошем, бо гузоштани муҳлат ва шарту шароитҳои нофаҳмою номақбул сафи шаҳрвандони худро кам менамоем.

Дигар ин ки зиёда аз 2 миллион шаҳрванди мо феълан дар муҳоҷиратанд. Бо набудани ҷойҳои корӣ ва маоши кофӣ дар кишвар теъдоди онҳо сол аз сол меафзояд. Ин ҳақиқатест, ки бо омори дурӯғин намешавад онро рупӯш кард. Дар ин миён, теъдоде ҳастанд, ки ҳамеша дар рафтуомад байни ду кишвар қарор доранду баъзеи дигар ин имконотро надоранд. Вакили парлумон Галина Рабиева дар исботи даъвои худ, ки чаро муҳоҷирон ҳаққи ширкат дар интиҳоботи кишвар ба ҳайси номзадро надоранд, гуфтааст, муҳоҷирон аз асл ва равандҳое, ки дар кишвар мегузаранд, бехабаранд. Ба гумони ман, ин ҳарфҳо нисбат ба муҳоҷирон туҳмати хушку холӣ ва дараҷаи баланди беинсофист.

Бояд зикр кард, солҳои охир аз Тоҷикистон на танҳо муҳоҷирони корӣ, балки донишмандону олимон ва ходимони хизматнишондодаи ҷумҳурӣ низ ҳиҷрат мекунанд. Ҳиҷраташон ҳам танҳо ба хотири ёфтани як даҳон нон мебошад. Аксарияти онҳо дар марказҳои илмии Русия кор менамоянд. Дониста бошед, ки танҳо дар ҳудуди Маскав ва навоҳии он зиёда аз 200 нафар омӯзгор дар донишгоҳҳои муҳтарами ин кишвар машғули тадрисанд. Ба гумони Шумо, ин устодон дар асри 21, асри илму техникаву интернет метавонанд аз равандҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии кишварашон бехабар бошанд?

Албатта не. Бинобар ин, ман суханҳои Шуморо дар ҳаққи ин устодони муҳтарам таҳқир мешуморам. Ба ҳамагон маълум аст, ки маблағи фиристодаи муҳоҷирон 80 дарсади буҷаи кишварро ташкил медиҳад. Мувофиқ бо омори расмии Тоҷикистону Русия муҳоҷирони корӣ солона 4,5 – 5 миллиард доллар ба хонаводаҳояшон пул мефиристанд. Мешавад гуфт, бонкҳои Тоҷикистон танҳо ва танҳо аз ҳисоби маблағи ирсолнамудаи муҳоҷирон фоидаҳои ҳангуфт ба даст оварда, андоз месупоранд. Яъне, дар умум ҳаминҳоянд, ки иқтисоди хнаводаҳоро мечархонанд.

Чизи дигаре, ки ба ҳама маълум аст, ин шумори ҷасадҳои ба Ватан овардаи муҳоҷирони корӣ мебошад. Солона мо зиёда аз 3 ҳазор тобут аз ин кишвар ба Ватан мефиристем. Қисмате аз инҳо ба таври маҷбурӣ аз дасти нажодпарастон кушта шудаанд. Яъне, муҳоҷирон ҷон дар каф гирифта, хонаводаҳои худ ва ҳукуматро мехӯронанду мепӯшонанд. Бар ивази ин ҳама ҷонбозиҳо ҳукумати кишвар чӣ хидмате барои муҳоҷирони ҷон дар каф анҷом додааст? Кай ва кадоме аз Шумо – намояндагони парлумони кишвар ва вакилони халқ боре ба суроғи муҳоҷирон омадед? Оё боре шудааст, ки Шумо ҳамчун раҳбари ниҳоди қонунгузор ва вакили халқ боре ба аёдати муҳочири бемору дилшикаста ва ё таъзияи хонаводаи муҳоҷир рафта бошед? Гумон накунам.
Намояндагиҳои Тоҷикистон дар ин кишвар, яъне сафорату консулгарӣ ва Хадамоти муҳочират низ нисбат ба муҳоҷирон дақиқан ҳамон мавқеъеро доранд, ки Шумо доред. Боре надидаем, ки сафорату консулгарӣ ба суроғи муҳоҷири тоҷик рафта бошанд. Корашон танҳо фурӯши варақаҳои бозгашт ва бизнес мебошад. Бовар накунед, аз худи муҳоҷирон пурсед.

Ман ҳам муҳоҷирам. Инак, 15 сол аст, ки дар ҳиҷратам. Моҳе як бор ба ватанам танҳо ба хотири муҳаббати доштаам ба ин Ватан сафар мекунам. Дар донишгоҳҳо ва марказҳои илмии Русия таҳсилу тадрис кардаам. Ҳамеша дар маҳфилҳои сиёсию фархангии ин кишвар даъват мешаваму аз мавқеи Ватану миллатам дифоъ мекунам.

Дар охир аз Шумо ва Галия Рабиева талаб менамоям, барои таҳқири зиёда аз 2 миллион шаҳрванди муҳоҷири тоҷик узрхоҳӣ кунед. Дониста бошед, Шумо ҳамеша наметавонед вакили халқ ва раиси парлумон бошед. Рӯзе мерасад, ки ҳар яке аз мову Шумо барои ҳар ҳарфу амаламон назди ин миллат ҷавоб хоҳем гуфт. Хуб аст, агар ин ҷавоб пешопеш гуфта ва карда шавад.

Иззат АМОН,
Раиси Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия”
Мӯҳр
Офарин, Иззатчон. Умедворам, ки суханхои Шумо албатта шунида мешавад. Ояндаи Точикистон хатман дар дасти чавонони имруза хохад шуд. Армияи парламентарияи 20 сола мумкин баъди хондани ин сатрхо бедор шавад...

Ту худат ки? Кадом Иттиходро рохбари мекуни? 15 сол дар "хичрат" боши, ту аллакай шахрванди Россия хасти.
Аз баромадхои ту дар махфилхои сиёсию фарханги ба мухочирон чи фоида аст? Кормандони вазорату сафоратро чи бехуда паст мезани?
Ту ки боши ба Раиси Мачлиси намояндагон тахкир мекуни ва талаб мекуни? Вакте ки ту фисот овезон буди, Зухуров ба давлат гурезахоро баргандода буд.
Хамин корхоро танхо ба хотири каме даромад гирифтан мебари.
Фахмо.
Ин "номахои" ту тахкиромезу пур аз тухмат ва нотавонбини мебошанд.
Дар Москва кайф карда, аз хисоби хамон мухочирони бечора зиндагиатро мебари. Ватанатро бад мекуни. Ба вакилон тахдид мекуни?
Ту чи депутат шудани? Худатро доно месози, ягон гуфтахот дуруст нест. Аз вазъият бехабари, мардум туро ба гайр аз хамин шурандозони Озодагон намешиносад.
Хай, боз як бор ПИАР карди.
Бо "чуръат" ба калонон дуг зади.
Як гапат рост - вакт меояд дар назди мардум чавоб медихи. Инчунин дар назди Худованди таъоло. Аз худо битарс!

хислати бад аст гуфтахои вокеиро нахонда, онро галат маънидод кардан
аз сайти Садои мардум махсусан баромади Рабиеваро хондам
дар бораи мухочирони мехнати ягон гап нест
Гуфтааст:
«Аз ҷумла пешниҳод дар хусуси хориҷ намудани талабот нисбати номзад ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҷиҳати дар қаламрави кишвар на камтар аз 5 соли охир истиқомат доштан дастгирӣ наёфт. Ин талабот яке аз шартҳои муҳими фаъолияти намояндаи мардумӣ мебошад. Шаҳрванде, ки панҷ соли охир дар қаламрави ҷумҳурӣ истиқомат намудааст, бо вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва ҷамъиятию сиёсии он, шароити зиндагии аҳолӣ шинос мебошад ва ҳангоми таҳияи барномаи пешазинтихоботии худ метавонад роҳҳои рушди минбаъдаи ҳудуди дахлдор, беҳсозии сатҳу сифати зиндагии мардумро пешниҳод намояд»
Магар нодуруст?
Дар нома бошад боз дуругихои дигар оварда шудааст.
Фаъолияти сиёсиро аз чунин изхороти сохта сар кардан нораво аст.
Иззат, чавон хасти ва шояд гурур дори, аз номат фахмида мешавад. Падару модарад умед доштанд аз ту. Вале дар сиёсат хавобаланди ва беиззати ба дигарон рохи бесамар аст.
Баргашт ба Точикистон, бо мехнати халолу рафтори нек худро нишон дех! На бо гапхои бехудаю бехурматона нисбат ба калонсолон.
Ё ки слабо?

in izataton butun tuhmatchi budaastku.guftahoi zuhurovro xondam yagon tahkir nest ku.charo tuhmat ba vazir mekuni???inro ba javobgari kashed rafik zuhuruf.in xudash muhojironro axmak karda pulhoshona girifta gashtaast.

Иззат афсус ки шумо гуфтахои Зухуровро дар сесия ба пурраги нагуфтед, инчунин Зухуров дар баромадаш кайда карда буд ки агар касе аз мухочирони мехнатии вокеъи нияти вакил шудан дошта бошад пешбари карда шавад ва ман шахсан ба у кумак мерасонам

шахрванд
Мухочир то ин андоза дар назди ин хукумату косалесонаш бе эхтиром ва нодаркор шудааст,ки хатто барой як изхори назар хам агар оддитарин изхори назар хам бошад аз он хоин,душман,хочагони хоричи намедонам соли 92 ва ким чи хел бахонаву далелхой пучу холиро пеш меоваранд ва бо ин мехоханд тарафро муттахам ва худашонро ватандусту давлатдусту миллатдуст нишон диханд гуё,ки миллату миллатдуст танхо хаминхо бошанд ватан факат аз хамино бошад ба касе хоханд медиханд шумо ягон далили илмитару мантикитар надоред дигар,ки бахс кунед?гузашт он гапу харфхо хозир мардум дар асри 21зидагиву фаъолият мекунанд ин миллат бе шумо хам ба пеш харакат дорад хусусан мухочирхо шумо бошед ханузам дар асрхой гузашта шах шуда мондаед......як маколи мардуми хаст,ки меган бахонай кампири гузин чавину чургот...........

войййй дод хакаст охир! хак аст!

Гариб
Боракаллох бародар . Худо сафи бародарони рушанфикр ро зиеда гардонад !!!

Сари таъзим барои ин номаат мефарорам, Иззат Амон. Рахмат ба падару модарат. Инсони комил ва боакл будаи. Агар ин депутатхои бо ном депутати мо чун ту ва Кабири мебуданд, Точикистон басо пеш мерафт. мутаассифона ин депутатонро худованд барои кадом гунохи азиме сари халки точик овард, ва иншооллох онхо чи тавр ту гуфти рузе мераванд...хеч чиз абади нест...рузи равшан ба Точикистон меояд ва мухочиронро ман дар ватан хохам дид....

Чи ин кадар кабирихоро таъриф мекунед? Дах сол депутат буда, як лоихаро пешниход кардааст, тамом.
Барои мухочирон хамо Кабириатон чи хизмат кард. Ба гайр аз тухмату доду вой ва чунин маколачахо ягон фоида нест.
Факат игвогари.
Понятно, интихобот дар пеш. Бинобар ин нахзатиён ва шариконашон вохимасозиро сар карданд. Яктоаш "латхури"-и худро дар Бадахшон ташкил мекунад, дигараш гуё дар гами мухочирон месузад.
Чунин иззатхо худашон вакил шудани мехоханд. Кани он мухочири-сохтмончи?
Чаро Иззати махмадоно ба Ватанат хитзмат намекуни.
Кадом чавононро муттахид карди дар Русия? Хамаш дуруг, сафсатта.
Бо комментхои хамоно Вахидова, Бобоназарова, ва дигар ба ном "ватандорон", ки лагандбардорони гарбиён мебошанд.
Пускай мо лагандбардорони хукумату президентем, ин аз косалесии америкоихо ва ватанфурушхо бехтар аст.

Хама гапхои раисро чаппа кард ин бача.
Якумаш, ягон шахрванд шахрвандиро автомати гум намекунад.
Аз кучо ин гапхоро гирифти, Иззат-вохимачи.
Дуюм, он ки анекдотхои Кабириро оварди, пас Кабири низ лагандбардори Чаноби Оли будаст.
Лекин Садои мардумро варак задам, як катор лоихаи Хукумат низ баргардонида шуд. Боз ба аксарияти лоихахои конунхо, ки аз чумла аз чониби Хукумат ва хатто Президент ворид шудаанд, эродхо баён карда мешаванд, ки эродхои чиддианд.
Кабири ки худ ба Мачлис гох-гох ба кор меояд, хусусияти корро хуб намедонад. Хондем, ки у порсол 83 маротиба ба хоричи кишвар рафт, 245 руз дар кор набуд. Дар дах сол як лоихачаро оруг дод.
Пас сабаби гавгои шумо чи?
Хасад, бахили танхо аз бемахорати асос меёбад.
Хонед, хонед, боз хонед!

антииззат,
Можно простить человеческую глупость — она бывает непреднамеренна, но нельзя прощать человеческую подлость — она преднамеренна всегда.
беаклии баъзе аз ин шорехони фурухташударо метавон бахшид, онхо маъзуранд. Аммо фосики ва дуруягии бисёри инхоро наметаон нодида гирифт. Иззат Амон бо шумо ҳамфикрони зиёде ҳастанд дилмонда набошед!

Иззат Амон, аз Г. Рабиева ва дигар хукуматдорони мо наранчед, зеро онхо хама ТВТ тамошо мекунанду дар асоси дуругхои хамин ниход хулоса мебароранд. Бехбаранд хама. Намедонанд, ки агар мухочирон хар сол омдаман гиранд, танхо пулхояшон ба пардохти налогхои хукумат мерасаду халос. Эй хукуматдорон, айб аст, наход чуз ба инсону дуруг имон надошта бошед?
Бубинед, агар Хукумати Точикистон тули ду сол супоридани налогро моротория эълон кунад, кафолат медихам, ки кулли корманди давлати ва депутатхо хатто носки намеёбанд, ки пушанд. Хама зиндагии мо аз хисоби мухочирин аст, мухочире, ки сабуртарин кишри чомеаанд. Бинобар ин, хукуматдорон, боре хам чашматонро кушоед!

антииззат,Ба шумо магар айб нест чунин суханонро гуфтан,оё хукумати Точикистон хамин кадар мусичаи бегунох аст? Аз гуфтани хаки кории президент дар ягон расона метарсанд,дар тамоми дуньё хаки кори президент кушода хаст ва инро декларация мегуянд ,вале дар мо чи? Хамин Зухурови гуфтагиятон харчанд ман махалбозиро нагз намебинам,вале обу руи мардуми водии Каротегинро резонд,шармандаги аз ин бисьёр намешавад,чун ки руирост нисбати чи кадар будани мухочирони чи хел зиндагони кардани онхо руирост дуруг гуфт. чаро як бор омада аз холи мухочирон хабар намегирад,аз онхо боре хакикати холро намепурсад,чи хеле ки пеш аз интихоботи президенти Точикистон карда буданд.Мухочирон хаки чамъ кардани имзоро ба тарафдории номзади худ надошта буданб,вале хаки овоздихи дошта буданд,дар сурате,ки аз он шахсе ки тарафдори кардани буданд дар интихобот рох наёфт,онхо чи хел метавонанд рафта аз дигар кас тарафдори кунанд? Чаро то ба хол дар бораи чи кадар овоз додани мухочирон ягон сухане гуфта нашудааст,кани мархамат як хунар карда чоп кунед ё кам овоз додан ё шумораашон аз хисоби дуругуни хукумат зиёд баромад? Хатто то он дарачае рафтан,ки аз кадом махали Россия чи кадар овоз чамъ кардан аллакай мауйян буд пеш аз интихобот.Ба шумо якчанд мисол меорам,барои чи рохи Душанбе-Чанак пули аст,дар холе ,ки рохи альтернативи бепул нест,барои чи корхонаи ИРС андоз намесупорад?Барои чи корхонаи нави сементбарори,корхонаи Азия Экспресс,боз ким кадом корхонаи мургбарори аз андоз зод карда шудаанд ба кадом хотир? Барои чи корхонаи Талко назар ба халки одди ва дигар корхонахо баркро аз хама арзон мегирад? Кани як назари шуморо фахмем бародар,агар чавоб дихи боз саволхои дигаре хаст.

антииззат,
ofarin barodar antiizat bob kardishaaaaa

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)