Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон баъд аз ирсоли барқияи шодбошӣ унвони президенти тозаинтихоби Узбакистон бо ӯ суҳбати телефонӣ доштааст.
Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар ин гуфтугӯ Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёевро ба муносибати интихоб гардиданаш ба мақоми раисҷумҳурӣ самимона табрик гуфта, “ба манзури ривоҷу равнақи Ӯзбекистони дӯст дар фаъолияти минбаъдаи давлатиашон дастовардҳои нав ба нав орзу намуданд”.
Манбаъ меафзояд, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишварро мавриди гуфтугӯ қарор дода, “дурнамои рушди онҳоро дар рӯҳияи анъанаҳои созандаи мероси таърихии муносибатҳои чандинасраи неки ҳамҷавории мардумони ду кишвар баррасӣ намуданд”.
Суҳбати телефонӣ дар ҳоле анҷом шуда, ки баъд аз эълони натоиҷи интихоботи президентӣ дар Узбакистон, ки Мирзиёев барандаи он гуфта шуд, Эмомалӣ Раҳмон унвонии вай барқияи шодбошӣ фиристод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |