Бахшҳо

Додситон директорони “қонуншикан”-ро хезонд: Шумо сазовор нестед! ВИДЕО

Сафо Гадозода, ёвари додситони Душанбе зимни ҷаласаи Раёсати маорифи пойтахт тамоми мудирони мактаб ва омӯзгоронеро, ки дар соли 2014 даст ба фасоду қонуншиканиҳо задаанд аз ҷой хезонда, таъкид намуд, ки чунин афрод сазовори номи омӯзгор нестанд.

Гадозода зимни ҷаласаи маорифчиён, ки ахиран дар Душанбе баргузор шуд, изҳор доштааст, ки Сарқонун кафолати таҳсили ройгонро ба шаҳрвандон додааст, аммо баъзе афроди носазои соҳаи маориф инро сарфи назар мекунанд. Ӯ таъкид намуд, ки тайи соли 2014 нисбати 32 омӯзгор, аз ҷумла 8 мудири мактаб барои фасодкорӣ ва дигар қонуншиканиҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд, аммо тибқи афви эълонкардаи президент аз ҷавобгарӣ озод шуданд: “Аммо афв маънои онро надорад, ки шахс қонуншиканӣ накардааст. Чунин афрод ҳаққи ишғоли мансабҳои худ ва кор бо кӯдаконро надоранд.”

Ӯ аз саркашии баъзе афроди муттаҳам дар фасодкорӣ интиқод намуд, ки бо вуҷуди даъвати додситон ба бозпурсӣ ҳозир намешаванд, дар ҳоле, ки додситонӣ бе далел барои бозпурсӣ даъват намекунад: “Мо сабти видеоие дорем, ки дар он омӯзгор аз волидайн барои қабули фарзандонаш ба синфи як лифофа мегирад, бо вуҷуд мудири мактаб ин ҳолатро рад мекунад.”

Ин дар ҳолест, ки аввали моҳи сентябри соли 2014 дар шабакаи интернет НАВОРИ “порагирӣ”-и ноиби директори мактаби рақами 78-и пойтахт нашр гардид.

Аммо Саодат Шукурова, мудири мактаби рақами 78-и Душанбе ба “Озодагон” гуфт, муаллимаи муттаҳам дар порагирӣ иҷрокунандаи вазифаи муовини директор буда, феълан мавриди бозпурсии муфаттишони додситонии Душанбе қарор дорад. Шукурова афзуд, муовинаш даст доштан дар фасодро рад мекунад: “Ӯ мегӯяд, дар асл дар дохили конверт пул не, сурат ва маълумотнома буд.“

Шукурова нашри навори гӯиё порагирии муовинашро як иқдоми махсуси ғаразнок арзёбӣ кард, ки аз ҷониби афроди наздик ба яке аз роҳбарони қаблии мактаб роҳандозӣ шудааст, ки ба ҳамин минвол ду директори баъд аз худаш таъиншударо низ барканор намудааст.

Навори “порагирӣ”-и муовини директори феълии мактаби миёнаи 78 аз ҷониби як корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр гардида, дар шарҳаш навиштааст, “муовини директори мактаби №78 барои қабули ҳуҷҷатҳои ду кӯдак 450 сомонӣ пора мегирад”.
Мӯҳр
Каротегин
Агар додситони софдилона дар паи ичрои конун дар сохаи маориф бошад кани як мактаби #63 ро тафтиш кунад. Дар ин мактаб директор аз ягон чихат: малумот, дониш, малака, тачриба, касбият ва хато хислатхои одии инсони лоики ичрои вазифаи рохбари муасисаи таълими нест. Инро хама медонанд, райси нохия хам хабардор аст. Вале, маро райси шахр Убайдуллев дар вазифа монда, пушти ман аст гуфта - хамаро то райси нохия писанд хам намекунад, факат шантаж кораш. Мактабро як манбаи сарватчамкуни барои худ табдил додааст. Кадоме муаллиме, ба руяш гапи рост гуяд, бадном карда мачбур месозад ки мактабро тарк кунанд. Кани додситон ана ин чо худро нишон дихед! То кай бечораеро, бепуштро бо ночиз говсуд карда хисобот медихед.

точдор
Ба хама маълум аст, ки имруз бо бахонаи фонди мактаб хар мох аз хар хонанда аз 25 то 30 сомони мегиранд ва ба талабхо мегянд ки агар комисия омад пурсид гуед ки пул намедихем. Агар хам ягон тарафаки масъала фош шуд муаллиму директорхо мегянд ки падару модар бо ихтиёри худ пул медиханд дар холе ки дуруги махз аст, баъзе бечорахо аробакаши мекунанду пули мохонаи мактаби фарзанд медиханд мачбури. киро мефорад ки ин корро кунад, аммо мачбуранд чун агар фарзандашон пул надихад обруяшро муаллима дар байни талабахо мебарад камбагалу гадову бепул гуфта, бехтар аст мактабро аз боло то поён аз нав баркарор кард, вагарна авлоди точик оянда хама талбанд ба бор меоянд, чунки ин талбандагиро муаллимони мактаб ба шогирдонашон ёд дода истодаанд, магар талаб аз як муаллими талбанда гайри талбандаги чи меомузад??????????????

ном
Хамин мудира ва як кисм рохбарони мактабхои шохмансур барои озод кардан аз мансабошон бояд таёр бошанд мисол мактаби 41тозатаин рохбар номашро нависта наметавонад ё №63

рохбар
Ба милат хиёнат накунед илтимос дидаю дониста кадрои бесавод руи миз намонед ру ба бехбуд рафтанамон лозим не ба кафо

ТАЛАБА
Касам мехурам, ки дар мактаби мо №56 шахри Душанбе н. Сино пул чамъкуни, дар назди дигар хамсинфон шармандагикуни мода аст. Корупция як мактаби мора пурсед . Аз бароси хамин ман дар як хафта ду бор ба мактаб меравам. Аз хона мактаб гуфта меравам аммо намедароям аз дасти рохбари синфа пул биёр гуфта. Муаллим надорем соз дарс тиянд. Китоб надорем ки хонем. Китоб пул биёр меган сохиби китоб меши. Хамаи китобхои дарси дар китобхона пусидааст. Дар оилаамон 5 нафар мехонад. Очаам бо падарам зиндагиро еш баранд ё барои мактаб 30 сомони чамъ дар як мох 150 сомон дихад. Мулим надорем намерасад . Заучомон корашон факат пул чамъ куни . Кадом синфе ки рохбарашон зауч хаст дар он чо дарс нест . Чун, ки муаллима ба корхои худаш саргардон. Илтимос моро начот дихед. Мактаб хонем ё гурезем кор куни. ОЗОДИ РАХМАТ ЧОП КУН ......

дехкон
Ман хохони онам ки хамин рохбарони муасисахои таълими хуб мешуд мардон мешуданд Як бор ба мактабхои Шохмансур назар кунед як чизи дигаро гуям хастан занони нагзкор мекардагишам ба мисоли Тошева Шохусайнова собик директори 23 Ашурова Гулнамо илтимос бетараф нагузоред худро дар ин самт таълиму тарбия бояд нест нашавад Хазорон рахмат Озодагон барои чунин дастгирихоятон илтимос чоп кунед

Фархори
11 сол пули мох супоридам аз соли 2001-2012. Мохи май мешид мегуфтанд бо фармони БОЛО барои таъмири мактаб 20 сомони баъдан 30 сомони карданд. Айни хол пули мохи мактаб аз 20 то 30 сомони аст. БО ТЕМА КАДА МЕГЕН КАДР НАМЕРАСА. МАКТАБУ ДОНИШГОХА БЕ ПУЛ БИКУНЕН БАД НИГОХ КУНЕН ХИЗМАТ РАФТАН БА ТАГА МЕШАВА. Хай ин Вазифадорои мо чиянои бесаводшона сари вазифа монан окибатш хамияй охи.

Саид
Уважаемый представитель органов права как тебе не стыдно поднять людей и публично оскорблять перед другими, ты абсолютно не достоин своему посту и своей должности, не уж так тебе не стыдно, что ты сам не знаешь и не соблюдаешь закон. Вас самых сперва нужно воспитывать и потом взяться за других. Ай, ай, ай.

ватаншох
ба саид то шамол нашавад шохи дарахт намечунбад ту баринхо имруз хато офтобро бо доман пушондаед медонем пул мегиранд кудак хам медонад шарм доранд худшона ба ин хол гирифтор накунанд

Мусофир
Ин масалаи доги руз аст.Боз мегуянд ки муаллим намерасад мо айни хол дар Мокав фаолият дорем.5 нафар аз нохияхои тобеи марказ.Донишгохи омузгории пойтахтро хатм кардаем.Ба мамурияти мактаб мурочиат кардем барои кор ба мо гуфтанд ки чои кор нест..муаллимон мерасанд вале 50% и муаллимон ягон донишгохро нахондаанд

бе пул
Дуруст гуфтанд барои ремонт агар муаллими бечора аз хонанда барои ремонт чам накунад отпусной намегирад мудири мактаб кашида мегирад хаки муаллимро М

Бабай
Дар хакикат, аксари муаллимон пул мегиранд. Барои фонди синф -10 сомони хар мох, барои тозаги - 5-10 сомони хар мох, барои журнали синф -5 сомони), барои телефизор ва ДВД -50 сомони, барои тафдони барки -30 сомони (маслен. радиатор) хар сол пул чамъ мекунанд, пештарааш кучо мешавад маълум нест, аммо албатта рохбари синф медонад, барои гул ва ободонии сахни мактаб - 30-40 сомони, рузи мауллимон -30-50 сомони, соли нав ва навруз 20-30 сомони, 23 феврал ва 8 март -30 сомони , рузи таваллуди муаллим(а) - 50 сомони, таъмири синф 100-150 сомони. Гайр аз ин пули мактаб, тибки шартнома 1000-1200 сомони барои 1 сол. Боз маблагхои дигар. Чизи дигар ин, ки прокурор хукук надорад, ин суханхоро бигуяд, хар кас гунох дорад, исбот намуда чазо бигирад. Ин мактаби кухна нест.

Хамин сайти озодагон дигар кор надорад. Кадом вакте дарои дар бораи хамин муаллима ва хамин мактаб менависад, вале ягон далели хакики надора. Хай як болр навиштен, диден гунахкор дигар кас аст. хамин камбагалро азоб дода мегарден. Ё Хабарнигор надорен мавзухои рузро нав ба нав нависан мо хонем рахмат гуем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)