Бахшҳо
11 сен 2015 15:03Тоҷикистон / Тема дня

Даъвати ҲНИТ аз аъзову ҷонибдорон барои ҳамкорӣ бо мақомот

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҳамаи аъзо, ҷонибдорон ва мардуми кишвар даъват кардааст, барои ба эътидол овардани вазъият бо мақомоти давлатӣ ва масъулини маҳаллӣ ҳамкории лозимаро ба роҳ монанд.

Дар изҳороти Шӯрои сиёсии ҲНИТ, ки имрӯз, 11 сентябр нашр гардид, аз ҷонибдорони ин ҳизб даъват шудааст, “ба фитна ва дасисаҳо дода нашаванд”. Дар изҳорот бори дигар таъкид шудааст, ки ҲНИТ аз ҳодисаҳои ахир нигаронии амиқи худро изҳор намуда, ҳамагуна амалҳои ғайриқонунӣ, зӯроварӣ ва зиддидавлатиро маҳкум менамояд: “Инчунин ба хонаводаҳое, ки пайвандони худро аз даст додаанд, изҳори ҳамдардӣ намуда, аз Худованди маннон барояшон сабри ҷамил таманно дорад”.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар идома аз матолиби бархе расонаҳо низ нигаронӣ карда гуфтааст, маъракаи таблиғотии густарда дар бархе ВАО ба “ҷанги иттилоотӣ” шабоҳат дошта, заминасози паёмади нохуш барои миллат ва давлат аст: “Маълум аст, ки ин маъракаи таблиғотӣ барои барангехтани кинаву адоват нисбати як ҳизби сиёсӣ, роҳбарият ва аъзои он равона гардида, ҷиҳати омодасозии зеҳнҳо барои амалҳои зишт ва саркӯбгароёнаву ғайриқонунӣ алайҳи як қисме аз шаҳрвандон мебошад”.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ гуфтааст, ҳарчанд дар гузориши қаблии худ даъвои Вазорати умури дохилӣ дар бораи узви ҲНИТ будани генерал Абдуҳалим Назарзода ва бархе аз ҳамроҳонашро бо санад ва мантиқ рад карда буд, аммо ҳанӯз дар бархе расонаҳои давлатӣ “Ҳоҷӣ Ҳалим” узви ин ҳизб муаррифӣ мегардад: “Ҳол он ки ҳамагон медонанд, тибқи қонунгузории кишвар хидматчиёни сохторҳои низомӣ ҳаққи узвият дар ҳизбҳои сиёсиро надоранд ва инро пеш аз ҳама бояд худи мақомоти давлатӣ инкор мекарданд. Агар ҳар шаҳрванде даст ба ҷиноят мезанад, пас дар назди қонунгузорӣ новобаста аз мансубияти ҳизбияш масъулияти инфиродӣ дорад”.

Дар изҳорот омадааст, замоне дар ҳайати Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони Тоҷикистон (ИНОТ) будани ин афрод маънии онро надорад, ки онҳо узвияти ҲНИТ-ро дошта бошанд, “ҳамчуноне ки дар ҳайати Фронти халқӣ будани дигар генералҳо ва афсарони исёнгар, амсоли Маҳмуд Худойбердиев, Ёкуб Салимов, Ғаффор Мирзоев ва Гулмурод Ҳалимов маънии онро надорад, ки онҳо узви ҲХДТ мебошанд, агарчи аксари роҳбарияти имрӯзаи ин ҳизб аз роҳбарону ҳамсафони ин афрод буданд ва то рӯзи содир кардани амалҳои зиддидавлатӣ ҳамкору дӯст боқӣ монданд. Ин даъвоҳо натанҳо мантиқи солим надоранд, балки ғайриқонунӣ ва ғаразнок буда, мақсадашон ба ҳар васила рабт додани ин афрод ва ҳодисаҳо ба ҲНИТ мебошад”.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо ишора ба матлаби бархе расонаҳои давлатӣ, ки роҳбарияти ҳизбро дар даст доштан дар “кӯшиши табаддулоти давлатӣ” муттаҳам кардаанд, гуфтааст, “раиси ҳизб шаш моҳ боз дар хориҷ аз кишвар қарор дорад ва даъват намудани чанде аз аъзои Шӯрои сиёсии ҳизб ва масъулон барои баррасии фаъолияти ҳизбӣ ва омодагӣ ба анҷуман як кори маъмулӣ барои ҳар ҳизб мебошад ва онро ҳамчун омодагӣ барои “табаддулоти давлатӣ”' қаламдод кардан беасос ва ғайримантиқӣ аст”.

Дар идомаи изҳорот омадааст: “Шӯрои сиёсии ҲНИТ вазъияти кишварро баъд аз рух додани ин ҳодисаи ғайричашмдошт, душвор ва печида медонад ва мисли ҳамеша омода аст, ки дар ин рӯзҳои сахту тақдирсоз барои миллат дар амри дифоъ аз манфиатҳои миллӣ дар паҳлӯи мардум ва давлат бошад. Ҳамзамон лозим аст, ки баъзе мақомоти давлатӣ аз баёнияҳо ва фазосозиҳои эҳсосотӣ ва кинабарангез нисбати ҲНИТ худдорӣ намуда, фазои сиёсиро аз ин бештар вориди марҳалаи беэътимодӣ ва душманӣ нагардонанд. Танҳо дар ин сурат талошҳои роҳбарияти ҲНИТ ва Ҳукумати ҶТ барои ба эътидол овардани вазъият метавонад натиҷаи мусбат диҳад”.
Мӯҳр
ХНИТ мо шуморо бовар мекунем, ки байраки Исломи Бузургро на факат дар Точикистон балки дар чахон баланд мебардорем ва конуну коидаи Аллоху Мухаммадро асоси конуни зиндаги мекунем!!! ИншоАллох

Шурои сиёсии ХНИТ хеле гайрат карда, ахиран бочуръатона мавкеи худро муайян намудааст. Вале хуб мебуд, ки ин хама идаоро лоакал баъди як соати рух додани ин ходиса манзур мекард, Метарсем, ки дар таги коса нимкоса набошад.

бадахши
БА
иIshkashim, Мард боши худро оне навис ки хасти. Аз ин чо нести. Игво наандоз ва умед хам набандед. Мо бо Шумо нестем

ИГВОИ НАВБАТИ, ДИДАН КИ КОР БА ТАБЪИ ДИЛАШОН НАШУД РОХИ ДИГАРРО ПЕШ ГИРИФТАНД

Бигузор ХНИТ -ро бархамдода шавад.Хуб мешуд ин хизб дар Точикистон намешуд ое ин хизб ба мардум ягон хизмат кардааст е ягон чойро обод кардааст.Барои чи дар Узбекистон е дигар Чумхурихои хамсояи мо ин хизб нест.Умуман барои мусалмон хизб чи зарурят дорад.

Сино
Аку хози Хочи да пабегай ай шумо нестай меген уже.

юсуф
Бародар Рахимов хуб мешуд ки авал дуруст навиштанро ёд мегирифти баьдан дар бораи як хизби сиёси сухан мегуфти холо ин ки ин хизб барои чумхурии мо хело ахамияти калон дорад ва будни ин хизб барои мардуми мо зарураст

Барот
Куҷое як бесаводу бедониш аст, дар масоили сиёсӣ назар менависанд. Ба гунаи мисол, навиштаҳои ҳамин Раҳимовро хонед. Аз оғоз то анҷом қоидаҳои грамматикро риоя накардааст. Ростӣ намефаҳмӣ, ки ҷумлаҳояш саволиянд ё хитобӣ?!.Хоҳиш мекунам, баъди анҷоми ҷумлаҳоят ҳадди ақал нуқта гузор. Баъдан туро чиву ба сиёсат нохун заданат чӣ? Беҳтар мебуд кунҷе менишастиву илм меомутӣ. Псевдо-сиёсатшиноси муҳоҷир. )))

хуошед
Имон ба худо садокат ба ватан хизмат ба мардум.
Мо барои Точикистон Точикистон барои хама.
Ин бехтарин шиорхоест ки дар байни хизбхои сиёси мо мешунавем
Модомеки хизматчиёни давлати хизбият дошта бошанд пас чаро он кадар милиса адвакат судия дотситон ва дигар кормандони давлатиро корхои порахурию авбошиашонро ва 60 фисади мардумеки аъзои ХХДТ видиохои фахшашонро дар телевизион пахш намекунанд

Blablabla
юсуф,
Кани аз шумо шунавем, ки чи хел ин хизб, гуфти худатон, "барои чумхурии мо хело ахамияти калон дорад ва будни ин хизб барои мардуми мо зарураст".

Бародри = ри
ХНИТ агар чангро мехост солхои 90 дум сулх намекард дар холеки ХНИТ кудрати бештар дошт ХНИТ сулх овард ХНИТ барардум истиклолият оавард аз аввал то охир аз манфиятхои милли мардум дифо мекунад вакте ХНИТ дар парлумон курси дошт хамеша манфияти шахрвандонро дар дарачаи 1 кум мегузошт : Бародароне ки ХНИТ ро гунахкор мекунед Мардборин рост ва бодалел гуйд ки ХНИТ чи бади барои мардум кардааст ХНИТ то хол ягон бесатро мачбур ба пушидани сатр накардааст ё ягон бе ришро мачбур ришдор накардааст Худи Кабири риш намегузорад оё ШУМО баре аз дахони Кабири шунидаед ки гуфтабошад шумо дарс нахонед мактаб наравед Шумо борехам шунидаед ки ХНит мардум ро Ба дуздиву албоши ва майзадаги ё ба диско Кулубхлии ки дар он чо хама гуна чинаятро кардан мумкин аст дъват кардабошад САБАБИ ФИШОРО БОЛОИ ХНИТ ДАР ОН МЕБИНАМ КИ ХНИТ ХАМЕША САДОЯШРО БАРОИ МАРДУМ БАЛАНД МЕКАРД ВА ИН САДО БАКУШИ КАСОНЕКИ МАНФИАТИ ШАСИАШОН АЗ ХАМА БОЛО МЕИСТАД НАМЕФОРАД ТАМОМ ВА САЛОМ

ба бародри=ри
Шояд ту дар он солхо набуди ва аз шеваи навиштат маълум аст, ки ба гушат касе афсона гуфтааст. Як маротиба дар таххонаи гуруххои ришдори соли 1991 меафтиди баъд мефахмиди, ки ин хизб барои чомеаи гузаштаву имрузаи мо чи рисолат дорад.
Дар вокеахои солхои навадум, махсусан чанги шахрванди сад дар сад чонибдорони ХНИТ даст доштанд ва имруз хам акидаи онхо ба корашон тавъам нест.

Агар ҲНИТ намебуд, Русия Тоҷикистонро истиқлол намедод, ҳамон ҷанги 90 кори Русия буд, ба монанди, Украина, хоб таи Ин ҳукумат буда зиёда аз 2,5 милион муҳоҷир дорем, кани якбор Ҳукумати мо раҳмат ба ин ҷавонон гуяд, аз 2,5 мил камаш 1, 5 миллион занҳояшон, 1 миллион падару модар, 1,5 ФАРЗАНДҲОИ мвҳоҷирон, яъне муҳоҷирон 6,5 милиони аҳолиро таъмин мекунанд аз 8 миллион аҳоли.
Ягона Ҳизб ҲНИТ пуштибони аз муҳоҷир мкунад,
ҲНИТ-РО МО ДУСТ ДОРЕМ МО БО ТУЕМ.

Abdullo
Муҳаммад,
Ей кош каме акли озод медошти? аз суханхои кгб монанди ту маълумаст ки ту як муздури вакте якчоро бахо медихи бояд тарафи манфи ва мусбати харду чонибро бигуиIshkashim,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)