Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 21 январ 2017, 03:02
Дирӯз, 17:09

Роҳандозии “Мактаби Қуръон” дар Русия

Дар шаҳри Болгари Тотористони Русия “Мактаби Қуръон” роҳандозӣ мешавад.

Дирӯз, 17:04

Эълони фасодзадатарин ниҳодҳо дар Хатлон

Мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Хатлон фасодкортарин ниҳодҳои вилоятро дар соли 2016 номбар карданд.

Дирӯз, 16:05

Омори бозори танфурӯшӣ: Сабти 9 фоҳишаи ноболиғ, 1565 то 30-сола ва 417 солхӯрда

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон соли 2016 дар кишвар 1991 зани танфурӯшро сабт кардааст, ки миёнашон 9 нафар ноболиғ мебошанд.

Дирӯз, 14:59

6 соли зиндони муҳоҷири тоҷик барои “бӯсидани духтари ноболиғ”

Додгоҳе дар вилояти Орлови Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро барои шаш сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр кардааст.

Дирӯз, 14:36

Сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар раъси як ҳайати парлумонӣ ба Арабистони Саудӣ меравад.

Дирӯз, 13:46

ВКД: Писари ноиби сарвазир афв нашудааст

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон овозаҳо дар мавриди афв шудани Фаромуз Саидови 23-сола, писари Давлаталӣ Саидов, муовини аввали сарвазири Тоҷикистонро рад кард.

Дирӯз, 12:29

Раҳимзода: Милиса, ки фарбеҳ шуд, кораш суст мешавад

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон назорати вазни милисаҳоро дар кишвар тасдиқ кард.

Дирӯз, 12:21

2016: 40 тоҷикистонӣ ба ДИИШ пайвасту 22 нафар хориҷ шуд

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта 40 тоҷикистонӣ ба созмони террористии ба ном “Давлати исломӣ” пайвастанд.

Дирӯз, 11:59

Вазир: Бисёри паноҳҷӯёни тоҷик ҷинояте накардаанд

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бисёри шаҳрвандони кишвар, ки дар хориҷ паноҳандагӣ талаб кардааанд, таҳти пайгарди мақомоти тоҷик қарор надоранд.

Дирӯз, 11:23

Ҳамдардии Э.Раҳмон ба Руҳонӣ: Аз даргоҳи Худо сабри ҷамил хоҳонам

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба сӯхтор ва фурурезии калонтарин маркази тиҷории Теҳрон ба Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон барқияи тасаллият ирсол намудаст.

Дирӯз, 10:50

(ВИДЕО) Вазири фарҳанг: Раҳбари “Нигоҳ”-ро огоҳ карда будем

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, мегӯяд, нашрияи “Нигоҳ” хилофи якпорчагии кишвар ва арҷгузорӣ ба бузургии инсону шахсиятҳои алоҳида матолиб чоп мекард.

Дирӯз, 10:17

Ҳалокати ду нафар дар шимоли Тоҷикистон зери чархи “Зил”

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати ду нафар зери чархи мошини боркаш хабар медиҳад.

Дирӯз, 09:46

Посухи раиси Кумитаи андоз ба даъвои сафири Русия ва соҳиби Тсел

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон ҷаримабандии “Тсел”-ро дар ҳаҷми 155 миллион сомонӣ қонунӣ хонд.

Дирӯз, 09:35

Вазир: Муҳоҷирати тоҷикон каму бозгашт ба Ватан зиёд шуд

Сумангул Тағозода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфт, дар соли 2016 муҳоҷирати тоҷикон ба хориҷ коҳиш ва бозгашташон ба Ватан афзоиш ёфтааст.

Дирӯз, 08:48

Сафорат: Пулиси Туркия ду тоҷикро кофтукоб дорад

Сафорати Туркия дар Душанбе иттилоот дар мавриди даст доштани тоҷикон дар ҳамлаи террористии муассисаи тафреҳии “Рейна”-и Истанбулро шарҳ дод.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!