Бахшҳо

Нашри китоби нави Луқмон Бойматов

Нашриёти “Истиқбол” асари нави таърихдони тоҷик Луқмон Бойматовро аз чоп баровард.

Ин китоб “Сипитамон” ном дошта, ба гуфтаи муаллифи он давоми тадқиқотҳои қаблӣ дар мавзӯи Спитамон мебошад. Луқмон Бойматов мегӯяд, дар навиштани ин китоб аз асар ва маъхазҳои хориҷ аз Тоҷикистон, ки то ҳанӯз дастраси доираҳои илмии кишвар набудаааст, истифода кардааст: “Корномаи Спитамон то кунун, асосан тавассути осори адабӣ матраҳ шуда. Аммо таҳқиқоте, ки аз ҳар ҷиҳат илмӣ бошад, дар бораи ин абармарди таърих сурат нагирифтааст. Таваҷҷуҳ намоед, миллати мо ҳатто номи аслии ин қаҳрамони таърихро ба иштибоҳ “Спитамен” мегӯяд, худ ин амр далели рӯшани ноогоҳии миллат аз таърихи худ аст”.

Луқмон Бойматов таърихнигор ва шарқшиноси тоҷик буда, дар Шветсия ба сар мебарад ва дар заминаи корномаи қаҳрамонони халқи тоҷик, аз ҷумла Темурмалик, Спитамон, Деваштич асарҳо таълиф кардааст.
Мӯҳр
Ҳоҷӣ
"дар Шветсия ба сар мебарад" Чӣ ба сар мебарад? Ҷурғот, куду ё табақи холӣ? Эй забондоҳои мӯҳтарам, охир умр ба сар мебурдагист...Илтимос, ғазаби одамро наоред бо ин "навзабониатон"...

Хамин калимаи Спитамонро ман аз дахони олими очик Бобоназари бобохон чанд сол пеш дар як сухбати сарирохи шунида будам.

Муаррир
Сугди
Дар бораи Муканнаъ ва Абумуслими Хуросони, кахрамонхои сугди мисли Деваштич хам бояд китобхои муфассал навишт то мардуми оми то осмона тамошо карда гаштана, бифахманд ки ин араб бо як китобаш бар сари инсонхо чихо овард

Лукмон Бойматов аз донишмандони саршиноси точик аст. Китоби нави уро муборакбод мегуем. Чехраи Александри малъун, ки хам дар гарб ва хам дар шарк ба сифати шохи одилу олим ва кишваркушо таргиб мешавад, дар асл аз Чингизу Темури лаъин хес ками надорад. Симои ин хунрези таърих, ки аврупоиён хеле таргибаш мекунанд ва таърихнигорон воруна нишон додаанд, то бартарии гарбро бар шарк собит созанд, симои кахрамони вокеан миллии мо - Спитамонро зери соя карор додааст. Вакти он аст, ки хар яки онхоро бо симои вокеиашон бишносем. Искандарномахои дуругинро бояд аз таълиму тадирис дар мактабхо боздошт.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Феврал 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)