Бахшҳо
05 окт 2014 19:41Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

"Курбан Байрам"-и Билайн дар рӯзи Иди забон, баъди "Любой ҷо"

Бархе муштариёни ширкати мобилии Билайн мегӯянд, ширкат бо ирсоли СМС-паёме онҳоро бо "Курбан Байрам" табрик кардааст.

Ба гуфтаи онҳо, ин паём бо забони русӣ навишта шуда, бар хилофи СМС-ҳои қаблии ширкат муодили тоҷикӣ надорад. "Вақте Билайн ягон тарофа ё хизматрасонияшро таблиғ мекунад, онро бо ду забон - русӣ ва тоҷикӣ мефиристад, аммо табрикоти Иди Қурбонро танҳо бо русӣ ирсол кард", - мегӯяд Умед, яке аз ин муштариён. Ӯ афзуд, аламовараш он аст, ки паёми русии Билайн дар Рӯзи забони тоҷикӣ фиристода шуд ва бо истифода аз ибораи туркӣ: "Ширкат моро бо Курбан Байрам табрик кардааст. Ибораи "Курбан Байрам", ки дар забонҳои туркасос маънии Иди Қурбонро дорад, дар тоҷикӣ умуман роиҷ несту касе ҳам онро истифода намекунад". Ба қавли Умед, ӯ муштарии як ширкати дигари мобилӣ ҳам ҳаст, ки дар табрикоти русӣ низ "Иди Курбон" навиштааст.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон аз истифодаи ибораи "Любой ҷо" аз сӯи ширкати мобилии Билайн шикоят карда, онро хилофи қонун "Дар бораи забони давлатӣ" номид. Масъулини кумита гуфтанд, ин ширкат ба ҷои номҳои тавсиядодааш - “Ҳама ҷо” ва “Самти дилхоҳ” тарифашро “Любой ҷо” номгузорӣ кардааст, ки муғойири меъёрҳои забони адабӣ мебошад. Аммо Мария Веторази, масъули робита бо ҷомеаи Билайн дар шарҳи “Любой ҷо” номгузорӣ шудани тариф ба “Озодагон” гуфт, он соддаю фаҳмо буда, дар омма васеъ истифода мешавад ва инчунин аз омилҳои шӯхӣ бархӯрдор аст: “Ин ном ба таври пурра моҳияти тарифи навамонро инъикос мекунад, ки дар он тамосҳо ба ҳамаи операторони мобилӣ нархи дастрас доранд. Баъдан ин номи сода, хотирмон ва дорои омилҳои ҳаҷв мебошад. Иттилооти таблиғотии тарифи “Любой ҷо” низ дар доираи қонунгузории Тоҷикистон мебошад, чун ба забони тоҷикӣ баён шудааст. Инчунин дар маводи таблиғотӣ маънои “Любой ҷо” шарҳ дода шудааст.”

Баъдан, ширкат навиштаҷоти "Любой ҷо"-ро дар таблуҳояш пок намуд ва пасон ин таблуҳоро аз кӯчаҳо барчид.




"Курбан Байрам"-и Билайн дар рӯзи Иди забон, баъди "Любой ҷо"


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Профессор
ҳамара туркӣ карданӣ!

Dev
Agar kumitai zabon dili tojikona dorad, pas masali " ajali buz dar dasti chupon" shiorash boyad shavad.

Вактеки дар Точикистон фаолият мекунанд бояд бо забони Точики табрик кунанд кумитаи забон бояд чарима бандад барои ба дигаронаш дарси ибрат шудан!

Хакикат
Назорати ичрои конунхо вазифаи макомоти прокуратура аст. Хохишмандем прокуратураи генерали ба ин масъала бетараф набошед.

Агар макомоти Точикичтон ягон зарра гурури милли доштабошанд ин операторро мебанданд!

Закройте этот Билайн. Ну кому он нужен. У нас есть достаточно лучших и перспективных компаний. Предлагаю переходить на них.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)