Бахшҳо
13 окт 2014 12:52Тоҷикистон / Иҷтимоӣ / Акс

Тарифи "Любой ҷо”-и Билайн ҳанӯз дар “любой” ҷои шаҳри Ваҳдат? (АКС)

Як хонандаи хабаргузории “Озодагон” бо ирсоли ду акс навиштааст, ки таблуҳои таблиғотии тарифи баҳсбарангези “Любой ҷо”-и Билайн ҳанӯз дар шаҳри Ваҳдат овезонанд.

Ин хонанда, ки худро Беҳрӯз муаррифӣ кардааст, менависад, дар бораи тоза кардани навиштаи “любой ҷо” аз таблуҳо дар расонаҳои хабарӣ хонда буд, аммо дар шаҳри Ваҳдат ҳанӯз ин навиштаҳо мавҷуданд: “Рӯзи 12 октбр дар чанд нуқтаи шаҳри Ваҳдат дидам, ки ҳоло ҳам тарифи “любой ҷо” реклом мешавад”.

Тарифи “любой ҷо”-и Билайн баъди он мавриди таваҷҷуҳи бештар қарор гирифт, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфт, ин ибора мухолифи қонуни Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ аст ва муғойир ба меъёрҳои забони адабӣ. Ба гуфтаи масъулини кумита онҳо ба ин ширкати мобилӣ тавсия дода буданд, ки тарифашро “Ҳама ҷо” ва ё “Самти дилхоҳ” номгузорӣ кунад. Аммо Мария Веторази, масъули робита бо ҷомеаи Билайн ба “Озодагон” гуфта буд, “любой ҷо” соддаю фаҳмо буда, дар омма васеъ истифода мешавад ва инчунин аз омилҳои шӯхӣ бархӯрдор аст: “Ин ном ба таври пурра моҳияти тарифи навамонро инъикос мекунад, ки дар он тамосҳо ба ҳамаи операторони мобилӣ нархи дастрас доранд. Баъдан ин номи сода, хотирмон ва дорои омилҳои ҳаҷв мебошад. Иттилооти таблиғотии тарифи “Любой ҷо” низ дар доираи қонунгузории Тоҷикистон мебошад, чун ба забони тоҷикӣ баён шудааст. Инчунин дар маводи таблиғотӣ маънои “Любой ҷо” шарҳ дода шудааст”.

Бо ин вуҷуд, навиштаи “любой ҷо” дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе пок шуда ва баъзе аз таблуҳо иваз шуданд.


Тарифи "Любой ҷо”-и Билайн ҳанӯз дар “любой” ҷои шаҳри Ваҳдат? (АКС)

Тарифи "Любой ҷо”-и Билайн ҳанӯз дар “любой” ҷои шаҳри Ваҳдат? (АКС)


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)