Бахшҳо

Вазир: То СММ фаҳмондем, ки адвокатура дар Тоҷикистон мустақил аст

Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон мегӯяд, иддаоҳо дар мавриди пойбанди Вазорати адлия будани адвокатура беасосанд ва ин ниҳод дар кишвар мустақил аст.

Ҷаноби Шоҳмурод имрӯз, 27 июл дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ҳоло дар талоши собит кардани мустақилияти адвокатура ба Созмони миллали муттаҳиданд. Ӯ гуфт, Вазорати адлия ҳуқуқи масъалагузорӣ дар мавриди гирифтани мақоми адвокатиро надорад ва худи Иттифоқи адвокатура баъди шунидани тамоми арзу шикоят нисбати адвокат, ин масъаларо баррасӣ ва ба комиссия пешниҳод мекунад: “Комиссияе, ки дар назди вазорат ташкил шудаасту аз 9 нафар иборат аст, чунин ҳуқуқро дорад. Аз 9 нафар аъзои ин комиссия 5 нафарашон адвокат, 2 нафар аз Вазорати адлия, 1 нафар аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва 1 нафар аз намояндагони судҳои ҷумҳурӣ ҳастанд. Мо то Созмони миллали муттаҳид фаҳмонида истодаем, ки ниҳоди адвокатура ниҳоди мустақил аст ва Вазорати адлия нисбати он ягон ваколати маъмурӣ надорад”.

Вазири адлия таъкид намуд, ки вазифаи онҳо ташкил ва муҳайё сохтани шароит барои гузаронидани имтиҳони тахассусӣ, баҳисобгирии адвокатҳо ва додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба адвокатҳо мебошад. Иддаои Вазири адлия аз мустақил будани фаъолияти адвокатҳо дар ҳолест, ки баъди ташкили имтиҳони тахассусии адвокатҳо дар назди ин ниҳод, сару садоҳе баланд шуд, ки ин тасмим мустақилияти адвокатҳоро зери суол мебарад.

Ба қавли Рустам Шоҳмурод, дар доираи имтиҳони тахассусии адвокатҳо, тайи 6 моҳаи аввали соли равон 639 аризаи довталабон барои соҳиб шудани мақоми адвокатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Вазир мегӯяд, аз ин шумора 505 довталаб мақоми адвокатиро соҳиб шуда, ба 123 нафар бино бар насупоридани имтиҳони тестӣ, додани мақоми адвокат рад карда шуд. Ба гуфтаи вазири адлия 11 нафар бино бар мувофиқ набудан ба талаботи моддаи 12-и қонун “Дар бораи адвокатура” ва фаъолияти адвокатӣ ба имтиҳони тахассусӣ роҳ дода нашуданд.
Мӯҳр
Anti vazir
Janobi vazir az Hudo nametarsi durugh megui dar Tojikiston hej chiz ozod nest

Саид, Точикистон
Мухтарам Вазир бовар кунед дар каламрави Чумхурии Точикичтон танхо дар Конун гуфта шудааст, ки адвокатхо дар фаъолият мустакиланд, лекин дар амалия дида мешавад, ки адвокати бечор хеч маком надорад, аз як су мизоч нозук, аз дигар су макомотхои хифзи хукук худашон хангоми амалиётхои тафтишоти адвокат мешаванд. Хулоса боз вакте ки кори мизоч буд нашуд адвокат муттахам мешавад ва чи кор карданашро намедонад. Ман хам адвокат будам 5 сол кор кардам ва аз сабаби он ки дар каламрави ЧТ хукукхои адвокатхо аз чониби макомотхои хифзи хукук риоя карда намешаванд корро бас кардам ва дар як ширкати гайридавлати ба кор гузаштам. Дар хамин чо мавкеи худамро дурусттар пайдо кардам. Озодагон озодона чопаш кун...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)