Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:30

Марзи Шӯрообод ҳоло ҳам ноором аст?

9 май 2011, 11:34

Айни замон дар минтақаи марзии Шӯрообод ҳудуди беш аз 6 -гектар замин аз мина пок гардидааст.

Дар ин бора ба хабарнигори «Озодагон» сардори  қисми сарҳадотии мустақар дар ноҳия, полковник Хушқадам Қадамов иттилоъ дод. Ба гуфтаи полковник, дар беш аз 18-ҳектор замини наздисарҳадии ин ноҳия  марзбонони Русия, ки ҳимояи сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро бар дӯш доштаанд, минакорӣ намуда буданд. Фармондеҳони собиқ қисми ҳарбии сарҳадотӣ дар Шӯрообод дар мавриди пок нагаштани заминҳои минкоришуда мегуфтанд, ки харитаи ҷойҳои минхобониро дар даст надоштаанд ва бо ҳамин иллат натавонистаанд заминҳоро аз мин тоза кунанд. Полковник Қадамов ин иддаоро бепоя хонда гуфт, ки ҳамин харита дар қисми ҳарбӣ мавҷуд буд, танҳо масъулин аз он истифода бурда натавонистаанд.

 

Бояд гуфт, ки ноҳияи Шурообод дар ҳудуди беш 140 километр дар ҷануби Тоҷикистон бо давлати Афғонистон сарҳад дошта, мунтазам ин марз аз ҷониби қочоқчиёни афғонию ҳам тоҷик вайрон карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои манбаъ, аз авали сол инҷониб чаҳор ҳодисаи убури сарҳади давлатӣ аз ҷониби қочоқчиён пешгирӣ карда шуда, дар ин ҳаводис чаҳор шаҳрванди афғон ба ҳалокат расида , аз ҷойҳои ҳодиса ба миқдори беш аз 200-кг маводи мухаддира ва 2-автомати Калашников мусодира гардидааст.

Ҳарчанд полковник Қадамов мегӯяд, ки марзи давлатӣ акнун зери ҳимояи шадид қарор дорад, вале Амирхон Икромов, раиси ноҳияи Шӯрообод гуфт, ҳанӯз ҳам сарҳадшиканӣ ва дар ҳамин ҳол, хатар болои мардуми бумӣ аз ҷониби шаҳрвандони афғон идома дорад. Ӯ афзуд, « қисмати зиёде аз заминҳои мамнӯъгоҳи Дашти Ҷамро афғонҳо дар тасарруфи худ нигоҳ медоранд. Зеро ба он мавзеъ рафтан аз ҷониби Тоҷикистон, тақрибан ғайриимкон мебошад».

Ба андешаи ҷаноби Икромов,   сафорати Амрико бар худ гирифтаст дар мавриди созмони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва ҳам бунёди роҳҳо  ба ин ноҳияи кӯҳистони тоҷик кумак намояд ва дар ин ҳол шояд посбонии сарҳад устувор гардад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!