Бахшҳо

Баъди савдогару бибиотунҳо кормандони осорхона ҳам либоси ягона пӯшиданд

Нозирону роҳбаладон ва кормандони фаннии Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Хуҷанд аз ин ба баъд бо либоси ягонаи миллӣ ба кор меоянд.

Мутриба Мамадҷонова, корманди илмии шӯъбаи таърихи давраи муосири ин Маҷмаа ба “Озодагон” гуфт, ахиран ҳамаи кормандони ин даргоҳ бо либоси ягона таъмин шуданд. Ба гуфтаи ӯ, либоси роҳбаладон аз матои адрас буда, нишони 25-солагии Истиқлоли давлатиро дорад: “Либоси нозирон аз адраси оддӣ мебошад. Ҳамаи либосҳо истеҳсоли дастгоҳи бофандагии Хона-музейи Камоли Хуҷандии маҷмаа мебошад”.

Хонум Мамадҷонова афзуд, кормандони техникӣ -- фаррошу посбон, тамизкорону боғбонҳо низ бо сару либоси ягона таъмин шудаанд, ки навиштаҷоти Қалъаи Хуҷандро дорад: “Вале он аз адрасу атлас нест”.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, вақте меҳмонон аз хориҷ меоянд, роҳбаландон либосҳои давраи Камоли Хуҷандӣ, асрҳои 14-15-ро ба бар карда, назди онҳо аз осори ӯ шеърҳо қироат мекунанд: “Ин тадбир бо супориши Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд роҳандозӣ шудааст”.

Дар ҳудуди Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Хуҷанд Осорхони таърихии вилояти Суғд, Осорхонаи бостоншиносии шаҳри Хуҷанд, муҷассама ва мақбараи рамзии Камоли Хуҷандӣ, Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ва Боғи истироҳатӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ ҷойгир буда, ҳамаи кормандони он бо либоси ягона таъмин шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан савдогарон ва бибиотунҳои шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд аз пӯшмиши либоси ягона хабар дода буданд.

Дар акс бибиотунҳои Хуҷанд бо либоси ягона. Акс аз бойгонӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)