Бахшҳо
06 мар 2014 13:33Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Комил Бекзода: “Дар боби инкори Худо дигар баҳс карданӣ нестам”

Комил Бекзода, ходими Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон, мегӯяд, ҳадаф аз таълифи "Ҷаҳонбинии оянда", ки ҳоло бо вокунишҳои тунд рӯбарӯ шудааст, зинда кардани кадом як баҳс дар ҷомеа набуда, он як мақолаи ҳисоботӣ дар шакли протокол мебошад.

Бекзода рӯзи 6 март дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “бархе аз дӯстон ба хотири муҷодала бо ман, мавзӯъҳои "Ҷаҳонбинии оянда"-ро ба баҳс кашидаанд, ки дигар дар ин мавзӯъ бо касе суҳбат карданӣ нестам”.

Комил Бекзода мегӯяд, ин мақолаи онҳо ҳеч гуна китоби илмӣ, баҳсӣ ва идеологию фалсафӣ нест: “Ба хотири хотима ёфтани ин баҳси хасакӣ аз ин ба баъд дар ин мавзӯъ бо касе муҷодала намекунам ва ҳар кас бо мо баҳс мекунад, китобҳои зиёд дорем, марҳамат!”

Ходими Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи илмҳо мегӯяд, мақолаи "Ҷаҳонбинии оянда" маҳсули 20-солаи маҳфили “Ҷаҳони андеша” мебошад, ки аз тарафи ӯ ташкил шуда, мавриди мазаммати бархеҳо қарор гирифта буд: “Вақте мо маҳфили Ҷаҳони андешаро ташкил кардем, баъдан баъзеҳо гуфтанд, ин маҳфил нест, чойхонаи Бекзода мебошад. Мо тасмим гирифтем, барои барҳам задани ин нофаҳмиҳо дар шакли хулоса мақолаеро ба нашр расонда, ҷомеаро огоҳ кунем, ки дар муддати ин 20 сол мо чӣ кор кардем.”

Оқои Бекзода дар мавриди ҷой доштани бобе дар бораи инкори вуҷуди Худованд дар “Ҷаҳони андеша” гуфт, албатта онҳо мавзӯъеро дар ин бора дар мақола ҷой додаанд, ки аз ҳама муфассалтарин қисмати он маҳсуб мешавад. Вале ба гуфтаи ӯ, дар ҷомеа ин қисми мақолаи онҳо каме дигар матраҳ шудааст: “Масъалаи ҷавҳарӣ ин аст, ки мушкили асосии инсоният ба назари Ҷаҳони андеша вуҷуди марг ва мурдани инсонҳост. Ҳамаи динҳо ҳам кафолат медиҳанд, ки гӯиё пайғамбарону Худоҳояшон инсонро пас аз мурдан зинда карда, ба онҳо ҳаёти абадӣ мебахшанд. Мо дар асоси китобҳои илмии ҳозираи ҷаҳони Шарқ гуфтем, илми имрӯза алакай роҳу усули аз нав зинда кардани инсонро дорад. Он вазифае, ки динҳо назди худ гузоштаанд, илми имрӯза алакай инро иҷро карда метавонад. Барои ин андешаро гуфтан, агар дар бораи Худо гап назанӣ, намешавад. Дигар мо чизе дар бораи Худо нагуфтаему мақомашро муҳтарамона аз нигоҳи таърихӣ ба қалам кашидаем.”

“Ҷаҳонбинии оянда” дар шакли китобчаи иборат аз 40-саҳифаӣ моҳи июли соли 2013 бо теъдоди 100 нусха дар нашриёти «Кайҳон»-и шаҳри Душанбе ба табъ расидааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Tojik
Яке аз файласуфи машхури замон Фахру Рози рузе ба Бухоро меояд ва мардуми зиёд аз паси у мегарданд як кампире аз як чавон мепурсад у кист ки мардум аз пасаш мегардад баъд чавон мегуяд,ки у Фахру Рози кампир мепурсад кист у чавон мегуяд ки у олиме хастки бар вучуди Аллох хазор далел дорад пас кампир мегуяд ки агар хазор шубха намедошт хазор далел намеёфт ва Фахру Рози пеш аз маргаш мегуяд ки эй кош дар акидаи хамон кампири Бухороги мемурдам агар ин файласуфи беимони чохил агар чустучу мекард бар миллион шубхааш миллион далел бар вучуди Аллох меёфт

ариел
ман исбот мекунам ки худо вучуд надорад аммо барои он шартхои бисер мухим менузорам

нафакахур
Дар асл чомеаи мо 70соли хукумати шуравиро паси сар карда аст,мафкураи бисери одамони шурави хамин акидаи атеисти мебошад,то хол рохбарони макомотхои кудрати акидаи атеистиро пайгири мекунанд,ки имруз барои саркуб кардани динни ислом мубориза мебарад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)