Бахшҳо

VIDEO: Шикояти наздикони гуруҳи 10-нафарӣ аз ҳукми Додгоҳи Душанбе

Наздикони бархе аз аъзои гурӯҳи даҳнафарӣ, ки ахиран бо ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанбе дар қатли Сорбон Музаффарбеков ва Саъдӣ Сатторов муҷрим шинохта шуда, дар маҷмӯъ, ба 98 соли зиндон маҳкум гардиданд, аз хулосаи додрас норозигӣ доранд. Онҳо мегӯянд, ин ҳукм нисбат ба фарзанду ҳамсарашон ғайриодилона буда, ҳақиқатро аз зинаҳои болотари додгоҳ хоҳанд хост.

Ибодат Муродова -- модари Шералӣ ва Ҷаҳонгир, ки яке панҷ ва дигаре 30 сол зиндонӣ шудааст, дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, ҳардуи писар ва, инчунин, ҳамсараш Салим Муродов, ки барои ду сол равонаи маҳбас гардид, аслан гуноҳе надоранд. Ба қавли хонум Ибодат, “писарони ман ягон гуноҳ надоранд, онҳо танҳо худашонро ҳимоя кардаанд. Писари калониам дар тарабхона нишаста будааст ва бачаи хурдиам ба сари акааш рафта, шоҳиди ҷанг шудааст. Чӣ, ҳамин гуноҳ аст? Бачаи маро дар барқ монда, латту кӯб ва тамоми гуноҳро ба гарданаш бор кардаанд.”



Мусоҳиби мо бовар дорад, афроде, ки дар куштори Сорбону Саъдӣ даст доранд, дар озодӣ ҳастанд. “Чаро Насиму Ҳусейн озод шуданду писарони мо не? Чунки онҳо шиносу пул доранд. Писари калониам - Ҷаҳонгир ҳамин қадар кор кардааст, ки дасту рӯи хунолуди Насимро шустааст. Магар ҳамин гуноҳ аст? Дар вақти мурофиаҳо гуфтанд, ки фармон аз боло шудааст. Ин боло куҷо бошад? Дар боло як Худо ҳасту президент. Президент ҳам ҳақиқатро мехоҳад. Писарам Шералӣ бемор аст. Дар панҷсолагиаш ӯро мошин зада буд. Ҳар замон бемориаш хуруҷ мекунад. Аммо ҳеч кас ба мо бовар намекунад”,-нақл кард ӯ.

Ҷамила Яъқубова, модари Шарафҷони Абдулазиз, узви гуруҳи даҳнафарӣ, ки 18 сол аз озодӣ маҳрум шудааст, мегӯяд, писараш донишҷӯи соли чаҳоруми Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия буда, дониши хуб доштааст. “Ҳоҷати баргузории мурофиаҳо чӣ буд, агар супориш аз боло бошад? Ҳамаро дар сардии зимистон саргардон карданд, агарчӣ барои гунаҳкор будани писарам ягон далеле наёфтанд”,-афзуд ӯ.

Субҳонқул, падари Тошзода Камолиддин, ки ӯ низ барои 18 сол равонаи зиндон шудааст, дар суҳбат бо мо гуфт, “дар ҳар як мурофиа фарзандони моро барвақт меоварданду намегузоштанд, то наздашон даромада, ақаллан як пиёла об диҳем. Мисли он ки террористҳоро меоранд, ҳамин хел рафтор мекарданд.” Падари Тошзода Камолиддин мегӯяд, яке аз муттаҳамони аслӣ дар қатли Сорбон Музаффарбеков нафаре бо номи Мубориз будааст, ки ҳоло дар фирор қарор доштааст. Ба қавли ӯ, “ҳарчанд дар бораи ӯ дар мурофиаи додгоҳӣ низ гуфта шуд, вале додситону додрас онро ба наари эътибор нагирифтанд.”



Додгоҳи шаҳри Душанбе баъд аз зӯҳри 10 апрел ба баҳси додгоҳии гурӯҳи даҳнафарии муттаҳам ба қатли Сорбон Музаффарбекови 20-сола ва Саъдӣ Сатторови 25-сола нуқта гузошт. Бар асоси қарори додгоҳ, Шералӣ Муродов, ки дар ҳар ду куштор муттаҳам мешавад, ба муҳлати 30 соли зиндони низомаш сахт бо мусодираи амволаш аз озодӣ маҳрум шуд. Ҳамзамон, падари ӯ - Салим Муродов ба хотири ироаи санади тақаллубии тиббӣ, ки гӯиё писараш бемори руҳист, барои 2 сол равонаи зиндон гардид.

Камолиддин Тошзода, Шарафҷони Абдулазиз, Сайфулло Кабутов ба муҳлати 18 - солӣ бо мусодираи молу мулк ва нигоҳ доштан дар колонияи низомаш сахт аз озодӣ маҳрум шуда, Дилшод Наимов барои 5 сол, Ҷаҳонгир Муродов, бародари Шералӣ 5 сол маҳкум ба зиндон шуданд. Аммо Насим Муҳиддинов, яке аз айбдоршавандаҳо аз толор озод шуда, Ҳусейн Ҳамроқуллов ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ ва духтур Домуллоҷонов, ки санади тақаллубиро ба хонаводаи Муродовҳо пешниҳод кардааст, ба 16 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, раҳо гардидаанд.

Сорбон Музаффарбеков, муштзани тоҷик, 26 августи соли 2012 дар наздикии тарабхонаи “Бешаи палангон”-и шаҳри Душанбе бо зарби корд захмӣ шуда, баъдан дар бемористон ҷон додааст. Қатли Саъдӣ Сатторови 25-сола моҳи апрели соли 2013 дар тарабхонаи “Шаҳрисабз”-и пойтахт сурат гирифтааст. Дар пайи ин ҳодиса, волидони Саъдӣ Сатторов низ аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дархост карданд, то тафтишоти қазияро зери назорати худ бигирад. Волидони ин ҷавони марҳум аз он нигаронӣ карданд, ки гӯиё қотили эҳтимолии фарзандашон аз оилаҳои бонуфузи Тоҷикистон аст ва дар гузашта низ аз ҷавобгарӣ барои чандин ҷиноятҳои вазнин халос шудааст.
Мӯҳр
Кобил
Агар модари Шерали актиёр мешуд аз ухдаи хамаи накшхо мебаромад.хахахахах

Хонанда
Холаи Ибодат, у бачаи шумо чи хел худаша химоят кардааст, ки бо корд 8 бор ба танаи одам задааст. Ун кадар ба химоятгар монанд нест.

Хамин рузи модари Шерали ба сарат биёяд.Ин магар чои хандааст, одам бояд тоба кунад.ту каси будаи ноодам будаи хамин ваъзият бар сарат.

Аз Худованди толлох ба оилаи Муродовхо сабру токат мехохам.

Shodik
Бачахои шумо факат тарабхона ба тарабхона мегаштанд да.....ба тарбият вакт надоштаед

Чавоб ба посухи шахрванд!!!! Шахрванди азиз надониста гапи кучагиро нагуй 8 корд дигар кас задаги Сорбона)))) Саъдия бошад як корд задаги хамонам бошад мехостаст ба дасташ занад лекин афсус ба дилаш расидааст. Ин хамаш айби муфатишони прокуратура мебошад.

Чавоб ба Кобил!!!! Хамон рузи модари Шерали ва дигар судшудагон насибатон гардад)))))


авс
чавонони точик аз маънавиёт дур шуданд. идеал надаранд. аниктараш идеалашон зури ва пулу сарват мебошад. оянда боз хам бадтар мешавад. беадолати дар чомеа низ сабабгор аст.

Президент ки додгустарй карда бошад Расули БМВ-ро кй додгустар мешавад? Худо ё Расул?

Президент, ки додгустарй карда бошад, додгустари Расули БМВ кй мешавад? Худо ё Расул?

Авалалан саломи худро ба "Озодагон" мерасанам Баъдан гуфтаниям ки ба ба падару модари Саъди махрум сабру токат худованд дихад ба ин фарзанди ба дунё овардаашон ...Ва баъдан гуфтаниам, ки аз овазахои куча ва хамсоягонашон шунидаам ки дар хечкучо кор намекардаасту ва бо бародараш Сорбон рекет ва авбоши дар Точикистон ном буроварда буданд айни замон бародари Махрум Саъди Сорбон рузи 17.07.2013 ду нафар шарвандро бо мошини шахсияш коидаи харакатро вайрон карда ба халокат расон дар назди Карияи -Боло ки пеш аз он Сорбон бародар махрум Саъди доғи суди дошт..ва бо ародари аз хама хурдияш бо авбоши дар додгох рузи наздик ба мухлати 3 сол аз озоди махрум карданд..Авалло рузи 28.04.2013 дар тарабхонаи Шаҳр Сабз аз руи шунидам бародарон Муродовхо бо рафиконашон дар зодрузи рафикашон нишаста будан аммо ба он зодруз Саъди даъват карда нашуда буд вале вакте ки дар байни рафикони дар хамончо нишаста гапояшон мегурезад Икромча ном шахс ки Саъди махрум посбони у будааст уро занг зада файрод мекунад ва у дар холати масти бо тапончааш омада се тир ба тарафи бачахоеки дар хамончо хузур дошта будан мепаронад ки дар натича чанг калон шуда ва ба ҳалокат мерасад Саъди маҳрум ...ки вакте ки Икром шахсе ба у занг зада мегуяд биё ба чанг дар он вакт соат 1 :00 шаб буд ки агар тарбияи хуб медошту аз ин кирдорхои авбоши дур мебуд ба инчо намеомад ва бо тапонча хатто паронданро наметавонист валле ки ин кирдорхои Саъди махрум чандин маротибахо буд ва хама чавонон ин кирдорхои авбошонаашонро бародарони Сатторовхоро Саъди махрум ва Сорбонро медонанд....вале дар ончо шаби 28.04.2013 рафико барои зодруз нишаста буданд наин ки барои чанг зеро ки махрум Саъдиро хечкас аз хонааш бароварда накуштааст у худаш ки аз кирдорхои авбошонааш ба халокат расидааст...Хеч кас аз худованди Бузург зур нашудааст..ман фикр мекунам ки ин хама насибу такдири бади хамин чавонписар маҳрум Саъди мебошад ки дар натича аз олам чашм пушид бо кирдорхои бади худ... Нафакат бояд як падару модари ин чавонписарон балки хамаи Точикистон бигзор падару модараш аз тарбияи фарзанди худашон дур набошанд..ки дар нитича ба ин кирдорхои фарзандаашон сар хам набошанд...Вале хакикат дар Чумхурии Точикистони мо хаст ман фикр мекунам ки дар халоте ки Саъди махрум бо тапончааш тарафи чавонмардоне ки дар хамон тарабхона нишаста будан паронд хар касе ки мебуд барои химояи худашон худашонро мухофизат мекарданд..ки ин наин ки одам куши балке моддаи 107 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мешавад ки дар он модда худхимоя карданро пешбини кардаанд.вале хама ин 7 нафари ки дастгир кардаанд бегунохан тарафи бади махрум Саъдиро хам дидан лозим аст ки хислатхои бади у ва абошонаашонро дар хамин видеоеи дар тарабхона сабт кардаанд мавчуд мебошад дидан лозим...Худо хамаи ин бандахои мусалмонро нигах дорад ва аклу тамиз дихад. ба диққататон ташакур

Сафар
Илочи вокеа пеш аз вукуъ гуфтаагнд. Холаи Ибодат бачаатро бояд дуруст тарбия мекарди, ки дар дискотекахо боодобона рафтор мекард. Насихат кардан даркор буд. Имруз аллакай дер шудааст. Занаки боявой метовию бачата соз нигох накарди. Номакул мекна ними шаб рестораншинию кордзани...

Бо хонандагони гиромӣ гуфтаниам, ки инҷо кормандони "Озодагон" танҳо иғвогариро медонанду бас. Зеро дар рафти тафтишоти пешакӣ кадом айбдоршаванда айбдор буду кадомаш айбдор нест муайян карда шудааст. Агар фарзандони ин шахсони мӯҳтарами дар боло калон калон гап мезада тарбия медоштанд шабу рӯз дар тарабхона намегаштанд. Охир ин чӣ хел худашро муҳофизат намудааст, ки 8 маротиба ба тани дигар шахс кор мезадааст??????? Ҳамин агар худмуҳофизаткунӣ бошад дар он сурат корд задан чӣ хели бошад????? Афандӣ ҳам хари худша таъриф мекунад. Акнун ток мондан, свет мондан, дар гарданаш бор кардан задан баҳона, шуд ки баҳона. Барои ҳамиқадар кормандони Озодагон ҳар хел гапу хару хархаша даркор нест. Шумо бояд он маводҳоеро рӯи чоп биёред, ки ба ҳақиқат наздик бошад

Хайрандеш
[s]Мо точикон аксариятамон менталитети ё маъданияти паст дорем ва инчунин доираи чахонбиниамон ва саводнокиамон нихоят махдуд аст ва сабабхои сар задани ин гуна чиноятхо низ хамин аст Бубинед,ки кариб аксарият дар бахсхо кариб ки шаб ба тарабхона рафтанро гунох хисобида котилонро сафед кардани мешаванд.Бародарон мо гусфанд нестем ки шаб шуд ба огилхо даромада пинхон шавем то ки гургхо моро нахуранд. Яъне чомеъаро ба ду таксим мекунанд Гургхо ва гусфандон ва гуё дар чомеъаи мо конуни Чангал чори бошад.Бародарон мо аввалан инсонем,баъдан мо дар асри 21 зиндаги карда истодаем.Ман шахсан ягон аз он нафароне ки дар тарабхона будаанд барои ба тарабхона рафтанашон айбдор намешуморам.Ин хукуки хар як инсони болиг аст.Касе шабхо бехоби мекашад ва баромада мехохад сайру гашт кунад Ин маъное онро надорад. ки агар касе уро занад ё кушад мо гуем ки худаш айбдор аст, бояд намебаромад.Чачол хам мешавад,мо хама фаришта нестем,аммо кордро ё дигар олотхоро,ки мо медонем,ки аз зарбаи он шахс ба халокат расиданаш мумкин аст.гирифта якчанд зарба ба бадани инсон задан,ин мудхиштарин чиноят аз тарафи як инсон нисбати инсони дигар аст ва сахттарин гунох аст дар назди Парвардигор.

Чавоб ба ХАЙРАНДЕШ!!! Бисер гапхои хуб навишти оиди гург ва гусфандон!!! Хакикат бояд руи об хезад ХУДОВАНД мададгор шавад ба оилаи Муродовхо)))

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)