АI: Наздикони Содиқов имкони мулоқот ва кирояи вакили дифоъро надоранд

Созмони Авфи байналмилал ё Amnesty International аз тақдири Александр Содиқов, унвонҷӯи донишгоҳи Торонто, ки 16-уми июн ба иттиҳоми ҷосусӣ дар Хоруғ боздошт шуда, феълан дар боздоштгоҳи муваққатии Душанбе қарор дорад, изҳори нигаронӣ намудааст.
Дар изҳороти нашркардаи Amnesty International гуфта мешавад, ки Содиқов ба пажуҳиши қонунии илмӣ машғул буд, ки натиҷаҳои он бояд барои омма пешкаш мешуданд. Ин созмон омили асосии боздошти Содиқовро таҳлукаи мақомоти тоҷик дар пешорӯи ҷосусҳои хаёлии хориҷӣ хонда, таъкид намудааст, ки ин унвонҷуй танҳо ҳаққашро барои пажуҳиш амалӣ кардааст.
Amnesty International аз он интиқод намудааст, ки наздикони Содиқов то ҳол натавонистаанд, бо ӯ мулоқот кунанд ва ҳатто имкон надоштаанд, ки барои ӯ вакили мудофеъ гиранд: “Танҳо мақомот изҳор доштаанд, ки Содиқовро бо вакили дифои давлатӣ таъмин намудаанд, аммо иттилои бештареро дар бораи вазъи ӯ пешниҳод намекунанд.”
Содиқов баъд аз зуҳри 16 июн бо иттиҳоми ҷосусӣ дар шаҳри Хоруғ боздошт шуд. Ӯро замоне дастгир карданд, ки бо Алим Шерзамонов, раҳбари дафтари Ҳизби состиал-демократи Тоҷикистон дар маркази Бадахшон суҳбат мекард. Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон рӯзи 17 июни соли ҷорӣ бо пахши изҳороте гуфт, Александр дар пайи иҷрои супориши хадамоти махсус (ҷосусӣ)-и яке аз давлатҳои хориҷӣ будааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |