Бахшҳо

Номаи саркушодаи Иззат Амон ба раиси Маҷлиси Намояндагон

Иззат Амон, раиси Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия, бо нашри номае аз ҳарфҳои Шукурҷон Зуҳуров -- раиси Маҷлиси Намояндагон дар бораи теъдоди муҳоҷирон ва ҳаққи онҳо барои иштирок дар интихоботи парлумонӣ ба ҳайси номзад изҳори норизоӣ кардааст.

Матни нома:

“Шукурҷон Зуҳуров. Баҳси Шумо бо вакили Маҷлиси Намояндагон Мухиддин Кабириро дар бораи ширкати муҳоҷирон ба ҳайси номзад дар интихоботи кишвар маҷбур сохт, то ин сатрҳоро бинависам. Ба ҳеч кас пӯшида нест, ки парлумони Тоҷикистонро хомӯштарин парлумон дар ҷаҳон меноманд. Тӯли таърихи 20-солааш он то ҳол нисбат ба ҳеч лоиҳаи пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумати кишвар ва ё қарордодҳое, ки аслан ба манфиати давлату миллат набуда танҳо манфиатҳои гуруҳеро ҳимоя менамоянд, садо баланд накардааст. Мисолаш ҳамон озод кардани IRS аз супоридани андози давлатӣ бо вуҷуди номаълум будани раҳбарияти ин ширкат ва низ додани қисмате аз хоки кишвар ба Чин мебошад. Агар аввалиро ба сахтӣ ҳам бошад, фурӯ барем, охирӣ ба гумони ман нобахшиданист, ки муҷримҳояш ҳатман дар назди миллат ҷавоб хоҳанд гуфт.

Гузашта аз ин, аксарияти кулли парлумонро намояндаҳои як ҳизб ташкил медиҳанду лоиҳа ва ё қарордодҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумати кишвар бидуни баҳс қабул ва тасдиқ мегарданд. Яъне, дар ниҳоди зери раҳбарии Шумо танҳо манфиатҳои ҳизби ҳоким ҳимоя меёбанд. Мешавад гуфт, вакилони халқро ба ниҳоди зери раҳбарии Шумо интиҳоб нею таъин менамоянд. Баъзеҳоро аз рӯи ҷои зисту маҳал, баъзеи дигарро аз доштани мавқеи сиёсӣ ва идеологӣ ба ин ё он гуруҳ. Албатта, шунидани ин ҳарфҳо сахтанд, аммо ҳақиқат ҳамеша талх аст, ҷаноби раис! Боре дар як суҳбат аз ҷаноби Кабирӣ, ки чандин сол аст, вакили парлумон мебошад, пурсидам: Оё чунин шудааст, ки парлумон кадом пешниҳоди ҳукуматро рад карда бошад? Гуфт, “бале”. Дар як вохӯрӣ президент пешниҳод кард, дигар маро “Ҷаноби Олӣ” нагӯед, мо рад кардему гуфтем: На, мо мегӯем.

Ҳоло бигзарем ба асли масъала. Дар он суҳбататон Шумо зикр кардед, ки шаҳрванд агар 5 сол аз кишвар берун бошад ба таври автоматӣ аз шаҳрвандӣ хориҷ мегардад. Шумо инро қонуни конситутсионӣ номидед. Ба гумони банда, ин банди қонунро оиди шаҳрвандӣ комилан бояд аз Қонуни асосӣ ҳазф кард. Конситутсия бояд мутобиқ ба шароит ва вазъи мардум навишта шавад, на ин ки тақлиди кӯр-кӯрона бошад. Тамоми кишварҳо кӯшиш менамоянд, то сафи шаҳрвандонашон зиёд гардаду барои ин барномаҳои гуногунро ба хориҷиён пешниҳод менамоянд, то шаҳрвандии он кишварҳоро бипазиранд. Мо бошем, бо гузоштани муҳлат ва шарту шароитҳои нофаҳмою номақбул сафи шаҳрвандони худро кам менамоем.

Дигар ин ки зиёда аз 2 миллион шаҳрванди мо феълан дар муҳоҷиратанд. Бо набудани ҷойҳои корӣ ва маоши кофӣ дар кишвар теъдоди онҳо сол аз сол меафзояд. Ин ҳақиқатест, ки бо омори дурӯғин намешавад онро рупӯш кард. Дар ин миён, теъдоде ҳастанд, ки ҳамеша дар рафтуомад байни ду кишвар қарор доранду баъзеи дигар ин имконотро надоранд. Вакили парлумон Галина Рабиева дар исботи даъвои худ, ки чаро муҳоҷирон ҳаққи ширкат дар интиҳоботи кишвар ба ҳайси номзадро надоранд, гуфтааст, муҳоҷирон аз асл ва равандҳое, ки дар кишвар мегузаранд, бехабаранд. Ба гумони ман, ин ҳарфҳо нисбат ба муҳоҷирон туҳмати хушку холӣ ва дараҷаи баланди беинсофист.

Бояд зикр кард, солҳои охир аз Тоҷикистон на танҳо муҳоҷирони корӣ, балки донишмандону олимон ва ходимони хизматнишондодаи ҷумҳурӣ низ ҳиҷрат мекунанд. Ҳиҷраташон ҳам танҳо ба хотири ёфтани як даҳон нон мебошад. Аксарияти онҳо дар марказҳои илмии Русия кор менамоянд. Дониста бошед, ки танҳо дар ҳудуди Маскав ва навоҳии он зиёда аз 200 нафар омӯзгор дар донишгоҳҳои муҳтарами ин кишвар машғули тадрисанд. Ба гумони Шумо, ин устодон дар асри 21, асри илму техникаву интернет метавонанд аз равандҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии кишварашон бехабар бошанд?

Албатта не. Бинобар ин, ман суханҳои Шуморо дар ҳаққи ин устодони муҳтарам таҳқир мешуморам. Ба ҳамагон маълум аст, ки маблағи фиристодаи муҳоҷирон 80 дарсади буҷаи кишварро ташкил медиҳад. Мувофиқ бо омори расмии Тоҷикистону Русия муҳоҷирони корӣ солона 4,5 – 5 миллиард доллар ба хонаводаҳояшон пул мефиристанд. Мешавад гуфт, бонкҳои Тоҷикистон танҳо ва танҳо аз ҳисоби маблағи ирсолнамудаи муҳоҷирон фоидаҳои ҳангуфт ба даст оварда, андоз месупоранд. Яъне, дар умум ҳаминҳоянд, ки иқтисоди хнаводаҳоро мечархонанд.

Чизи дигаре, ки ба ҳама маълум аст, ин шумори ҷасадҳои ба Ватан овардаи муҳоҷирони корӣ мебошад. Солона мо зиёда аз 3 ҳазор тобут аз ин кишвар ба Ватан мефиристем. Қисмате аз инҳо ба таври маҷбурӣ аз дасти нажодпарастон кушта шудаанд. Яъне, муҳоҷирон ҷон дар каф гирифта, хонаводаҳои худ ва ҳукуматро мехӯронанду мепӯшонанд. Бар ивази ин ҳама ҷонбозиҳо ҳукумати кишвар чӣ хидмате барои муҳоҷирони ҷон дар каф анҷом додааст? Кай ва кадоме аз Шумо – намояндагони парлумони кишвар ва вакилони халқ боре ба суроғи муҳоҷирон омадед? Оё боре шудааст, ки Шумо ҳамчун раҳбари ниҳоди қонунгузор ва вакили халқ боре ба аёдати муҳочири бемору дилшикаста ва ё таъзияи хонаводаи муҳоҷир рафта бошед? Гумон накунам.
Намояндагиҳои Тоҷикистон дар ин кишвар, яъне сафорату консулгарӣ ва Хадамоти муҳочират низ нисбат ба муҳоҷирон дақиқан ҳамон мавқеъеро доранд, ки Шумо доред. Боре надидаем, ки сафорату консулгарӣ ба суроғи муҳоҷири тоҷик рафта бошанд. Корашон танҳо фурӯши варақаҳои бозгашт ва бизнес мебошад. Бовар накунед, аз худи муҳоҷирон пурсед.

Ман ҳам муҳоҷирам. Инак, 15 сол аст, ки дар ҳиҷратам. Моҳе як бор ба ватанам танҳо ба хотири муҳаббати доштаам ба ин Ватан сафар мекунам. Дар донишгоҳҳо ва марказҳои илмии Русия таҳсилу тадрис кардаам. Ҳамеша дар маҳфилҳои сиёсию фархангии ин кишвар даъват мешаваму аз мавқеи Ватану миллатам дифоъ мекунам.

Дар охир аз Шумо ва Галия Рабиева талаб менамоям, барои таҳқири зиёда аз 2 миллион шаҳрванди муҳоҷири тоҷик узрхоҳӣ кунед. Дониста бошед, Шумо ҳамеша наметавонед вакили халқ ва раиси парлумон бошед. Рӯзе мерасад, ки ҳар яке аз мову Шумо барои ҳар ҳарфу амаламон назди ин миллат ҷавоб хоҳем гуфт. Хуб аст, агар ин ҷавоб пешопеш гуфта ва карда шавад.

Иззат АМОН,
Раиси Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия”
Мӯҳр
Бародар Иззат Амон матни номаатон сад дар сад дуруст аст. Ва 100% бо шумо хамфикрам ба харфхои алакии ин ЛАГАНБАРДОРОН ахмият мадех.
Хазорон корвон рафтанд дав-дав,
Ханузам ин сагон доранд ав-ав.
Зинда боши бародар Иззат, Худованд нигахбонат!

Иззат Амон, дар асл - Холов (як номи дабдаба гирифтааст, ана хоксори!) - рафики наздики Кабири ва узви ХНИТ мебошад.
Ин махмадоно ба вакилон тахдид мекунад - Кабири чи хомуш аст? Дар бораи "фишор" нисбати худаш доду вой то осмон.
Вакилон ба вохурихо, Кабири бошад ба Туркия сафар кардааст. Фарзандонаш дар он чо буданд. Ин чи беэътинои нисбат ба интихобкунандагон?
Ё у дар хорича пул чамъ мекунад барои митингхои минбаъда?
Хамин Амон хам аз фаъолияти МН , аз корхои имруза ва ракамхои дакик тамоман бехабар аст. Факат дугу пуписа. Худнамои. Номаам худ далели он аст, ки чунин шахсон, ки дар Точикистон истикомат намекунанд, вакил шудан наметавонанд.
Хондам баъзе комментхоро - "офарин", "ахсан" - аъзои гурухчаи худи Амон навиштанд. Аксари мардум ин "Овозагонро" намехонанд, тасаввуротам надоранд, ки Амон кист.
Бечора - хамин кадар нафс дорад, вале афсус.
Бинобар ин "кахрамони" кардааст, бо "чуръат" ба бузургон аккос мезанад.

мачлисгох
канда занед, чаноби Иззат, дар Москва шиста як бар бар раисону вакилони чоночони моро ларзондости , суханат тез ва буранда бачча! Хоби харгушии моро халалдор накун бачам, илтимос.

ба ГАРМИ

Ту бечора хатто мавзуи бахсро нафахмиди
Менависи "Мухочирон хаки чамъ кардани имзоро ба тарафдории номзади худ надошта буданб,вале хаки овоздихи дошта буданд,дар сурате,ки аз он шахсе ки тарафдори кардани буданд дар интихобот рох наёфт,онхо чи хел метавонанд рафта аз дигар кас тарафдори кунанд?"
Якумаш - сухан дар бораи чамъ кардани имзохо набуд.
Дигар ин ки, мехохи ба дигарон бахо дихи, аввалан акидаи хар ду тарафро омуз. Сайти Садои мардумро кушода баромадхоро хон. Факат аз видеои бурида хулоса набарор.
Нисбати мухочирони мехнати бошад он кадар, ки Зухуров ва Рабиева барои онхо хизмат карданд ягон аз кабириён накард. Иззатихо дар "махфилхо" баромад мекунанд, онхо бошад дар вохурихои расми. Мисоли охирин аз вохурии Зухуров ва Матвиенко овардан мумкин аст.
Робита низ бо шахрвандон дорад. Албатта мисли Кабири ин кадар вакти холи надоранд, ки хар хафта ба сафар раванд. Онхо кор мекунанд. Кабири бошад танхо худнамои мекунад. Бипурс кучо аст Кабири дар вакти вохурихо бо интихобкунандагон? Дар Туркия, бо фарзандонаш. Ин чи муносибат ба кор?
Ба дигар саволхоят чавоб намедихам. Бо курнамакон чи фоида бахс кардан? Маълумот дастрас аст. Ба гайри хамин ба ном Озодагон дигар расонахоям бояд хонд, агар иддаои хакдусти кардани.
Вале ба назарам, кобилиятат танхо барои хондани чунин прессаи зард мерасад, маводи чиддии аналитики барои ту дилгиранд.

Мухтарам Иззати Амон, ассалому алайкум! Кабл аз он, ки дар хусуси номаатон фикру акидаи хешро нависам, мехостам аз Шумо оиди Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия”, ки рохбариашро ба ухда доред, пурсон шавам. Таи ду руз боз аз шогирдони сершуморам, ки дар Русия (аз чумла - дар Маскав) мехнат мекунанд, пурсидам, ки чунин созмонро медонанд/шуниданд? Мутаассифона, кулли онхо (яъне ки ХАМААШОН) гуфтанд ки на!
Ва дар бораи мактубатон ба номи Шукурчон Зухуров. Бовари дорам, дар мактабу оила тарбияи дуруст гирифтагистед, ва расму оинхои бехтарини мардуми точикро дар гариби то хол фаромуш накардагистед? Пас чаро дар нома ба шахсе, ки синну солаш аз Шумо хело хам зиёд аст (новобаста аз он ки мансабдор аст, ё на) лоакал салом гуфтанро/навиштанро фаромуш кардед? Шумо ки рохбари созмони бо чавонон кор карда истода хастед, дар мамолики гариби чавонони точикро чи гуна тарбия менамоед? Сониян, дар як матн Галия ва Галина Рабиева ном нафарон хастанд. Инхо ду нафари гуногунанд ва ё як нафар? Танкид кардан кори сахл нест, танкидам кунед - аввалан, ба иззати нафси кас нарасед, дуввуман, танкид ки кардед, ягон илочи вокеаро пешкаш намоед, вагарна ин танкид нею ДЕМАГОГИЯ аст! Бо эхтиром: Рустам Бахриддинов
Искандар,

Огои иззат!
Аз дур истода сафсата гуфтан кори осон аст. Шахсан Шумо ба ин сарзамин ва ба ин мардум чи некие кардаед? Хаёл мекунед, ки давлату давлатдори кардан дар ин чахони пурмуаммо кори осон аст. Шумо ва шумобаринхо таги чанд муддат аст вой дод бардоштаед, ки замини бобоии шуморо ба Чин додаанд. Фикр мекунам, ки аз асли вокеа хуб огах хастед, вале боз кушишхои миёншикане мекунед, ки хукуматдорони имрузаро барои дуруст хал намудани муаммои садсола вучуддоштаи халношудаи марзии 25 хазор км. кв. миёни Чину Русияи подшохи ва баъдан байни СССР ва Точикистони мустакил зери шубха гузоред. Ба фикратон бояд чи гунна ин масъала хал мешуд? Охир Чин ин Киргизистон нест, ки ба хар рох байни мардуми миёнмарзи игво хезонеду аз дурр тамошо кунед, ки чи гунна хукуматхо ин мушкилиро паси сар мекунанд.
Дар мавриди ба хайси номзад пешниход кардани шахсони дар мухочират буда низ ба фикри шумо рози шудан ин маънои онро дорад, ки амнияти Точикистонро зери хатар гузоранд. Дар таърихи давлатхои пасошурави буданд мисолхои ба ин монанд. Ва хамаи мо шохиди он гаштем, ки онхо ба чи оварда расонданд. Хубаш он ки аз дур истода ба хочагони хоричиатон хизмат кунеду пули аз онхо мегирифтаатонро халол кунед.
Хамин тавр, барои амсоли шумобаринхо хуб мешуд, ки фикри номзад пешниход намудани худро дар интихоботхои Точикистон аз сар дур мекардед.

Ин изат амани гапхои кабириро такрор мекунад, ё шогирдаш аст ё хаммаслакаш.

Ба фикрам ин номаи саркушодаи шумо ба гайр аз худрекламакуни дигар чизе нест.

Дар хамин чо хам мухочиронро руз намедихад, аз ахволи бади мухочирон ба манфиати худ мехохад истифода барад.

Ин кадар вохима месозем, вале ягон касс савол надодааст, оё тахкир буд аз тарафи вакилон.
Умуман «тахкир» чист? Тавре дар Кодекси гражданї омадааст, тахкир беадабона бо алфози ќабех паст задани шаъну шараф ва эътибори шахси дигар мебошад.
Дар гуфтахои Зухуров чунин амалхо дида намешаванд. Раиси МН ракамхои расмии хадамоти мухочирати Россия ва Точикистонро зикр кардааст. Илова ба ин, Зухуров изхор намуд, ки агар ягон мухочири мехнатии конуни номзадии худро пешбари мекунад, ба у шахсан кумак мерасонад.

Яъне ин адвокатчаи бузург Имон хукуку конунхоро намедонад.
Баръакс у тахкир ба вакилон кардааст. Дар нома як катор маълумоти бардуруг ва тахкиромез баён шудааст. хамаи аломатхои тахкир ба назар мерасад.

Хар як масъаларо, махсусан сиёсиро, бояд хаматарафа омухт.
Дар гапхои вакилон тахкирро наёфтам.
Аз афташ, факат ба иззати нафси хамин Иззат расиданд, ки меъёри будагии конунро химоя карданд. Шахрванд барои пешбари ба номзади вакили бояд дар Точикистон 5 соли охир истикомат кунад. Ин «бечора» 15 сол дар «хичрат» будааст. Омузиши сайтхо нишон дод, ки Иззат Амон, номи аслиаш Холов будаст, пеш дар Туркия Покистону Эрон гашт, бинобар ин калимаи «бечора»-ро ба нохунак гирифтам.
Бешубха, у номзад мехохад шавад. Маълумот дар Интернет аст, ки хамавакта Кабириро дар хонааш кабул мекунад ва дар сафархояш хамрохи мекунад. Шояд, рохбари нахзатиён дар навбати худ ба у ваъда додааст, ки ба руйхат дохил мекунад. Тибки конун бошад – мумкин нест. Тезакак лоихаро сохтанд, вале гуфти русхо – облом шуд.
Аз ин чост тахдиду доду вой. Вале ин вохимааш ба ним пули пучак намеарзад. Нафъи худро бо мушкилоти мухочирон пардапуш набояд кард. Накшахои нахзатиён ошкоро шуд – мухочирони чавононро ба шур андохтан, ба ватани худ изтиробу бадбахтихо овардан.

Барои маълумот - сайти Садои мардумро хонед ва мукоиса кунед
Дар расонахои расми хама маълумот борхо санчида мешавад,
Аз баромади Зухуров дар вохури бо Матвиенко
«Ҳангоми баррасии масъалаи тасдиқи созишнома вакилони мо роҷеъ ба пахши маводи ғаразнок дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби баъзе сиёсатмадорони Россия изҳори ташвиш намуданд. Барои баъзеҳо ин ҳол дар муборизаи сиёсӣ ҳамчун фишанг истифода бурда мешавад, вале бурди ҳаминлаҳзаӣ бар ивази бохти асосӣ муқоисанашаванда аст. Пахши наворҳои иғвоангезу таҳқиромез дар Интернет, латукӯби шаҳрвандони мо, куштори муҳоҷирони меҳнатӣ, бо фиреб напардохтани ҳаққи меҳнати вазнинашон – ҳамаи ин, бешубҳа, баррасӣ ва дахолати вакилони моро тақозо менамояд.»

Аз баромади Матвиенко
«…баъзе шахсиятҳои Россия аз тариқи телевизионҳо, Интернет ё дигар расонаҳои хабарӣ суханони иғвоангез ва ё наворҳои таҳқиромез пахш менамоянд. Албатта, ҳоло даврони демократия аст, мисли кишвари Шумо дар Россия низ баъзеҳо бо истифода аз озодии сухан ақидаҳоеро иброз медоранд, ки чунин ақидаҳо ба халқу кишвари Россия ҳеҷ иртиботе надоранд. Сарфи назар аз ин, ман барои чунин суханон аз ҷониби кишвари худ узр мепурсам.»

Амони Иззат
Аксаран ҳар як нафари солору рӯзгордида дар хонаводаҳои тоҷик ба аҳли таббори хеш талқин мекунанд, ки “Ибтидо ҳар суханро насанҷидаву нафаҳмида нагӯй, аввалан аз таҳлили зеҳн гузарон, то ҳазм шавад ва сипас онро баён кун, ки он гоҳ суханат пурвазну рафторат одилона ҳоҳад буд”. Ин мисолҳоро зиёд овардан мункин аст, ки воқеан суханро санҷида гуфтан, кори адолатпешагон аст, аммо шуури таҳлил кардан, танқидро аз таҳқир фарқ кардан, суханро бамавриду баодобона гуфтан истеъдод аст.
Бародари азиз Иззат кори хуб аст, ки ҳадафи пуштибонӣ аз ҳуқуқи муҳоҷирон мекунӣ, аммо теъдоди онҳоро ба 2 миллион баробар мекунӣ, оё расмӣ аст? Бояд далели муътамад дошта бошӣ. Омори бисёр овардаӣ, аммо сарчашмааш аз куҷост? Намояндагони парлумонро сиёҳу сафед кардан кори осон аст, ҳамчунон аз дур сухан гуфтан ҳам мушкил нест. Номаи ту , аслан он қадар пуштибонӣ аз муҳоҷирон нест, балки ғарази дигаре дорад ва хонаандаро ба шубҳа меандозад, дар ҳар он чизе, ки шак аст, бешак ҷуз фармоише дигар чизе нест.
Шумо, ки тадрискардаи марказҳои миллии Руссия ҳастед, аммо дар мавриди ҳуқуқи интихоботии муҳоҷирон дар Қонуни интихобот огоҳии комил надоред, Галия Рабиева онро Қонун овардааст, аз пеши худ нагуфтааст. Дар мавриди сатҳи огаҳии муҳочирон аз равандҳои кишвар гуфтаниам, ки танҳо он нафароне, ки ба Интернет дастрасӣ доранд ва ё бо Интернет кор мекунанд, аз равандҳои кишвар бохабаранд, онҳо ҳам бошад, теъдоди нисбии муҳоҷиронанд. Зиёда нафарон ҳатто аз ҳуқуқҳои муҳоҷирии худ ба таври густурдаву кофӣ хабардор нестанд.
Дар мавриди интиқоли маблағҳо комилан бо шумо розиям.Дар мавриди марги ҷавонон низ дуруст мегӯед, бояд ба аёдати онҳо Ҳукуматдорону ваклион раванд. Ин ҳам ишораи хуб аст.
Аммо дақиқан пешниҳоди шумо чист? Он мактубе, ки бо заҳматҳои зиёд навиштед, шояд онро ба шакли пешниҳодоти аъзоёни итиҳҳоди ҷавонон ба таври дигар ироа мекардед. Ба ҷои он, ки ба як зани вакил нуктабардорӣ мекунед, ( он қадар занҳои зиёд дар Парлумон нестанд, мисли ин зан, ки ба бисёр масъалаҳои ҳукуки зан пойфишорӣ мекунад) аввалан фикри аъзоён ва муҳоҷиронро шунавед, ба хотири расидан ба курсии ковок шуда, миёни мардум фикрҳои носанҷидаро паҳн мекунед, ин рафторатонро одилона мешуморед. Фаромӯш накунед, ки тоҷикистониён аз миёни обу оташ гузаштанд, ватанро он қадаре, ки метавонанд, обод кардаанд ва мекунанд, мушкилотҳо ҳастанд, буданд ва мешаванд, аммо Имрӯз мардум маърифатии сиёсӣ доранд ва он барои фарқ миёни сиёҳу сафед мерасад.

вахдат и
бародар Иззат бехтарин номаро навиштанд чанобонеки ерод гирифтед манфиати милли чи маъно дорад инро хонед баъд ерод гирифтед шарт нест мухочиронро дашном додан ба инобат нагирифтани овозашон ин туф кардан бар миллатаст

Афсус ва боз сад афсус:
Афсус ки як гурухе аз одамони аз сиесати дохилии ватан ва шароити мехнатии мардум бехабаренд. Афсус ки бо амри касе чунин суханхо менависену аз мазмуни навиштахоятон бехабаред. Дар бораи суханони Изат Амон ба порлумони точикистон гуфтахояш талх аст аммо хакикат дорад масалан: порлумон мехохад конун кабул кунад дар бораи овоз надодани мухочирон ин як бесаводист валлох ки бе саводист дар холе ки барои мардуми мухочир шароити хуб оварад барои фикри миллати худ шахрванди дар хорич будаашро чаъм овардан нисбати идоракунии давлат ба мардум велле мутаасифота онхоро мехоханд аз овозашон махрум сознд Ин амал худ вайронкунии конуни косититутсионист ки гуфта мешавад " хар шахрванд ТЧ хукуки овоз додан ва дар интахобот иштирок карданро дорад" мувофики ин конуни консититутсиони хар шахрванди точикистон но вобаста дар кучо истикомат мекунад хаки овозро дорад...баъдан ин ки шахрванди дигар давлат шудан осон нест!! Бо вучуди он ки давлати точикистон имконияти шахрвандони худро бо кор таъмин кирдан надорад ин дар асоси конуни консититутсиони ки кафолати зиндагии осоиштаро медихад" охи кучост дар хами мардум зиндагии осоишта? Бечора мухочир 14-15соат дар рузаш кор мекунад ки оилаашро хуронад парлумон гумон дорад ки дар кайфу сафост!! Охи э мардум чи сартонаба сари Кабири мемонед хар чанд Кабириро паст хам занед мардуми боакл бо майданияту бо номус медонад ки у кист Кабири чандин маротиба аз холи мухочир хабар гирифт мутаасифона дигар касе ба охи ин бечорагон намерасад онхо кушиш мекунан ки шароити оилави ва ватанро бехтар кунанд аммо порлумон нисбати эшон рафтори душманона мекунад бигзор узр пурсанд зиеда аз 2 млн мухочири точик

Олим
Барои марз баъди сад сол хам бошад мурдахояшон хатман чавоб медиханд.Инро осон напиндоранд.

давлат
Оё чунин шудааст, ки парлумон кадом пешниҳоди ҳукуматро рад карда бошад? Гуфт, “бале”. Дар як вохӯрӣ президент пешниҳод кард, дигар маро “Ҷаноби Олӣ” нагӯед, мо рад кардему гуфтем: На, мо мегӯем.

ИН ЧУМЛАХОРО ки намунаи аз кахрамонии парлумони точиканд ЧУН ШИОР ДАР тамоми кучаву дхот сабту овеза мебояд.....

БАРОДАРИ ГИРОМИ ШУМО ХАКЕД!!!! ЯК ЧИРО МЕУЯМ, МАКОМОТДОРОН БА МОНАДЕ, КИ ДАР ДАХОН ОБ ГИРИФТА ХОМУШАНД..... ШУМО НОМА НАВИСЕД, ЛЕКИН АКСУ АМАЛ СИФР 0000 МЕБОШАД БА МОНАНДЕ, КИ БА ГУШИ ХАР АЗОН МЕГУЯНД. БОКИ ХАМАРО ИНСОФ ДИХАД ! ХУДО НИГАХДОР ....

Сад ташаккур бародар Иззат Амон, Худованд падару модаратро рахмат кунаду шумо баринхоро болои ин миллат рахбар намояд. Дуруст гуфти ки хануз нашунидаем ки кадом мансабдоре боре ба суроги мо мухочирон омада бошад. Ман инак 10 сол боз мухочирам. Дипломи оли дораму номзади илмам. Дар ватан бо пули муаллими рузам пеш нарафт. Холо гуломи як рус хастам. Тули 10 соле ки хама мушкилро аз сар гузаронидам касе аз хукумат ба дари хонаи ман омада ахвол напурсидааст.

Борон
Ин парлумони гайрикасбист.Инро хама медонанд.Тахалука дар дигар чой бояд бошад.Миллати мо аз лихози саводи сиёси ва андеша гуломнамуд шуда,хатто аз шахървандони афгони низ кафо мондаем.Ин омил бошад моро ба тангнои феодали ва радикализми дини мебарад.Наход хукуматдоронро аклашон ба ин нагирад.Ба замми ин пурра маълум аст,идеологияи коммунисти пурра шикаст хурда ба он касе бовари надорад.Пас хукуматдорони имруза андешаи шахрванди муносиби давлати сохибихтиёру миллиро сохта натавонистанд.Суол инчост,ки чи бояд кард?Онхо мераванд, лекин давлати точикон бояд барои хазорсолахо боки монад,оё бо тафакури гуломонаи бавучудовардаи онхо кисмати талху умри кутохи давлати Сосониён ба мо тахдид намекунад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)