Бахшҳо
15 авг 2014 16:49Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ду соат сӯҳбати Раҳматилло Зоиров бо Шӯҳрат Қудратов дар СИЗО

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва раҳбари Консорсиюми юридикии Тоҷикистон, ки аз ҳаққи муовини боздоштшудааш – Шӯҳрат Қудратов дифоъ мекунад, бо нафари таҳти ҳимояти худ дар боздоштгоҳи муваққат суҳбат кардааст. Ин дидорбинӣ ва суҳбати Зоиров бо Қудратов рӯзи 15 августи соли ҷорӣ сурат гирифта, ҳудуди ду соат идома доштааст.

Вале Раҳматилло Зоиров дар ҳоли ҳозир аз ҷузъиёти ин суҳбат худдорӣ карда ва гуфт, тафсилоти дидорбинияш бо Шӯҳрат Қудратовро дертар бо пахши баёнияе эълон хоҳад кард. Бо ин ҳол, дидори раҳбари Консорсиюми юридикӣ бо вакили мудофеи боздоштшуда баъди бештар аз ду ҳафтаи талошҳо ва ҷустуҷӯи муфаттиши парванда, ки корманди Оҷонсии зидди фасоди молист, сурат мегирад.

Қаблан Зоиров аз он шикоят дошт, ки дар бораи нафари таҳти ҳимояташ ҳеч иттилое нест ва муфаттиш ҳам гӯиё ба далели дар истироҳат буданаш аз вохӯрӣ ва сӯҳбат бо ӯ худдорӣ мекунад. Вай бо навиштани номае ба Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Шерхон Салимзода – додситони кул аз зиёдаравии раҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар низ шикоят карда, хостори кумак шуда буд. Ин ҳомии ҳуқуқ аз раиси ҷумҳур ва додситони кул хост, раванди тафтишот ва баррасии парвандаи нафари таҳти ҳимояти ӯро зери назорати қатъии худ қарор диҳанд.

Шӯҳрат Қудратов дар оғози моҳи июли соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон боздошт шуда, бо қарори Додгоҳи Фирдавсии пойтахт тӯли ду моҳ дар боздоштгоҳи муваққат мемонад. Оҷонсӣ ӯро барои пешниҳоди пора ба яке аз додрасҳои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муттуҳам медонад ва Абдуфаттоҳи Ғоиб, раҳбари ин ниҳод дар нишасти ахири матбуотяиш гуфта буд, дар сурати таъйиди ин иттиҳом Қудратов аз 5 то 10 сол зиндонӣ хоҳад шуд.

Ин боздошти Қудратов дар ҳоле сурат гирифта, ки ӯ тайи бештар аз як соли охир аз ҳуқуқи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии ҳизби Тоҷикистони нав дар додгоҳ ҳимоят мекард. Вай ҳамагӣ як ҳафта пеш аз боздошташ бо як номаи 21-саҳифаӣ ба парлумону ҳукумат, созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон муроҷиат карда, парвандаҳои Зайд Саидовро беасос ва сиёсӣ хонда буд.
Мӯҳр
ЭТО ВСЕ СПЕЦИАЛЬНО ТАК ДЕЛАЕТСЯ.

Агар ба чои Абдуфаттохи Гоиб ман хам мешудам Шухратро махкам мекардам. Ба фикрам дар давраи фаъолияти худ очонсии зидди фасод то ин дарача асрораш фош нашуда буд. Хатто ташхиси ДНК-ро чаппа рост карданд ва ин асрорашонро Шухрат чунон фош кард, ки мачбур шуданд ин айбномаро аз парванда бародоранд.Агарчи прокуратура аз болои муфаттишон барои подделкаи хуччат парванда накушод, худ фош шудани хамин асрор асрори худи очнсиро ба руи мардум кушод ва супориши будани парвандаи Зайдро исбот кард.
Дар мукобили хама далелхо далел овард. Агарчи у имруз махкам аст ва Зайд хам махкам шуд, бовар кунед Шухрат кахрамон шуд миёни мардум. Хакикатгуихои у муборизахои нотарсонаи у обруи уро миёни мардум афзун намуд ва махбуси сиёси эътироф шуд.

Санавбар
Мухтарам Р Зоиров Хамаи даводавихои Шумо бехуда мебошад Ин хукуматдорон барои паси панчара кардани Ш кудратов аз дасташон чизе ки ояд мекунанд Чунки Ш кудратов Хакикатро гап мезад базе Хукуматдоронда хакикат намефорад Худо накунад кадом руз шуморо хам паси панчара накунанд

Санавбар
Мухтарам Р Зоиров Ин Хукуматдорон чои шуморо ёбанд Шуморо хам паси панчара мекунанд Чихеле ки З Саидовро 26 сол зиндони кардан барои тачовуз ба фикри Хукуматдорон Охир писари Хукумов 3 нафаро ба чаханам равон кард барои чи 120 сомони чарима карданаш Боз Хукумов Шарм надошта мегуяд ки ин кори Матлубхон Давлатов мебошад Садкаи Матлубхон Давлатов кунад шуморо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)