Бахшҳо

Қарзовӣ ба Интерпол: Аз ту ба Худои худ шикоят мебарам

Пулиси байналмилал ё худ Интерпол Юсуф Қарзовӣ, руҳонии саршиноси суннимазҳаби ҷаҳони Ислом ва раҳбари Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусулмонро дар пайгарди қонунии худ қарор додааст.

Ин ниҳод мегӯяд, номи Қарзовиро дар баробари 42 узви Ҳаракати “Бародарони мусулмон” (Ихвонулмуслимин) бо дархости мақомоти Миср ба ин феҳрист ворид кардааст. Интерпол дар сомонаи худ бо интишори акс ва мушахассоти шиносномаҳои қатарию мисрии Қарзовӣ, ӯро дар “таҳрики афрод ба қатли амдан, даст доштан дар фирори зиндониёни мисрӣ, оташ задан ва тахрибу ғоратгарии амокин” муттаҳам кардааст.

Қарор гирифтани номи Юсуф Қарзовӣ ба феҳристи афроди таҳти таъқиби Интерполбуда дар ҳолест, ки ахиран Имороти Муттаҳидаи Араб низ иттиҳоди таҳти раҳбарии ӯро созмони террористӣ эълон карда буд. Аммо Юсуф Қарзовӣ дар суҳбат бо расонаҳо ин иттиҳомот алайҳи худро рад карда, гуфтааст, ӯро дар фирори зиндониён дар ҳоле айбдор мекунанд, ки синаш ба 88 расидаву тавони сафар ба хориҷ аз Қатарро надорад.

Ин руҳонии шинохтаи сунни мазҳаб дар посух ба суоли хабарнигор, ки аз болои ин қарори Интерпол ба куҷо шикоят мебарад, гуфтааст, “аз ин қарору афроди "ташаббусгар" танҳо ба Худои худ, ки ҷудокунандаи золим аз мазлуму ҷорикунандаи адолат миёни махлуқонаш аст, шикоят мебарам.

Юсуф Қарзовӣ 88 сол дошта, яке аз руҳониёни маъруфи мисрӣ ва раиси Иттиҳоди уламои мусулмонони ҷаҳон мебошад. Ӯ бо нашри китобу мақола ва барномаҳои телевизионии динияш миёни мардуми мусулмон мавқеи хосеро касб карда, вақтҳои охир бо мавқегириҳои шадид нисбат ба бархе ҳукком ва сарони кишварҳои арабӣ дар сархати расонаҳои хабарӣ қаро гирифтааст. Қарзовӣ тӯли чанд муддат аст, Мисрро ба қасди Қатар тарк карда, то кунун имом-хатибии масҷиди Умар ибн ал-Хаттоби шаҳри Доҳаро ба зимма дорад.
Мӯҳр
Дилшод
Руки прочь от ученого!
Ин дархости ҳукумати Миср легитимӣ (қонунӣ) нест!

мусалмон
Хукумати гайриконунии Миср, ки худ садхо нафарро ба катл расондааст, худ террорист аст ва интерпол хам худ дасти яхуд ва террористони раками 1-и чахон аст ва дар хидмати гайри мусалмонхоаст. интерпол худ чинояткор аст, чи хак дорад ки як мусалмони 88 соларо тухмат мекунанд. чаро дар дунё хазорхо гайри мусалмоне аст ки дастонаш то оринч хунолуд аст вале озод мегарданд, зеро интерпол худ дастаке барои мубориза зидди ислом ва мусалмонхост.

Коршинос
Оқибат Мисри Араб низ мисли Ироқ макони тахрибу террор мешавад. Ин ногузир аст, зеро зулму ноадолатии ҳокимони нав беҳад зиёд шуда истодааст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)