Бахшҳо

Муовини Убайдуллоев гуфт, корхонаҳои арматурбарорӣ аз ҳудуди шаҳр бароварда мешаванд

Шакарбек Самадов, муовини раиси шаҳри Душанбе бо нигаронӣ аз фаъолияти корхонаҳои арматурабарории пойтахт гуфт, марҳила ба марҳила онҳо аз ҳудуди шаҳр берун хоҳанд шуд. Оқои Самадов ин нуктаро имрӯз, 28 июл дар нишасти хабарии шаҳрдории Душанбе изҳор дошт. Ӯ гуфт, таҷҳизоти ин корхонаҳо ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест: “Дар шаш моҳи ахир фаъолияти ду корхонаи арматурбарориро қатъ кардем”.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияи нави Тоҷикистон ҳам аз фаъолияти корхонаҳои оҳангудозӣ ва арматурбарории шаҳри Душанбе, ки бо технологияи асри 20-и Чин фаъолият доранд, изҳори нигаронӣ карда буд. Ҷаноби Бобозода рӯзи 23 июл дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, технологияе, ки ҳоло ин корхонаҳо дар ҳудуди Душанбе кор бурда мешавад, ба талаботи муосир ҷавобгӯй набуда, бояд аз ҳудуди шаҳр берун бароварда шаванд.

Аввалҳои соли равон масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба “Озодагон” изҳор доштанд, корхонаҳои оҳангудозие, ки феълан дар Душанбе фаъолият доранд, дар маҷмӯъ ба талабот ҷавобгӯй мебошанд. Дар баробари ин эътироф карданд, ки дар корхонаҳои оҳангудозию арматурабарории шаҳри Душанбе, ки аксаран ба соҳибкорони чинӣ тааллуқ доранд, “технологияи бобоӣ” истифода мешавад, ки дар худи Чин аз солҳои 80-уми асри гузашта инҷониб мамнӯъ мебошанд. Чин барои ба меъёрҳои экологӣ ҷавобгӯй набудан истифодаи технологияи куҳнаи оҳангудозиро манъ кардааст, аммо соҳибкорони чинӣ истифодаи ин технологияро дар маркази Тоҷикистон роҳандозӣ кардаанд ва шаҳодатномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зистро низ дар даст доранд.
Мӯҳр
Фархор
Ана ин кори дигар бояд хамаи корхонахое ки чунин дуди зараровар доранд аз Душанбе бароварда шаванд ва дар чояшон Фабрикахои дузандагии КОСТЮМ ва БРЮК, Курта, Пойафзол ва Фабрикахои Мебелбарори сохта шаванд. Душанбе ранги дигарро мегирад.

Абдуллох
Яне одамхои берун аз Шахр одам нестанд? Бечораи мардуми берун аз шахро куштенд ба ин Заводхоятон! То ба кай мардумро азоб медихед? Чаро вакте завод месозед заводи замонави намесозед то ки ба мардум зарараш нарасад? Чаноби раисон Инсоф кунед фикри насли Чавонро кунед охир ин хамма дудхо захр хастан ва ба инсон зарардорад хар хел касалхо пайдо мешавад кудакхои носолим таваллуд мешавад

Сохибкор
Лекин Озодагон Шумо гузаронидед, дигар хабари нав надорен факат гирду атрофи хамин арматузаводхо онхо охир ба Шумо лозим набошанд ба мардум лозим. Ё ин чинихо ба Шумо ,,,,,,,,,, намекунанд.
Як гапи кухнаро такрор ба такрор менависи

"Озодагон"кори хеле дурусту савоб мекунед, Хоҳишмандем корро то охир пайгирӣ намоед. Солҳост, ки ин "марҳила ба марҳила аз шаҳр берун овардан"ҳои ин корхонаҳои одамкуш ҳеҷ ба охир намерасад, махсусан дар маҳаллаи якум Советский.

Холи Осмони
солхост ки собик заводи таъмири экскаваторхо дар ру ба руи беморхонаи якум советский бо дуди гализаш хавои шарро захролуд мекунад чандин бор ба макомотхои дахлдор мурочиат кардем вале ягон натича надод.Ба додамон хеч кас намеоасад.Об аз боло лой аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)