Бахшҳо

Пешниҳоди хомӯшӣ алайҳи “бозии аблаҳона” дар арафаи сафари Керрӣ ба Душанбе

Шоми 2-юми ноябр, дар арафаи сафари Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико ба Душанбе дастрасӣ ба шабакаҳои интернетӣ, аз ҷумла Ютуб, Фейсбук, Одноклассники, ВКонтакте ва бархе сомонаҳои хабарӣ маҳдуд гардид.

Аз ширкатҳои дастраскунандаи интернет ба “Озодагон” роҳандозии маҳдудиятро тасдиқ карда, афзуданд, ки сабаби ин иқдом ба онҳо шарҳ дода нашудааст.

Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик сайтбандиҳоро бозии аблаҳона хонд, ки дар арафаи сафари меҳмони воломақом роҳандозӣ шудааст ва афзуд, ки мо бояд доду вовайло накарда, бо хомӯшиямон ин бозиро вайрон кунем: “Фейсбук ва шабакаҳои иҷтимоиро масдуд карданд. Чӣ бояд кард? Ҳеч кор! Ба онҳо дастрасӣ дорем? Дорем! Онҳо мехоҳанд мо доду вовайло кунему пешопеши сафари меҳмони воломақоми амрикоиашон "одами нағз" шуда, " як масъалаи муҳим"- ро ҳал кунанду аз "масъалаҳои ночиз" чашм пушанд? Пас набояд ин имконро ба онҳо дод! Хапу хомӯш... Мо барои дастрасӣ ба интернет мушкил надорем, пас бигзор "масоили ночиз"- ро баррасӣ кунанд. Дуруст аст, ки аз каси дигаре интизори хал шудани масоил будан, низ давоми аблаҳист. Вале! Мо метавонем бозии аблаҳонаеро вайрон кунем? Пас чаро накунем?”

Дар ҳамин ҳол, Асомиддин Атоев, раҳбари Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет ва ширкатҳои ТИ дар Тоҷикистон тасмими бастани сомонаҳоро таҳдид ба амнияти иттилоотӣ медонад. Ӯ мегӯяд, "ба ҳангоми гирифтани ин гуна тасмим бояд дар хотир дошта бошем, ки ҷомеи Тоҷикистон ба мисли қарни пеш на статикӣ, балки динамикист. Мувофиқи додаҳои расмӣ ҳудуди 20% шаҳрвандон берун аз кишваранду миқдори муайянашон ба ин сомонаҳо роҳат дастрасӣ доранд. Тасмимгирандаи чунин тасмими зидди манфиатҳои Тоҷикистон агар чизеро ҳам ҳифз кунад танҳо вазифаи худаш асту бас. Ҳайронам, ки чаро ин қадар тавонмандиро барои иҷрои дастурҳои ҷаноби Президент равона намекунанд. Дастури Президент, ҳамчун раиси Шӯро оид ба ТИК, ҷиҳати табдил додани Тоҷикистон ба ҳастаи телекоммуникатсионии минтақа ҳанӯз аз феврали соли 2011, ки албатта ҳам манфиати иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ дорад, кайҳо фаромӯш шудааст. Лек барои маҳдуд кардани мавқеи Тоҷикистон ҳам дар фазои телекоммуникатсионӣ ва ҳам фазои маҷозӣ .чораҳои "сӯзанда" сершуморанд”.

Дар ҳамин ҳол Илҳомҷон Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқа мегӯяд, масдуд шудани сомонаҳо ба ин ниҳод рабт надорад ва маҳдудиятҳоро ба сабабҳои техникӣ марбут хонд.
Мӯҳр
утютуту
Сафари аблахона бидуни шарх....
Керри добавил, что Э. Рахмон предложил ему посетить Таджикистан в удобное для него время с более длительным визитом, что было принято с удовлетворением.(сомонаи Азия Плюс)

и рачаби мирзотон дар бораи кадом бози гап мезанад? аз хамин хел коршиносон хушам меояд, ки як чиза вохима мекунанд ва умуман намефахман ки чи меган. Шуморо писанданд, ки бо Шумо бози кунанд, бародар!

Салмон
Аслан интернет барои омма ( халк, ) куллан нодуруст аст. Ч,омеаро расво карда , ба вах,дат ва истик,лолияти Точикистон таъсири манфи мерасонад. Интернет бештар дар доираи мах,дуд ба ВКД ва КДАМ зарур аст. Дар шакли ом, Интернет оламро расво карда , одамизодро ба х,айвон мубаддад мегардонад. Аз " Китоб " дар олам хубтаре чизе нест.

Саид
Дар асри 21 ин шармандахо холо хам камбудии техники доранд.

Акрам
Дуруӯ
дастрас буд
аз ҳар чиз воҳима месозед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)