Бахшҳо

Интиқоди Муҳсин Муҳаммадиев аз сардовар ва Федератсияи футболи Бангладеш

Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон гуфтааст, аз бозии футболбозони тоҷик дар дидор бо яккачини Бангладеш розӣ нест. Ин нуктаро оқои Муҳаммадиев баъди анҷоми бозии мунтахаби кишвар бо Бангладеш, ки мусовӣ-1:1 анҷом ёфт, иброз доштааст.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, сармураббии мунтахаби кишвар дар нишасти хабарии созмонёфтае инчунин аз сардовари бозӣ интиқод кардааст: “Довар тамоми бозиро вайрон кард. Гол ба дарвозаи мо баъди ҷаримае, ки набуд, зада шуд. Ду бозигари ҳариф бо оринҷ ба чашми Аҳтам Назаров заданд, аммо сардовар хомӯш буд, аммо барои хурдтарин ҳолат ба бозигари мо корти сурх нишон дод”.

Муҳсин Муҳаммадиев аз намояндаҳои Федератсияи футболи Бангладеш ҳам шикоят карда гуфтааст, “мо дар муддати дуюним соат то тамрингоҳ расидем ва баъди тамрин боз ҳамин қадар вақт сарф шуд то ба меҳмонхона бирасем. Дар ягонҷои дунё чунин нест”.

Дидори тимҳои миллии Тоҷикистону Бангладеш рӯзи 16 июн дар шаҳри Дакаи Бангладеш баргузор шуда, ҳисобро капитани дастаи Бангладеш -- Мамунул Ислам дар дақиқаи 50 боз кард. Голи ҷавобии Тоҷикистонро Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 88-уми бозӣ ба ҳадаф расонд.

Тоҷикистон дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 ҳамроҳ бо Австралия, Урдун, Қирғизистон ва Бангладеш дар гуруҳи “В” аст. Дар бозии аввали ин гуруҳ мунтахаби футболи Тоҷикистон шоми 11 июн бо ҳисоби 1:3 аз Урдун шикаст хӯрд.

ҶАДВАЛИ БОЗИҲО

Даври 1
11 июн (панҷшанбе)
20:00 – ТОҶИКИСТОН – Урдун 1:3
Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

15:00 – Бангладеш – Қирғизистон
Дакка, Варзишгоҳи миллӣ

Даври 2.
16 июн (сешанбе)
15:00 – Бангладеш – ТОҶИКИСТОН 1:1
Варзишгоҳи миллии Бангабандҳу

18:00 – Қирғизистон – Австралия
Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долен Омурзаков

Даври 3
3 сентябр (панҷшанбе)
19:00 – Австралия – Бангладеш
Перт, варзишгоҳи НИБ

20:00 – Урдун – Қирғизистон
Ирбид, варзишгоҳи "Ал-Ҳасан"

Даври 4
8 сентябр (сешанбе)
18:00 – ТОҶИКИСТОН – Австралия
Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

18:00 – Бангладеш – Урдун
Варзишгоҳи миллии Бангабандҳу

Даври 5
8 октябр (панҷшанбе)
18:00 – Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН
Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долен Омурзаков

19:00 – Урдун – Австралия
Уммон, варзишгоҳи байналмилалӣ

Даври 6
13 октябр (сешанбе)
19:00 – Урдун – ТОҶИКИСТОН
Уммон, варзишгоҳи байналмилалӣ

18:00 – Қирғизистон – Бангладеш
Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долен Омурзаков

Даври 7
12 ноябр (панҷшанбе)
17:00 – ТОҶИКИСТОН – Бангладеш
Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

Австралия – Қирғизистон

Даври 8
17 ноябр (сешанбе)
17:30 – Бангладеш – Австралия
Варзишгоҳи миллии Бангабандҳу

17:30 – Қирғизистон – Урдун
Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долен Омурзаков

Даври 9
24 март (панҷшанбе)
Австралия – ТОҶИКИСТОН

17:00 – Урдун – Бангладеш
Уммон, Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Абдуллоҳ

Даври 10
29 март (сешанбе)
18:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон
Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

Австралия – Урдун.
Мӯҳр
Дарвеш
Хаминашам хело хуб аст акаи Мухсин иншоолох аз ин бехтараш мешавад, хар кор охиста охиста мешавад мувафакият орзумандам

Истиклол
ОФАРИН, ОФАРИН
Бале Мухсинчон мешудастку! Так держат

Харчанд Мухаммадиев, дар макоми мурабби, дар кахрамонии Руссия муваффакиятхое дошт, аммо ба назар мерасад, ки сатхи хирфаияш дар ин кор норасоихои чидди дорад. Хамаша аз дигарон норози аст - аз Казакистон, аз тими миллии Точикистон, аз Бангладеш, аз доварон...
Чунин "интикодхои" бемаврид ба суди кор нест, баръакс, вазъи равонии тими миллиро хароб мекунад. Маълум аст, ки мушкилихо зиёданд ва агар онхоро паси сар карда наметавонад, бехтараш канор биравад. Бо рафтори "ман нобигаяму шумохо бекифоят" ба чое намерасад.

Пеле
Чавоб ба Саид,
Худуш енда футболный обозреватель, дар диван шишта футбол тамошо мекна. Як ё ду круги стадион бдав баъд мефахми футбол чияй. Рост мега Мухсин хакикатан хамин хел мебошад, барои чои намоёнро гирем гуфта дастахои мунтахаби давлати кабул кунанда харакат мекунад, ки футболбозони дастаи мехмонро пеш аз бози асабониву монда кунонанд.

Ҳолдон
Хайййррр акои Муҳсин, акнун фаҳмидед, ки футболбозони аврупоӣ худро дар Тоҷикистон чӣ хел ҳис мекунанд?
Шароити бозингарҳои тоҷикро беҳтар кунед.
Шикоят доред, рафта ба федератсияи футболи осиё гӯед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)