Бахшҳо

Масъули Кумитаи амният: Сиёсати ҳукумат зидди дин нест, баръакс...

Баҳриддин Маҳмадов, масъули Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон имрӯз, 20 ноябр, зимни мизи гирд дар мавзӯи “Ифротгароии ҷавонон: омилҳо ва роҳҳои пешгирии он” гуфт, “рӯйдодҳои сиёсӣ ва геополитикии солҳои охир нишон доданд, ки камогоҳӣ, сатҳи пасти дониш, аз моҳияти равандҳои сиёсӣ ва аз ҷангҳои иттилоотӣ бохабар набудани мардум, метавонад ба хатари ҷиддие барои субботу амнияти давлатҳо табдил гардад”.

Маҳмадов зимни мизи гирд, ки бо ташаббуси "Созандагони Ватан" дар ҳамкорӣ бо “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” дар Душанбе баргузор гардид, изҳор дошт, ки мавқеи геополитикӣ ва боигариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати абарқудратҳои ҷаҳониро ба худ ҷалб сохтааст.

Вай бо ишора ба он ки кишварҳои Африқои Шимолӣ ва бархе аз давлатҳои арабӣ ноороманд, таъкид кард, ки “баъзе неруҳо барои ба давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ интиқол додани ин нобасомониҳо манфиатдоранд.”

Ин мақоми амниятии Тоҷикитсон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки “таблиғгарони хадамоти махсуси давлатҳои хориҷӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ бо истифода аз ҳиссиёти аҳолӣ, суханбозиҳо дар атрофи мафҳумҳои ба ном “риояи демократия”, “таъмини ҳуқуқи инсон”, “озодии баён” кӯшиш мекунанд ҳисси нобоварии шаҳрвандонро нисбат ба сохти конститутсионӣ ва давлатдории миллӣ бедор созанд”.

Ба гуфтаи ӯ баъзе гуруҳҳо ва воситаҳои ахбори оммаи ба ном мустақил ҳукумати ҷумҳуриро ба динситезӣ гунаҳкор мекунанд. “Ҳол он ки имрӯзҳо дар мамлакат фазои озоди андешаҳои динӣ дар заминаи асли конститутсионии гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ ташаккул ёфта истодаанд.”

Маҳмадов таъкид кард, ки “сиёсати давлат бар зидди дин нигаронида нашуда, баръакс ба ҳимоя, нигаҳдории фарҳанги миллӣ ва дин ба ҳайси як рукни муҳими он нигаронида шудааст”.

Ӯ шумораи зиёди иттиҳодияҳои динӣ, масоҷид ва бунёди масҷиди калонтарини минтақаро мисол оварда, афзуд, ки “солҳои 1943-1988 (муддати 45 сол) дар кишвари мо ҳамагӣ 34 созмони динӣ, аз ҷумла 17 масҷид, 15 калисою ибодатгоҳи масеҳӣ ва 2 куништи яҳудӣ амал мекарданд”.

Тибқи гуфтаҳои Маҳмадов “имрӯз дар ҷаҳон инқилобҳои “ранга” пас аз нокомиҳои охир ва фош гардиданашон ба инқилобҳои “интернетӣ” мубаддал гардидаанд.”

Ӯ изҳор дошт, ки технологияҳои иттилоотӣ ҷавононро ҳадафи асосии таъсиррасонӣ қарор медиҳанд, зеро сатҳи дониши сиёсию иҷтимоию динияшон паст аст: “Аз ҷумла, бо суханбозиҳои дар атрофи мафҳумҳои маъмули “демократия” ва “озодӣ” метавон ҳисси муборизаи сиёсиро дар қалби онҳо бедор кард.”

Дар мавриди омилҳои пайвастшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ин мақоми амниятӣ аз ҷумла бо ҷойҳои корӣ таъмин набудани ҷавононро як далели пайвастан ба гуруҳҳои ифротӣ донист. Таҳсил дар мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ ва зери таъсири ақидавӣ-динии созмону ташкилотҳои динии экстримистию террористии байналхалқӣ қарор гирифтанро низ сабаби ифротӣ шудани ҷавонон шумурд. Ба гуфтаи ӯ аз ҷониби нафарони ифротгарои тоҷик ва шаҳрвандони хориҷ ба “ҷиҳод” даъват шудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия низ яке аз роҳҳои ба Сурия рафтани ҷавонон мебошад.
Мӯҳр
Амин
Сад андар сад рост!

امير
Хело хуб гуфтед пас инкадар масчидхоро бастед ва баьзехояшро вайрон ва баьзеи дигарашро бо ихтийори худ ба дигар корхо истифода бурдед инаш чи хаст!!!??

Ин хамаро медонеду боз намегузоред, ки дар мактабхо дарсхои дини хонанд. Намегузоред, ки духтарон озодии динашонро эхсос кунанд! Намегузоред, ки чавонон ба масчид раванд! Намегузоред, ки кам хам бошад дар хар вилояте 2-3 мадраса фоилият кунад, то барои омухтани илм берун аз кишвар нараванд! Хамчунин даххову садхо чизхое хаст, ки намегузоред! Ба шуморидани масчиди зиёд фикри киро гардондан мехохед, намефахмам! Гуё масчидро хукумат сохта бошад?! Бечора масчидсоз хазорхо долар медихад барои ичозати сохтумон! Масчиди калонтарин гуфта ракс накунед! Онро барои пули калонаш хукумат кабул кард. Боз хам дида истодаем мухлати панч солааш ба дах сол расиданист.
Худ медонед, ки мардум муллохои курсинишинро аз милисаи кади рох чудо намекунад! Бо кадом парда нури офтобро пушониданиед?!

Манон
масулони кумитаи амният аст ба ҷои калла салла меоранд

дуввум ин ки вакте мегуи ки!!!матн (Таҳсил дар мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ ва зери таъсири ақидавӣ-динии созмону ташкилотҳои динии экстримистию террористии байналхалқӣ қарор гирифтанро низ сабаби ифротӣ шудани ҷавонон шумурд.)о ин харфи шумо як оскарблени нисбат ба давлатхои исломист.

99
Шумо, масъулон дар ҳама коратон ба хатогиҳои калон роҳ медиҳед. Бо ин рафторатон шумо мардумро ба сатҳи пасти зиндагӣ оварда расонидаед, ки дар асри 21 мо яке аз мамлакатҳои ақибмондатарини олам шудаем. Ба ҷои он, ки шумо ба мардум ҷои кору маоши хуб ва ҳуқуқу озодиашонро таъмин кунед, фақат таҳдид мекунед, ки ин аз ақибмонии худи шумо дарак медиҳад. Ҳатто, ин корҳоятонро "қонунӣ" ҳам карда истодаед.
Гарчанде, ки гоҳ-гоҳ назари худро мо ҳам дар сомонаҳо менависем ва шуморо зери танқид мегирем, ин маънои онро надорад, ки мо душмани миллат ҳастем ё ба шумо ҳасад мебарем, чӣ тавре ки шумо, масъулони амният ва қувваҳои қудратӣ хулоса мекунед ва дигарандешонро таъқиб мекунед. Ман аминам, ки аксари мардуми оддии кишвар аз шумо садҳо бор бештар дилсӯзу ғамхори ватан ҳастанд ва тайёранд барои ватану миллати худ ҷони худро дареғ надоранд. Таърих ҳамаро исбот хоҳад кард, ки кӣ душману кӣ дӯст аст ва ҳар як ҷиноят рӯи об хоҳад баромад!
Шумо сомонаҳоро мебандед ва ҳатто мо наметавонаем дар дохили мамлакат бо наздикони худ озодона дар тамос бошем. Шумо аз кори худ ҳама вақт ба мардум маълумоти дуруғ медиҳед ва мардумро аз "пешравиҳои назарраси" худ бовар кунонидани мешавед. Вале худ медонед, ки ин ҳама суханони холианд. Дар сурате, ки дар байни мардуми худ обрӯ надоред, чӣ тавр дар миқёси байналмилалӣ шуморо касе ҳурмат кунад. Чӣ тавре ки ҳазорон шаҳрвандони моро дар хориҷ ва ҳатто дар дохили кишвар аҷнабӣ мекушаду таҳқир мекунад, вале аз дасти давлати мо коре намеояд. Ҳатто кор ба дараҷае расидааст, ки кӯдакони моро ваҳшиёна мекушанд, духтарони моро дар ватани худамон бо таҳқиру зино мекушанд,

Мадум кору кирдори шуморо дида вале хомӯшанд. Тарс аз он доранд, ки "аз ҳамин рӯзашон ҳам намонанд". Ва шумо инро медонед, вале маккорона аз ин истифода мекунед, чунки пуштибони шумо рус аст, ки аз дасташ ҳар кор меояд, ки инро таърих на як бору ду бор исбот кардааст.
Аксари ҷавонони мо дбесавод монданд. Баъзеашон ифротӣ шуданду баъзеашон Аксари мардум дар хориҷи кишвар мисли ғулом хизмати аҷнабиро мекунанд, то аз гуруснагӣ худашону наздиконашон намиранд, чунки дар ватан онҳо ҳатто бо маълумоти олӣ ҷои кор пайдо намекунанд ва онҳоро дар ин ватан ғайр аз ғаму ғусса дигар чизе интизор нест. Ана ин аст, хулосаи "хизматҳои" шумо!
Хоҳишмандам, ин суханонро дуруст қабул кунед ва сари он андеша кунед. "Дӯст табарвор, душман шакарвор", гуфтаанд.

Муслим
Пас сатхи дониши сиёси, ичтимои ва динии чавоноро чи гуна баланд бардошт, то харгуна равияу чараёнхо бо сафсатахои худ ононро гумрох нанамоянд??

Дигар дуруғ намонд барои чӣ 11.муассисаҳои қарзи муфлис билохира баста шудан.

Наим
Фикри шахсии ман дар ин мавзу чунин аст: мардуми чумхури Точикистон саводро бо ду таксим мекунанд аз чумла бо "саводхоямон"онхо фикр мекунад,ки савод мешавад дини ва дуняви ва ин таксимкуни чамьияти моро ба нокомию ноороми бурда истодааст....

Ватандор
Хай барои мардума ба чои кор таъмин кардан чи барномаи навро руи даст грифтаед?????????????? охиста охиста худ Кабул кардестен ки дар 23 сол барои мардума хичкор накардед имруз дидаистодед ки мардум бовари ба хукумат надорад баъд харчизро бахона мекунед барои мардум саммимона бо хиси милли коркунед гурсна бошер мечан гад

Точик
Дар хакикат айбчуи осон аст, вале барои камбудиро ёфтан ва онро расонидан ва рохи халлашро пешниход кардан на кори хама мебошад. Имруз мушкили он аст, ки хама танхо айбчу шудаанд, хол онки ба ин симат бештари онхо сазовор нестанд, хатто гохо намедонанд, пушти ин сухани онхо чи фитнае хохад бархост. Вале вакте инсон мебинад, ки дар дунё умуман фитнахои калон рафта истодааст, бояд андеша кунад, ки дар ин фитнахо дучор нашавад, сабаби бештар гаштани мушкили нашавад. Агар имруз мо кадри Ватани худро надонем фардо мисли афгонхо сад сол хам гузарад мухочиратон мегуянд. Хона бе мушкили намешавад, вале барои мушкили одам хонаашро вайрон намекунад. Андеша кунед чавонон, хама гапхоро ба гараз нахонед ва назар накунед.

ДИЛУ ЗАБОН ВА СУХАНУ АМАЛАШОН ЯК НЕСТ.

лақай
ватан вайрона аз ёр аст, ё ағёр ё ҳар ду....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)