Бахшҳо
08 янв 2015 19:38Ҳуқуқи инсон

Таҳдиди "Абӯ Холиди Кӯлобӣ" ба хабарнигорони тоҷик

Муъмин АҲМАДӢ

Як хабарнигори маҳаллӣ дар Кӯлоб мегӯяд, аз Сурия, аз як ҷангии тоҷики зодаи ин минтақа занги таҳдидомез дарёфт кардааст. "Абӯ Холиди Кӯлобӣ" таҳдид кардааст, ки хабарнигоронеро, ки "муҷоҳидон"-ро сиёҳ мекунанд, ҷазо хоҳад дод.


сардабири нашрияи мустақили “Пайк” мегӯяд, аз Нусрат Назаров, як ҷангии тоҷик дар Сурия, ки ҳоло худро “Абӯ Холиди Кӯлобӣ” ном мебарад, тариқи телефон таҳдид шудааст. Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи “Пайк”, ки асосан дар ҷануби Тоҷикистон паҳн мешавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, бегоҳи 6-уми январ ба телефонаш занги ношиносе ворид шуд ва вақте онро бардошт, “нафаре гуфт, ӯ Махсуми Нусрат, сокини Кӯлоб аст, ки ҳоло дар Сурия исми худро ба Абӯ Холиди Кӯлобӣ ё Фурқон Фаластин иваз кардааст.”

Ин рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, ин нафари бо ном “ҷиҳодӣ” шахсияти ӯро намедонист ва танҳо бо ӯ ҳамчун рӯзноманигоре сӯҳбат мекард, ки корманди ҳафтавори “Пайк” ва “зодаи Кӯлоб асту ҳамеша дар газета ва интернет муҷоҳидонро сиёҳ мекунад.” Аҳмади Иброҳим мегӯяд, Нусрат Назаров аз матлабҳое, ки дар мавриди “муҷоҳидон” навишта шуда буданд, шадидан нигарон буд ва ваъда дод, ки ҳатман ба рӯзноманигорон “гонорар”-и ин навиштаҳояшонро “пардохт” хоҳад кард. Хабарнигор мӯҳтавои таҳдидҳои ин ҷангии тоҷикро чунин қисса кард: «Ӯ гуфт, ки аз навиштани суханҳои бад нисбат ба муҷоҳидон даст кашед. Сухани аввалаш ҳам ин буд, ки чаро акси ӯро нашр кардаем? Ӯ гуфт, ки агар навиштани чунин матлабҳоро давом диҳед, дар Тоҷикистон одам дорад ва супориш медиҳад, то нависандаи чунин мақолаҳоро қатл кунанд.»

“Пайк”, ягона нашрияи мустақил дар вилояти Хатлон аст, ки бештар матолиби интиқодӣ нашр мекунад. Бозтоби мавзӯи ҷанги Сурияву Ироқ ва бераҳмиҳои созмони тундрави “давлати исломӣ” дар саҳифаҳои ин нашрия боиси пайёми таҳдиди гирифтани ин рӯзноманигор шудааст. Мақомоти интизомии Кӯлоб мегӯянд, дақиқ карданд, ки воқеан ин занги пӯшида ба телефони рӯзноманигор аз Сурия ворид шудааст. Як масъули мақомоти интизомии Кӯлоб гуфт, дар пайи муроҷиати рӯзноманигор ба омӯзиши ин таҳдиди телефонӣ оғоз кардаанд. Хайрулло Назаров, бародари Нусрат Назаров, ки ҳоло дар Кӯлоб ба мусофиркашонӣ машғул аст, дар сӯҳбат бо Озодӣ тавони бародараш барои “интиқом” гирифтан аз хабарнигоронро ночиз хонд ва гуфт, ки таҳдидҳои ӯро ҷиддӣ нагиранд. Ӯ гуфт: “Ба ягон воҳимааш бовар накунед. Дар Тоҷикистон ягон одам надорад. Одамаш, бародараш ман ҳастам, ки аз рангаш безорам. Ман 20 сол шуд, таксӣ мезанам. Намозамро мехонам ва касе ба ман кор надорад. Ҳоло кӯдаконашро ман хӯронида пӯшонида истодаам. Ҳама ба ҳоли додари ман механдад, ки наход, се кӯдаки нозанинро гурусна партофта, биравад. Одами ҳушёр чунин рафтор намекунад.”

Мӯҳтавои пайёми таҳдидомези Абӯ Холиди Кӯлобӣ ин будааст, ки дар сурати идома додани нашри чунин матлабҳо “идораи кори рӯзноманигорон метаркад.” Бо вуҷуди ин таҳдид, “Пайк” тасмим гирифтааст, ҳафтаи оянда бо иншои матлабҳои ботафсил чанд саҳифаи худро ба ин мавзӯъ бубахшад.
Нусрат Назаров, сокини маҳаллаи Чармгарони Кӯлоб соли 1976 таваллуд шуда, бино ба эътирофи худаш дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунад, якуним соли пеш аз тариқи Русия ва Туркия вориди Сурия шудааст. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ таълими хоси диниву дунявӣ надорад. Зоҳиран Нусрат Назаров ҳоло дар Сурия гурӯҳи тоҷиконеро раҳбарӣ мекунад, ки алайҳӣ режими Башор Асад ҳамроҳ бо дигар гурӯҳҳои таҳти фармони “Давлати исломӣ” меҷанганд. Ба мисли ӯ, бар асоси иттилои расмӣ, ҳоло 300 ҷавони тоҷик дар ҷангҳои Ироқу Сурия ширкат доранд ва то имрӯз, ба гуфтаи мақомот, дар бораи ҳалокати то 50 нафар аз Тоҷикистон дар Ховари Миёна гузориш шудааст. Аммо барои нахустин бор аст, ки як ҷангии тоҷик дар Сурия аз навиштаи матбуоти Тоҷикистон ба ғазаб омада, рӯноманигоронро таҳдид мекунад.
Мӯҳр
фатхулло
бори кач ба манзил намерасад бародарони дииш гумрохон хастед шумо Худо хидоятатон кунад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)