16 октябр 2017, 15:50
Наҷмиддин Умарови 76-сола, ки баъди ҳодисаҳои хунуни соли 2005 дар шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон, ба хориҷ фирор карда буд, ибтидои ҳафтаи гузашта ба ватанаш баргаштааст.
11 октябр 2017, 16:48
Саидкомрон Саидвоҳидов, хонандаи колеҷи ҳуқуқии шаҳри Тошканд бо айби ҳамла ба ду ҳамдарсаш боздошт шуд. Яке аз зарардидаҳо дар ҷои ҳодиса кушта ва дувумӣ дар бемористон бистарӣ шуд. Саидвоҳидов, ки аз ҷои ҳодиса фирор карда буд, дар ҳамон рӯзи фоҷиа боздошт шуд. Вай ҳангоми боздошт талош кард, ки рагҳояшро бибурад.
4 октябр 2017, 15:23
Як гуруҳи ҳомиёни ҳуқуқи Фаронса аз мақомоти Узбекистон хостанд, ки рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоевро аз боздошт раҳо кунанд. Абдуллоев, ба гуфтаи ҷонибдоронаш, чанд рӯз аст, ки дар маҳбас нигоҳ дошта мешавад.
20 сентябр 2017, 12:03
Дар шаҳри Тошканд тайи ду ҳафтаи ахир як қатор шахсиятҳои шинохтаи олами ҷиноии Узбакистонро, ки миёни сокинон ҳамчун "соҳибнуфузони хиёбонӣ" маъруфанд, ҳамроҳи даҳҳо шариконашон боздошт кардаанд.
19 сентябр 2017, 17:18
Дар як ҷаласа рӯзи 16 сентябр раиси вилояти Андиҷони Ӯзбекистон ба имомони масҷидҳо дастур дод, ки аз ҳисоби намозгузорони масҷид ва сокинони маҳалла гуруҳҳои пахтачин ташкил карда, ба саҳрои пахта бароранд.
13 сентябр 2017, 14:44
Сомонаи Kun.uz видеои латту кӯби мудирони мактабҳои миёнаи ноҳияи Сайҳунободи Узбакистонро аз тарафи раиси ин ноҳия нашр кардааст. Марде, ки дар ин навор раиси ноҳияи Сайҳунобод Носирҷон Эгамбердиев муаррифӣ мешавад, мудирони мактабҳоро дар як саф қатор карда, лату кӯб мекунад.
5 сентябр 2017, 09:12
Дар шаҳри Тирмизи Узбакистон модари се фарзанд дар пайи як баҳси манзил модаршавҳари худро оташ задааст. Дар натиҷа пирзани 72-сола ба ҳалокат расидааст.
30 август 2017, 16:34
Асадҷон Хоҷаев, роҳбари хадамоти матбуоти президенти Узбакистон ва Бобур Алихонов, раиси Ширкати миллии радиову телевизиони ин кишвар аз мақом барканор шуданд.
29 август 2017, 14:50
Хабаргузории Reuters менависад, Лолаи 39-сола тасмим гирифтааст, ки ба корҳои бунёди хайрияи ба номи падараш машғул хоҳад шуд.
25 август 2017, 09:03
Як сокини 51-солаи ноҳияи Бағдоди вилояти Фарғонаи Узбакистон ба сару рӯи писари 27-солааш бензин пошида, ӯро оташ задааст.
21 август 2017, 11:48
Кормандони гумруки фурудгоҳи Самарқанд як шаҳрванди Узбакистонро, ки озими ҳаҷ буд, бо гумони талоши интиқоли 6 ҳазор доллар ва 72 грамм афюн боздошт карданд.
18 август 2017, 15:57
Дар Узбакистон бузургтарин деги оши палав гузошта мешавад.
18 август 2017, 14:38
Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев 17 август дар як ҷаласаи видеоӣ дар шаҳри Тошканд вазъ, мушкилот ва вазифаҳои минбаъдаи мақомоти умури дохилии ин кишварро ба баррасӣ гирифтааст.
14 август 2017, 15:34
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон чаҳор мақомдори шаҳри Алмалики кишварашро аз вазифа барканор кард. Раиси ноҳия, сардори бахши корҳои дохилӣ, сардорони андозу молия шомили чаҳоргона ҳастанд.
8 август 2017, 10:26
Миёни 56 сокини ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканд, ки аз “рӯйхати сиёҳ”-и мақомоти ҳифзи ҳуқуқ берун шуданд, хабарнигор Хайруллоҳ Ҳомидов ҳам ҳаст. Бино ба хабарҳо, акнун ӯ метавонад ба кори худ дар телевизион ҳамчун шореҳи варзиш идома диҳад.