Бахшҳо

Нигаронии вазири тоҷик аз табибони чинӣ

Нусратулло Салимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон аз ҷалби худсаронаи табибони чинӣ ба табобати шаҳрвандони кишвар изҳори нигаронӣ кард.

Салимзода, 13-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар мавриди теъдоди рӯзафзуни табибони чинӣ дар кишвар гуфт, “мо ҳамагӣ ба ду муассиса иҷозати истифода аз хидмати табибони чиниро додаем ва ман аз он, ки сафи онҳо бештар мешавад, қонеъ нестам”.

Ба иттилои манбаъ раванди ҷалби табибони чинӣ ба табобати шаҳрвандон, ки аз ҷониби муассисаҳои тиббии хусусӣ амалӣ мешавад, зери назорати қатъӣ гирифта хоҳад шуд.

Дар баробари ин вазири тандурустӣ аз иштибоҳ ва фасодкории табибони тоҷик изҳори нигаронӣ кард. Салимзода изҳороти Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғдро дар бораи фасодкории табибон тасдиқ карда, афзуд, ки ин зуҳурот дар ҳамаи минтақаҳо ҳаст. Ӯ гуфт иддаои маоши паст набояд баҳона барои фасодкории табибон бошад.

Вазири тандурустӣ иттилоъ дод, ки тайи 6 моҳи гузашта, 40 ҳолати фасодкории табибон ошкор гардид, алайҳи 35 нафар парванда боз шудааст. Ӯ гуфт, номи табибони фасодкорро медонад, аммо аз ироаи он ба рӯзноманигорон худдорӣ кард: “Агар зарур бошад, равед аз Оҷонсии зидди фасод гиред”.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд аз кору фаъолияти духтурони шимоли кишвар нигаронӣ карда, гуфт, ки имрўз муносибату муомилаи пизишкон бо мардум дағалтар гашта, барои як ҷарроҳӣ то 7-8 ҳазор доллар мегиранд.
Мӯҳр
раис
Нусратулло ин зуҳурот ҳамаи дар Помир низ зиёд ҳаст.
Маоши паст баҳона ва хама медонанду касе чорачуи намекунад. -

Бемор
Ин зухорот сарчашмааш аз Вазорати тандурусти сар мешавад, масалан барои гирифтани ихтисос аз донишчуёни хатмкарда аз 500 то 3000 доллар мегиранд.

Рост
Рост мегӯи Вазиру ин духтурҳо аксараш беинсофона аз мардум пул мегиранд

Хатто Тянши ичозати расмии Вазорати тандурусти, бо имзои Салимзодаро дорад. Вакте банда аз масъулини Тянши пурсидам, ки барои фуруши дорухо ичозаи Вазоратро доред, онхо ба ман инро нишон доданд. Рузноманигорон дар ин бора чаро аз вазир намепурсанд?

5
вазорат ичоза надихад чини чи тур меояд нафароне ки меоранд бояд литсензия дошта бошанд хамин тур не а?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)