Бахшҳо

ВКД хислатномаи Ёровро нашр кард: Аз интизом дар Донишгоҳ то “хориҷ”-шавияш аз мақомот

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хислатномаи Бузургмеҳр Ёров, вакили боздоштшудаи аъзои Ҳизби наҳзати исломиро нашр кард, ки дар гузашта дар мақомоти умури дохилӣ кор кардааст.

Хислатномаи Ёров, ки тибқи иттилои сомонаи ВУД аз бойгонӣ гирифта шудааст, таъкид гардидааст, ки Ёров Бузургмеҳр Равшанович, таввалудаш 9-уми июли соли 1971, зодаи ноҳияи Сурхандарёи Узбакистон, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад.

ВУД бо зикри номи волидони Ёров таъкид кардааст, ки ӯ 1-уми июли соли 1993 бо фармони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба сифати муфаттиши шӯъбачаи тафтишотии ШКД-и ноҳияи Октябри (И.Сомонии) шаҳри Душанбе таъин шудааст: “Рутбаи аввалини Ёров «лейтенанти хурди милитсия» 13 сентябри соли 1993 ва рутбаи дигари навбатӣ, «лейтенанти милитсия» 20 ноябри соли 1996 ба ӯ дода шудааст”.

Тибқи хислатномаи нашркардаи мақомоти умури дохилӣ ба Ёров барои қасдан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани шаҳрванд Назаров бо Фармони ШКД-и ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе, таҳти №20 аз 5-уми марти соли 1994 «Танбеҳи қатъӣ» эълон карда шудааст: “Бо Фармони Раёсати корҳои дохилии Ҳукумати шаҳри Душанбе таҳти №9 аз 26 январи соли 1997 лейтенанти милитсия Ёров Бузургмеҳр Равшанович муфаттиши шӯъбачаи тафтишотии Шӯъбаи корҳои дохилии Ҳукумати ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе, барои дағалона вайрон намудани интизоми хизматӣ аз вазифаи ишғолкардааш озод карда шуда, ба ихтиёри кадрҳои Раёсати мазкур гирифта шуд. Баъдан 31 августи соли 1997, барои ғайриқонунӣ баровардани қарор дар бораи қатъ кардани парвандаи ҷиноятии дар истеҳсолоташ буда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани айбдоршаванда дар ҷинояти «одамкушӣ», Прокуратураи ноҳияи Октябри (И.Сомонии) шаҳри Душанбе нисбати Ёров парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, ӯ аз мақомоти корҳои дохилӣ «хориҷ» карда шудааст”.

Нашри хислатнома ва иттилоъ дар бораи ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ёров барои сохтакорию қаллобӣ баъди он нашр шуд, ки ин ҳуқуқшинос аз таъсиси Кумитаи дифоъ аз аъзои боздоштшудаи ҲНИТ хабар дода, ба гуфтаи ӯ даъвати мақомот барои даст кашидан аз ҳифзи ҳуқуқи боздоштшудаҳоро рад кард.
Мӯҳр
малина
кандота бзан ёров

инсоф
ягон гапи замини нависед?

Дуруги махз. Дар роддоми № 2 шахри Душанбе таваллуд шудааст, як хуччатхоро дурусттар бардоред...

Чаро амалхои зишти ин нафар дар мактаби миёна ошкор карда нашуд???Чаро амалхои зишти ин нафар дар богчаи кудакона ошкор карда нашуд??? Дар кофтукоби чиноятхои ин нафар ба хатогихо рох додан лозим нест! Ман боварии комил дорам ки ин нафар тартиби хурду хуроки анъанаи ниёгонамонро борхо дагалона вайрон намуда дар баъзе холатхо бачои чой шояд кофе истеъмол кардааст, ки ин аз он гувохи медихад, ки номбурда нисбати халку ватан як нохурматиро бо худ раво дидааст.

н
дар шаходатномаи таваллудаш зодаи ш.Душанбе нашр шудааст. барои чи ВКД дуруг менависад.

озодагон барои чи чоп намекунад. ман исбот мекунам у зодаи шахри Душанбе аст.

Иброхим
Бузургмехр ба маънои томаш БУЗУРГМЕХР аст!!! Бо чирки гузашта уро сиях кардан гайри имкон аст...

Сугд
У БУЗУРГ аст......

вааа
ин маълумоташа кормандони вкд нанавиштед, вай ба чои курутоб, яъне оши милли мо тоҷикон кабоби туркиро истеъмол кардааст, ки ин бехурматии махз ба арзишҳои милли аст.

хатлони
ВКД чаро дар бораи амалхои махфиенаи Ёров ягон чиз нанпвистед охир Ёров чандин маротиба бо ленин сухбатхои махфиена дошту охир ленинро кушт ва иттиходи шуравиро пароканда кард махз хамин ёров чанги шахрвандиро ташкил карду 100 000 одамро бо дасти худаш куштааст

БЕХТАРИН ИНСОН, ТОЧИКИ АСИЛ, ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ МИЛЛАТУ ВОЛИДОНАШ. ФАРЗАНДИ ЗИЁИ-НАВИСАНДА РАВШАНИ ЁРМУХАММАД. БИСЕР ИНСОНИ ЗАМИНИСТ. ХУДОВАНД ЁРУ МАДАДГОРАТ БУЗУРГМЕХР

парвиз
Ковковак идома дорад....

Торик
Айб аст ба Худо ин чи кор аст дар ин ватан. наход то вакти тавалуд ва даврахои подабонии мардум тафтиш карда шавад. агар чунин бошад тафтишро аз кабати болоии кормандони хукумат огоз кунед бад мебинед, ки, ки будаст.

said
Ман комилан мутмаинам, ки махз Ёров бомбахои атомиро ба Хиросима ва Нагасакии Чопон бо ду дасти худ аз хавопаймо партофтааст. У боз наскихояшро чаппа мепушад ва бо ин амали худ нангу номуси миллатро паст мекунад. Инро хам дар делааш нависед муфаттишон!

мехмон
Аксашхам мувофики гунохаш нашр мешавад , Хару асои подабонишам бийоваред !

чанги якуми чахон аз пушти хамин одам шудаги инро хам дар делаи чинойиаш нависед

Жанна
ман имруз нусхаи шаходатномаашро ба коргарони сайти озодагон месупорам

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)