Бахшҳо
11 мар 2015 10:33Тоҷикистон / Иқтисодӣ

"Вавилон-Мобайл": Эҳтиром ба қонун бояд дар ҷойи аввал бошад!

Ҷавоб ба матлаби Кумитаи андоз «вобаста ба масъалаҳои алоқаманд ба натиҷаҳои санҷиши маҷмӯии рояи қонунгузории андоз дар фаъолияти ҶСП “Вавилон Мобайл” ки 20.02.2015 дар сомонаи andoz.tj нашр шудааст.

Бо мутолиаи вокуниши Кумитаи андоз таҳти унвони «Налоговый комитет: Стороны спора должны уважать друг друга», Азияплюс №14 (997) аз 19.02.2015, хеле хурсанд шудем, ки раиси Кумитаи андоз ба хулосае омадаанд, ки бояд тарафҳои баҳс якдигарро эҳтиром кунанд. Бо масъулияти том изҳор медорем, ки ҶСП «Вавилон-Мобайл» дар тӯли фаъолияти худ аз дастгирии пайвастаи масъулини мақомоти андоз бархурдор буд, бо мақомоти андоз ҳамеша муносибати созанда дошт ва минбаъд низ ҳозир аст муносибати мутақобилан судманд дошта бошад, вале барои ин масъулини Кумитаи андоз бояд пеш аз ҳама ба қонун эҳтиром гузоранд. Зеро агар мо ба қонун эҳтиром гузорем, ва ҳар ду тарафи баҳс фаъолияти худро дар доираи қонун ба роҳ монад, он гоҳ ҳама гуна эҳтиром худ аз худ ба вуҷуд меояд.

Нусратулло Давлатзода дар вокуниши худ, изҳор доштаанд, ки гӯиё ҶСП «Вавилон-Мобайл», барои гузаронидани санҷиш ба масъулини мақомоти андоз «монеа» эҷод карда бошад. Боиси нигаронист, ки дар доираи талаботи Кодекси андоз ва Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ, ба Раиси Кумитаи андози кишвар ва судҳои иқтисодӣ муроҷиат кардани ширкатро, Раиси Кумитаи андоз ҳамчун «монеа» арзёбӣ кардаанд ва мехоҳанд бо ин баҳона, дар чашми аҳли ҷомеа ва масъулини валомақоми дигар мақомоти давлатӣ, ширкатро чунин нишон диҳанд, ки талаботи мақоми ваколатдори давлатиро ба инобат намегирад ва ба тафтишот монеа эҷод мекунад.

ҶСП «Вавилон-Мобайл» аз соли 2003 инҷониб дар бозори алоқаи кандуии кишвар фаъолият дорад ва дар ин давра, аз ҷониби мақомоти андоз ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, сенздаҳ маротиба мавриди санҷиши маҷмӯии нақшавӣ ва ѓайринақшавии андоз қарор гирифта, ҳамеша шароити мусоид барои гузаронидани санҷиш аз ҷониби ҷамъият муҳайё гардида, камбудиҳои ошгардида сари вақт бартараф карда шуда буданд.

Маҳз муносибатҳои мутақобилаи созанда ва судманди байни масъулини мақомоти андоз ва ширкат ҷой дошта, ба ҶСП «Вавилон-Мобайл» имкон дод, ки дар ин 13 сол шумораи ҷойҳои нави корӣ ва манбаъу объектҳои андозбандишавандаро зиёд намуда, хизматрасониҳои нав ба нави ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ бударо ба муштариён пешниҳод карда, заминаи гирифтани даромад ва аз ҳисоби ин сарчашмаҳо ситонидану супоридани андозҳо ва пардохтҳои ҳатмии давлатиро ба буҷет дар солҳои 2003-2004 зиёда аз 51 миллион, солҳои 2005-2007 зиёда аз 77 миллион, дар солҳои 2008-2009 зиёда аз 132 миллион ва дар солҳои 2010-2014 ба зиёда аз 573 миллиону 308 ҳазору 605 сомонӣ расонад.

Вале, аз ҷониби бархе аз масъулини мақомоти андоз, бархилофи талаботи Кодекси андоз роҳандозӣ гардидани санҷиши такрории маҷмӯии андоз ва таҳия кардани «Санади санҷишӣ»-и аз ягон лиҳоз ба талаботи қонунгузор мутобиқ набуда ва дар ин замина идома додани таъқибу фишорҳо ба ширкат солҳои 2013 ва 2014 боиси кам шудани даромади ширкат ва мутаносибан коҳиш ёфтани пардохти андозҳо аз ҳисоби ин сарчашмаҳо ба буҷет гардид. Агар таъкибу фишорҳо дар соли 2015 низ ба ин тартиб идома ёбанд, ширкат имкони иҷро кардани ӯҳдадориҳои шартномавиро дар назди муштариёну шарикон ва ӯҳдадориҳои андозиро дар назди буҷет аз даст хохад дод ва ин омили субъекивӣ ҷамъиятро водор мекунад, ки масъалаи ихтисори ҷойҳои кориро низ баррасӣ намояд. Дар ҷавоби Кумитаи андоз омадааст, ки ширкат барои гузаронидани санҷиш «монеа» эҷод кардааст. Бояд тазаккур дод, ки ширкат барои гузаронидани санҷиш ягон «монеа» эҷод накардааст ва нахоҳад кард.

Воқеият чист?

Асли ҳол ин аст, ки тибқи қарори №482 с/х, аз 08.05.2013, ва амрномаи Раиси Кумитаи андоз №551 с/х аз 22.05.2013, муовини сардори Раёсати ташкили андозбандии Кумитаи андоз Қодиров С. ва сармутахассиси Раёсати санҷиши андозҳои Кумитаи андоз Шарипов Ҷ., вазифадор шуда буданд, ки ҳолати дуруст ҳисоб кардану пардохт намудани андоз аз фоидаро барои давраи андози соли 2012 дар ширкат, аз 23.05.2013 то 11.06.2013 мавриди санҷиш қарор диҳанд. Азбаски масъулини зикршуда то 11.06.2013 санҷишро ба итмом нарасониданд, тибқи фармони Раиси Кумитаи андоз №687 с/х, аз 12.06 2013 мӯҳлати санҷиш то 21.06.2013 тамдид карда шуд, вале ѓайричашмдошт Раиси Кумитаи андоз тибқи фармоиши нави худ №3742(с\х), аз 21.06.2013 мӯҳлати санҷишро аз 22.06.2013 муваққатан боздошт.

Масъулини мақомоти андоз, гарчанде оид ба дуруст ҳисоб кардани андоз аз фоида барои соли 2012 давоми як моҳ санҷиши мавзӯиии андозро гузаронида бошанд ҳам, вале аз натиҷаи санҷиш, бархилофи Кодекси андози амалкунанда, «Санади санҷишӣ»-ро таҳия ва барои шинос шудан ба ширкат пешниҳод накарданд.

Агарчӣ моддаи 32 Кодекси андоз пешбинӣ кардааст, ки «Асос барои гузаронидани санҷиши андоз амрнома мебошад» Кумитаи андоз бе пешниҳоди амрнома, фақат бо пешниҳоди огоҳномаи №280 аз 24.07.2013, барои гузаронидани «санҷиши такрорӣ ва санҷиши ҳуҷҷатии маҷмӯии андоз барои солҳои 2010-2013», ба ҶСП «Вавилон-Мобайл» ташриф оварданд. Ширкат барои бекор кардани огоҳномаи Кумитаи андоз аз 24.07.2013, ҳамчун санади ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, 28.07.2013 бо шикоят ба суди иқтисодии шаҳри Душанбе, муроҷиат кард.

Шикояти ширкат дар аввал аз ҷониби суди иқтисодии шаҳри Душанбе ва дар асоси шикояти кассатсионӣ то 22.10.2013 мавриди баррасии марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт. 22.10.2013 тибқи қарори марҳиллаи кассатсионӣ, шикояти кассатсионии ширкат рад карда шуд.

Ширкат, ба қарори мазкур розӣ нашуда, 28.01.2014 бо шикояти назоратӣ ба Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кард, вале Суди Олии иқтисодӣ, шикояти назоратии ширкатро, тибқи таъиноти худ аз 30.01.2014, бе баррасӣ монд.

Магар, барои таъмин намудани ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ ҳифзшавандаи худ, ба суд муроҷиат кардани ширкатро, метавон, ҳамчун ҳолати «монеа» эҷод кардани ҷамъият ҷиҳати гузаронидани санҷиш аз ҷониби масъулини мақомот ҳисобид? Ба ҳеҷ ваҷҳ.

То ҷое ба мо маълум аст, маҳз ба суд муроҷиат кардани ширкат боиси ранҷиши хотири бархе аз масъулини Кумитаи андоз гардида, онҳо ба ҷои бартараф намудани камбудиҳо ва ба инобат гирифтани ин ваҷҳҳо, ки ҳолати риояи қонунгузории андоз барои давраи аз 01.06.2010 то 01.09.2011; барои давраи аз 01.09.2011 то 01.10.2012; барои давраи аз 12.07.2012 то 21.07. 2013, маҳз аз ҷониби масъулини мақомоти андоз, ҳатто бо ҷалби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба мавриди санҷиши нақшавии маҷмӯии андоз ва як маротиба мавриди санҷиши ғайринақшавии мавзӯии андоз қарор гирифтааст, ба қонуншиканиҳои нав роҳ доданд.

Боиси ташвиш аст, ки Раиси Кумитаи андоз, инчунин бархилофи талаботи Кодекси андози амалкунанда, тибқи қарорҳои №8-1-1, №8-1-2, 8-1-3, №8-1-4 аз 31.01.2014, амалиётҳои хароҷотии ҶСП «Вавилон-Мобайл»-ро ѓайриқонунӣ боздошт. Ин амали ғайриқонунӣ сабаб шуд, ки ширкат барои бекор кардани санадҳои ѓайримеъёрии ҳуқуқии марбута, аз нав 07.02.2014 бо шикоят ба суди иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат намояд. Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, ин маротиба низ шикояти ширкатро тибқи ҳалномаи худ аз 12.03.2014 беасос рад кард.

Ин боис шуд, ки масъулини мақомоти андоз худро «ѓолиб» ҳисобида, дар натиҷа ғайриқонунӣ бастани амалиётҳои бонкии ширкатро то 22.05.2014 беасос идома дода, ба фаъолияти мӯътадил ва мунтазами хоҷагидории ширкат халал ворид намоянд.

Кумитаи андоз баъди ғайриқонунӣ бастани суратҳисобҳои бонкии ширкат, аз нав бархилофи талаботи қисми 6, моддаи 28 ва қисми 10 моддаи 29 Кодекси андоз амрномаи №422 с/х, аз 02.04.2014 ба тавсиб расонида, масъулияти гузаронидани санҷиши такрории маҷмӯии андозро барои солҳои 2010-2013 ба зиммаи сардори Раёсати таъмини ҳуқуқӣ Меликов М, сармутахассиси ин Раёсат Аминҷонова Г., мутахассиси шӯъбаи аудити нозироти андозсупорандагони калон Худойдотов А. ва коргари шартномавии Раёсати санҷиши Кумитаи андоз Селихов Т. вогузор кард.

ҶСП «Вавилон-Мобайл» новобаста аз ѓайриқонунӣ будани амрномаи мазкур аз 02.04.2014, ба масъулини мақомоти андоз барои гузаронидани санҷиш шароит фароҳам овард, вале Аминҷонова Г.-ро ба тафтишот роҳ надод. Сабаби ба тафтишот роҳ надодани Аминҷонова Г.дар он аст, ки ӯ ҳанӯз дар оѓози санҷиш рӯи рост ва бе овардани ягон далел ширкатро дар риоя накардани қонунгузории андоз муҷрим эълон кард.

Дар асоси дархости хаттии ширкат ва тибқи фармоиши Раиси Кумитаи андоз Аминҷонова Г. ба гузаронидани санҷиши мавриди баҳс роҳ дода нашуда бошад ҳам, вале аз оғоз то анҷоми ин санҷиш, санҷишгарон, комилан мустақил набуданд ва ба сифати мушовиру роҳбару раҳнамои онҳо маҳз Аминҷонова Г., ки мехост аз ҶСП «Вавилон-Мобайл», қасди ба санҷиш роҳ надодани худро ситонад, баромад мекард ва мо инро баръало эҳсос мекардем. Масъулини мақомоти андоз аз 02.04.2014 то 30.06.2014, фаъолияти ширкатро ба ҳар тавре, ки хостанд мавриди санҷиш қарор доданд.

Дар амрномаи аз 02.04.2014 ба тавсиб расонидаи худ мақомоти андоз дарҷ кардаанд, ки Санҷиши такрории маҷмӯии андозро барои солҳои 2011, 2012, 2013 дар асоси мактуби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ кардаанд. Вале, то ба ҳол нусхаи ин мактубро ба ширкат пешниҳод накардаанд ва ҳатто ба дархостҳои ширкат ҷавоб надоданд, ки мақомоти прокуратура, тибқи мактуби худ, аз мақомоти андоз, санҷиши кадом ҳолатҳоро ва дар кадом асос дархост кардааст. Агарчӣ маълум аст, ки аз рӯи муқаррароти Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», мактуб санади эътиноии прокурорӣ ҳисобида намешавад.

Масъулини мақомот ба ин маҳдуд нагардида, маълумотҳои «сирри андозӣ» маҳсубшавандаро 21.06.2014 дар нишасти матбуотӣ ва рӯзи 22.07.2014 ба воситаи рӯзномаи «Азия-Плюс» (№56 (939))расонаӣ карданд. Ҳол он ки ба масъулини Кумитаи андоз маълум буд, ки ширкат ба «Санади санҷишӣ»-и мавриди назар розӣ нашуда, барои беэътибор ҳисобидани он, бо шикоят ба суди иқтисодӣ муроҷиат карда буд.

Агарчӣ Раиси Кумитаи андоз аз эҳтироми тарафайн ҳарф мезананд, вале боиси нигаронист, ки барои бо роҳи гуфтушунид ҳал кардани баҳси мазкур дар ин давра кореро ба анҷом нарасонида, фақат ба хотири коҳиш додани обрӯи кории ширкат 19.01.2015, аз нав дар нишасти матбуотӣ дидаю дониста, ҶСП «Вавилон-Мобайл»-ро ҳамчун ширкати «оффшорӣ» муаррифӣ карданд. Ҳол он ки ба масъулини мақомот маълум буд, ки ширкат, ширкати «оффшорӣ» набуда, дар минтақаи «оффшорӣ» ба қайд гирифта нашудааст. Балки ширкати комилан миллӣ мебошад. Ширкат тибқи талаботи қонунгузор дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, иҷозатнома ва иҷозатҳои дигари дар соҳаи алоқаи кандуӣ фаъолият карданро дорад. Ба сифати субъекти андозсупоранда аз қайди мақомоти андоз гузаштааст, андозҳо ва пардохтҳои дахлдори ҳатмии давлатиро ба буҷети Тоҷикистон месупорад.

Магар ин гуноҳ аст, ширкат тавонистааст, аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ҷойҳои нави кориро таъсис дода, шаҳрвандони кишварро бо ҷойи кори доимӣ, таъмин карда, дар тӯли фаъолияти худ ба буҷет ворид намудани маблағро аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои ҳатмии давлатӣ ба маблаѓи зиёда аз 830 млн сомонӣ, дар давраи баҳсӣ бошад, яъне дар солҳои 2011, 2012, 2013 ба маблағи зиёда аз 406 млн сомонӣ таъмин намудааст.

Масъулин, ба ин маҳдуд нашуда, 13.02.2015 дар «Радиои Озодӣ» эълон карданд, ки ҶСП «Вавилон-Мобайл» баҳсҳои судиро «бой» дод, бинобар ин, «суратҳисобҳои бонкии ширкат баста шуда, аз ин ҳисоб маблаѓи барилова ҳисоб кардашудаи андоз ба таври маҷбурӣ ситонида мешавад».
Ҳол он ки ба масъулини мақомоти андоз, маълум буд, ки ширкат ба ҳалномаи қабул кардаи Суди иқтисодии марҳилаи якум ва қарори қабул кардаи марҳилаи кассатсионии Суди иқтисодӣ розӣ нашуда, бо шикояти назоратӣ, 19.01.2015 барои бекор кардани ин қарорҳо ва беэътибор донистани «Санади санҷишӣ»-и мавриди баҳс, ба Раёсати Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда буд.

Суди Олии иқтисодӣ бошад аз 26.01.2015, парвандаро барои баррасии минбаъда ба истеҳсолот қабул карда, иҷроиши ҳалномаи суди иқтисодии марҳилаи якумро аз 20.10.2014 боздошта буд. Вале новобаста ба ин 28.01.2015 Кумитаи андоз оид ба таври маҷбурӣ аз ҳисоби суратҳисобҳои бонкии ширкат ситонидани маблаѓ қарорҳои ѓарқонунӣ бароварда, барои иҷро ба бонкҳои дахлдор ирсол намуд.

Ҳол он ки, ҳатто дар мавриди эътибори қонунӣ пайдо кардани қарорҳои судӣ низ, салоҳияти таъмини иҷрои қарори судиро аз рӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» қонунгузор на ба зиммаи мақомоти андоз, балки иҷрочии суди иқтисодӣ гузоштааст.

Агарчӣ ин ҳама аз тарафи масъулини Кумитаи андоз расонаӣ карда шуд, вале Раиси Кумитаи андоз дар вокуниши худ ширкатро ба он гунаҳкор мекунад, ки баҳси мазкурро расонаӣ кардааст. Ширкат танҳо маҷбур шуд, ки ба иттилооти дар шакли таҳрифшуда пахнкардаи масъулини мақомоти андоз, посух диҳад.

Инчунин бояд қайд кард, ки «Вавилон-Мобайл» тибқи нархҳои муқаррарнамудаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ даромад ба даст оварда, ҳама намуди андозҳои худро сари вақт пардохт намуда истодааст, вале боиси таассуф аст, ки Кумитаи андоз нархномаҳои бо Хадамот мувофиқашударо эътироф намекунад, ки ин низ қонуншикании маҳз аст.

Бо дарназардошти он ки ин баҳс дар баррасии суди иқтисодӣ қарор дорад аз овардани далелҳои дигар худдорӣ мекунем.
Тазаккур доданием, агар масъулини мақомоти андоз ба Кодекси андоз эҳтиром гузошта, аз натиҷаи санҷишӣ мавзӯии вобаста ба андоз аз фоида гузаронидаашон, «Санади санҷишӣ»-ро таҳия карда, ба ширкат пешниҳод мекарданд; давраҳои андозии ду мартиба аз рӯи нақша ва як маротиба ба таври ғайринақшавӣ санҷидаи худро ғайриқонунӣ бе ба тавсиб расонидани амрнома ва фақат дар асоси огоҳнома роҳандозӣ намекарданд; агар ғайриқонунӣ суратҳисобҳои бонкии ширкатро намебастанду фаъолияти мунтазам ва мӯътадили ширкатро халалдор намекарданд ва дар фаъолияти худ талаботи қонунгузорро риоя мекарданд, ширкат ба мақомоти судӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар муроҷиат намекард.
Зиёда аз як солу нӯҳ моҳ аст, ки ҶСП «Вавилон- Мобайл», ба ҷойи пеш бурдуни фаъолияти тиҷоратии худ вақти худро барои ҳимояи манфиатҳои худ дар судҳои иқтисодӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва посух гуфтан ба «иттилоотҳои таҳриф кардашуда»-и масъулини Кумитаи андоз сарф менамояд.
Мӯҳтарам, Нусратулло Давлатзода!

Бо назардошти гуфтаҳои боло аз Шумо хоҳиш менамоем, ки фақат нуктаи назари зертобеъони худро ба инобат нагирифта, ба ваҷҳҳои тарафи дигари баҳс, яъне ҶСП «Вавилон-Мобайл» низ эътибор диҳед. Он гоҳ воқеан эҳтироми тарафайн ба вуҷуд меояд ва шумо мавқеи оштинопазирии худро нисбат ба ширкат таѓйир дода, дар симои «Вавилон-Мобайл» на рақиб, балки андозсупорандаи бузургеро мебинед, ки ҳамеша бо қонун эҳтиром мегузорад. Зеро агар масъулини мақомоти андоз ба қонун эҳтиром гузошта, ба ширкат на ҳамчун ашхоси «зертобеъ» ва дар ҳама ҳолат «гунаҳгор», балки ҳамчун шарику субъекти баробар ҳуқуқ нигоҳ кунанд, ин ҳама мушкилиҳо аз байн хоҳанд рафт.

Дафтари матбуоти ҶСП «Вавилон-Мобайл»
Мӯҳр
Ана гап дар кучо. Агар барои ба суд мурочиат кардан аз ширкат ин кадар кассос гиранд, дигар ширкатхо мачбур мешаванд, ки дигар хомуш нишинанд ва харчи макомоти андоз талаб мекунанд ичро кунанд. Чаро барои ин кадар конуншиканихо аз мсъулини макомоти андоз касе чавоб намедихад. Наход дар Точикистони азизи мо кор ба ин дарача расида бошад, ки макомоти давлати барои талаби риояи адолат аз сохибкорон кассос гиранд?

Агар баъди тафтишоти аввал аз натичаи он Санад тартиб надода бошанд, инчо метавонад як сабаб нухуфта бошад:- Тафтишгарон бо супориш омада буданд, ки камбудихои зиёде ёфта бояд чаримабанди мекарданд, вале онро пайдо карджа натавонситанд. Ин аст, ки макомоти андоз натичаи тафтишоти аввали худро эътироф накарда, бо бахонахои гуногун тафтишотро аз нав рохандози карда нихоят ширкатро чаримабанди карданд.
Вагарна баъди хар як тафтиш хатман бояд санад тартиб дода шуда каммбудихои пайдошуда дар он бояд дарч карда мешуданд. Агар камбуди наёбанд хам хатман бояд санад тартиб диханд. Аз ин вокуниш бармеояд, ки вокеан дар ин тафтишот муаммохои зиёде чой доранд ва макомот хеле мохирона аз вазифаи худ суистифода карда истодааст.
Вале ба назари ман, агар харду тараф ба хамдигар гузашт карда, бахсро бо гуфтушунид хал кунанд ин хам ба манфиати Кумитаи андоз ва хам ба манфиати ширкат ва хам ба манфиати давлат хохад буд. Кассосгири кори хуб нест.

340 миллион ин хеле маблаги бузург аст. Мусодираи ин маблаг хатман миёни ширкатро мешиканад. Вале агар ин маблагро суд ба фоидви буча хал кунад Кумитаи андоз хеле бой хохад шуд. Зеро тибки конун 50 дар сади ин маблаг ба суратхисоби Кумитаи андоз ворид мешавад. Яке аз сабабхои сахтгири ва оштинопазирии макомоти андоз низ махз хамин конуни буча аст, ки 50 дар сади маблагзои бар илова пайдошуда ба суратхиобаш ворид мешавад вв тафтишгарон мукофотпулии калон мегиранд

Тафтиш намудан вазифаи макомоти андоз аст, вале чаро онхо барои чаримабанди хавасманд карда мешаванд? Ин конунро фавран бояд бархам дод. Зеро вакте тафтишгари макомот барои тафтиш ворид мешавад, вай аллакай медонад, ки хар як суми пайдокардааш бо давлат ду таксим мешавад. Барои хамин хам хавасманд мешавад, ки бо чи рохе набошад ширкатхоро чаримабанди карда, суратхисоби Кумитаи андозро пур намояд.
Чунин кори 50 ба 50 бо давлат боз дар ягон кишвари дунё бошад?

Такое предвзятое отношение УЖЕ не должно оставаться без внимания! Вавилон Мобайл на сколько мне известно, единственная НАЦИОНАЛЬНАЯ компания, в отличие от остальных, и все вырученные ею доходы остаются в пределах нашего государства, а не уходят куда-то за пределы. Являясь крупным работодателем, наверняка компания обеспечивает рабочими местами тысячи человек, что не маловажно в такие тяжкие для народа времена. Со стороны налоговиков это должно иметься ввиду в первую очередь, так как своими действиями, они могут оставить без работы множество людей!

Ин чи шурест дар ин даври камар мебинам,
Хама офок пур аз фитнаву шар мебинам???

Ширкати Вавилан-М яке аз бехтарин ширкат ба хисоб меравад. Мо муштариен аз истифодабарии алокаи хамин ширкат розием, чунки дар холатии мушкилии сахт мо метавонем аз дустон ва хешу таборон бохабар бошем. Алокаи бо сифат ва нархномаи ба муштари дастрасро пешниход мекунад. На танхо ман балки кули муштариени ин ширкат намехоханд, ки дар оянда аз сабаби чунин рафторхои ношоям нисбати ширкати бузурги давлат бе алокаи хуб монем. Ман фикр мекунам ки ин мушкилие ки имруз пеши ширкат омадааст ба хуби ва зудтар ба анчом мерасад. Мо муштариен интизори боз хам хубтар гаштани сатхи алока ва хизматрасонихои нав ба навро интизорем. Пас биеед монеъ нашавем то ширкат кори худро давом дихаду ба мо муштариен зиндагиамонро осонтар созад

Ман хамчун муштарии ширкати Вавилон Мобайл гуфтаниям, ки агар ширкатхои мобили намешуд Точикистон дар сатхи давлатхои Аврупо намешуд. Бинобар ин мо бояд ширкатхои мобилии худро дастгири намоем на ин ки то ин дарача хукуки онхоро поймол намоем. Мисол мегирем ширкати Вавилон -М чи кадар муштари дорад аз ин истофодабарии зангхо мо пурсон мешавем ба мо пешниход мекунанд нархномаи арзон яъне ба ман дастрасро. Боз хизматрасонихои зиеде доранд, ки аз ин хисоб хам андозу аксиз месупорем ку? Ман гуфтаниям, ки дастгири чизи хуб хаст мо бояд дастргириро аз ед набарорем. Имруз дастргири аз тарафи мо нашавад пас фардо ки моро дастриги хохад кард?.

ак бар чониби Вавилон аст. Мо пеш аз хама конунро бояд эхтиром кунем. Вале барои макомоти андоз хеч гуна конуне вучуд надорад. Хама бадбахтии мо ана дар хамин аст. Онхо конун худашон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)