Бахшҳо

Интиқоди Шарофзода аз саҳлангорӣ дар номгузории маҳалҳо: Номҳои таърихиро аз даст додем...

Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, аз саҳлангорӣ дар номгузориҳои ҷуғрофӣ дар кишвар интиқод намуд, ки боиси аз байн рафтани бисёр номҳои таърихии маҳалҳо шудааст.

Шарофзода, дар ҳошияи конфронси ҷумҳуриявӣ - «Номҳои ҷуғрофӣ ва суннати номгузорӣ» пешниҳод кард, ки комиссияҳои номгузорӣ аз ҳисоби таърихшиносон, забоншиносон ва донандаҳои дигари фарҳанги қадимию мардумӣ ташкил шаванду масъалаи номгузории шаҳру деҳот ва кӯчаву хиёбон амиқ омӯхта шавад.

Ба гуфтаи иштирокдорони ҳамоиш бисёри ҷойҳо, ки номҳои таърихӣ доштаанд, ба номи ашхос гузошта шудаанд ва бархе аз номҳо зиёд такрор шудаанд.
Қаблан Умед Ҷайҳонӣ, пажуҳишгари ҷавони тоҷик дар шарҳи тағйири номи бархе аз маҳаллаҳои Тоҷикистон гуфт, “Ваҳдат”, “Истиқлол” ва “Иттифоқ”, ки аслан ҷойном нестанд, чунон бисёр шудаанд, ки бемаънитару беҳудатар шудаанд.

Умед Ҷайҳонӣ инчунин барои дарёфти роҳи дурусти номгузориву номгардониҳо чунин чораҳоро пешниҳод кард:

1. Агар бахшҳо, ободиҳо ва кӯҳу пуштаву дашту даману дарёву рӯдҳо номи тоҷикии торихӣ доранд, ҳамон ҷойномҳо бояд эҳё шавад;
2. Барои тоҷикӣ гардондани ҷойномҳои бегона аз шумори кормандони Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт ва Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ниҳод ва ё коргурӯҳи вижаи номгузорӣ ва номгардонӣ ташкил ва масъули пажӯҳиши ҷойномҳои кишвар шавад;
3. Дар гузиниши ҷойномҳои нав дар дараҷаи аввал эҳёи номҳои пешина ва бостонии ин ҷойҳо ва ё ҷойҳои наздик ба онҳо бо пажӯҳиш дар китобҳо ва манобеъи мавҷуд дар назар гирифта шавад.
4. Дар дараҷаи дувум сохтани ҷойномҳои нави созгор бо шароити маҳаллӣ ва вижагиҳои замнигорӣ (ҷуғрофиёӣ) дар назар гирифта шавад.
5. Номи бузургони адабу илму фарҳангу ҳунар бар созмонҳову ниҳодҳои илмиву адабӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ ниҳода шавад, на бар шаҳру рустову деҳу дигар воҳидҳои марзӣ-маъмурӣ.
6. Бархе аз номҳои гузошташуда дар замони шуравӣ аз барои ёдбуди торихи навини кишвар нигаҳ дошта шавад.
Мӯҳр
Комилан дуруст қайд карда шудааст. Ёамзамон пешниёод менамоям, ки ба шаҳри Қурғонтеппа номи қадимаи Левакант гузошта шавад.

Магриб
Дуруст кайд кард Шарофзода, бояд хама номгузорихо мувофикат карда шаванд. Президент чизе ки хохад мондан мегирад. Рахмат ба хонум Шарофзода, лачоми калонхоро кашидан даркор.

исмоил
Офарин Умед сад дар сад суханат дуруст аст. Зиёда аз ин вожахои "вахдат", "истиклол" ва "иттифок" сирф арабианд ва дар гузашта суннати бо вожахои араби номгузори кардани шахру рустову деху махалл умуман вучуд надошт. Бовар дорам агар фардо хукумати дигаре огох аз таъриху фарханги худ сари кудрат биёяд, ному нишоне аз чойномхои мазкур нахохад монд

Ишкошимӣ
Сад дар сад дуруст аст. Дар Ишкошими мо ҳам барои мисол номи Андароб, ки тоҷикии асл аст бо номи як нафар корманди собиқи мақомити давлатии шурави иваз шуд. Чунин кор дар сартосари ноҳия оғоз шудаст.

Агар саводи кофи медошти ин гапа наменавишти. Номи Андаробро касе иваз накардааст, чамоатро ба номи Замиров барои хидматхои босазояш гузоштаанд.

Горони
Ишкошимӣ,
Ин чи сафсатахони!!! Пеш аз навиштан, агар камтар аклу фахмиш дошта боши истифодааш бар, дар акси хол худатро гам надех, дигронро рохгум накун!! Наход то ин дарача бесавод боши. Он чо чамоати дехотро номгузори карданд на дехаи Андаробро!!!

Ишкошими-Вахони
Аз масулин хохиш дорам ба номхои зебои ориёи, ки рустохои ин минтака доранд нарасед

Дуруд ба коргарони сомона. Як пешниходе доштам. Яке аз нохияхои водии Зарафшони вилояти Сугд номи Айниро дорад. Номи пешини ин мавзеъ Фалгар аст. Ман чи маъно доштани онро намедонам, лекин бовар дорам, ки калима бо маънии нохубро ба номи махал намегузоранд. Дуюм, ба устод Айни хам эхтироми хоссаро натанхо ман, балки тамоми мардуми Точикистон коиланд. Лекин махаллу муассисахо ба номи устод дар Точикстон хеле зиёд аст. Аз ин ру, агар нохияи Айниро ба номи Фалгар иваз мекарданд, ба фикрам хеле хубу гушнавоз ва таърихи хам мебуд. Боки барори кор.

Гузориши ин масъала хеле бомавкеъ ва саривактист. Вале то он замон, ки дар махалхо макомоти дахлдор бефаркона ба ин масъалаи мухим амал мекунанд, е ин ки ин карорхои беасосро "мутахассисони" аз таъриху адабиет ва забони точики бехабар тайер мекунанд, ин хел номгузориву номивазкунихо давом хоханд ефт.

мухтарм Шарофзода!!!! Ин кадар пешниходе, ки то имруз кардед, кадомаш ичро шуд? Ин хам як гузариш аст, "ради галочки". Мисол: номгузории магозахоро ба тартиб медарорем, гуфта будед Шумо. Номхои хурокхоро, тарабхонахоро точики мекунем...... Чи кор кардед? Ягон кор. Так, что очередная реклама продолжается!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)