20 октябр 2017, 17:39
Шоми 19 октябр дар кӯчаи Кантемирови Москва миёни муҳоҷирини кории тоҷик ва арманӣ муноқиша ба миён омадааст, ки дар пайи он як нафар ҷароҳат бардоштааст.
19 октябр 2017, 15:06
Мақомоти вилояти Маскави Русия тасмим гирифтааст барои муҳоҷирони тоҷику узбак дар нашрияҳои фаъоли минтақа гӯшаҳое вижае созмон бидиҳад.
16 октябр 2017, 09:25
Малоҳат, як модари лӯлитабори тоҷикистонӣ аз мақомоти пулис гурехта, 4 сол аз тарси ихроҷ ҳамроҳи 9 фарзанду наберааш дар як партовгоҳи вилояти Челябинск зиндагӣ кардааст.
11 октябр 2017, 08:26
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ, ки дар шаҳри Сочи баргузор шуд, бо Владимир Путин, президенти Русия мулоқот кардааст.
4 октябр 2017, 15:50
Фаромарз Билолов, як шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти шаҳрвандии Русия савганд ёд кардааст.
28 сентябр 2017, 16:13
Як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми созмон додани “казино” ё қиморхона дар Сахалини Русия боздошт шудааст.
28 сентябр 2017, 11:27
Додгоҳи шаҳри Березовскии Русия як афсари 37- солаи пулисро барои паррондани як шаҳрванди Тоҷикистон 4 сол равонаи зиндон кардааст.
26 сентябр 2017, 12:42
Додгоҳи шаҳри Шатурски вилояти Маскав 6 шаҳрванди Тоҷикистонро барои нашъаҷаллобӣ дар маҷмуъ ба 96 соли зиндон маҳкум кардааст.
23 сентябр 2017, 10:00
Қазияи латукӯби Наврӯз Зикиров, муҳоҷири 27-солаи тоҷик аз сӯи ду посбони бозори “Люблино” ва боздошти эътирозгарон дар пайи он мавзӯи меҳварии мулоқоти Имомиддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав бо Григорий Карасин, ноиби вазири умури хориҷии Русия будааст.
21 сентябр 2017, 15:15
Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, муҳоҷир латукӯбшудаи тоҷик аз сӯи посбони бозори “Люблино”-и шаҳри Маскав зинда аст.
20 сентябр 2017, 14:39
Як шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистон дар вилояти Челябински Русия зери чархи мошин ба ҳалокат расидааст. Ба иттилои торнамои “u74.ru”, мошин ҷавонро дар ҳоле зер кардааст, ки роҳи пиёдагардро убур мекардааст.
20 сентябр 2017, 09:32
Муфаттишони Кумитаи тафтишотии Русия дар Санкт-Петербург тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи як шаҳрванди Узбакистон ва ду табааи Тоҷикистонро ба анҷом расонида, онро ба додгоҳ фиристодааст.
16 сентябр 2017, 09:35
Евгений Тефтелев, мири шаҳри Челябински Русия ба табрики чанд модаре рафтааст, ки дар Рӯзи иди шаҳр таваллуд кардаанд.
13 сентябр 2017, 16:34
Мақомоти Русия мегӯянд, қатли ҷавонзани тоҷик дар назди яке аз тарабхонаҳои шаҳри Маскав аз сӯи шавҳараш содир шудааст.
12 сентябр 2017, 14:19
Дар кӯчаи Краснодарскаяи шаҳри Маскав ҷасади як ҷавонзани 23-сола пайдо шудааст. РИА Новости мегӯяд, ин ҷавонзан шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.