Бахшҳо
08 янв 2016 13:56Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Қадрдонии Қодирӣ аз зане, ки бо пули Ҳаҷ пул сохт

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд аз Норбибӣ Дӯстмуродова, зани 80-солае, ки бо пули барои Ҳаҷ ҷамъкардааш дар ноҳияи Ғончӣ пул сохт, қадрдонӣ кардааст.

Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд имрӯз, 8 январ иттилоъ дод, ки бо дастури Абдураҳмон Қодирӣ масъулин ба аёдати Норбибӣ Дӯстмуродова, сокини ноҳияи Ғончӣ рафтаанд. Манбаъ афзуд, аз номи раиси вилоят ба ин зани фаъолу бунёдкор тӯҳфаҳои хотиравии моливу пулӣ тақдим шудааст.

Ба иттилои манбаъ, Норбибӣ Дӯстмуродова, сокини ноҳияи Ғончӣ бо маблағҳои барои зиёрати Каъбатуллоҳ ҷамъовардааш тирамоҳи соли 2015 дар деҳаи Метк ду пул бунёд намуд, ки деҳаҳои Метку Хишекатро ба ҳам мепайванданд. Маблағҳои сарфкардаи Дӯстмуродова беш аз 100 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешаванд, ки ҳисоби нафақа, кӯмаки фарзандон ва фурӯши меваҳои боғаш ба даст овардааст. Маросими ифтитоҳи пулҳои бунёдкардаи ин зани солхӯрда тирамоҳи гузашта бо иштироки Раиси вилояти Суғд сурат гирифта буд ва он замон Абдураҳмон Қодирӣ иқдоми ин зани шуҷоъро як корнамоии бузург донист ва амали Норбибӣ Дӯстмуродоваро намунаи ибрат барои дигарон арзёбӣ карда буд.
Мӯҳр
назаршох
Ин модари точикро агар Хочибиби гуем хато нахохем кард. Ахсан ба модари точик ки чунин икахрамонихо мекунад.

Воқеан Абдураҳмон Қодири беҳтарин намоянда аз ҷониби Сарвари давлат аст кош Ҷаноби олӣ монанди чунин шахс раисони дигар таин менамуд.Хуҷанд рӯз аз руз зебо шуда истодааст ва инчунин як шаҳри дигаре сохта шудаистоаст дар канори Хуҷанд бо номи "Сайҳун" ки ба он зиёда аз 250-ҳазор ҷойгир мегардат ва дар сохтани ин шаҳр нақши Абдураҳмон Қодири хеле зиёд аст,,Офарин

Зиерати Хачи фарзи дар соли 2015 шояд бо 23,000 сомони такмил мешуд. Ва ин зан метавонист хам адои Хач намояд ва хам пул созад. Ва хакки аввалият бояд ба Хач дода мешуд, чун фарзи ъайн аст. Аммо ин зан фарз ва амри Худовандро зери по гузошта пул сохтааст ва бо он ифтихор менамояд. Ин хуб нест, аввал адои фарзи ъайн ва сипас метавонад бо дигар хайру неки савоб ба даст орад. Ин худнамои ва рие аст. Бо сохтани пул аз баракат ва савоби Хач худро махрум кардааст. Ва хуб нест ки бо нияти Хач пул чамъ кунию пасон онро ба чои дигар мачраф намои.
Худованд бехтар медонад!

бародар
НОРБИБИ не ХОЧИБИБИИ Хакони, набошад пули кампири худотарс аз тарафи арабхо дар чанг ё дар Испания ба истирохаташон сарф мешуд

Садкаи Рудаки шави,Ба каъба чи мерави дилеро дарёб хамаат араб шуди, худо бандаашро дар хама чой мебинад

nabi farhor
Офарин ба ин Модар.Мансабдорони н.Фархор низ аз ин Модар дарси ибрат гиранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)