Бахшҳо

ВИДЕО: Гирдиҳамоии бадахшониҳо ва ваъдаи сафири Тоҷикистон дар Бишкек

Бадахшониҳои муқими Қирғизистон рӯзи шанбе дар эътироз ба тирпаронии 21 майи шаҳри Хоруғ дар рӯбарӯи бинои сафорати Тоҷикистон дар Бишкек зери шиори “Ба ҷонибдорӣ аз ваҳдати Тоҷикистон” гирди ҳам омаданд.

Дар ин гирдиҳамоии мусолиматомез беш аз сад нафар иштирок карда, аз Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Чин хостаанд, намояндагии доимии худ дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшонро боз кунанд.

ВИДЕО: Гирдиҳамоии бадахшониҳо ва ваъдаи сафири Тоҷикистон дар БишкекТавре иштирокдорони гирдиҳамоӣ ба “Озодагон” хабар доданд, ба истиқболи онҳо Олим Раҳимов, сафири Тоҷикистон дар Бишкек баромадааст. Онҳо мегӯянд, дар суҳбат бо дипломати тоҷик аз вазъи ҷорӣ дар вилояти Бадахшон, ки кушта бар ҷой дорад, шадидан нигаронӣ карда, гуфтаанд, баъд аз ҳаводиси моҳи июни соли 2012 онҳо аз тақдири наздикони худ дар Бадахшон ҳамеша дар ташвиш мебошанд.



Ин зодагони Бадахшон ҳодисаи ба миён омада дар шаҳри Хоруғро натиҷаи мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодии вилоят донистаанд, ки ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст. Инчунин, онҳо гуфтаанд, ин қазия норозигии шадиди сокинон аз ҳукумати марказӣ, аз ҷумла мақомоти қудратии тоҷикро нишон медиҳад.

Дар пайи ин гирдиҳамоии худ, зодагони Бадахшон ба Олим Раҳимов, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон муроҷиатномаеро супоридаанд, ки дар он роҳҳалли мушкилоти пешомада дар Хоруғ зикр шудааст. Раҳимов низ дар навбати худ ба гуфтаҳои онҳо гӯш дода, ваъда додааст, муроҷиаташонро ба Душанбе хоҳад расонд. Тоҷикони гирдиҳамомада дар рӯбарӯи бинои сафорати Тоҷикистон дар Бишкек гуфтаанд, дар сурати иҷро нашудани дархости онҳо дубора баъд аз як ҳафта таҷаммуъ хоҳанд кард.

Дар муроҷиатномаи ин шаҳрвандони кишвар ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур, парлумон ва созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла омадааст, “мо аз вазъияти ахир дар Бадахшон сахт нигарон мебошем, бахусус аз таъйин шудани Шералӣ Хайруллоев, сардори бевоситаи амалиёти низомии соли 2012, ки талафоти ҷонии зиёд дар пай дошт, ба ҳайси раҳбари гуруҳи корӣ. Ба мо чанд фарзияи вуқӯи ҳодиса расидааст, ки ба кадоми аз онҳо бовар кардан мушкил аст. Ҷонибдорӣ аз ин тараф ё тарафи дигарро надорем, танҳо анҷоми зӯроварӣ, куштор ва волоияти қонуну адолатро талаб дорем.”
Мӯҳр
Махрухсор
Ин мардуми Бадахшон ачоиб будиян. Чинояткоронро дастгир карданй шаванд, эътироз мекунанд. О пас шумо хамагй чинояткор мй?

Махрухсори гироми, шумо нав фахмидед ми? Мо Бадахшонихо хамаги чинояткору одамхуру аждахорем... худро эхтиёт кунед...)))))))))))

Зоир
ОЛИ ШАТАИ ГОВИ МУРДАРА НАХУРДАЙ НАБОША ЯК ПО ХАМ ДОШТАБОШИ МЕГРЗИ ДУ ПОХАМ ИКАРИ БАД ХУДУТОНА ВОХИМА НАКУНЕН АЙ ХУДО БТАРСЕН ЯК ЧИЗИ ДИГАРА ФАРОМУШ НАКУН ХУДОВАНД ДАР БОЛОИ САР ХАСТ ДЕР МЕГИРАЮ САХТ МЕГИРА НОЛАРА КАЛОН БГИР ГАПА КАЛОН НАЗАН.

Ваше гузарондед ку . Мирни протестанты Киргизобаву OSCE ба ташаккуру точикиситон нобуд?
Хайруллоев молодетс!!!! Кто Вам дал права говорит за народ Бадахшана? и за Таджикистана. не пытайте терпение таджиков!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Салох
Ин мардуми Бадахшон Как будто намедонанд ки пеш аз хамин ходисахохам муносибаташон дар Хоруг бо коркунони хифзи хукук чихел буд? Намедонанд, ки чикадар наркабизнесхо дар унча чи корхои сиёх карда гаштиян? Мехохан худашон шох бошанду таъбашон вазир. Хато мекунед, гарчанде, ки шумо худатона Точик хам хисоб накунед шумо дар Точикистон зиндаги доред ва ин давлат бесохиб нест, ки руирост идораи прокуратура ва корхои дохилиро оташ занеду боз бечазо монед. Худатона бисёр доною босавод нагиред!!!!! Ба умеди Амрикою ОБСЕ нашаведу бо ин давлату рохбарони он шухи накунед!!!!! Хар кор хадду худуд дорад. Фарз кардем ки дар хамин ходиса иштибохи коркунони хифхи хукукхам буд, лекин ба шумо ки ичозат додаст, ки ин идорахоро оташ занед!!!!!

Очень прошу, перед тем как вызказаться по поводу беспорядков в Хороге, хорошенько подумайте. Я, будучи являясь памиркой и зная свой народ и систему власти по отношению к моему народу, памирцам, а не всему Бадахшану, ну Вы понимаете о чем я, не могу кого-то винить в этом вопросе. То что это некое проявление недовольства памирцев к центральной власти, это точно, на то есть основания и многие это знают. Тем не менее, памирский народ самый свободолюбивый, честный законопослушный и ... народ Таджикистана и это все знают. Так что из вышеизложенного можно сделать хотя бы поверхностный вывод, не копаясь в аналитические подробности.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)