WEEKEND: “Любой ҷо”, “пулфиристониҳои тез”, “пайвастшавии бе подош”...
“Билайн” як тарофаашро “Любой ҷо” ном гузошту ба қавли худаш дар “любой ҷо”-и Тоҷикистон насб кард. Ба дунбол Кумитаи забону истилоҳот гуфт, ин навишта меъёрҳои забони тоҷикиро нақз мекунад ва миш мишҳое буд, қасд дорад, барои ин кор “Билайн”-ро ба додгох бикашад. “Билайн” ҳам нахост зиёд бо кумита сар ба сар шуда, дар додгоҳ “любой хел” гап занад ва навиштаи “любой ҷо”-ро яке яке тоза кард ва баъдан ба чиданаш оғозид.
Идеяи “любой ҷо” номгузорӣ кардани тарофа аз кӣ буд, номаълум ва инаш ҳам рушан нест, ки оё “Билайн” хисороти чопи ин қадар таблу ва варақаҳои таблиғотиро аз ӯ хоҳад ситонд ё хайр. Аммо ин мавзӯъ бори дигар таваҷҷуҳ ба навиштаҷот ва рекламаву таблиғотро бештар кард. Мо ҳам истисно набудем ва дар ин барнома мантиқи чанд рекламаро таҳлил мекунем. Видеоро бубинед ва агар назаре доред, зераш бинависед. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |